Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВМКБ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ ВА АРҶГУЗОРӢ
single-product

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВМКБ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ ВА АРҶГУЗОРӢ

2025-07-03 07:58:04

Охири моҳи июни соли 2025 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд. Ин сафар барои рушди минбаъдаи минтақаҳои кӯҳистони кишвар ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти бузург дошт ва бо иқдомоти мушаххасу судманд хотирмон гардид.

Албатта, қудуми мубораки Пешвои миллат ба гӯшаҳои дурдасти Ватан ҳамчун нури умед, муҳаббат ва ваҳдат дар дили мардум ҷой мегирад. Сафарҳои кории Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша маънии фаротар аз боздид доранд. Онҳо рамзи самимияти давлату миллат, намунаи пайванди қавии ҳокимият бо мардум ва таҷассуми амалӣ шудани сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошанд.

Сафари навбатии Пешвои миллат ба ВМКБ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ натанҳо иқдоми расмӣ, балки ҳамчун изҳори эҳтиром ба сокинони кӯҳистон, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлат қарор доранд, маънидод мегардад. Дар шароите, ки ҷаҳон шоҳиди шикастҳои низомии зиёд ва фурӯпошии давлатҳо мегардад, таҳкими ваҳдату субот ва сафар ба гӯшаҳои дурдасти кишвар шаҳодати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.

Аз 25 то 28-уми июн Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят буданд ва дар ин муддат як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохториро бо ҳузури мубораашон ба истифода доданд, ки барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ва шароити зиндагии сокинон аҳамияти калон доранд. Дар шаҳри Хоруғ, ки маркази маъмурии вилоят аст, бо иштироки Пешвои миллат чойхонаи сеошёнаи “Хатлон” ифтитоҳ гардид, ки барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар минтақа нақши муҳим дошта, дар ин баробар, ваҳдати ду вилояти бузурги ҷумҳуриро таҷассум мекунад. Ин чойхона бо шароити замонавӣ ва тарҳи зебо барои хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ва меҳмонон равона шуда, гӯшае аз Хатлони бостон дар ин диёр аст.

Дар ҷараёни ин сафар, ки аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ифтитоҳ намуда, бо мардум рӯ ба рӯ сӯҳбат карданд, суханони илоҳомбахш гуфтанд ва боз ба хотир оварданд, ки Ваҳдати миллӣ меваи муштараки ирода, сабр ва хирад аст, зеро маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ба марҳилаи сулҳу субот ва рушд расид.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Ванҷ, ки яке аз минтақаҳои муҳимтарини вилоят ба ҳисоб меравад, бо дастгирии Пешвои миллат ҳашт муассисаи томактабӣ ифтитоҳ гардиданд, ки ин барои таълиму тарбияи фарзандони минтақа ва беҳтар шудани сатҳи илму дониш дар қаламрави вилоят заминаи устувор мегузорад.

Дар ноҳияи Рӯшон низ як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла неругоҳҳои хурд ифтитоҳ гардиданд, ки ҷиҳати таъмини истиқлоли энергетикӣ саҳми назаррас мегузоранд. Сарвари давлат зимни мулоқоташон бо сокинони ноҳия бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои ватандӯстонаи сокинон ва ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат имрӯз симои ноҳияи Рӯшон куллан дигаргун гардидааст, зеро Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмин намудани рушди он тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва ин равандро идома дода истодааст.

Таъкид гардид, ки дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 1,4 миллиард сомонӣ равона карда шуда, танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 660 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки зиёда аз 346 миллион сомонии он маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи то имрӯз дар доираи ин лоиҳаҳо азхудшуда 118 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муддат маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ танҳо дар соҳаи сохтмон беш аз 458 миллион сомониро ташкил додааст.

Тибқи маълумот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 165 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 75 фоизи нақша иҷро шудааст.

Зимни ин сафар Сарвари давлат дар маркази ноҳия муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони муқаддасоти миллиро ифтитоҳ намуданд, ки нишони арҷгузорӣ ба таърихи пурғановат ва анъанаҳои деринаи давлатдории миллати тоҷик мебошад. Инчунин, муассисаҳои томактабӣ барои 200 кӯдак, якчанд бинои фарҳангиву маъмурӣ ва иншооти иҷтимоиву энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, нон, масолеҳи сохтмон, ҳавзи моҳипарварӣ ва гармхонаи муосир, ки тоза ба фаъолият оғоз карданд, барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ саҳм мегузоранд.

