Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ: ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ" ДАР ДАВРИ СЕЮМ (ШАҲРӢ)-И ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
single-product

ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ: ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ" ДАР ДАВРИ СЕЮМ (ШАҲРӢ)-И ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

2025-08-28 08:55:35

Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 августи соли 2025 дар мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" доир гардид.

Хотирасон менамоем, ки дар ин даври озмун донишҷӯи бахши сеюми факултети кори ҳамширагӣ (таҳсилоти умумии асосӣ) Воҳидова Маҳбуба аз номинатсияи "Адабиёти классики тоҷик" иштирок намуда соҳиби ҷойи дуюм гардида буд, бо туҳфа ва маблағи пулӣ қадрдонӣ гардид.

Аҳли Раёсати Муассиса донишҷу Воҳидова Маҳбубаро барои ноил шудан ба ин дастовард самимона шодбош гуфта, дар даври ояндаи озмун комёбиҳои беназир таманно доранд.

single