
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶ ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
2025-08-22 07:32:52
Мадинахон Аҳмадзода - донишҷӯи курси 3-юми МДТ "Коллеҷи омӯзгории
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар даври
вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз рӯйи
номинатсияи "Адабиёти муосири тоҷик" байни донишҷӯёни муассисаҳои
таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мақоми сеюмро сазовор гардид.
Ӯ тибқи низомномаи озмун 30 роман, 40 повест, 10 драма, 10 асари ёддоштӣ,
70 ҳикояву новелла, 110 ғазал, 100 байт дигар навъҳои шеърӣ, 120 рубоиву
дубайтӣ ва 150 байт порча аз достонҳоро аз худ намудааст.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии муассиса бо ифтихору сарфарозӣ Аҳмадзода Мадинахонро
бо ин дастоварди шоён табрику муборакбод намуда, ба ӯ саодату комёбиҳои навинро
таманно менамоянд.