Илова бар ин, Пешвои миллат дар ноҳия хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи «Хоруғ – Рӯшон»-ро бо дарозии 68 километр ва зеристгоҳи «Ҷангал»-ро дар наздикии деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода доданд, ки имконияти интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз бамаротиб беҳтар мегардонад. Инчунин, 3 неругоҳи барқи обии хурд дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ба истифода дода шуда, таъкид гардид, ки то охири соли ҷорӣ дар ноҳия боз 6 неругоҳи барқи обӣ ва як неругоҳи хурди барқи офтобӣ бунёд мегардад. Ҳамзамон бо ин, имрӯз сохтмони 42 километр хатти интиқоли барқи 110 – киловолта аз маркази ноҳия то зеристгоҳи «Вознавд» оғоз гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешавад.

Сарвари давлат зимни мулоқоташон ба мо масъулини соҳаи илму таҳсилот дастур доданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзиву дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар мулоқоти худ Пешвои миллат бо ифтихор таъкид карданд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон яке аз минтақаҳои нотакрору ҷолиб барои рушди сайёҳӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Табиати зебо, кӯҳҳои баланд, кӯлҳо, пиряхҳо, шаршараҳо ва чашмаву гиёҳҳои шифобахш, инчунин, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза имкониятҳои беҳтарин барои ҷалби сайёҳон мебошанд.

Ҳамин тавр, ин сафар нишон дод, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши рушду пешрафти ҳамаи гӯшаву канори кишвар пайваста ва бо ниятҳои нек идома дорад. Пешвои миллат бо амалҳои мушаххас нишон доданд, ки ғамхорӣ нисбати мардум, рушди устувори иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини Тоҷикистон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат мебошад.

Сафари мазкур боз як бори дигар собит кард, ки Пешвои миллат натанҳо роҳбари сиёсӣ, балки роҳнамои маънавии миллатанд. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари маҳбуби кишвар барои таъмини субот, рушди иқтисод ва болоравии сатҳи зиндагии мардум, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ, ҳамзамон эҳёи маънавият ва таҳкими арзишҳои фаарҳангии миллиро низ дарбар мегиранд.

Имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун як намунаи зиндаи татбиқи сиёсати ваҳдатофар ва мардумгарои Пешвои миллат миёни минтақаҳои дигари кишвар ҷойгоҳи устувор дорад. Барномаҳои иҷтимоӣ, сохтмони роҳу муассисаҳои маорифу тандурустӣ, пуштибони аз рушди фарҳанг ва забони модарӣ далолат мекунад, ки ҳамбастагии миллӣ танҳо дар сухан не, балки дар амал татбиқ ммешавад.

Сафари Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар ин ҳақиқатро собит кард, ки вақте Пешвои миллат бо мардум аст, миллат бо умед ва итминон ба сӯйи фардои дурахшон ҳаракат мекунад. Ваҳдат на танҳо шиори расмӣ, балки паймони устувори давлат ва мардум гаштааст.

Ҳанӯз соли 2014-ум Пешвои миллат зимни сафари хеш ба ноҳияи Рӯшон аз хиради азаливу ориёии сокинони ин зебодиёр тавсиф карда, изҳор доштанд, ки “Сокинони ВМКБ дар рӯзҳои мушкил бо давлат ва Пешвои худ буданд ва дар роҳи таҳкими сулҳу субот саҳми арзанда гузоштанд.” Ин суханони ҳикматомӯз аз он шаҳодат медиҳанд, ки Сарвари давлат мардуми Бадахшонро ҳамчун шарикони воқеии ваҳдати миллӣ мешиносанд.

Пешвои миллат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро танҳо минтақаи ҷуғрофӣ намедонанд, балки ҷузъи муҳими дили миллат ва пайванди маънавии худаш бо мардум медонад. Ин таъкиди Роҳбари ғамхори миллат дар соли 2007 гувоҳи ин гуфтаҳоянд: “Ман худро фарзанди Бадахшон меҳисобам, зеро қалби ҳар як сокини ин диёр барои ободии Тоҷикистон метапад».

Суханони Пешвои миллат дар бораи мардуми Бадахшон ҳамеша бо эҳтиром, ифтихор ва дӯстиву самимият садо медиҳанд. Сарвари давлат мардумро ба таҳкими ваҳдат ва созандагӣ даъват намуда, Бадахшонро ҳамчун “дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” муаррифӣ мекунанд.

Мавзуна БОЙЕВА,

директори Филиали Литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон