Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-10-11 20:44:02

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

2024-10-11 09:13:10

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПАРЛУМОНӢ - ИШТИРОКДОРОНИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат қабули Конститутсияро яке аз қадамҳои аввалин ва устувори ҷомеаи мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номиданд.

Зикр гардид, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.

“Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд.

Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории кишварҳо, аз қабили робитаҳои башарӣ, дар асоси умумияти фарҳангиву таърихӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо метавонанд барои инкишофи созандаи ин раванд мусоидати ҷиддӣ намоянд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст.

Аснои суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар ҳамкории зичро барои ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои мо зарур шумурданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чорабиниҳои имрӯза барои муайян кардани уфуқҳои нави шарикии васеи кишварҳо хидмат хоҳад намуд.

 

2024-10-11 09:07:22

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.


Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

2024-10-11 06:56:10

ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! БЕШ АЗ 5 ҲАЗОР НАФАР МАШҒУЛИЯТИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗИРО ХАТМ НАМУДАНД

ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон 5 ҳазору 613 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм намуданд, ки 2029 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Тавре Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳадафу мароми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандон равона гардидааст. Аз ин рӯ, барои ташкили ҷойи кори нав дар дохили ҷумҳурӣ ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин зинаи таҳсил аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 адад зиёд карда шавад.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки «имсол литсейҳои касбии техникии ҷумҳуриро 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳо духтарон мебошанд. Бештари хонандагон ин литсейҳоро аз рӯйи ихтисосҳои дӯзанда, системаи компютерӣ ва интернет-технология, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, ҳисобдор бо донистани компютер, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, кафшергари газию барқӣ ва кафшергари барқӣ хатм намуда, 2235 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд. 2018 нафар барои идомаи таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қарор дорад, ин таъмини хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ мебошад. Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 62 фоиз китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ ва 35,1 фоиз китоби дарсии фанҳои тахассусӣ таъмин мебошанд.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо маводи таълимӣ, аз ҷумла, китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ, матн-лексияҳо ва дигар маводи ёрирасони методӣ дар кумита гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба ва методистони сатҳҳои гуногун таъсис дода шуд. То ин замон 14 номгӯй китоби дарсӣ омода ва ба чоп фиристода шуда, зиёда аз 150 маводи таълимии дигар дар таҳрир ва баррасии гурӯҳи корӣ қарор дорад. Кумита тасмим гирифтааст, ки ин номгӯйи маводи таълимиро то охири имсол нашр ва дастраси устодону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гардонад. Инчунин таҳияи стандартҳои фаннӣ ва таҷдиди назар намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ бо бартарият додан ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ идома дорад. Корҳо дар ин самт то охири соли равон ба анҷом расонида мешаванд.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои касбии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, муҳайё намудани шароит барои қонеъ гардонидани ҷомеа ва бозори меҳнат ба кадрҳои коргарӣ тавассути таъсис ва навсозии сохтор ва низоми таҳсил, рушди малакаҳои касбӣ ва дар амал ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии насли нав, ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, истифодаи самараноки захираҳои моддию молиявӣ, бунёд ва таҳкими механизми тайёр намудани кадрҳои коргарӣ тибқи талаботи бозори меҳнат лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» таҳия карда шуд. Лоиҳаи барнома баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Инчунин бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгорӣ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ мутахассис омода карда мешавад. Соли 2023-2024 ин муассисаҳоро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти рус 273 нафар ва аз рӯйи ихтисоси забони англисӣ 299 нафар хатм намуданд. Ҳамзамон дар 25 муассисаи таълимӣ омӯзиши 82 фанни таълимӣ бо забони русӣ ба роҳ монда шуд.

Фарҳод Раҳимӣ илова намуд, ки соли 2024 шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳуриро 715 нафар мутахассиси ҷавон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намудаанд. Онҳо тибқи роҳхати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва шартномаи сеҷониба давоми се сол аз рӯйи ихтисос барои машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ ба ихтиёри раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор фиристода шуданд. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, 395 нафар мутахассиси ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисос ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ намуд. 156 нафар мутахассиси ҷавон бо сабабҳои узрнок ва 164 нафар мутахассиси ҷавони дигар бе сабабҳои узрнок ба ҷойи кор ҳозир нашуданд, ки дар ин масъала масъулон кор мебаранд.

