
МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД!
2025-08-25 20:11:10
Боиси ифтихори ҳайати кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар арафаи таҷлили 34-умин
солгардӣ ҷашни Истиқлоли давлатиӣ дар қатори намояндагони касбу кори гуногун,
ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, муовини Раиси Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода
Алишер Ҳикматулло, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо
медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.
Ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди азиз Ализода Алишер
Ҳикматуллоро ҷиҳати бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданашон сидқан
табрику таҳният намуда, дар дар фаъолияти минбаъдаи кориашон комёбиҳои нав ба
навро таманно доранд.
Ализода Алишер Ҳикматулло, муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, иброз дошт, ки дар партави таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари маҳбуби кишвар минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таълиму тарбияи насли ҷавони кишвар равона месозанд.