Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-01-16 07:45:07

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РОҲНАМОЕСТ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ҳамасола мардуми сарбаланди тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон дар арафаи Соли нави мелодӣ бо як ҷаҳон умед ва боварӣ ба фардои дурахшони Тоҷикистони биҳиштосоямон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат бесаброна мунтазир мешаванд. Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2024 самти фаъолиятро барои давраи минбаъда мушаххас намуда, вобаста ба муҳимият ва пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дастуру супоришҳои ояндасози хешро иброз намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, дар бораи нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ кардани онҳо тадбирҳои муассир андешем.

Ҳамзамон, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доранд. Дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Инчуни дар Паём қайд гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои миёна ва олии касбӣ чанд маротиба зиёд гашта бошад ҳам, вобаста ба зиёдшавии босуръати аҳолии Тоҷикистон талабот рўз аз рўз ба ин муассисаҳо афзуда истодааст. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз рўйи зиёдшавии аҳолӣ дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи миёна дар зинаи аввал қарор дорад ва аҳолиаш дар ин давра 1,8 маротиба зиёд гардидааст.

Пешвои миллат дар баромади худ иброз намуданд, ки «Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».

Мо, кормандони соҳаи таҳсилоти касбии кишварро зарур аст, ки суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои худ ҳамчун дастур ва роҳнамо қабул намуда, дар таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани насли наврас саҳмгузор бошем.

Ҳусейнов ЗАРИФБОЙ, муовини директор оид ба таълими Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

2025-01-16 07:43:48

АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА: “ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ РИСОЛАТИ ТАЪРИХСОЗӢ ДОРАНД

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, барои ҳар сокини бошарафи давлати соҳибистиқлоламон дастурамали роҳнамо дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ватандӯстию ватансозӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин масъала мақолаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзодаро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

- Таърихи шаклгирии ҷомеа аз оғоз то имрӯз собит менамояд, ки инсоният дар ҳар давру замон, новобаста аз сатҳи ташаккули шуур ва рушду пешрафти ҷамъият ҳамеша ба раҳнамоӣ ниёз дошт ва аз ҳар чизе, ки бовар дошт қудрати фавқулода дорад, иршод мехост, то роҳи беҳтари зиндагониро ёфта, дар фурсати умр бо тай намудани он ба умеду ормонҳои худ бирасад.

Маҳз ҳамин эҳтиёҷи фитрӣ боиси ба вуҷуд омадани боварҳои мухталифи динию равияҳои гуногуни сиёсӣ-идеологӣ гардида, ба ташаккули ҷомеаи инсонӣ ва пайдоиши роҳу воситаҳои нави мафкурасозӣ асос гардид. Дар меҳвари ин андеша омӯзиши нақши шахсиятҳое, ки ба сифати раҳнамои мардум шинохта мешаванд, ниҳоят муҳим мебошад. Тавре устод Лоиқ Шералӣ ишора намудаанд: «Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест». Яъне мавқеъ, нуфуз ва ҷойгоҳи ҳар халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва рушду ободиҳои рӯзафзун дар дохили мамлакат аз қудрату манзалат ва иродаи сиёсии шахси роҳнамову роҳбар вобастагӣ дорад. Масалан, дар боварҳои устуравии Аврупо пайдоиши рушноиву оташ ва эҳёи тамаддуни нави инсонӣ аз Данко оғоз ёбад, ки дили худро аз сина барканда, инсониятро аз торикию зулмот ба сӯйи рӯшноӣ раҳнамоӣ кардааст».

Дар таърихи куҳани тоҷикон пайдоиши оташ бо амри табиӣ – аз расиши санг бар санг тавассути шоҳ Ҳушанг оғоз шудааст, ки ба шарафи ин рӯйдоди ҳаётан муҳим ҳазорсолаҳо боз иди Сада ҷашн гирифта мешавад. Ҳамин Садаву Меҳргону Наврӯз ва дигар оину суннатҳои миллиамон буданд, ки тавассути онҳо миллати тоҷик давоми ҳазорсолаҳо асолати худро гум накард. Яъне чӣ дар устура ва чӣ дар воқеияти рӯйдодҳои муҳимми башарӣ дар меҳвари он ҳамеша инсоне меистад, ки бо бархе вижагиҳо аз дигарон фарқ мекунад. Зеро чунин шахсон РОҲНАМО ва РОҲБАР ҳастанд ва барои тақдири халқу миллату давлати худ бо тамоми ҳастӣ масъулият эҳсос менамоянд. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мо воқеиятеро таҷриба кардем, ки аз асотир дида таъсираш бештар аст.

Тавре медонем, маҳз ҳисси баланди ватандӯстӣ, азхудгузарӣ ва иродаи мустаҳками шахсияти чунин Роҳбар боиси наҷоти Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид, зеро дар он айём мамлакат дар вартаи нобудӣ ва мардуми он дар садади парокандагӣ қарор дошт. Маҳз қалби аз меҳри Ватан пурҳарорат ва шуълаваргаштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси аз зулмот ба рӯшноӣ роҳ ёфтани миллати тоҷик гардид. Пешвои миллат бо иродаи барои дигарон ғайричашмдошт ва боварнокарданӣ масъулияти роҳбарию роҳнамоиро дар чунин шароити вазнин ба уҳда гирифтанд. Аз ҳамон давра аввалин роҳнамоиҳо ва паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба халқ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаклу қолабҳои гуногун пешниҳод мегардиданд.

Дар он шароите, ки сокинон даст бар гиребони ҳамдигар буданд ва аз ҳар гӯша садои талаби хунбаҳо баланд мегардид, аввалин роҳнамоиҳо роҳ ба сӯйи сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ буд, аввалин паём- паёми ҳамдигарбахшиҳо ва аввалин иқдоме, ки ин паёму роҳнамоиҳоро тақвият бахшад, баргардонидани гурезаҳои ғарибафтода ба Ватан буданд. Чунин тасмимҳои ҷасурона паёме буданд ба олами беруна, ки Тоҷикистонро дигар қисмат карда наметавонанд, зеро халқи тоҷик аллакай роҳнамои худро ёфт, атрофаш муттаҳид гардид ва пояҳои давлатдориашро мустаҳкам менамуд. Аз он давра то имрӯз ва аз ҳоло то баъд барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик, ки аз лиҳози таърихию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ давоми ҳазорсолаҳо марҳилаҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузаронидааст, паёмҳои ҳарсолаи Президенти Тоҷикистон ба сифати роҳнамои асосӣ ба сӯи ҳадафҳои таърихсоз хизмат менамоянд. Бо назардошти ташаккули тафаккури ҷомеа, рушди мамлакат, таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, зиёд шудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҷустани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз лиҳози тартиби пешниҳод ва сохтори таркибӣ шакл гирифта, ба сифати ҳуҷҷатҳои муҳимми сиёсӣ қабул гардидаанд. Ин ҳуҷҷати сиёсӣ ҳар сокини мамлакатро водор менамояд, ки вазифаҳои худро новобаста аз синну сол, вазъи иҷтимоӣ, мансабдорию бекорӣ ва вазъияту ҳолатҳои дигар дар ҳошияи он муайян намуда, дар роҳи давлатдорию ватансозӣ ва ташаккули шахсияти худ саҳм гузорад. Яъне иҷрои дастуру супоришҳои пешниҳодшудаи Паём танҳо марбут ба мақомоти давлатӣ ва шахсони масъули ниҳодҳои алоҳида нест. Паёми Президенти Тоҷикистон аз замири халқ сарчашма гирифта, барои такон бахшидан ба ғаризаҳои худшиносию созандагии халқ равона гардида, соҳиби асосии он ҳам халқи сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Бахусус, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 дар баробари масоили давлатдорӣ мо дар суханони Пешвои миллат ва муроҷиатҳояшон ба мардуми мамлакат як навъ машварат ва насиҳати падаронаро ба фарзандон, яъне насли ҷавони мамлакат эҳсос намудем. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон самимияти бениҳоят зиёд нисбат ба халқи худ ва садоқати бениҳоят баланд ба давлату Ватан баръало эҳсос мегардид. Боварии комил дорам, ки ин эҳсоси бузург ба замири ҳар шунавандаи Паём роҳ ёфтааст.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамоми самту соҳаҳои асосии ҷомеа таҳлилу масъалагузорӣ гардида, нуктаҳои дар он иброзшуда дар маҷмуъ ба се ҷанбаи ҳаётан муҳим равона шудаанд:

— баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз роҳи рушди иқтисоди миллӣ бо истифода аз тамоми имконияти техникию технологии муосир;

— баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа аз роҳи таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди иҷтимоӣ, махсусан саводноккунии босифат, тарбия дар руҳияи эътиқод ба фарҳанги миллӣ ва тандурустию солимгардонӣ;

— Таҳкими амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа дар ҳамкории созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи идома додани сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷӣ.

Дар сарсухани Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардидааст, ки «…мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон!».