Инчунин дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 4 филиал фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳо аз рӯйи 10 самт: омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иҳтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Манбь:https://khovar.tj/2024/10/unar-meom-zem-besh-az-5-azor-nafar-mash-uliyati-k-to-muddati-kasbom-ziro-hatm-namudand/?fbclid=IwY2xjawF1Y8VleHRuA2FlbQIxMQABHTnk-p1CeIJ0otEvCEMYmqe8sZ3_Hytb6CtHR9aHJpRge_CljfE_9POqrQ_aem_NLDC-k5RGhZSnltPBsiAeA


Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



2024-10-11 06:48:32

БО ИШТИРОКИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ВА РАИСИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ МУҲТАРАМ ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО

БО ИШТИРОКИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ВА РАИСИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ МУҲТАРАМ ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО, ҶАЛАСАИ ПЛЕНАРИИ ФОРУМИ VIII БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ «ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ: НЕРУИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИМИНТАҚАВӢ» ДОИР ГАРДИД. ДАР КОРИ ФОРУМИ БАЙНИПАРЛАМЕНТӢ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАЙАТҲОИ ПАРЛАМЕНТӢ, НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ МАРКАЗӢ ВА МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ДУ КИШВАР ИШТИРОК НАМУДАНД.

2024-10-11 06:44:36

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МУҲАММАДБОҚИР ҚОЛИБОФ

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳои васеъ доир гардид. Нахуст, муҳтарам Рустам Эмомалӣ меҳмони арҷманд - Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва ҳайати расмии кишвари ба мо дӯсту бародар Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Также, встреча Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе, уважаемого Рустама Эмомали и Председателя Ассамблеи Исламского Совета Исламской Республики Иран Мохаммадбакира Калибофа, прошла с участием больших делегаций. Сначала уважаемый Рустам Эмомали приветствовал в Таджикистане высокого гостя – Председателя Исламского Совета Исламской Республики Иран Мохаммадбакира Калибофа и официальную делегацию дружеской и братской страны - Ирана. Стороны выразили удовлетворение плавным развитием многостороннего сотрудничества между двумя странами.

 

2024-10-11 06:38:55

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми 8-уми байнипарламентии “Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ” ва Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овард мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали провел встречу с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации Валентиной Матвиенко, которая находится с рабочим визитом в городе Душанбе для участия в пленарном заседании VIII Межпарламентского форума «Таджикистан и Россия: сила межрегионального сотрудничества» и конференции международной делегации, посвященной 30-летию принятия Конституции Республики Таджикистан. На встрече обсуждены состояние и перспективы дружественных отношений между Таджикистаном и Россией по приоритетным и интересующим стороны направлениям.

 

2024-10-11 06:37:15

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ МАҶЛИСИ ШӮРОИ ИСЛОМИИ ЭРОН МУҲАММАД БОҚИРИ ҚОЛИБОФ

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмии онҷониб ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки “мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”.

Нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардид. Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.

Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шуд.

Ҷонибҳо нақши ҳамкории байнипарлумониро ҳамчунин дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.

 

2024-10-09 17:02:33

ДАР НАЗДИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН МАРКАЗИ ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Маркази шуғли фосилавӣ дар назди Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд - Хазинмаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таъмини сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар бо шуғл ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи маркази мазкур Ализода Алишер, муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Иттиҳоди Аврупо - Раймундас Кароблис, муовини директори ЮНИСЕФ - Эри Двиведи, муовини раиси ноҳияи Шуғнон-Пайрав М, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Хуҷаназаров Ҷ., ва хонандагону кормандони Литсейи касбии техникӣ, сокинони ноҳияи Шуғнон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Пайрав М., муовини раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шуда, дар арафаи яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ Рӯзи забони давлатӣ ба истифода дода шуд.

Алишер Ализода, зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар солҳои охир мо шоҳиди рушди босуръати технологиҳои рақамӣ ва тағйироти куллӣ дар бозори меҳнат гаштаем. Зуҳури бемории ҳамагири COVID-19 бисёр ташкилоту корхонаҳоро водор ба он кард, то ба формати шуғли фосилавӣ гузаранд. Бо вуҷуди ба миён омадани ташвишҳои нав, имкониятҳои беназире низ барои рушди касбӣ ва таълимӣ фароҳам омад. Таъсиси маркази шуғли фосилавӣ, ки самти фаъолияташ ба таълими шуғли фосилавӣ равона шудааст, қадами муҳим барои Кумита ва дар маҷмуъ барои ҷомеаи мадании мо мебошад.

Таъкид гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд иқдом гирифтааст, ки теъдоди чунин марказҳоро дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёд намояд.

Тавассути ин марказ ҷавонону касбомӯзон имкон пайдо мекунанд ба бозори байналмилалии меҳнат шомил шуда, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Панҷакент ва Бохтар марказҳои кории фосилавӣ фаъолият мекунанд.

 

2024-10-09 07:16:39

Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

8 октябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид.

Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Зимнан, таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд.

Сарвари давлати мо, инчунин таъкид карданд, ки дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.

Таъкид гардид, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар рафти раёсати мо таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт.

Рушди ҳамкории парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим номида шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласаи имрӯза қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ такон мебахшад.

Аз рӯйи натиҷаҳои нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони давлатҳо як қатор қарорҳо ба имзо расид.

 

2024-10-08 18:42:12

Оғози ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Тавре қаблан хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия қарор доранд.

Ин лаҳзаҳо ҷаласаи мазкур ба кори худ оғоз намудааст, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок доранд.

2024-10-08 07:59:04

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

2024-10-07 19:04:30

ҒИЁСИДДИН МАҶИДОВ ДАР ҚАЗОҚИСТОН САЗОВОРӢ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ГАРДИД

Санаи 30 сентябр то 5 октябри соли 2024 дар маркази таълимии КНАУФ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон курсҳои такмили ихтисос ва озмун барои устоҳои таълими истеҳсолӣ, ки дар марказҳои таълимии КНАУФ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таълим медиҳанд, ташкил ва гузаронида шуд.

Устои таълими истеҳсолии МДТ “Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе” Маҷидов Ғиёсиддин дар озмун фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷои ифтихорӣ гардид.

2024-10-07 18:55:42

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

7 ОКТЯБР ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ БА ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ САФАР КАРДАНД.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

2024-10-06 08:37:32

СОЛИ ТАҲСИЛИ 2024-2025 "СОЛИ МУТОЛИАИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ЭЪЛОН ГАРДИД

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли таҳсили 2024-2025 “Соли мутолиаи асарҳои Пешвои миллат" эълон карда шавад.

Дар ин давра ҳамаи омӯзгорону кормандон ва хонандагону донишҷӯёнро зарур аст, ки асарҳои Пешвои миллатро мутолиа намоянд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ

 

2024-10-05 21:02:36

ОМӮЗГОР - МАШЪАЛАФРӮЗИ ҶОМЕА

Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Муаллим, роҳнамо, ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Муаллим - ақл, шараф, виҷдон ва олами ботинии инсонҳоро ҷон бахшида, тарбия менамояд. Дар дунё ду офтоб аст, яке офтоби табиӣ, ки бо нури ҳаётбахши хеш табиатро ҷон мебахшаду дигаре муаллим. Муаллим офтобест, ки бо нури рӯҳпарвари худ даҳрро яксар рӯшан мекунад. Вақте калимаи устодро ба забон меорам, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мешавад. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро муррабӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем. Зеро гуфтаанд: Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаётиаш кору фаъолиятеро ба кас омӯзад. Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд. Оре, омӯзгор дар ҳама давру замон барои ҳар як шахс манбаи дониш, ақлу заковат ба ҳисоб маравад. Омӯзгор барои мо қуллаи нурест, ки тамоми самтҳои пешравии касбу кори олам аз он маншаъ мегиранд. Дар ҳақиқат ҳам, омӯзгор касби пуршараф, шахси боэътимоди ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро агар инсоният бо ақлу дониш ва бо заҳматҳои шабонарӯзии худ табиатро дигаргун созад, аммо омӯзгори ботаҷриба, дурандеш, масъулиятнок бо донишу маҳорати волои хеш метавонад табиати ҳар як шахсро дар ин ё он ҷодаи ҳаёт ташаккул диҳад. Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳиоктябр ҳамчун Рӯзи омӯзгор дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд. Барои омӯзгорон дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешбурди фаъолияти пурсамари таълимӣ – илҳому нерӯи тоза мебахшад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим - омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадам замон гарданд”.

Хулоса омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Омӯзгор шахси нерумандест, ки инсонро аз хурдиаш тарбия ва баъд ба омӯхтани илму адаб раҳсипор намуда, ӯро то ба зинаҳои баланд расиданаш ҳамроҳӣ менамояд. Омӯзгор шахси барумандест, ки ба мисли падару модар мунису ғамхор ва дурандешест, ки дар замири кас олами маъниро меомӯзонад.

Хаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар яки инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст.

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Холиқназар Азимов - муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷи техникии шаҳри Душанбе

2024-10-05 21:00:40

ҶАМЪБАСТИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии мусибиқаи футболи хурд, ки барои дарёфти Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе аз 27 сентябр то 4 октябр идома ёфт баргузор гардид.

