
ДАСТОВАРДӢ ОМӮЗГОРӢ КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ БА НОМИ А. ҚАҲҲОРОВИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2025-08-22 07:36:12
Боиси ифтихор
ва сарбаландист, ки Разоқов Бахтиёр Фаррухович, яке аз омӯзгорони ҷавони
Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом, дар озмуни бонуфузи
байналмилалӣ, ки рӯзи 17 августи соли 2025 дар шаҳри Тошкент баргузор гардид,
бо номинатсияи “Фахри Ватан” сарфароз гардонида шуд.
Ин чорабинӣ аз
ҷониби Маркази матбуоти илмии “Scientific Publication” ва бо ҳамкории Агентии
корҳои ҷавонон ташкил ёфта, бори аввал дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
(ИДМ) баргузор шуд. Ҳадафи асосии он қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони
навовар, олимони ҷавон ва роҳбарони соҳиби салоҳият буд, ки барои рушди
фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ саҳм мегузоранд.
Дастовардҳои
шоистаи эътироф Разоқов Бахтиёр Фаррухович дар ин озмун ҳамчун роҳбар ва
омӯзгори ҷавон бо рӯҳияи навоварӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва корбари самарабахши
донишҳои муосир ширкат намуд. Вай фаъолияти тадқиқотӣ ва эҷодии ҷавононро
ҳидоят карда, бо ташаббускорӣ ва садоқати касбӣ дар сатҳи баланд қадр ёфт.
Бо ҳамин дастовард ӯ дар қатори беҳтаринҳо эътироф гардида, бо диплом ва медали ифтихорӣ сарфароз шуд. Мукофоти мазкур на танҳо нишонаи сатҳи баланди салоҳият ва меҳнати пайгиронаи ӯст, балки мояи ифтихори тамоми ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳоров низ ба шумор меравад. Ифтихори коллектив ва намуна барои ҷавонон иштироки фаъолонаи чунин мутахассисони соҳибмаърифат дар чорабиниҳои байналмилалӣ собит месозад, ки ҷавонони боистеъдод ва омӯзгорони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиранд дар сатҳи ҷаҳонӣ ифтихорофарин бошанд. Дастовардҳои Разоқов Бахтиёр Фаррухович намунаи равшан барои донишҷӯёну ҳамкорон буда, ба рушди минбаъдаи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоти ҷавонон такони ҷиддӣ медиҳад. Коллективи Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом аз муваффақиятҳои арзандаи Разоқов Бахтиёр Фаррухович ифтихор дошта, ба ӯ дар роҳи илмӣ, касбӣ ва эҷодӣ комёбиҳои нав ба нав таманно менамояд.