Воқеан ҳам, дар панҷ соли охир 7,7 фоизро ташкил додани суръати рушди иқтисоди миллӣ нишонаи он аст, ки Роҳбарияти олии давлат барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҳама имконоти мавҷуда истифода мебарад. Мо ҳангоме, ки ба матни Паём таваҷҷуҳ мекунем, дар он ба далелу рақамҳои зиёде вомехӯрем, ки рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар худ инъикос мекунанд. Махсусан, натиҷаҳои хушҳолкунандаи иҷрои нақшаҳои корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии молиявии аҳолӣ (дар 4 соли охир то 100% зиёд шудани андозаи маошу нафақа ва дар айни замон ҳамагӣ 29%-ро ташкил додани таваррум), то 15% таъмин гардидани суръати миёнасолаи рушди саноат, бунёди роҳу пулҳо ва ғайра аз ҷумлаи чунин нишондиҳандаҳо мебошанд. Беҳтарин муждаи Пешвои миллат барои сокинони мамлакат ин буд, ки Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мегардад.

Президенти Тоҷикистон барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтисоди миллӣ ба масъулин якчанд дастуру ҳидоятҳо доданд. Аз ҷумла, таҳким бахшидани пайванди илм бо истеҳсолот (махсусан дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, савдо ва сохтмону сайёҳӣ), рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи васею бошуурона аз зеҳни сунъӣ ва ғайраро таъкид намуданд. Дар ин росто, се таклифи ниҳоят муҳимму саривақтӣ пешниҳод гардид:

— Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудани солҳои 2025-2030 барои истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт.

— Таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.

— Эълон кардани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон вобаста ба дастгирии иҷтимоии ҷомеа, ки аз масъалаҳои марказӣ ба ҳисоб меравад, ибрози назар намуданд. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди иҷтимоӣ дар айни замон ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа низ мусоидат менамояд. Ба ин хотир дар ин самт низ якчанд дастуру супориш ва таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд. Тавре иброз гардид, танҳо соли 2024 19 миллиард сомонӣ ё 43%-и буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шуда буд, ки аз таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти давлат дарак медиҳад. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 андозаи маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ то 30% ва маоши вазифавии якчанд муассисаи иҷтимоии буҷетӣ ва стипендияҳо то 20% ва нафақаи заминавӣ то 10% зиёд карда шаванд. Воқеан ҳам, чунин ғамхориҳо шоистаи шукргузорӣ ва қадршиносӣ аз ҷониби ҳар яки мо мебошанд ва қадршиносии мо дар хизмати содиқонаю софдилонаамон ба Ватан ифода меёбад.

Президенти Тоҷикистон вобаста ба такмили барномаҳои таълимӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф (дар 5 сол сохтани 800 боғча ва 1000 мактаб), таҷдиду барқарор ва бунёди муассисаҳои фарҳангӣ (дар маркази шаҳру ноҳияҳо ташкили камаш як мактаби мусиқӣ), пурра бартараф намудани мушкилоту масъалаҳои муассисаҳои тандурустӣ, ташкили ҷойҳои нави кор (дар 5 соли оянда беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав), ба касбомӯзӣ ҷалб кардани сокинон ва ғайра махсус таъкидҳо намуданд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон, занон ва рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Мебинем, ки Президенти Тоҷикистон ба ҷавонон рӯ оварда, чунин таъкид намудаанд: «…ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони мамлакатро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад». Бо ишора ба боло рафтани мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъкид ва изҳори итминон карда шуд, ки «…занону духтарон ва модарону духтарони азизимон дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд».

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иқдоми ниҳоят муҳимми Пешвои миллат дар самти мафкурасозии миллӣ ва муаррифии шоистаи миллати бостониамон- ин дастур бобати ба ЮНЕСКО содир намудани пешниҳод вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Боварӣ дорем, ки ин пешниҳод низ чун пешниҳодҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, боиси муаррифии миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

Таъмини амнияти миллии на танҳо Тоҷикистон, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат имрӯз аз раванди пешгирифтаи сиёсати хориҷии давлаташон вобастагӣ пайдо кардааст. Дар қисмати ниҳоии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид гардид, ки тамоми муваффақияти бадастомада ва таҳкими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз таъмини амнияти миллӣ вобастагии калон дошта, ин масъала дар маҷмуъ аз аҳаммияти аввалиндараҷа бархурдор аст. Ҳамзамон мубориза бо экстремизму терроризм самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ муҳим дониста шудааст. Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон бо ишора ба давом додани ташаббуси сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкории созандаро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон- чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар қолабҳои бисёрҷониба қобили қабул шумориданд. Ҳамзамон дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омодагии ҷониби давлати мо барои тавсеаи робитаҳо барои дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалӣ, рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои нав, ҷалби сармоя ва тиҷорат изҳор гардидааст. Чунин ишораҳо ба ҳамкории мутақобили судманд ифодаи ҳусни нияти Роҳбарияти олии давлати мо ба оғози раванди сулҳ дар саросари ҷаҳон мебошад. Зеро қувваю қудрати инсоният бояд асосан ба бартараф кардани хатарҳои глобалии тағйирёбии иқлим равона карда шавад, на ба рақобатҳо дар афзун намудани яроқу аслиҳаи ҷангӣ ва захирасозии уран бо ҳадафи нобудсозии гӯшаҳои муайяни сайёра.

Мо, сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар баробари баҳра бурдан аз нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон вазифаҳои худро дар ростои дастуру ҳидоятҳои дар ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ иброзгардида муайян намуда, дар раванди иҷрои он вазифаҳо фаъолона иштирок намоем. Агар бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ назар кунем, ҳар яки мо, новобаста аз самти кору масъулият ва роҳи интихобкардаамон дар зиндагӣ вазифаи худро хоҳем ёфт.

Ҳатто нафаре ҳам, ки дар ҷое ҳанӯз фаъолияти муайянеро интихоб накардааст, метавонад бо таваҷҷуҳ ба ин дастур ба касбомӯзӣ машғул шуда, ҷойи кори мувофиқ дарёфт кунад ё худаш ба манбаи корофаринӣ табдил ёбаду зиндагии худу пайвандонашро пеш барад. Бо назардошти ин зарур мешуморем ба якчанд вазифаҳои мо – аҳли ҷомеа барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора кунем:

1. Барои расидан ба зиндагии шоиста ҳамеша дар талош бошем ва дар ин росто манфиатҳои давлату ҷамъиятро аз ҳама манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорем. Зеро дар ниҳоди манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ манфиати ҳар яки мо низ нуҳуфтааст. Вале агар манфиатҳои давлату ҷамъиятро қурбони манфиатҳои шахсӣ намоем, дар ниҳоят манфиатҳои шахсӣ низ нобуд мешаванд.

2. Дар рушди иқтисоди миллӣ аз роҳи саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободонии маҳал, самаранок истифода бурдан аз обу замин ва таҷриба кардани гирифтани ҳосили сеюму чорум аз замин, саҳмгузорӣ дар рушди боғдорию чорводорӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ тавассути рушди корҳои хонагӣ, сари вақт ва бовиҷдонона супоридани андозҳо ва пардохтҳои коммуналию иҷтимоӣ, самаранок истифода бурдан аз қарзҳо ва имтиёзҳои бонкӣ ва ғайра фаъол бошем.

3. Ҷавононро дар руҳияи садоқат ба Ватан, махсусан ихтиёран рафтан ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқ намоем.

4. Барои таълиму тарбия гирифтани фарзандонамон пайваста талош варзем, иштироки онҳоро дар дарсҳо таъмину назорат намоем ва робитаи худро бо мактаб тақвият бахшем. Барои забономӯзӣ ва илмазхудкунии онҳо (махсусан духтарон) тамоми тадбирҳои имконпазирро андешем ва аз имтиёзҳои давлатӣ (квотаю стипендияҳо…) самаранок истифода барем.

5. Ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорем, ба қадри фарҳанги оламшумули аҷдодонамон, ки давоми ҳазорсолаҳо бо нақди ҷон ҳифз карда, то ба мо овардаанд, бирасем ва наздикони худро аз гаравишу парастиши ақидаҳои бегонаву ифротӣ боз дорем.

6. Бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намоем, ки обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ бо рафтору кирдори хуб, фарҳангу маданияти баланд, илму дониш, маҳорати варзишӣ ва дигар истеъдодҳои фитриамон боло бардорем. Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё аст ва моро дар ҳеҷ куҷо, ба ғайр аз хонаи худамон интизор нестанд. Пас, бояд ҳар яки мо ба қадри ин Ватан бирасем ва дар роҳи ободию осудагии он ҷаҳду талош намоем.

