
САҲМИ ОМӮЗГОР ДАР РУШДИ ҶОМЕА
2025-07-11 17:49:14
Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгорон ҳамчун сутунҳои асосии рушди маънавию
илмии ҷомеа шинохта шудаанд. Дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои
бунёди ҷомеаи пешрафта ва худкифо талош дорад, нақши омӯзгор дар ташаккули
шахсият ва тайёр намудани мутахассисони болаёқат боз ҳам назаррас гардидааст.
Махсусан дар муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи касбӣ - коллеҷҳо ва литсейҳо - омӯзгорон ба шогирдон на танҳо
дониш медиҳанд, балки онҳоро ҳамчун мутахассисони ояндаи бозори меҳнат тарбия
менамоянд. Донише, ки дар коллеҷ аз устод гирифта мешавад, заминаи аввалин ва
устувори касб ва зиндагии ҳар як донишҷӯ мебошад.
Омӯзгори
коллеҷ дорои масъулияти дучанд аст: аз як тараф, вазифаи таълимӣ ва аз тарафи
дигар, вазифаи тарбиявӣ. Зеро ҷавононе, ки дар чунин муассисаҳо таҳсил
мекунанд, ба муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодии фаъол наздиканд ва онҳо бояд на танҳо
соҳибкасб, балки инсони комил ва ватандӯсти асил бошанд. Мо имрӯз мебинем, ки
аксарияти омӯзгорон бо ҷидду ҷаҳди зиёд, бо меҳнати софдилона ва рӯҳияи баланди
ватандорӣ ба шогирдон илм ва таҷриба меомӯзанд.
Онҳо бо вуҷуди
душвориҳо ва талаботи рӯзафзуни замон кӯшиш мекунанд, ки сатҳи таҳсилро баланд
нигоҳ доранд ва донишҷӯёнро барои ҳаёти мустақилона омода созанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон низ аҳамияти омӯзгоронро дар рушди кадрҳои миллӣ ба хубӣ дарк
мекунад. Дар чанд соли охир тадбирҳои зиёде барои такмили ихтисоси омӯзгорон, беҳтарсозии
шароити кори онҳо ва баланд бардоштани маошу мақомашон роҳандозӣ шудааст.
Дар маҷмӯъ, омӯзгор -
ин шахсест, ки бо сабру таҳаммул ва меҳри беинтиҳо барои пешрафти ҷомеа ва
тақдири ҳар як инсон заҳмат мекашад. Агар мо ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро
мехоҳем, бояд омӯзгорро ҳимоят ва қадр намоем.
Холмуродов Муҳамадрасул, мудири кафедраи фанҳои "Ҷамъиятӣ ва тиббӣ-риёзӣ"-и Коллеҷи тиббии шаҳри Левакант