
ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
2025-07-03 08:11:29
30-юми июни соли 2025 ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти
шашмоҳаи аввали соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҷаласаи умумии
ҳисоботӣ баргузор гардид, ки дар он директори муассиса, номзади илмҳои
педагогӣ, дотсент Одиназода Латофат Амиршо, муовинони директор, деканони
факултетҳо, мудирони кафедраҳо, шуъбаю бахшҳо, инчунин ҳайати омӯзгорон ва
кормандони қисмати хоҷагидории муассиса иштирок намуданд.
Директори муассиса
ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зимни баромади худ иброз доштанд, ки пешрафти соҳаҳои
ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб
дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи
иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос
вобаста мебошад.
Лозим ба ёдоварист,
ки ҳамасола бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои
муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити
муосиру ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, то
насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони
соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Соҳаи
маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ
мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот
барои омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи рақобати
бозори меҳнат таъсири бевосита мегузорад.
Дар
идомаи ҷаласа ҳисоботи муовинони соҳавӣ, деканони факултетҳо ва мудирони
шуъбаҳову кафедраҳо шунида шуд.
Баромадкунандагон
зимни ироаи ҳисоботҳои худ зикр намуданд, ки омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар
давраи ҳисоботӣ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва
ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб
аст", "Илм-фурӯғи маърифат", Тоҷикистон-Ватани азизи ман"
ва олимпиадаи фаннӣ ширкат карда, соҳиби ҷой гардида, ба даври вилоятӣ ва
ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, баҳри зиёд намудани иқтидори илмии
муассиса аз ҳисоби кадрҳои ҷавон якчанд омӯзгори муассиса ба корҳои
илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Аз он ҷумла, Шарипов Раҳмоналӣ омӯзгори кафедраи
математика-информатика иҷозаи ҳимояи рисолаи номзадиашро дар моҳи сентябри соли
равон соҳиб шудааст. Дар умум дар ҳама самтҳо дар
коллеҷ натиҷаҳо хуб буданд.
Дар идомаи
ҷаласаи аз ҷониби директори муассиса доир ба масъалаҳои рухсатии кормандону
омӯзгорон, пардохти саривақтии рухсатпулиҳо, ба истироҳатгоҳҳо ҷалб намудани
омӯзгороне, ки дар давоми сол заҳмату меҳнати зиёд кашиданд, дастгирии донишҷӯёни
ятиму имконияти маҳдуддошта ва иштирокчиёни озмунҳои болозикр ва тақсимоти
вазифаҳо барои соли нави хониш ба масъулин дастуру супориши қатъӣ мушаххас дода
шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа як қатор омӯзгороне, ки дар давоми сол фаъолияти назаррас доштанд, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.