 

2025-01-14 18:58:14

ОЗМУН БАЙНИ ОМӮЗГОРОНИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ПОЛИТЕХНИКИИ ШАҲРИ ХУҶАНД РОҶЕЪ БА ОМӮЗИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар асоси эълон намудани соли таҳсили 2024 - 2025 "Соли хониши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" дар Листсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд бо мақсади омӯзиши асарҳои Пешвои миллат озмун байни омӯзгорон баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур ҳамаи омӯзгорон фаъолона иштирок намуданд. Онҳо оид ба асарҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буклету реферат ва маърӯзаву баромадҳо омода карда, фаъолона иштирок намуданд.

2025-01-14 18:54:44

ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ДАР ТАЪЛИМ: РАВИШҲОИ ИННОВАТСИОНӢ

Технологияҳои рақамӣ дар таҳсилоти муосир нақши муҳим мебозанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки на танҳо сифати таълим беҳтар гардад, балки дастрастар ва ҷолиб шавад. Фаҳмидани он муҳим аст, ки рақамикунонии маориф на танҳо як тамоюли муваққатӣ, балки як тағйироти бунёдӣест, ки тамоми манзараи маорифро дигаргун месозад. Технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки шаклҳои нави ҳамкории байни омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин байни худи донишҷӯён эҷод карда шаванд. Онҳо барои фардикунонии таълим, ки дар шароити таълими омма махсусан муҳим аст, имкониятҳо фароҳам меоваранд.

Илова бар ин, технологияҳои рақамӣ ба рушди малакаҳои зарурӣ дар ҷаҳони муосир, аз қабили тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ ва қобилияти мустақилона омӯхтан мусоидат мекунанд. Таҳкурсиҳои муосири таълимӣ аз қабили Moodle, Google Classroom ва Coursera барои ташкили раванди таълим доираи васеи имкониятҳоро фароҳам меоранд. Онҳо ба Шумо имкон медиҳанд, ки омӯзишҳо эҷод кунед, санҷиш гузаронед, пешрафти донишҷӯёнро пайгирӣ кунед ва ғайра. Ин платформаҳо инчунин воситаҳои коммуникатсионӣ ба монанди форумҳо ва чатҳоро пешниҳод мекунанд, ки ба ҳамкории фаъол байни иштирокчиёни раванди таълим мусоидат мекунанд.

Масалан, Moodle яке аз маъмултарин таҳкурсиҳои идоракунии омӯзиш (LMS) мебошад. Он асбобҳои фасеҳро барои эҷоди омӯзишҳо, идоракунии мундариҷа ва арзёбии донишҷӯён таъмин мекунад. Google Classroom, дар навбати худ, бо дигар хидматҳои Google ҳамгиро шуда, онро барои истифода дар муассисаҳои таълимӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо қулай мегардонад. Coursera дастрасиро ба бахшҳои донишгоҳҳо ва ширкатҳои пешрафта пешкаш мекунад, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки новобаста аз он ки дар куҷо набошанд, маълумоти босифат гиранд.

Синфхонаҳои амалӣ (виртуалӣ) ба монанди Zoom ва Microsoft Teams ба доираи назари ҷудонашавандаи омӯзиши фосилавӣ табдил ёфтаанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки дарсҳои назариявӣ ва амалӣ дар вақти воқеӣ гузаронида шаванд ва робитаи интерактивии (ҷолиб) байни омӯзгорон ва донишҷӯёнро таъмин кунанд. Синфхонаҳои амалӣ (виртуалӣ) инчунин хусусиятҳои сабти синфро пешниҳод мекунанд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки маводро аз назар гузаронанд ва онро беҳтар нигоҳ доранд.

Масалан, миқёси доираи васеи хусусиятҳоро ба монанди қобилияти мубодилаи экран, истифодаи тахтаҳои сафед ва гузаронидани пурсиш пешниҳод мекунад, Microsoft Teams бо дигар маҳсулоти Microsoft ҳамгиро шуда, онро барои истифода дар муҳити фазои корӣ ва муассисаҳои таълимӣ қулай мегардонад. Ин воситаҳо имкон медиҳанд, ки муҳити мукаммали омӯзиши виртуалӣ эҷод карда шаванд, ки метавонанд ҳамчун синфхонаҳои анъанавӣ самаранок бошанд. Маводҳои ҷолибии таълимӣ, аз қабили китобҳои дарсӣ, видео дарсҳо раванди омӯзишро ҷолибтар ва муассиртар мекунанд. Онҳо ба хонандагон имконият медиҳад, ки маводи таълимиро нағзтар азхуд намуда, донишхои гирифтаашро дар амал татбиқ намоянд.

Маводҳои ҷолиб (интерактивӣ) инчунин ба рушди омӯзиши мустақилона ва малакаҳои тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунанд. Масалан, китобҳои дарсии электронӣ аксар вақт унсурҳои ҷолибро, аз қабили биноӣ, шунавоӣ ва супоришҳоро бо аксуламали фаврӣ дар бар мегиранд. Дарсҳои видеоӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки бо суръати худ омӯзанд, дар ҳолати зарурӣ маводро қатъ ва аз назар гузаронанд. Симуляторҳо ва лабораторияҳои виртуалӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки донишҳои назариявиро дар амал татбиқ кунанд, ки ин барои фанҳои техникӣ ва табиатшиносӣ махсусан муҳим аст.

Равишҳои инноватсионии омӯзиш бо истифода аз технологияҳои рақамӣ Бозӣ Гамификатсия (маънои бозӣ кардани бозиҳои видеоиро бо шавқ ва шадид, аксар вақт барои муддати тӯлонӣ дорад.) истифодаи унсурҳои бозиро дар раванди таълим дар бар мегирад. Ин метавонад як системаи холҳо, дараҷаҳо, ҷоизаҳо ва озмунҳо бошад, ки донишҷӯёнро барои иштироки фаъолона дар раванди таълим ва баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо ташвиқ мекунанд. Гамфикатсия (маънои бозӣ кардани бозиҳои видеоиро бо шавқ ва шадид, аксар вақт барои муддати тӯлонӣ дорад) инчунин ба рушди кори дастаҷамъӣ ва малакаҳои рақобатпазир мусоидат мекунад.

Намунаҳои бозӣ кардан бозиҳои таълимӣ, платформаҳои бозӣ ва системаҳои мукофотро дар бар мегиранд. Масалан, Duolingo системаи сатҳҳо ва мукофотҳоро барои ҳавасманд кардани корбарон ба омӯзиши забонҳо истифода мебарад. Кахот! (Kahoot! платформаи омӯзишии бозӣ аст, ки дар синфхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ истифода мешавад. Дар сайт феҳристи бозиҳо - "Kahoots" пешниҳод шудааст - ҳар яки онҳо викторинаест, ки саволҳои гуногунро интихоб мекунанд. Kahoot! метавонад барои санҷиши дониши донишҷӯён ё ҳамчун танаффус аз кори дарс истифода шавад).

Ба Шумо имкон медиҳад, ки викторинаҳо ва озмунҳо эҷод кунед, ки раванди таълимро шавқовартар ва ҷолиб гардонанд. Ин воситаҳо барои ҷалби бештари омӯзиш ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён кӯмак мекунанд. Синфи баргардонидашуда, синфи чаппашуда як модели омӯзишӣ мебошад, ки дар он донишҷӯён дар хона бо истифода аз дастурҳои видеоӣ ва дигар захираҳо маводи навро меомӯзанд, дар ҳоле ки дар синфхона онҳо супоришҳои амалиро иҷро мекунанд ва масъалаҳои мураккабро муҳокима мекунанд.

Ин равиш барои самараноктар истифода бурдани вақти дарс имкон медиҳад ва ба амиқтар дарк кардани мавод мусоидат мекунад. Синфхона инчунин ба рушди омӯзиши мустақилона ва малакаҳои тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунад. Намунаҳои синфхонаи баргардонидашуда истифодаи дарсҳои видеоӣ, курсҳои онлайн ва дигар захираҳои рақамиро барои омӯзиши мустақилона дар бар мегиранд. Дар дарс хонандагон гуруҳ-гуруҳ кор карда, супоришхои амалиро ичро мекунанд, бо омӯзгор масъалаҳои душворро муҳокима мекунанд.

Ин равиш барои самараноктар истифода бурдани вақти дарс имкон медиҳад ва ба амиқтар дарк кардани мавод мусоидат мекунад. Омӯзиши мутобиқшавӣ истифодаи технологияҳои зеҳни сунъиро барои фардӣкунонии раванди таълим дар бар мегирад. Системаҳои таълимии мутобиқшавӣ кори донишҷӯёнро таҳлил мекунанд ва ба онҳо супоришҳоеро пешниҳод мекунанд, ки ба сатҳи дониш ва малакаҳои онҳо мувофиқат мекунанд. Ин ба ҳар як донишҷӯ имкон медиҳад, ки бо суръати худ таҳсил кунад ва маҳз дар ҷое, ки лозим аст, дастгирӣ гирад.

Намунаҳои омӯзиши мутобиқшавӣ таҳкурсиҳоеро дар бар мегиранд, ба мисли Khan Academy ва Smart Sparrow, ки пайдарпайиҳоро барои таҳлили кори донишҷӯён истифода мебаранд ва ба онҳо супоришҳои фардӣ пешниҳод мекунанд. Ин системаҳо ба донишҷӯён кӯмак мекунанд, ки самараноктар омӯзанд ва дар ҳамон ҷое, ки ба онҳо ниёз доранд, дастгирӣ гиранд. Омӯзиши мутобиқшавӣ инчунин ба рушди омӯзиши мустақилона ва малакаҳои тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунад.

Манфиатҳо ва мушкилоти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим.

Афзалиятҳо 1. Дастрасии таҳсилот: Технологияҳои рақамӣ таҳсилро барои одамон аз қисматҳои гуногуни ҷаҳон дастрас мекунанд. Омӯзишҳои маҷозӣ ва синфхонаҳои ҷолиб ба Шумо имкон медиҳанд, ки новобаста аз ҷойгиршавии ҷуғрофии худ маълумот гиред. Ин махсусан барои одамоне, ки дар манотиқи дурдаст зиндагӣ мекунанд ё кишварҳое, ки захираҳои таҳсилотии маҳдуд доранд, муҳим аст.

2. Ҷолибӣ (интерактивӣ) ва ҷалб: Маводҳои омӯзишии ҷолибӣ (интерактивӣ) ва бозӣ раванди омӯзишро шавқовартар ва ҳавасманд мекунанд. Ин ба беҳтар азхудкунии мавод ва рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои эҷодӣ мусоидат мекунад.

3. Фардӣкунонии омӯзиш: Системаҳои мутобиқшавӣ имкон медиҳанд, ки раванди таълим ба ниёзҳои инфиродии ҳар як донишҷӯ мутобиқ карда шавад. Ин махсусан дар шароити тарбияи оммавӣ аҳамияти калон дорад, ки омӯзгорон ба ҳар як хонанда ҳамеша диққати зарурӣ дода наметавонанд.

4. Самаранокӣ ва роҳати: Воситаҳои рақамӣ ташкили раванди таълимро соддатар намуда, онро барои ҳамаи иштирокчиён дастрас ва қулай мегардонанд. Ин ба омӯзгорон ва донишҷӯён имкон медиҳад, ки вақт ва захираҳои худро самараноктар истифода баранд.

Мушкилот 1. Масъалаҳои техникӣ: Набудани дастрасӣ ба интернет ва таҷҳизоти зарурӣ метавонад монеаи асосӣ дар роҳи татбиқи технологияҳои рақамӣ бошад. Ин махсусан барои минтақаҳои дурдаст, ки дастрасӣ ба Интернет ва дастгоҳҳои муосир маҳдуд аст, дахл дорад.

2. Масъалаҳои ҳавасмандкунӣ: На ҳама донишҷӯён барои омӯзиши мустақилона омодаанд ва метавонанд ҳангоми омӯзиши фосилавӣ дар дарёфти ҳавасмандӣ душворӣ кашанд. Ин кор карда баромадани равишҳои нави ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии донишҷӯёнро талаб мекунад.

3. Амнияти киберӣ: Масъалаҳои ҳифзи додаҳо ва амнияти киберӣ дар шароити рақамикунонии маориф аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Ин таҳияи усулҳои нави ҳифзи додаҳо ва таъмини амнияти платформаҳои таълимро талаб мекунад.

Зарурати бозомӯзии омӯзгорон: Омӯзгорон бояд малакаҳои зарурии рақамиро дошта бошанд ва барои истифодаи технологияҳои нав дар раванди таълим омода бошанд. Ин талаб мекунад, ки такмили ихтисос ва такмили ихтисоси омӯзгорон ташкил карда шавад. Технологияҳои рақамӣ барои таҳсил уфуқҳои нав мекушоянд ва онро дастрастар, интерактивӣ ва фардӣ мекунанд. Аммо иҷрои онхо бо як катор масъалаҳои ҳалнашудае алоқаманд аст, ки онҳоро ба назар гирифтан ва ҳал кардан лозим аст. Дар оянда мо метавонем рушду такмили минбаъдаи воситаҳо ва равишҳои рақамиро интизор шавем, ки имкон медиҳад иқтидори онҳоро дар раванди таълим боз ҳам самараноктар истифода барем.

Технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф на танҳо як тамоюл, балки шарти зарурии омодасозии мутахассисони муосир ба чолишҳо ва имкониятҳои ҷаҳони рақамӣ мебошанд. Тадқиқ ва ҷорӣ намудани технологияи навро давом додан, инчунин таҳияи стратегияҳо барои бартараф кардани мушкилоти марбут ба истифодаи онҳо зарур аст. Ин як системаи бештар муассир ва фарогирандаи таълимро фароҳам меорад, ки ба ниёзҳои ҷомеаи муосир ҷавобгӯ бошад ва донишҷӯёнро барои касбҳои муваффақ дар ҷаҳони рақамӣ омода созад.

ШАРИФХОНЗОДА И. Ш.,

сармутахассиси бахши назорат ва

таъмини сифати таҳсилоти

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

2025-01-14 18:53:21

БАРРАСӢ ВА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР

Санаи 14 январи соли 2024 дар муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар" ҷаласаи муҳими илмиву маърифатӣ таҳти унвони "Барраӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ" баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони коллеҷ ширкат варзида, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Директори коллеҷ, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёкубҷон, бо як маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, дар бораи самтҳои калидии Паём, бахусус афзалияти рушди соҳаи тандурустӣ, маълумоти мушаххас ва оморӣ ироа намуд. Мавсуф таъкид кард, ки Пешвои миллат дар Паёми худ рушди тандурустӣ ва таъмини шароити мусоид барои мардумро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муаррифӣ карданд. Ба гуфтаи Одилзода Исмоил, маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар соли 2025 ба 4,3 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3,076 муассисаи тиббӣ дар кишвар бунёд ёфта, даҳҳо беморхона ва марказҳои саломатӣ таҷдид ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд. Одилзода Исмоил дар маърӯзаи худ қайд кард, ки чунин дастовардҳо на танҳо сатҳи саломатии мардумро беҳтар намуданд, балки ба эътибори байналмилалии системаи тандурустии кишвар низ мусоидат карданд.

Ҳайати роҳбарият ва омӯзгорон бо таваҷҷуҳи хосса ба паҳлуҳои дигари Паём, аз ҷумла нақши рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ дар таъмини амнияти миллӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум, гӯш доданд. Директори коллеҷ дар идомаи суханронии худ афзуд, ки дар Паёми имсола таъмини омодагии мутахассисони баландихтисос, таҳкими заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои навин дар низоми таълим, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, ҳамчун ҳадафҳои афзалиятнок муайян шудаанд.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ҳамчун муассисаи таълимии пешқадам дар омода кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад, роҳбарият нақша дорад, ки бо истифода аз дастури Паём, барномаҳои таълимиро таҷдид намуда, ҳамкориҳоро бо муассисаҳои тиббӣ ва таълимии ватаниву байналмилалӣ густариш диҳад. Ин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявӣ, балки таҷрибаи амалӣ ва малакаҳои касбии худро низ такмил диҳанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, ҳайати роҳбарӣ ва омӯзгорони коллеҷ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки пайваста ба пешрафти тамоми соҳаҳо, бахусус тандурустӣ ва маориф, равона шудааст, изҳори сипос намуданд. Ҳамаи иштирокдорон омодагии худро барои татбиқи дастурҳои Паём ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустии кишвар иброз доштанд.

Ин чорабинӣ бори дигар собит сохт, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои рушди устувори ҷомеа, дар таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, нақши муассир мебозад.

2025-01-14 18:51:27

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дурнамои фаъолияти ҷомеа дар самтҳои меҳварии Ҳукумати кишвар буда, дар он ҳамаи паҳлӯҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид дошта, қайд намуданд, заминаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин намуда, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбият мебошад. Яъне, то вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд.

Дар ин замина, бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 Пешвои миллат масъулинро вазифадор намуданд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки дар он 100 оила зиндагӣ мекунанд, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шавад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановат, омӯхтани забон, таърих, фарҳаги бостонии тоҷикон ва тавсеаи донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон дар кишвар мебошад.

Ин суханони Сарвари давлат моро водор месозад, ки бо мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷоя бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳамаи нуктаҳои дар Паём ироагардида ба манфиати мардуми кишвари азизамон буда, ба ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафи олии ҳукумат-ноил шудан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст.

Хулоса, нуктаҳое, ки дар Паём зикр гардиданд, собитгари онанд, ки Паёми имсола дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ санадест, ки ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам мазмуну таъинот қутбнамои муайянкунандаи давлатӣ ҳисоб шуда, аҳамияти махсуси сиёсию давлатӣ ва идориву коргузорӣ дорад.

