
ДАР МУАССИСАҲОИ НАЗДИ КУМИТА МУТАХАССИСОН АЗ РӮИ 500 ИХТИСОС ОМОДА МЕГАРДАНД
2024-07-30 14:50:01

Бо мақсади назорат намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, - ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт.
Таъкид гарид, ки дар назди Кумитаи мазкур 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисонро омода менамоянд.



