
НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-07-30 14:02:02
Имрӯз, 30 июли соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони Раиси Кумита, Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии Кумита, ва 25 нафар намояндаи васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар нишаст аз ҷониби 10 нафар намояндаи ВАО 18 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ посухҳои мушаххас доданд.