БУРИХОНОВА Зарина Бурихоновна,

директори Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор

 

2025-01-14 18:49:41

ПАЁМ - РОҲНАМО БАҲРИ ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад. Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурии азизамон шумораи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, заводу фабрикаҳои дорусозӣ ва таълимгоҳу бунгоҳҳои тиббӣ ба маротиб афзуда истодааст. Дар пешрафти тамоми соҳаҳои дохили кишвар ва берун аз он саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, масъулияти мо ҷавононро дар ин самт дучанд зиёд мегардонад.

Тавре ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем, дар рафти ироаи Паёми имсола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду тараққиёти соҳаи тандурустӣ, ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва аҳамияти босазодошта, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат баҳри боз ҳам пеш рафтани фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани кор, инчунин, афзудани маблағгузорӣ ба соҳа, зиёд намудани музди маоши кормандон, афзоиши теъдоди таълимгоҳҳову корхонаҳои марбут ба тандурустӣ гувоҳи равшани гуфтаҳои болост. Аз ҷумла, дар Паём қайд гардид, ки дар соли 2025 барои соҳаи тандурустӣ аз буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо дар давоми чанд соли охир бунёд гардидани зиёда аз 1200 муассисаи соҳаи тандурустӣ барои таъмини рушди соҳа ва беҳдошти хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат намудааст.

Ҳамчунин, тайи чанд соли охир бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биноҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон, даҳҳо муассисаҳои тиббӣ, ки 70-80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдиду азнавсозӣ ва бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар умум, тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ бо истифодаи ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардиданд.

Пешвои муаззами миллат зимни суханрониашон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки масъалаи тайёр намудани мутахассисон ва таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои баландихтисос, таърғиби тарзи ҳаёти солим, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва равнақ додани корҳо дар самти ташхису табобат аз масъалаҳои асосӣ ва ҳалталаби соҳа ба шумор мераванд ва масъулини соҳа бояд баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаву ҳалли масъалаҳои мазкур корбариро ҷоннок намоянд. Таъкид шуд, ки аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад.

Инчунин, Сарвари давлат дар Паём оид ба норасоии мутахассисон ва паст будани сифати доруворӣ изҳорӣ нигаронӣ намуданд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба роҳ монда, барои баланд бардоштани таҷрибаи илмӣ-амалии муҳассилин пайваста кӯшиш намоем.

Ҳар яки моро зарур аст, ки таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатро сидқан қадр намуда, барои пешрафти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дорусозӣ ва тайёр намудани мутахассисони ин соҳа саҳми арзандаи худро гузорем, зеро дар замони муосири рақобатпазир вуруди дорувориҳои сунъӣ (кимиёвӣ) ба маротиб афзуда истодаанд, ки хусусиятҳои манфии онҳоро низ ҷой дорад. Ҳоло дар кишвари мо корхонаҳои дорусозие амал менамоянд, ки бештар дорувориҳои табиӣ истеҳсол менамоянд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои боз ҳам бештар дарёфт намудани маводди табиии доруворӣ усулҳои омӯзиш ва истеҳсоли онҳоро аз гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монем.

Сабоҳиддин РАҲМОНОВ, мудири кафедраи дорушиносии

Коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

2025-01-11 18:57:36

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

10 январи соли 2024 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимону донишмандон ва ғолибону иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки мақсад аз баргузории озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат», ин арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар озмун хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд.

Сипас, ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукот тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин озмун дар гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Бегова Адиба, донишҷӯйи бахши 4-уми факултети кори фарматсевтӣ (9)-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Бегова Адиба Ёдгоровна сазовори ҷойи сеюм гардид. Ӯ бо 2 ҳазор сомонӣ ва диплом қадрдонӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ соли 2025 дар тамоми муассисаҳои зерсохтори Кумита «Соли хониши асарҳои Пешвои миллат» эълон гардидааст.

 

2025-01-11 18:54:30

ПАЁМ - ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ҲАМАИ САМТҲО

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, яке аз санадҳои муҳимтарини стратегӣ ба шумор рафта, роҳнамои самараноки фаъолияти кишвар дар самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ҳамасола он ба мақоми олии қонунгузории кишвар пешниҳод шуда, дар он таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар сурат гирифта, барои соли оянда ҳадафу вазифаҳои нав пешниҳод мегарданд.

Дар паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг, илму маориф, сиёсати ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дурнамои рушди кишвар муайян мегардад. Ин ҳуҷҷат, ҳамчунин, ҷиҳати таҳкими худшиносию ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, волоияти қонун, муқовимат бо терроризм ва экстремизм аҳамияти бузург дорад.

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатпазирии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон аст”. Аз ин рӯ, сармояи инсонӣ ҳамчун омили калидӣ барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, ва фаъолияти муассисаҳои илмӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.

Ҳамзамон, Президенти кишвар таъкид карданд, ки “рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо мебошад”. Дарвоқеъ, рушди миллат ва ободии кишвар аз сатҳи дониш ва маърифати аҳли ҷомеа вобаста аст. Миллате, ки ба илму маориф беэътиноӣ мекунад, дар раванди рушди ҷаҳонӣ мавқеи худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон барои азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва рушди иқтидори илмӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Дар Паёми имсола, Сарвари давлат кормандони соҳаи маориф ва таҳсилоти касбиро барои тарбияи шоистаи насли ҷавон ҳидоят намуда, мактабро боргоҳи маърифат ва омӯзгорро шахси мафкурасоз арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат аз афзоиши маоши омӯзгорон, ки аз 1 сентябри соли 2025 30% зиёд мешавад, ёдовар шуданд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат ба нақши калидии маориф дар рушди ҷомеа аҳамияти хоса медиҳад.

Ҳадаф аз чунин иқдомҳо баланд бардоштани саводнокии мардум, густариши маърифат, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Паём моро водор месозад, ки дар таъмини ояндаи дурахшони миллат ба масъалаҳои тарбияву таълим аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

Метавон гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзгорон ва ҳар як сокини шарафманди кишвар паёме буд аз дирӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар, ки мебояд ҳар банду нишондоди онро ба сифати дастури роҳнамо сармашқи кори худ қарор диҳем.

Зоидова М., мудири кафедраи тиббии-фармасевтӣ Коллеҷи инноватсионии шаҳри Хуҷанд

 

2025-01-11 18:53:14

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАОРИФ

Маориф ҳамчун пояи асосии ташаккули давлат ва ҷомеа дар Тоҷикистон ҳамеша аҳамияти хос дошт. Дар шароити мураккаби солҳои аввали истиқлолият, вақте ки Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ ва таъсири харобиовари он ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт рӯ ба рӯ шуд, маориф низ аз ин мушкилот истисно набуд.

Дар ин шароити душвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро яке аз афзалиятноктарин самтҳои сиёсати давлатӣ эълон карданд. Бо иқдомоти Пешвои миллат ва тавассути стратегияҳои махсуси таҳиягардида нақши маориф дар ҳаёти иҷтимоӣ ва рушди устувори давлат таъкид гардид.

Дар солҳои аввали истиқлолият дар кишвар 3229 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 800 муассисаи томактабӣ ва 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекарданд. То соли 2024 шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 4037 адад расид.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди низоми маориф ҳамчун яке аз афзалиятҳои стратегии кишвар зикр гардид. Пешвои миллат таъкид карданд, ки "Маориф на танҳо воситаи таъмини рушди инсонӣ, балки омили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули худшиносӣ мебошад".

Бо ин иқдом Пешвои миллат ба таври возеҳ нишон доданд, ки маориф ҳамчун василаи ташаккули нерӯи инсонӣ ва таҳкими иқтидори давлатӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Сармоягузориҳои пайвастаи давлат ба низоми маориф боиси бунёди мактабҳои нав ва беҳтар намудани шароити мавҷуда гардиданд. Танҳо дар даҳ соли охир бо дастгирии давлат беш аз 1000 мактаб ва муассисаи томактабӣ бунёд шуда, сатҳи фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ беҳтар гардид. Ҳамчунин, тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва барномаҳои нави таълимӣ сифати таҳсилот баланд бардошта шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ мунтазам афзоиш ёфта, ин муассисаҳо тавонистанд бо талаботи замон мутобиқ шаванд. Тавассути татбиқи стратегияҳои муосир Пешвои миллат инчунин таъкид намуданд, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд на танҳо бо ихтисосҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гарданд, балки шароити амалӣ барои донишҷӯён низ фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, махсусан коллеҷҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти пешрафтаи муосир таъмин гардидани синфхонаҳо имкон дод, ки донишҷӯён дониши назариявии худро дар муҳити амалӣ мукаммал намоянд.

Бо ин иқдомҳо маориф дар Тоҷикистон ба як низоми устувори таълимӣ табдил ёфт, ки ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат мебошад. Ислоҳоти амиқ ва сармоягузориҳои пайвастаи давлат дар низоми маориф, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ шуданд, на танҳо шароити таълимро беҳтар карданд, балки имкониятҳои нави таҳсилотиро барои наслҳои наврас фароҳам оварданд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва касбӣ, ки дар солҳои аввали истиқлолият нокифоя буданд, дар давоми се даҳсолаи охир бо бунёди инфрасохтори нав, таъмини технологияҳои муосир ва ҷорӣ кардани барномаҳои таълимии байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.

Бо дастгирии Пешвои миллат ва тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ, сатҳи фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ афзоиш ёфт. Дар Паём зикр гардид, ки дар панҷ соли оянда бунёди 800 муассисаи нави томактабӣ пешбинӣ шудааст, ки ин ба фарогирии 50%-и кӯдакони синну соли томактабӣ мусоидат мекунад. Ин иқдом на танҳо ба рушди зеҳнӣ ва иҷтимоии кӯдакон таъсири мусбат мерасонад, балки заминаи мустаҳкам барои таҳсилоти минбаъда мегузорад.

Муассисаҳои томактабӣ ҳамчун нахустин зинаи таълимӣ дар ташаккули худшиносӣ, маърифат ва малакаҳои ибтидоии кӯдакон нақши муҳим мебозанд. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бахусус дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст, бо сохтани мактабҳои нав ва ҷорӣ намудани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ рушд карданд.

Маориф дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат на танҳо дар зинаҳои ибтидоӣ ва миёна рушд кард, балки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ низ ба як рукни муҳими системаи маориф табдил ёфтанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ, то соли 2024 шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 88 адад расид, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 1991 ду маротиба зиёд аст. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун асоси тайёр кардани мутахассисони сатҳи миёна, хусусан дар бахшҳои тандурустӣ, технология ва саноат, нақши калидӣ мебозанд.

Коллеҷҳои тиббӣ, ки як ҷузъи муҳими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд, дар омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ саҳми бузург доранд. Бо таъмин кардани синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир, ҷорӣ намудани фанҳои амалии тиббӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустӣ сатҳи таҳсилот дар ин муассисаҳо ба таври назаррас беҳтар гардид. Донишҷӯён дар раванди омӯзиш малакаҳои амалии худро мукаммал намуда, ҳамчун кадрҳои омода барои бахши тандурустӣ ба ҷомеа хидмат мекунанд.

Илова бар ин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки муассисаҳои миёнаи касбӣ бояд на танҳо бо барномаҳои муосири таълимӣ таъмин шаванд, балки бояд ҳамкориро бо бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ густариш диҳанд. Тавассути ин ҳамкорӣ донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки таҷрибаи амалӣ дар муассисаҳои пешрафта андӯхта, бо талаботи бозори меҳнат мутобиқ гарданд.

Бо ин иқдомҳо таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон ба як низоми устувори таълимӣ табдил ёфт, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.

Маориф дар сиёсати Пешвои миллат ҳамчун омили асосии рушди давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ доимо дар мадди аввал қарор дорад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид, ки барои рушди минбаъдаи низоми маориф ва беҳтар намудани шароити таълим сармоягузорӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ зарур аст. Дар ин замина Пешвои миллат нақшаҳои нав барои бунёди ташкилотҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани барномаҳои муосири таълимиро пешниҳод намуданд. Тавассути ин иқдомҳо низоми маориф на танҳо ба талаботи дохилӣ, балки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад.

Дар назар аст, ки дар панҷ соли оянда зиёда аз 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 800 муассисаи томактабӣ бунёд шаванд. Ин иқдомҳо ба фароҳам овардани шароити баробар барои тамоми кӯдакон ва наврасони кишвар равона шудаанд. Ҳадафи аслӣ ин аст, ки ҳар як кӯдак, новобаста аз маҳалли зист ё вазъи иҷтимоӣ, ба таҳсилоти босифат дастрасӣ дошта бошад. Ин ташаббусҳо на танҳо сатҳи донишро баланд мебардоранд, балки муҳити баробар ва имкониятҳои васеъро барои ҳама таъмин мекунанд.

Бо иқдомоти Пешвои миллат дар тамоми кишвар лоиҳаҳои махсус барои ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар ташкилотҳои таълимӣ татбиқ мешаванд. Омӯзгорон ва донишҷӯён имрӯз ба технологияҳои муосир ва васоити электронии таълимӣ дастрасӣ доранд, ки ин раванд омӯзишро осон ва самаранок мекунад. Инчунин, тавассути омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ, насли ҷавон барои иштирок дар равандҳои ҷаҳонишавӣ омода мешавад.

Дастовардҳои низоми маориф дар 33 соли истиқлолият на танҳо нишондиҳандаи сиёсати дурусти Пешвои миллат мебошанд, балки самараи заҳмати мардуми Тоҷикистон ва дастгирии васеи давлат аз ин соҳа низ ҳастанд.

Имрӯз, бо сарварии Пешвои миллат, Тоҷикистон соҳиби низоми устувор ва муосири маориф шудааст, ки ба ташаккули насли худшинос, босавод ва ватандӯст мусоидат мекунад.

Бо нигоҳ ба нақшаҳои оянда, метавон гуфт, ки рушди низоми маориф дар Тоҷикистон бо ҷиддияти бештар идома хоҳад ёфт. Пешвои миллат на танҳо барои рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзгорон ва хонандагон талош мекунанд, балки барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи касби омӯзгорӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

Дар маҷмӯъ, маориф ҳамчун пояи асосии рушди инсонӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи нав бароварда шуд. Бо сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ва ҳамкории пайвастаи тамоми қишрҳои ҷомеа низоми маориф дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувори кишвар нақши калидӣ мебозад.

Рушди ин соҳа нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи равшан ва пешрафта ҳаракат мекунад, ки дар он насли нав бо дониш, маърифат ва масъулиятнокӣ ояндаи кишвари азизро месозанд.

ШАРИФЗОДА Фаррух Боймурод,

муовини директор оид ба корҳои таълимии

Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар

 

2025-01-11 18:51:41

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ КУМИТА

Имрӯз, 11-уми январи соли 2024, дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ қабули навбатии шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.

Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир ба озод кардан аз маблағи шартномаи таҳсил, интиқол аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар, таъмин бо ҷойи кор ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.

Дар рафти баррасии муроҷиатҳо Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

2025-01-11 07:57:02

ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024 НАТИҶАГИРӢ ГАРДИД

Имрӯз дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид.

Дар кори он Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Давлатзода Баҳрулло ва Ализода Алишер, Қувватзода Сайдулло, мудири бахши илму маорифи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, агентии назорат дар соҳаи маориф ва кумитаи кор бо ҷавонон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои соҳа дар соли 2024 таҳлилу баррасӣ шуд. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълмӣ таъмини базаҳои моддию техникии муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, бунёду таъмири муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сохтмону азнавсозии бино, устохона, озмоишгоҳ ва хобгоҳҳо дар муассисаҳо, раванди зимистонгузаронӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандону омӯзгорон ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуданд.

Ҷаласаро академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда, нахуст доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар мавриди таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва шуғли пурмаҳсул ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки имрӯз тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда, дар пайи татбиқи дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироашуда корҳо дар ин самт боз ҳам тақвият дода мешаванд.

«Муҳимтарин тадбире, ки имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизати ҷавонону наврасон аз хатарҳои замони муосир имкон медиҳад, ин ба таҳсили хуб фаро гирифтан дар муассисаҳои касбӣ ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои муосир мебошад, зеро ҷаҳонбинии васеъ ва дониши мукаммал ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки аз вазъи ҷомеа, хатару таҳдидҳои зуҳуроти номатлуб, паҳлӯҳои гуногуни табиати инсонӣ, аз ҷумла хислатҳои баду ниятҳои нопоки ашхоси ношиносу ҷиноятпеша огоҳи пайдо намоянд ва худро нисбатан бехатар гардонанд. Ҳамзамон, бо донишу касбии зарурӣ наврасону ҷавонон синну соли қобили меҳнат метавонанд ба кори мувофиқ машғул гарданд», - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идома ҳисоботи Раиси Кумита оид ба натиҷагирии фаъолият дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 шунида шуд. Раиси Кумита зикр намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд теъдоди мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби ҷавонони бешуғлу бекор афзоиш дода шуда, ҷиҳати мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳасилини муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар корхонаҳои ватанӣ таҷриба андӯзанд. Доир ба ин масъала Кумита дар як соли фаъолият тамоми талошашро ба харҷ дода, минбаъд низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

Қайд гардид, ки аҳли коллективи муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пайваста аз дастгириҳои Сарвари давлат бархӯрдор мегарданд. Ин аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Раиси Кумита таъкид намуд, ки соли 2024 новобаста аз он ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нав ташкил шуда буд, нақшаи қабули ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва мииёнаи касбӣ пурра иҷро гардид.

“Айни замон дар назди Кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд”, - гуфт Раиси Кумита.

Таъкид шуд, ки аҳли кормандон ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии сохтори Кумита ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш намоянд, ки фаъолияти хешро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд ва дар ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳиссагузор бошанд.

Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ дар ҷаласа пешниҳод намуд, ки соли 2025 “Соли таъмини сифати таҳсилот” эълон гардида, муассисаҳо барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот тамоми сайъу талошашонро ба харҷ диҳанд.

Дар идомаи ҷаласа Қувватзода Сайдулло, суханронӣ намуда, роҷеъ ба мушкилоту дастовардҳои соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ибрози назар намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё карда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии кишвар, яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Тадбирҳои андешидашаванда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

“Ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар байни аҳолии кишвар васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ва ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нав, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талабот доранд чораҷуйӣ карда, ба сифати тайёр кардани кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ҳамкориро бо корфармоён ҷоннок намоянд, зеро нишондиҳандаҳои зикршуда омили асосӣ барои фарогирии аҳолии кишвар ба омӯзишӣ касбу ҳунар ба ҳисоб меравад”, - гуфт Қувватзода Сайдулло.

Баъди шунида ҳисоботи Раиси Кумита, роҳбарони як қатор муассисаҳо дар музокирот ширкат намуда, ҳисоботро қаноатбахш гуфта, пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ баён намуданд. Ҳамзамон, дигар масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати иҷро ва ҳалли саривақтии онҳо уҳдадор шуданд.

Дар охири ҷаласа як қатор кормандони фаъоли дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарияту омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои нишондиҳандаҳои хуби соҳа ва дастовардҳои намоён бори аввал бо “Ифтихорнома”-и Кумита ва унвони “Аълочии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” қадрдонӣ гардиданд.

2025-01-10 07:15:44

ПАЁМ – ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ДАР МЕҲВАРИ ОН ҚАРОР ДОШТ

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низомномаи мукаммали рушди Тоҷикистон буда, дар он самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷӣ таҳлилу баррасӣ мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муҳимтарин самтҳои иқтисоди миллӣ саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сармоягузорӣ таъкид намуданд. Солҳои охир ба рушди соҳаҳои саноат ва энергетика диққати махсус дода мешавад ва тадбирҳои мушаххас низ маҳз бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ рӯи даст гирифта мешаванд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта дар соҳаҳои саноат ва сохтмони инфрасохтор рушди назаррас дошта, феълан бахшҳои муҳими кишоварзӣ ва рушди "энергияи сабз" аз ҷузъҳои муҳими нақшаву барномаҳои давлат дар самти таъмини манбаи арзони энергия ба шумор мераванд.

Фаъолияти Коллеҷи техникӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдор ба роҳ монда шуда, доир ба ободонӣ, беҳтаршавии сифати таълиму тарбия корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Соли сипаришуда коллеҷи техникӣ озмоишгоҳҳои электроэнергетика, телекоммуникатсия, нақлиёт, логистика, техника ва таҷҳизотҳои тиббиро барои гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишӣ мавриди истифодаи васеъ қарор дод. Озмоишгоҳҳои мазкур бо воситаҳои техникии таълимӣ ва маводҳои гуногуни аёнии методӣ-таълимӣ ба монанди макетҳо, таҷҳизотҳои ченкунандаи рақамӣ ва электронӣ ва дигар таҷҳизотҳои намудҳои гуногун, нақшаҳои гуногуни дастгоҳҳои электрикӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ғайр аз ин корҳои озмоишӣ ба таври виртуалӣ бо воситаи барномаҳои махсуси компютерӣ аз фанҳои тахассусӣ дар ин озмоишгоҳҳо иҷро карда мешаванд.

Раёсати коллеҷи техникӣ маҷмӯи корҳои тарбиявӣ-ташкилӣ, илмӣ-методиро баҳри тарбияи босамари насли наврас, пешрафти таҳқиқотҳои илмӣ ва ҷалби омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ (инноватсионӣ) ҷоннок намудааст.

Дар соли 2024 дар сатҳи коллеҷ, се конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ, 9 конференсияи илмӣ - амалии ҷумҳуриявӣ, 24 конференсияи илмиву амалӣ ва фарҳангии дохилӣ, 74 семинари омӯзишӣ, 76 суҳбати гирди миз, 86 маҳфили илмӣ, 3 курси бозомӯзии касбии омӯзгорон (омӯзиши технологияи иттилоотӣ, омӯзиши педагогика-психология ва омӯзиши маҳорати педагогӣ) ва дигар чорабиниҳои илмӣ-амалӣ дар коллеҷ баргузор гардиданд.

Омӯзгорону кормандони коллеҷ баробари фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ, соли 2024 7 китоби дарсӣ, 37 дастурамали таълимӣ-методӣ ва 3 монография, 41 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 174 мақолаи илмӣ дар маводи конференсияҳои байналмилалӣ, 218 мақолаи илмӣ дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расонидаанд.

Соли 2024 ду нафар омӯзгори касбии коллеҷ рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд, ҳамчунин, ду нафар омӯзгорон рисолаи номзадиашонро пешдифоъ карданд. Ҷиҳати ҳавасмандгардонии омўзгорони ҷавон бо қарори Шӯрои олимони коллеҷ омӯзгороне, ки рисолаи номзадиро ҳимоя менамоянд, бо маблағи 15000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо маблағи 25000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар давоми 3 соли охир аз тарафи омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ нисбати натиҷаи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ 7 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст.

Барои алоқамандии таҳсил бо истеҳсолот раёсати коллеҷ саъю кӯшиш намуда, бо 55 муассисаю корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзӣ шартнома дорад.

Боиси қайд ва ифтихор аст, ки ҳамасола донишҷӯёни коллеҷи техникӣ дар олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ бо коллеҷи политехникии шаҳри Рязан ва Донишгоҳи давлатии Братски Федератсияи Россия, Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Халқии Чин, Донишгоҳи Деш Багати Ҳиндустон, Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус, коллеҷи энергетикии Қазони Федератсияи Россия ва даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Мақсади чунин созишномаҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти пешрафти илм ва технологияҳои навин мебошад, ки ҳангоми самаранок корбарӣ намудан дар доираи дастгирии фаъолияти якдигар муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин натиҷаҳои хубро соҳиб гарданд. Роҳбарият ва раёсати коллеҷ дар ин самт корҳои амалиро қаноатбахш роҳандозӣ намудааст.

Коллективи Коллеҷи техникии баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва дар бозори меҳнат ҷавобгӯ саҳми назаррасӣ худро гузоранд.

Холиқназар Азимов, муовини директор оид ба илми Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе

2025-01-10 07:14:32

ОМӮЗИШУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар ҳамоиши илмӣ таҳти унвони "Паёми Пешвои миллат: татбиқи ҳадафҳои миллии рушди кишвар" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, роҳбарияти муассиса, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар, намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва устодони коллеҷ ширкат доштанд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳи директор Коллеҷ Даврон Хоҷазода кушода, меҳмонон ва ҳозиронро шодбош намуд. Мавсуф қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, татбиқкунандаи ҳадафҳои миллии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, тавзеҳу омӯзиши ҳамаҷонибаи он, муҳим ва саривақтӣ аст. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли Паёмҳои қаблӣ ҳамчун санади муҳим ва дастури роҳнамову ояндасоз барои халқу миллат маҳсуб ёфта, он барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои муҳими мамлакат нигаронида шудааст. Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, маҳз ин нуқтаро Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки рушди соҳаи маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла ҳамасола маоши кормандони ин соҳаи муҳими халқи кишварро баланд мебардорад.

Дар идома Мирзозода Аъзам ва Атозода Зайниддин самтҳои дигари Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, ҳамовозии хешро иброз доштанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш пешниҳод гардид,ки ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 "Соли хониши сиёсӣ" дар муассиса эълон гардида, озмун дар ин самт баргузор карда шавад.

 

2025-01-10 07:13:14

ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои мардуми тоҷик ҳамчун дастур ва роҳнамо маҳсуб ёфта, навиди тозае аз муваффақияту дастовардҳои Тоҷикистон давоми як соли охир мебошад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ дар саросари кишвар бунёди ҳазорон бинову иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳо ба соҳаҳои таҳсилоти касбӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш мутааллиқ буда, то имрӯз тибқи нақшабандӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва тавассути ин аъмол ҳазорон ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳайё гардидааст.

Дар ин замина, Сарвари давлат ба соҳибкорону шахсони саховатманд ҷиҳати тақвияти сиёсати созандаашон ва дастгирии молиявии ин афрод барои ободии Ватан, фаъолияти софдилона ба хотири пешрафти зиндагии шоистаи мардум, изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар назаррас унвон карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар меҳвари Паёми имсола чандин масоили мубраму ҳалталаби замони муосир ҷой доштанд, аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ дар Тоҷикистон, ба монанди 2550-солагии Эъломияи Куруши Кабир дар сатҳи созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО, мубориза бо терроризму экстримизм, бегона нашудани фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷаҳолату хурофот, эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, шаклгирӣ ва инкишофи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, таъсис ва сохтмони муассисаҳои томактабию фарҳангу санъат, ҳамгироии илм ба истеҳсолот ва фаъолияти ҷавонон аз зумраи онҳост.

