
Иди Ғалаба - кафили суботи ҷомеа
2025-05-09 20:39:48
Дар асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатарҳои нав рӯ ба рӯ
аст, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо терроризм ва ифротгарои маҳсуб меёбанд. Ин
падидаҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андеша, ахлоқ
ва оромии рӯҳии инсонҳоро зери таҳдид қарор дода, як силсила ҷиноятҳои вазнинро
дар миқёси байналмилалӣ ба миён овардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ
ва ташаббускори мубориза бо хатарҳои замони муосир, дар самти пешгирии
терроризм ва ифротгароӣ як силсила чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва
амниятӣ роҳандозӣ намудааст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
таъкид намудаанд: "Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ на танҳо вазифаи
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки уҳдадории ҳар як фарди ватандӯсту худшинос
аст."
Яке аз роҳҳои муассири пешгирии ин равандҳои хатарзо,
ин тарбияи маънавию ватандӯстонаи насли наврас ва баланд бардоштани маърифати
ҳуқуқию динӣ мебошад. Маҳз тавассути тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси
ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ метавон ба решаи ифротгароӣ
зарба зад. Мактаб, донишгоҳ, оила ва ВАО бояд ҳамчун бахшҳои калидии ташаккули
ҷаҳонбинии солим, саҳми худро гузоранд.
Мубориза бо терроризм бояд фарогири тамоми ҷомеа
бошад. Танҳо дар сурати ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ,
махсусан бо иштирок ва ҳамдастии ҷавонон, омӯзгорон, рӯҳониён ва фаъолони
ҷамъиятӣ метавон ба пешрафт ноил шуд. Барномаҳои тарбиявӣ, конфронсҳо,
чорабиниҳои маърифатӣ ва ташкили муҳокимаҳо дар ин самт самараноканд.
Имрӯз, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ ва
ваҳдати миллӣ ба сар мебаранд, набояд ба дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва ваъдаҳои
пучи онҳо дода шаванд. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки амният ва суботи кишвар
аз худи ӯ сарчашма мегирад. Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ на танҳо як
вазифаи давлатӣ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як тоҷик мебошад.
Бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар терроризм ва ифротгароӣ,
ҳар як фарди бедордилро зарур аст, ки барои ҳифзи сулҳу суботи Ватан талош
варзад. Танҳо дар фазои ором метавонем насли созанда ва ҷомеаи пешрафтаро бунёд
намоем.
Бердиева Хуршеда - мудири кафедраи умумитаълимӣ
Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд