
ИСТИҚЛОЛИЯТ - РАМЗИ ЗИНДАГИИ ОЗОД, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ОЯНДАИ РАВШАН
2025-08-25 11:48:44
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 34-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил менамоянд. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Ҳодисаҳое, ки имрузҳо дар руйи ҷаҳон рӯй дода истодаанд ва тамоми ҷаҳонро ба таҳлука оварданд, бори дигар собит намуданд, ки таъмини сулҳу суботи сайёра ва ҳалли проблемаҳои трансмиллӣ танҳо дар шароити ҳамкории тамоми кишварҳои дунё имконпазир аст. Ягон давлати дунё, хоҳ хурд бошаду хоҳ калон, дар танҳоӣ аз зарбаи ногаҳонии терроризми байналхалқӣ эмин буда наметавонад. Гузашта аз ин, ягон давлат бар зидди ин зуҳуроти даҳшатнок дар танҳоӣ муқовимат ва мубориза ҳам карда наметавонад. Ба ин хотир, моро мебояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша дар фикри рушд ва пешрафти Ватани азизамон бошем, манфиатҳои миллат ва давлати худро дар навбати аввал ҳифзкунем ва барои таъмини зиндагии шоиста тадбирҳои заруриро биандешем.
Ин раванд барои мо ҳаётан муҳим аст. Чунки дар ҷаҳони пурҳаводис ва ниҳоят мураккаби имрӯза танҳо миллате худро аз таркишу зарбаҳои фалокатбори сиёсиву иҷтимоии асри нав ҳифз карда метавонад, ки худогоҳу худшинос бошад, ба қадри неъмати истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ расида тавонад. Зеро имрӯз комилан равшан аст, ки ягон ҷомеа, миллат ва давлат, сарфи назар аз қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии худ, аз ҷараёну равияҳои мухталифи ҷаҳони муосир, аз ҷумла равандҳои глобализатсионӣ дар канор буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо ҳифзи анъанаву суннатҳо ва арзишҳои фарҳангии миллии худ ҳамзамон дар ҳалли масъалаҳои умумиинсонӣ ба қадри имкон саҳмгузор бошем.
Ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон низ ба ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ рост омад. Дар рӯзҳои вопасини салтанати давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои милливу сиёсӣ аланга мезаданд, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи 24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихиро оғоз кард.
Дар ин давра кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.
Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи Истиқлолияти давлати ҷавони худ бо роҳбарии Пешвои миллат ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ мо на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтем, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузоштем.
Сиву чор соли даврони истиқлолият дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир фосилаи чандон тӯлонӣ нест.
Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат вуҷуд доштанд, мо тавонистем бо такя ба ақлу заковат ва дастгирии самимонаву заҳмати софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миилат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорем. Дар тӯли солҳои истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имкониятҳо сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд. Мазмун ва аҳамияти Истиқлолият барои тоҷикон танҳо як рӯйдоди сиёсӣ нест, балки оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ мебошад. Бо шарофати истиқлолият мо рукнҳои асосии давлатдори:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамзҳои миллӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ; Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мавқеи асосӣ гирифт. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шуд.
Истиқлолият пояи давлатдорӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон аст. Ин санна танҳо як санаи ҷашнӣ нест, балки рамзи ифтихор ва сарнавишти навини миллати пуртамадуни точикон мебошад.
Бале мо насли истиқлол бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад. Истиқлолият ин нишони барҷастагӣ пойдории давлат, симои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакати соҳибистиқлоли тоҷикон аст. Ҳар як тоҷик бояд дарк кунад, ки ҳифзу таҳкими истиқлолият бо меҳнати содиқона, бо ваҳдат ва эҳтиром ба қонун вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд аст. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ояндаи дурахшонро барои наслҳои оянда таъмин кунем.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо ҷавонони даврони истиқлол, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги миллати тоҷик ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Истиқлолият барои тоҷикон дарвозаҳои бузургеро ифтитоҳ бахшид, ки ин миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун барои тамоми халқияту давлатҳои ҷаҳон расму оин ва фарҳанги волои хешро муаррифӣ карда тавонист.
Бигзор Истиқлолияти тоҷикон ҷовидон бошад ва парчами давлатамон ҳамеша дар фазои озодии Ватан парафшон гардад!
ГАДОЕВ ИКРОМҶОН – муовини аввал, муовини директор оид ба корҳои таълимии Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе