
ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ
2025-05-12 20:38:53
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ
медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи дунё ташаббусҳои
хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро пазируфтанд ва ёдгориҳои таърихиро ба
феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ғайримодӣ ворид намуданд.
Барои вусъат
бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот Сарвари
кишвар дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро «Солҳои
рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.
Сайёҳӣ дар
Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд
карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси рангини таърихиву фарҳангӣ ва
захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ дар кишвар
иқтидори воқӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон
намудааст.
Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату
меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво,
манзараҳои табиат, кўҳҳои осмонбўс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кўлҳо ва
чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам
нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Инчунин Тоҷикистони мо табиати зебо ва дарёҳои
мусаффояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд. Аз Аврупо
то Осиё дар бораи Искандаркўл, Аловуддин, Яғноб ва дигар ҷойҳои таърихии мо бо
хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ифтихори ҳар яки мо аст.
Соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади
иқтисодиёти ҷаҳон дар асри XXI эътироф гаштааст. Дар бештари кишварҳо туризм
дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна,
таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба
инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон,
фарҳанг, санъат истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт
таъсири мусбат мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву
фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба
кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ
диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам
меоварад.
Негматуллоева
Матлуба, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд