Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИСТИҚЛОЛ- ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН
single-product

ИСТИҚЛОЛ- ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН

2025-08-22 07:33:51

Истиқлол бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст. Агар ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихи халқи тоҷик назар афканем, равшан мегардад, ки орзуи деринаи ниёгон ҳамеша истиқлол, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ буд. Дар тӯли садсолаҳо миллати тоҷик борҳо таҳти фишор, тазйиқ ва ҳамлаҳои бегонагон қарор гирифт, аммо рӯҳи истиқлолталабӣ ва худшиносии миллӣ ҳеҷ гоҳ аз миён нарафт.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 бо қарори Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Ин рӯз ҳамчун оғози воқеии таърихи навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Истиқлоли давлатӣ рамзи ҳастӣ, озодӣ ва озодагии мост. Ин неъмат муқаддастарину арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад».

Истиқлол на танҳо озодӣ аз зери ҳукмронии дигарон, балки имконияти худшиносӣ, худсозӣ ва худташаккулдиҳии миллат мебошад. Дар заминаи истиқлол мо тавонистем забон, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллӣ худро аз нав эҳё намоем.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба мушкилоти сангини сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тақрибан тамоми пояҳои давлатдориро хароб сохт. Аммо бо роҳбарии Пешвои миллат сулҳ барқарор гардид ва миллати тоҷик аз вартаи парокандагӣ наҷот ёфт.

Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд:«Ман бо ифтихор мегӯям, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ аз ҳама дастовардҳои даврони истиқлол муқаддастар аст». Истиқлол имконият дод, ки тоҷикон давлатдории миллии худро аз нав эҳё кунанд. Асосҳои Конститутсия гузошта шуданд, парчам, нишон ва суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ қабул гардиданд. Ба гуфтаи Пешвои миллат:«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби сарнавиштсоз ва оини сиёсиву ҳуқуқии зиндагии ҷомеаи мо мебошад».

Ҳамин тавр, қадам ба қадам заминаи устувори давлатдорӣ гузошта шуд. Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мустақил узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилоти байналмилалӣ гардид. Ин ҳама аз натиҷаи истиқлол аст.

То истиқлол бисёре аз суннатҳо, урфу одат ва ҳатто забони тоҷикӣ зери фишори сиёсати бегонагон қарор доштанд. Бо соҳибистиқлолӣ бошад, имкон пайдо шуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми воқеии худро касб намояд.

Пешвои миллат дар Паёми худ борҳо таъкид кардаанд:«Мо забонро аз модар меомӯзем ва онро ҳамчун мероси муқаддаси миллӣ ба наслҳои оянда мерасонем. Забон пояи асосии истиқлол ва ҳастии миллат аст».

Ҳамин тариқ, истиқлол ба эҳёи забон, фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва анъанаҳои давлатдории тоҷикон неруи тоза бахшид.

Бе истиқлол рушди иқтисодӣ ғайримумкин буд. Дар давоми солҳои истиқлол Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид: сохта шудани садҳо корхонаҳои саноатӣ; бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун лоиҳаи аср; таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ ва пайвастани манотиқи кишвар бо роҳҳои нав; таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ.

Ин ҳама комёбиҳо бевосита аз баракати истиқлоланд.

Соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати хориҷии мустақилро пеш гирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо беш аз 170 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад. Иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат, бахусус дар масъалаи об, Тоҷикистонро ба яке аз пешсафони арсаи ҷаҳонӣ табдил додааст.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ хатари парокандашавии миллат вуҷуд дошт. Бо кӯшиши Пешвои миллат, сулҳи тоҷикон соли 1997 ба даст омад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги истиқлол дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Воқеан, Ваҳдат неъмати бебаҳо ва дастоварди бузургтарини миллат аст. Мо бояд онро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Мавриди таъкид аст, ки ояндаи истиқлол ба насли ҷавон вобаста аст. Аз ҳамин рӯ, давлат ва ҳукумат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҷавонон, дастгирии соҳибкории ҷавонон ва ташкили шароити мусоид барои таҳсил дар дохил ва хориҷ аз натиҷаҳои истиқлол аст.

Пешвои миллат низ бо боварӣ мегӯянд, ки ҷавонон нерӯи бузург ва такягоҳи асосии давлатанд. Аз онҳо ватандӯстӣ, дониш ва садоқат ба миллатро интизор дорем. Истиқлол танҳо дастоварди як шахс ё як гурӯҳ нест, балки рисолати умумихалқист. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки истиқлолро ҳифз намуда, барои ободии Ватан саҳмгузор бошад.

Ҳамин тавр, истиқлол сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои имрӯзу фардои миллати тоҷик мебошад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳёи забон ва фарҳанг, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистоназ баракати истиқлол аст. Мо вазифадорем, ки ин дастоварди муқаддасро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва барои ободиву сарсабзии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳамеша талош намоем.

Шӯҳрат ЁҚУБӢ,

директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд