Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
single-product

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

2025-07-03 08:14:50

Бо мақсади ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи аввал дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 30-юми июни соли 2025 ҷаласаи умумии ҳисоботӣ баргузор гардид, ки дар он директори муассиса, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовини аввали директор, муовинони соҳавӣ, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо, инчунин ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарияти Коллеҷ фаъолияти шашмоҳаи муассисаро бо нишондиҳандаҳои амиқу мушаххас таҳлил намуда, дастовардҳои назаррас ва самтҳои афзалиятноки корро дар самти таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат ва иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло зикр намуд, ки рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ ва дастгирии пайвастаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, неруи муҳимми пешбарандаи соҳа буда, иқдому таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат нисбати рушди илм ва маърифат боиси сарфарозӣ ва масъулияти баланд мегардад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар гирифтани Стипендияи Президентӣ, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар ҷоизаҳо дастовардҳои шоён ба даст овардаанд. Дастгирии кадрҳои ҷавоне, ки ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ рӯ овардаанд, яке аз самтҳои муҳимми самти кадрии Коллеҷ арзёбӣ гардида, барои омӯзгороне, ки рисолаҳои илмии номзадӣ ва докториро дифоъ менамоянд, мукофотпулиҳо ҷудо карда мешавад.

Директори Коллеҷ аз самтҳои дигари фаъолияти муассиса ташкили дарсҳои сайёр дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиби худшиносиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии донишҷӯён ёдоварӣ гардид.

Дар охири ҷаласа мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Мастура Қосимова ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Муродҳусайн Илҳомов ба музокира баромада, фаъолияти шашмоҳаи Коллеҷ қаноатбахш арзёбӣ карданд. Инчунин, барои самаранок амалӣ намудани стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таъмини рақобатпазирии мутахассисони оянда ба масъулин супоришу дастурҳои мушаххас дода шуд.