
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ИСТИФОДАИ ОН ДАР САМТИ ОМОР
2025-08-22 07:27:54
Дар асри XXI, ки бо суръати баланд рушд кардани технологияҳои рақамӣ хос
аст, зеҳни сунъӣ ба яке аз омили калидӣ барои таҳаввули илму ҷомеа табдил
ёфтааст. Аз низоми тандурустӣ то иқтисодиёт ва аз маориф то дипломатия ҳама ҷо
татбиқи он эҳсос мешавад. Аммо яке аз самтҳои муҳимтарини истифодаи зеҳни сунъӣ
соҳаи омор аст. Агар қаблан ҷамъоварӣ, таҳлил ва муқоисаи маълумоти оморӣ вақти
зиёд талаб мекард, имрӯз бо ёрии алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ин равандҳо хеле
дақиқ, зуд ва бо сатҳи баланди эътимод иҷро мешаванд.
Омор ҳамчун соҳаи калидӣ барои қабули қарорҳои давлатӣ ва рушди ҷомеа нақши
ниҳоят муҳим мебозад. Маҳз маълумоти оморӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои
байналмилалӣ ва ширкатҳои хусусӣ имкон медиҳад, ки вазъиятро аниқ арзёбӣ
намоянд ва барномаҳои стратегии худро тарҳрезӣ кунанд. Аммо мушкилӣ он аст, ки
дар шароити муосир ҳаҷми маълумот ба таври бесобиқа зиёд шудааст. Ҷамъоварӣ ва
таҳлили чунин маълумоти бузург («Big Data») бо усулҳои суннатии оморӣ на танҳо
вақти зиёд, балки захираҳои молиявӣ ва инсонӣ ҳам талаб мекунад. Дар ин замина
зеҳни сунъӣ ҳамчун абзори муассир ворид мегардад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими татбиқи зеҳни сунъӣ дар омор ин худкор
(автоматизатсия) кардани равандҳои таҳлил мебошад. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ
қодиранд, ки на танҳо маълумотро ҷудо ва гуруҳбандӣ намоянд, балки робитаҳои
пинҳониро ошкор созанд. Масалан, дар таҳқиқи бозори меҳнат, зеҳни сунъӣ
метавонад муносибати байни маош, сатҳи маълумот ва сатҳи бекориро таҳлил карда,
пешгӯиҳои дақиқ пешниҳод намояд. Ё дар соҳаи тандурустӣ, маълумоти омории
вобаста ба паҳншавии бемориҳо тавассути зеҳни сунъӣ ба таври дақиқ таҳлил
мегардад ва ҳукумати кишвар метавонад чораҳои пешгирикунандаеро барвақт
роҳандозӣ кунад.
Татбиқи зеҳни сунъӣ дар омор на танҳо кори муҳаққиқонро осон мекунад, балки
имконият медиҳад, ки маълумот дар вақти воқеӣ таҳлил гардад. Масалан, дар
иқтисод донистани вазъи бозор дар ҳамин лаҳза барои қабули қарорҳои молиявӣ
муҳим аст. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ имконият медиҳанд, ки тағйироти бозор дар
чанд сония муайян гардад ва таҳлилгарон ба натиҷаи фаврӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Ин раванд метавонад ба рушди иқтисоди рақамӣ ва рақобатпазирии кишварҳо
мусоидат намояд.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ татбиқи зеҳни сунъӣ дар омор босуръат рушд дорад.
Масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва кишварҳои Аврупо аз системаҳои
«machine learning» ва «deep learning» барои таҳияи ҳисоботи оморӣ истифода
мебаранд. СММ низ дар таҳияи ҳисоботҳои глобалӣ оид ба рушди устувор аз
имкониятҳои зеҳни сунъӣ фаъолона истифода мебарад. ЮНЕСКО, Бонки Ҷаҳонӣ ва САҲА
низ барои таҳлили маълумоти оморӣ дар самтҳои маориф, иқтисод ва амният аз
ҳамин раванд баҳра мебаранд.
Дар баробари ин, мушкилоту хатарҳои муайян низ ҷой доранд. Якум, масъалаи
амнияти иттилоотӣ. Чун зеҳни сунъӣ бо ҳаҷми зиёди маълумот кор мекунад, хатари
ифшои маълумоти шахсӣ зиёд мешавад. Дувум, хатари вобастагӣ аз алгоритмҳо. Агар
барнома нодуруст омӯзонида шавад, натиҷаҳои таҳлили оморӣ метавонад иштибоҳӣ
бошад. Сеюм, масъалаи ахлоқӣ.
Истифодаи зеҳни сунъӣ бояд бо қонунгузорӣ ва меъёрҳои байналмилалии ҳифзи
ҳуқуқи инсон мутобиқат дошта бошад.
Вазъи Тоҷикистон дар ин самт ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад, вале
имкониятҳо хеле зиёданд. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
тадриҷан ба истифодаи барномаҳои рақамӣ мегузарад. Агар дар оянда бо дастгирии
давлат ва шарикони байналмилалӣ платформаҳои зеҳни сунъӣ дар омор татбиқ
шаванд, сифати ҳисоботҳо ва барномаҳои иҷтимоӣ беҳтар хоҳад гардид. Масалан,
дар соҳаи кишоварзӣ зеҳни сунъӣ метавонад маълумоти оморӣ дар бораи ҳосилнокӣ
ва шароити обу ҳаворо таҳлил карда, ба деҳқонон тавсияҳои амалӣ пешниҳод
намояд.
Хулоса, метавон гуфт, ки зеҳни сунъӣ омили бунёдӣ барои рушди илм ва ҷомеаи
муосир аст. Татбиқи он дар соҳаи омор на танҳо кори муҳаққиқонро осон мекунад,
балки ба қабули қарорҳои дуруст дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат
менамояд. Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро ба назар
гирад, мутахассисонро омода созад ва инфрасохтори рақамиро тақвият бахшад.
Танҳо дар ин сурат кишвар метавонад аз имкониятҳои фаровони зеҳни сунъӣ барои
таҳкими рушди устувор ва беҳбудии зиндагии шаҳрвандон истифода намояд.
МИРЗОЕВ Аҳлиддин Абдураҳмонович,
муовини директор оид ба илм
ва робитаҳои байналмилалии
Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат