
Пирӯзии омӯзгори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дар озмун
2025-08-24 14:02:02
Боиси сарфарозист, ки омӯзгори соҳибистеъдоди
Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи
Рӯдакӣ", Тураев Акбаршоҳ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи
доноӣ китоб аст» ба комёбии баланд ноил гардида, соҳиби ҷойи сеюм дар номинатсияи
«Адабиёти муосири тоҷик» гардида ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Ин дастоварди шоён дар байни садҳо иштирокчӣ аз миёни
омӯзгорони зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабӣ, намояндагони муассисаҳои
фарҳангиву санъатӣ ва соҳибкасбони соҳаҳои гуногун ба даст омадааст.
Омӯзгори соҳибихтисос Тураев Акбаршоҳ бо дониш, заҳмат
ва меҳнати шабонарӯзии худ исбот намуд, ки омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар рушди
маънавиёт, тарбияи насли нав ва арҷгузорӣ ба китобу китобхонӣ саҳми арзанда
доранд.
Пирӯзии ӯ на танҳо муваффақияти шахсӣ, балки
дастоварди тамоми ҳамкорон ва муҳити таълимии ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб мешавад. Ин
дастоварди назаррас боиси ифтихор ва таҳсин аст ва албатта, нерӯбахши дигар
ҳамкорон ва шогирдон хоҳад буд.
Ин комёбӣ ифодагари масъулиятшиносӣ, меҳнати софдилона
ва дӯстдории беандозаи Шумо ба илму адаб мебошад. Дастоварди Шумо боиси
ифтихори тамоми ҳайати омӯзгорон, шогирдон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Бо итминон изҳор менамоем, ки минбаъд низ бо заҳматҳои пайваста ва талошҳои созандаатон саҳми арзанда дар пешбурди илму маърифат, баланд бардоштани нуфузи омӯзгорӣ ва тарбияи насли созанда хоҳед гузошт.