Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАШН МУБОРАК БОШАД ВОРИСОНИ СОДИҚИ СИНО!
single-product

ҶАШН МУБОРАК БОШАД ВОРИСОНИ СОДИҚИ СИНО!

2025-08-18 19:44:13

Аз 18 августи соли 1995 инҷониб бо шарофати зодрӯзи фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон дар ин сана Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин, волотарин ва бошарафтарин шуморида мешавад.

Тавре файласуф Гиппократ гуфтааст: «Табибе, ки ба сари болини бемор барои дармонбахшӣ меояд, мисли диловарест, ки ба майдони корзор ворид мешавад».

Тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд кардааст ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Муҳтарам кормандону донишҷӯёни соҳаи тиб!

Бо камоли эҳтирому самимият, роҳбарият ва кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику муборакбод менамоянд!

Талошҳои шабонарӯзӣ ва садоқати баланди Шумо дар роҳи ҳифзи саломатии мардум, наҷоти ҷони инсонҳо ва баланд бардоштани сатҳи тандурустӣ дар ҷомеа шоистаи қадршиносӣ мебошад.

Таманно дорем, ки дар фаъолияти пуршарафи худ ҳамеша муваффақ бошед. Саломатӣ ва саодати рӯзгор насибатон бод!

Бори дигар Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак бошад ворисони содиқи Сино!