
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
2025-08-25 11:12:58
Санаи 23.08.2025 дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг ҷаласаи навбатии Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқзода Хурсанд Сафар, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафурӣ Зоир Саъдулло, раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат иштирок намуданд.
Қабл аз оғози кори ҷаласа муовини якуми раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ва муовини якуми директори Агентӣ Содиқзода Хурсанд Сафар бо дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорони Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг" дидан карда, ба дастовардҳои илмию варзишӣ ва маҳсули дастии ҳунарҳои мардумии омӯзгорону донишҷӯён баҳои баланд доданд.
Сипас, Шӯро ба кори худ шурӯъ кард. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки тибқи нақшаи баргузории ҷаласаҳои Шӯро нишасти навбатӣ баргузор мегардад. Дар ҷамъомади мазкур маърӯзаҳои таҳлилии роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ роҷеъ ба мавзӯъ ва масъалаҳои мухталифи соҳа ироа мегардад.
Нахуст, Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ, директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, роҷеъ ба "Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханронӣ кард.
Зикр гардид, ки соҳаи илму таҳсилот аз соҳаҳои калидии кишвар ба ҳисоб меравад, ки рушди иқтисод ва дигар ҷабҳаҳои ҷамъият ба он рабти қавӣ дорад. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро чун соҳаи афзалиятноки мамлакат эълон карда, ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот пайваста дар суханрониҳо ва вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеа таъкид менамоянд.
"Таваҷҷуҳ кардан ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мудом дар мадди назари роҳбарияти Кумита ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, шароити мусоид фароҳам овардан баҳри омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ, пеш аз ҳама, касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ соли 2025-ро барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон намуданд" - гуфт номбурда.
Қайд гардид, ки имрӯз ҳарчанд масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ то андозае ҳалли худро ёфта бошанд ҳам, вале чанд мушкилот низ ба назар мерасанд, ки метавонанд, дар оянда баҳри омода намудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ монеа эҷод кунанд, ба монанди норасоии кадрҳои соҳибтахассус; нарасидани китобҳои дарсии соҳавӣ; мавҷуд набудани шароити мусоид баҳри мувофиқа кунонидани машғулиятҳои назариявӣ (лексионӣ) бо амалӣ ва ғайра. Пешниҳод гардид, ки бо рафъи ин мушкил масъала роҳи ҳалли худро меёбад.
Дар идомаи ҷамъомад Шарифзода Саидмурод Раҷабалӣ, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, роҷеъ ба масъалаи "Таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва роҳҳои бартараф намудани он" суханронӣ карда, иброз дошт, ки таъмини донишҷӯён бо китоби дарсӣ ба боло бурдани сифати таълим ва беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки бо ташаббуси Кумита гуруҳи кории дохилиидоравӣ ҷиҳати таҳия, тарҷума ва нашри китобҳои дарсии соҳавӣ ташкил гардидааст. Директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки ҳамчун муассисаҳои заминавӣ муайян карда шудаанд, бояд дар самти таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ бо мутахассисони гурӯҳи корӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.
Қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ 73 номгӯй китоб таҳия гардида, аз ин шумора 50 номгӯй нашр гардида, барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шудаанд.
Сипас, Давлатзода Рухсора, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, дар мавриди "Иҷрои талаботи бандҳои "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ" маърӯза карда, қайд намуд, ки "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438, қабул гардидааст, заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад, ки мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба донишҷӯён, таъминоти кадрӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаро мегирад.
"Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, дар самти инкишофи бисёрзабонӣ, беҳтар намудани таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини шароити мусоид ба раванди таълим, ташаккули шахсиятҳои донандагони забонҳо дар муассиса, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат синфхонаҳои омӯзиши забони русӣ ва англисӣ ташкил карда шудаанд. Синфхонаҳо бо аёниятҳои замонавӣ оро дода шуда, аз ҷониби омӯзгорон ҳар гуна аёниятҳо барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълим аз фанни забони англисӣ ва русӣ омода карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани дарсҳо бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯёну шаҳрвандон ба омӯзиши ин фанҳо омӯзгорон вобаста ба мавзӯи дарс аз тахтаи электронӣ, дастгоҳи линогфонӣ, видеопроекторҳо, видеороликҳо ва ҳар гуна маводҳои дидактикӣ истифода менамоянд", - зикр гардид дар суханронӣ.
Дар идомаи ҷаласа Рабизода Наҷибулло, директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе роҷеъ ба мавзӯи "Чораҳои амалишуда дар самти татбиқи"Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", Шарифзода Азизулло, муовини директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дар мавриди "Ҷалб намудани омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дар ин замина баланд бардоштани дараҷаи илмии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ" ва Амирбекзода Сино Амирбек, директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, дар мавзӯи "Фаъолияти паркҳои технологӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯза карданд.
Дар охири ҷаласа Содиқзода Хурсанд Сафар, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҷеъ ба мавзӯъ ва масъалаҳои баррасишуда ибрози назар карда, ба роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷиҳати рафъи мушкилоти мавҷуда ва омодагии пурра ба соли нави хониш дастуру супоришҳои мушаххас доданд.