
ДАРСИ СУЛҲ - ДАРСИ САДОҚАТУ ВАТАНДОРӢ
2025-08-28 08:54:30
Рӯзи дониш ва
дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб
шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими
аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба
таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои
муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи
мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар
ҷалб менамоем.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Бо шукргузорӣ
аз тинҷиву оромии пойдор дар Тоҷикистони азиз, бо шукргузорӣ аз сиёсати
маорифпарваронаи Пешвои сулҳофару маорифпарвари миллати сарбаланди тоҷик
ҳамасола якуми сентябр садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин
маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу
дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.
Рӯзи дониш ва
Дарси сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба
илму дониш ва хираду маърифат мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола бо
иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷашн гирифта
мешавад.
Чун анъанаи нек бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли
таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳамияти
басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати барқарор будани
сулҳу оромӣ ва амнияти комил ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла
раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад. Яъне амалӣ
гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату
ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир
мебошад.
Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои
сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад, чунки мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи
сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои
ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овардаанд.
Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва
пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард
мебошад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва
аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам
бештар тарғиб намоем.
Рӯзи аввали соли таҳсил ҳамеша барои мардуми азизи мо,
аз ҷумла кормандони соњаи маориф, хонандагону донишҷӯён рӯзи фараҳафзову шодӣ,
орзуву ниятҳои нек аст, зеро зиндагӣ худ аз донишу ҳунар рангу тобиши тоза
мегирад.
Маврид ба таъкид аст, ки мафҳуми дониш барои мо аз
гузашта то имрӯз ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад, зеро ниёгони
гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм номидаанд.
Имрӯз мо ҳамватанон шукрона аз он дорем, ки дар фазои
орому осудаи Ватани азизамон осуда ва тенҷу ором умр ба сар бурда истодаем, ки
ин бахти баланд барои ҳар як миллату давлат аз доштани сулҳу амонӣ дарак
медиҳад ва мо шукрона мекунем, ки ин неъмати бебаҳоро соҳиб ҳастем.
Ҳамаи моро лозим аст, ки аз сабақи гузашта омӯзем ва
барои таҳкими тинҷиву амонӣ дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории
давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузорем. Мо омӯзгорон ва падару
модаронро зарур аст, ки рисолати аслии худро дар ин самт иҷро намуда, ба насли
наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор, таҷрибаи талхи миллатро омӯзонем,
онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани
давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созем.
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру
супоришҳои раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил
намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ то имрӯз корҳои ташкиливу омодагӣ ба сомон
расонида шудаанд. Боварии комил дорем, ки аҳли кормандону омӯзгорони муассиса
соли нави таҳсилро дар як фазои хубу созанда оғоз намуда, бо дастовардҳои
назаррас ҷамъбаст хоҳанд кард.
Ҳусейнов Зарифбой Аҳмадович –муовини директор оид ба таълими Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