Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА” МУБОРАК БОШАД!
single-product

МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА” МУБОРАК БОШАД!

2025-08-25 20:12:14

Боиси ифтихори кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар аст, ки дар арафаи таҷлили 34-умин солгардӣ ҷашни Истиқлоли давлатиӣ дар қатори намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, Одиназода Латофат Амиршо, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкасб намудани шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.

Хислатҳои накуи инсонгароии Одиназода Латофат Амиршо, ба монандӣ хоксорӣ, саховатпешагӣ, муоширати баланди касбӣ ва содиқ будан дар вазифаи ишғолнамудааш аст, ки ӯ миёни мардум, бахусус, дӯстону ҳамкорон, ҳамсабақону ҳамдеҳагон обру ва мартабаи махсус дорад! Ба маънои томаш ӯ омӯзгор аст!

Одиназода Латофат иброз дошт, ки устодону кормандони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша омода буда, сиёсати созандаву маорифпарваронаи Роҳбарияти олии кишварро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд.

Маврид ба зикри хост аст, ки ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ҷоизаҳои давлатӣ, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад ин худ ифтихор ва сарбаландии бузург буда, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии кормандони соҳаро боз ҳам боло мебардорад.

Одиназода Латофат Амиршоро ҷиҳати бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданашон сидқан табрику таҳният намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.