Дар рафти ҷамъбастии мусобиқаи мазкур, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита, Баҳрулло Давлатзода, Алишер Ализода, муовинони Раиси Кумита, директорони коллеҷҳо ва Литсейҳои касбии техникии шаҳри Душанбе, хонандагону донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар даври финалии мусобиқа дастаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо дастаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ба майдон омада бозингарони ҳарду тим аз худ мароҳати баландӣ варзишӣ нишон доданд.

Дар натиҷа дастаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ бо ҳисоби 8:5 ғолибиятро ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳоиЛитсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм гардидаанд.

Раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ, зимни сухани ҷамъбастии устодону кормандонро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҳният гуфта, иброз дошатанд, ки мақсади асосии ташкили чунин мусобиқаҳо ин мустаҳкам намудани риштаи дӯстии байни хонандагону донишҷӯён мебошад.

Қайд гардид, ки мусобиқаи мазкур бори дуюм бо сарпарастии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, мақсади он ташвиқу тарғиби футбол дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муайян кардани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол ва интихоби варзишгарони беҳтарин барои дастаи яккачини Кумита аст.

Дар мусобиқа ба дастаи футболбозони Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, ки ҷойи аввалро ишғол кард, Ҷоми Кумита ва туҳфаҳои таъсисдодаи тадорукот супорида шуда, ба дастаҳои футболбозони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе, ки ҷойи дуюм ва сеюмро ба даст оварданд, медал ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

2024-10-05 18:52:29

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бо иштироки директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техники чорабинии илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

ДАР ЧОРАБИНИИ МАЗКУР ФАРҲОД РАҲИМӢ, РАИСИ КУМИТА, ДАВЛАТЗОДА БАҲРУЛЛО, АЛИЗОДА АЛИШЕР, МУОВИНОНИ РАИСИ КУМИТА, ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН, ДОРАНДАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ АСКАР ҲАКИМ, НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДОРАНДАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ АБДУЛҲАМИД САМАД ИШТИРОК ВА ДОИР БА ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АНДЕШАРОНӢ НАМУДАНД.

Нахуст, чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки боиси хушнуди ва сарфарозист, ки имсол мо - мардуми шарифи Тоҷикистон 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бо дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил менамоем.

Мояи ифтихори ҳар яки мо аст, ки бори нахуст соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон - Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон забони тоҷикӣ садо дод ва мардуми ҷаҳон бо ин забони латифу нафис ва гуворо паёми Сарвари моро шуниданд. Хушбахтона, то ба имрӯз аз ин минбар қариб ҳамасола ин забон садо медиҳад ва Роҳбари давлати тоҷикон аз ин минбари баланд ба мардуми сайёра паём мефиристанд, доир ба ҳалли мушкилоти умдаи инсоният ва роҳҳои ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд, ташаббусҳоро барои наҷоти аҳли башар эълом медоранд ва доир ба пешгирӣ аз буҳронҳои маънавию ахлоқӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва экологӣ пешниҳод медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Таъкид гардид, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимояту ҷонибдориҳои Президенти ҷумҳурӣ забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушаххасу муқаррар намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009), «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки дар робита бо забони давлатӣ дар шароити истиқлоли миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, зимни баромади худ қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул ёфта, ба гиромидошти рукнҳои асосии давлатдорӣ ва арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар фарози таърих забони тоҷикӣ новобаста аз ҳодисаҳои рӯзгор ҳамеша муаррифгари миллати тоҷик буд. Ҳарчанд баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон тӯли ҳазор сол бедавлат монда буданд, вале забони ноби тоҷикӣ дар ин ҳама сол нагузошт, ки номи тоҷик аз саҳифаҳои таърих несту нобуд гардад. Ҳатто дар солҳои ҳукмронии Ғазнавиёну Шайбониён ва Темуриён забони тоҷикӣ мақоми шоистаро касб намуда буд. Минбаъд, баъди арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон фарзандони фарзонаи миллат забони адабии тоҷикро инкишоф доданд. Нависандагону шоирон ва олимони муосири тоҷик чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор ва даҳҳои дигар бо осори мондагори хеш чароғи забони модариро фурӯзон нигоҳ доштанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки забони нобу шевои тоҷикӣ мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад, ки омӯхтану пос доштани он аз соҳибзабонон ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию ватандӯстиро тақозо мекунад. Ба ибораи дигар, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ оғоз мешавад.