Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТА АЗ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
single-product

БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТА АЗ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

2025-08-25 11:17:27

Санаи 23.08.2025 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Литсейи касбии техникии ноҳияи ташриф овард.
Аснои шиносоӣ муовини якуми раиси Кумита роҷеъ ба вазъи моддию техникии муассиса, омодагӣ ба соли нави хониш, марҳилаи лоиҳакашии бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ, инчунин, раванди иҷрои нақшаи қабул бо масъулин суҳбат анҷом дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Кумита дар замини назди литсей корҳои омодагӣ барои сохтмони бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ оғоз ёфта, айни ҳол корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.
Зикр гардид, ки Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.1993, №129, дар заминаи ду гуруҳи таълимии дар ноҳия фаъолиятдошта ҳамчун Омӯзишгоҳи касбии техникии №13-и ноҳияи Ховалинг таъсис ёфтааст. Дар муассиса таълим аз рӯи ихтисосҳои тракторчӣ-машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ (ронандаи дараҷаи «С»); системаи компютерӣ ва интернет-технология; ҳисобчӣ (бо донистани компютер); челонгари таъмири муҳаррики автомобил; кафшергари барқӣ; дӯзанда; барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил ва ронанда (дараҷаҳои “В” ва “С” ба роҳ монда шудааст.
Қайд гардид, ки муассиса аз 3 бинои таълимӣ иборат буда, бино дорои 22 синфхонаю утоқҳои хурду калон мебошад. Бинои мазкур соли 1962 сохта шуда, ба талаботи имрӯзаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷавобгӯ набуда, хобгоҳ, китобхона, ошхона ва устохонаву озмоишгоҳҳои замонавӣ надорад.
Гуфта шуд, ки дар муассиса 1 адад дастгоҳи кафшергарӣ, 13 адад мошинаҳои дарздӯзӣ, 1 адад автомашинаи таълимии ГАЗ-31, 1 адад автомашинаи таълимии ГАЗ-53 мавҷуд буда, 1 адад трактори Т – 40 барои хонандагон хизмат мерасонанд.
Ба зикри директори муассиса, нақшаи қабули хонандагон дар соли таҳсили 2025-2026 280 нафарро ташкил дода, ҳоло омӯзгорони муассиса талош доранд бо роҳандозии корҳои таблиғотӣ теъдоди бештари хонандагонро ба таҳсил ҷалб намоянд. Иҷроиши нақша идома дошта, дар ин баробар, корҳои таъмирию сохтмонӣ дар доираи омодагӣ ба соли нави хониш ҷараён дорад.
Ба таъкиди сарвари муассиса, ҳайати кормандону омӯзгорони Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг фаъолияти худро дар давоми соли таҳсили 2025-2026 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Низомнома, Оиннома ва фармоишу қарорҳои Кумита ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, барои беҳтар намудани сифати таълим ва мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаи таълимӣ минбаъд низ аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода менамоянд.
Баъди боздид Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати рафъи камбудию мушкилоти мавҷуда, иҷрои пурраи нақшаи қабул ва анҷоми омодагиҳо ба соли нави хониш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.