Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶИҲАТИ ОМОДАГӢ БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР КУМИТА ҶАЛАСА БАРГУЗОР ГАРДИД
single-product

ҶИҲАТИ ОМОДАГӢ БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР КУМИТА ҶАЛАСА БАРГУЗОР ГАРДИД

2025-08-18 19:46:11

18 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ҷаласа баргузор гардид.

Дар он Раиси Кумита, Фарҳод Раҳимӣ муовинони Раис, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ, директоронии коллеҷу литсейҳо ва дигар намояндагони муассисаҳои тобеи Кумита ба таври ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст Раиси Кумита ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур афзоиш меёбад, ки он барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷаласа ҳамзамон, баррасии масъалаи аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, омодагӣ ба соли нави хониш, Рӯзи дониш, Дарси сулҳ, истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои кор, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷалби беҳтари хонандагон ба литсейҳои касбӣ, ташкили махзани маълумотҳои оморӣ, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, таъмини хонандагону донишҷӯён бо маводҳо ва китобҳои дарсӣ, ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тарбияи ватандӯстии хонандагону донишҷуён, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, зиёд намудани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ инчунин, масъалаҳои болозикр ва бартараф намудани норасоиҳо чораҳои таъхирнопазирро андешанд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба дастуру роҳнамоиҳои Кумита ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои таъмирию ободонӣ ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ то ҳол дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ корҳо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар ин замина ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки то санаи 25 август муассисаҳоро пурра ба соли нави таҳсил омода намуда, аз натиҷааст ба таври хаттӣ ба Кумита ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дар охир, Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия, барнома, консепсия, протоколи ҷаласаҳои назоратии назди Раиси Кумита дастуру супоришҳои мушаххас дод.