
ҶАВОНОН ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ҶОМЕА
2025-05-12 20:40:42
Ҷавонон субъекти асосии ташаккули оила ва равандҳои демографӣ мебошанд. Ин
барои интихоби суръат ва самти воридшавии ҷавонон ба ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ
имконият фароҳам меорад. Маҳз ҳамин вазъият асоси фаъолияти навоварона, саҳми
эҷодии он ба пешрафти ҷамъият мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон 1,2 миллиард ҷавонони аз
15 то 24-сола зиндагӣ мекунанд, ки 16 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 70% -и аҳолии кишварро ҷавонони то синни 35 сола
ташкил медиҳад, ки ин аз нерӯйи бузурги иҷтимоӣ будани ҷавонон дар ҷомеаи мо
шаҳодат мекунад. Дарвоқеъ, ҷавонон неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи
соҳаҳои ҳаёти мамлакат ба ҳисоб мераванд, зеро тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз
70 дарсади аҳолии мамлакат ҷавонони то 35-солаанд. Ин гувоҳи он аст, ки давлати
мо давлати ҷавонон мебошад.
Бар пояи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон аз
ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолӣ 22,5
солро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пешбурди
сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор
дорад.
Яке аз
нуктаҳои муҳиме, ки дар ҳамин самт Сарвари давлат дар Паём зикр намуданд: “Бо
дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва
истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву
пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине
мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро
Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”.
Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои
рушди ҷавонон ва таъмини ҷойгоҳ ва вазифаҳои онҳо дар ҷомеа барномаҳои мукаммал
ва зарурӣ таъсис додааст. Роҳандозии сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон, ки дар
асоси принсипҳои инсонгароӣ ва дарк кардани манфиатҳои умумии миллат қарор
дорад, барои вусъат додани имкониятҳои нави иҷтимоӣ, таҳсилотӣ ва меҳнатӣ ба
ҷавонон кӯмак мекунад. Ҷавонон бо истифода аз барномаҳои дастгирӣ ва
маблағгузории давлатӣ метавонанд дар соҳаҳои гуногун ба мақсадҳои худ расанд.
Ҷавонон
имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар фаъолона иштирок мекунанд. Дар илму
таҳсилот, саноат, бахши ахборот, варзиш ва дигар соҳаҳо, ҷавонон бо донишу
маҳорати худ метавонанд ба пешрафт ва эҷоди тағйироти куллӣ мусоидат кунанд.
Илова бар ин, дар соҳаи илм ва технологӣ, ки дар марҳалаи нави рушди кишвар
қарор дорад, иштирок ва талоши ҷавонон барои омӯзиши илму техникаро зарур аст.
Аз ин рӯ, ҷавонон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ
бо шӯҳрати хеш номи Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.
Дар
замони муосир, ки пешрафтҳои илмию технологӣ ҳар рӯз рушд мекунанд, талабот ба
маҳорати нави ҷавонон бештар мешавад. Инқилоби технологӣ, рушди рақамӣ ва
ҷаҳони иттилоотӣ имкон медиҳанд, ки ҷавонон маҳорати баландтар ва илму фаҳмиши
муҳимро дар ихтиёр дошта бошанд. Бо истифода аз интернет, платформаҳои омӯзишӣ
ва курсҳои мухталиф, ҷавонон метавонанд таҷрибаи хешро дар соҳаҳои муҳандисӣ,
барномасозӣ, тадқиқот ва саноат ба шарофати омӯзиши фанҳои муосир рушд диҳанд.
Ҷавонон
на танҳо вазифадоранд, ки дар соҳаҳои гуногун бо меҳнат ва талош фаъол бошанд,
балки бояд дар назди миллат ва ҷомеа масъулият дошта бошанд. Масъулиятшиносӣ,
ки ҷавононро ба кӯшиш барои беҳбудии иҷтимоӣ ва мустаҳкам кардани рушд водор
мекунад, бояд як арзиш дар шахсият ва муносибати ҳар як ҷавон бошад. Ватандӯстӣ
ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ки мо ба он ифтихор мекунем, як қисми
асосии маърифати ҷавонон бояд бошад. Ҷавонон бояд ҳамеша ҳис кунанд, ки онҳо на
танҳо барои худашон, балки барои ҳамаи мардум ва Тоҷикистон масъуланд.
Хулоса,
рӯзи ҷавонон имконият медиҳад, ки ба тамоми ҷавонон барои саъю кӯшишҳои онҳо
дар рушд ва пешрафт арҷ гузошта шавад. Ҷавонон барои ҳар як кишвар, ки роҳи
тараққиётро пеш мегирад, манбаи энергия ва илҳоманд. Ба ҳамин хотир, мо бояд
дар Рӯзи ҷавонон дастовардҳои онҳоро қадр намуда, имкониятҳоро барои рушду
пешрафти ҳар як ҷавон ва тақвияти ҷомеаи кишвар муҳайё намоем.
Файзалӣ Ҳакимзода - сардори шуъбаи тарбия ва кор бо ҷомеаи Коллеҷи
технологии шаҳри Душанбе