
ОЗМУНИ ҚАБУЛИ ОМӮЗГОРОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР”
2025-08-24 14:07:20
Бо
мақсади таҳкими неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҷалби
мутахассисони сазовор ба соҳаи маориф, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи
тиббии шаҳри Ҳисор» озмуни қабули омӯзгорон баргузор гардид.
Ин чорабинии муҳиму масъулиятнок бо иштироки муовини директор оид ба
таълим, номзади илмҳои тиб, Ҷураев М.Ф., раиси иттифоқи касабаи кормандони
муассиса Ҳамроев Ф.Р., муовини директор оид ба тарбия Сангинова С.О., муовини
директор оид ба илм ва инноватсия Холмуродов Ш.Н., сардори бахши идоракунии
сифати таҳсилот Ҳайдаров Б.Ф., сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Содиқов
Ш.М. ва мудирони кафедраҳо баргузор шуда, ҳадафи асосии он интихоби кадрҳои
босалоҳият, дорои донишҳои муосир ва малакаи методӣ мебошад.
Озмун аз марҳилаҳои муаррифии шахсӣ, санҷиши донишҳои назариявӣ, малакаҳои
амалии педагогӣ ва маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ иборат буд.
Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки дар назди комиссияи доварӣ донишу
маҳорати худро нишон дода, бо андешаҳои эҷодӣ ва пешниҳодҳои навоварона баромад
кунанд.
·
Маъмурияти МДТ "Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор" таъкид менамояд, ки
омӯзгор шахсияти асосӣ дар тарбияи насли наврас ва ташаккули мутахассисони
соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, интихоби дуруст ва шаффофи
кадрҳо дар маркази диққати роҳбарият қарор дорад.
Дар фарҷом муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои тиб, Ҷураев М.Ф.
ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барору комёбӣ таманно намуда, ба ғолибон ва онҳое,
ки барои такмили дониш ва маҳорати худ саъй менамоянд, муваффақиятҳои минбаъда
орзу намуданд.