Дар раванди суханронӣ Сарвари давлат вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо бахусус, дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронида шуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди сабз андешаронӣ намуда, ин масоили муҳими таъсиргузорро бо таҳлилҳои амиқ баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем. Дар ин маврид истифода ва тақвияти самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва ҳалли мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ, гузаштан ба низоми комили ғайринақдӣ ва монанди инҳо аз зумраи дастурҳои муфиде буд, ки дар назди масъулини соҳаҳо гузошта шуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки соҳаҳои илму маориф ва таҳсилоти касбӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ба ин соҳаҳо ҳамчун самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ба таъкиди Сарвари давлат, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар масъалаи тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа диҳанд, на ба ҳуҷҷат. Дар ин замина, ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ аз зумраи ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, таъкид гардид, ки минбаъд омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз синни томактабӣ ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин, дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Сарвари мамлакат дар тамоми баромаду суханрониҳояшон ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, дар Паёми навбатӣ низ ин қишри мамлакатро аз мадди назар дур намонда иброз доштанд, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо дар бунёди иншооти азими мамлакат, хизмати содиқона дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаётиосоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Аз ҷумла, солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз вазифаи аз ҳама муҳими ҳар як қишри ҷомеа ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

Вобаста ба ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии кишвар ироагардида камари ҳиммат баста, барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар талош намоянд.

ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон,

муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

2025-01-10 07:11:51

СОҲИБКАСБ НАМУДАНИ ШАҲРВАНДОН - КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Дар паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ вазифаҳо мушаххасу муайян гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки “...аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд”.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём вобаста ба таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва фароҳам овардани шароити касбомӯзӣ барои соҳибкасб намудани аҳолии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, қайд карданд, ки “...дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд”.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти корҳо дар самти фарогирии шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ва омода намудани кадрҳои коргарӣ дастур доданд, ки “... Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне, дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд”.

Маврид ба қайд аст, ки Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё карда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии кишвар, яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Тадбирҳои андешидашаванда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Дар ин раванд, барои рушди таҳсилоти касбӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ, Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Тибқи нақшаи дурнамои фарогирии шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти иловагии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 оварда шудааст, давоми солҳои 2021-2024, тавассути курсҳои кӯтоҳмуддати назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ зиёда аз 720 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани шаҳрвандони мамлакат ба касбомӯзӣ ва дастрасии онҳо ба таҳсилоти босифати касбӣ дастур дода буданд, ки “...ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намуда, ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа дода шавад”.

Зимнан бо ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ ва шарикони рушд дар самти таҳияи стандартҳои касбӣ (салоҳият), нақша ва барномаҳои таълимӣ (модулӣ), таҳкими заминаҳои модиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, рақамикунонии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омода кардани кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ба роҳ мондааст.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯи 23 самт ва зиёда аз 500 касбу ихтисос хонандагону донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 23 ҳазору 500 нафар ва теъдоди шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати назди ин муассисаҳои таълимӣ 12 ҳазор нафарро ташкил дода, 1 ҳазору 605 нафар омӯзгор ва 978 нафар устои таълими истеҳсолӣ ба таълиму тарбияи хонандагону шунавандагон машғул мебошанд.

Ҳамчунин, дар назди 45 литсейи касбии техникӣ ва 1 коллеҷ марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир фаъолият доранд, ки дар онҳо аз руйи 5 самт ва 110 касбу ҳунар шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии ҳунармандон ба расмият (валидатсия) дароварда мешаванд.

Барои омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва омода намудани ҳунармандони касбӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021, №253 “Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ” тасдиқ гардид. Дар қарори мазкур касбҳои ҳунармандӣ дар 12 самт гуруҳбандӣ карда шуда, 167 номгӯйро дар бар мегирад.

Дар соли сипаришуда, Кумита дар доираи амалишавии лоиҳаи “Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои 25 касбу ихтисосҳои зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд доранд, стандартҳои касбӣ (салоҳият), нақша ва барномаҳои таълими (модулӣ)-ро бо ҷалби мутахассисони маҳаллию байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ намуда, барои истифодабарӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дастрас намуд. Ҳоло дар 31 литсейи касбии техникӣ раванди таълим тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият ба роҳ монда шуда, дар дигар литсейҳои касбии техникӣ низ ин методология давра ба давра ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаи зикршуда, синфхона ва устохонаҳои таълимии 6 литсейи касбии техникӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои 6 касбу ихтисос таҷҳизотҳои лозимӣ харидорӣ гардида, давоми солҳои 2025-2026 таъмири синфхона ва устохонаҳои таълимии 14 литсейи касбии техникӣ ва харидории таҷҳизоти муосири таълимӣ барои 14 касбу ихтисос дар назар дошта шудааст.

Лозим ба қайд аст, ки дар назди Кумита лоиҳаи “Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шуруъ аз соли 2024 амал мекунад, ки ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гуруҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мебошад.

Дар ин давра, барои тайёр кардани кадрҳои коргарии соҳаи кишоварзӣ ҳамкориҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзӣ тақвият ёфта, дар заминаи пойгоҳҳои таъмирии Маркази хизматрасонии КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар ноҳияи Данғара аз руйи касбҳои тракторчӣ ва харрот курсҳои кӯтоҳмуддат роҳандозӣ гардида, гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии механизаторону комбайнёрон ва устоҳои таъмигари техникаю мошинолоти кишоварзӣ дар пойгоҳҳои таъмирии марказҳои хизматрасонии корхонаи болозикр дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Рашт, Тоҷикобод, Дӯстӣ ва Ҷайҳун ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии тобеи Кумита барои густариши тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо мутахассисони варзида бо 562 ташкилоту муассисаҳо, хусусан корхонаҳои истеҳсолӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ созишномаҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Дар робита ба тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисос ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти корфармоён ба қувваи корӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд кумитаҳои соҳавии соҳаҳои саноат, сохтмон ва энергетика, инчунин 21 кумитаи машваратии соҳавӣ ва 8 маркази захиравӣ дар назди литсейҳои касбии техникӣ таъсис дода шудааст, ки ин барои боз ҳам тақвият додани корҳо ҷиҳати омода кардани мутахассисони варзида, таъмин кардани соҳаҳои зикршуда бо кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусоидат менамояд. Бо вуҷуди корҳои зиёди ба анҷомрасида вобаста ба соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо, тадбирҳои пешбинишуда ва амалишаванда бояд таҳким дода шаванд.

Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар байни аҳолии кишвар васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ва ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нав, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талабот доранд чораҷуйӣ карда, ба сифати тайёр кардани кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ҳамкориро бо корфармоён ҷоннок намоянд, зеро нишондиҳандаҳои зикршуда омили асосӣ барои фарогирии аҳолии кишвар ба омӯзишӣ касбу ҳунар ба ҳисоб меравад.

АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло,

муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

 

2025-01-08 18:11:46

ДАР НАЗДИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ МАҲФИЛИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОИ КИТОБ АСТ” ТАЪСИС ЁФТ

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумита директорони муасссисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, хонандагону донишҷӯён вобаста ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Чорабиро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар марҳалае ироа гардид, ки барои мардуми шарафманди кишвари азизамон, Тоҷикистон, воқеан ҳам, марҳалаи таърихӣ, яъне халқи саодатманди тоҷик 30-юмин солгарди Конститутсия ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ истиқбол намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуд. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсозӣ мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат дар баробари масалаҳои болозикр, инчунин оид ба нақши ҷавонон дар рушду шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносиву кордонии онҳо бо ҳисси саршор аз меҳру садоқат ва боварии қотеона ба насли созандаву бунёдкор суҳбат рафта, ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи созанда, ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа эътирф гардиданд. Чунончи Пешвои миллат таъкид намуданд: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.

Ҳамзамон, Раиси Кумита иброз дошт, ки бо мақсади дарёфтӣ чеҳраҳои сухандону суханвар, ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхонӣ дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" маҳфили илмӣ таъсис дода шуд, ки аъзоёни он аз ҳисоби устодон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда шудаанд.

Маҳфил дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 таъсис дода шудааст ва ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба китобу китобхонӣ буда, баргузории чунин маҳфилҳо хеле муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни маҳфил ҳар ҳафта як китоби илмӣ ё бадеиро мутолиа намуда, доир ба мавзӯъ ва муҳтавои он андешаронӣ менамоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар назар аст, ки дар назди Кумита маҳфилҳои “Фурӯғи маърифат”ва “Шоҳномахонӣ” таъсис дода мешавад.

 

 

2025-01-08 18:08:51

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар паёмҳои солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои фаъолият ба таври мушаххас нишон дода мешаванд. Мусаллам аст, ки муҳайё кардани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтару хубтар мегардад. Паём ҳар як сокини кишварро дилпур намуд, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, онҳоро зиндагии боз ҳам шоистатар дар пеш аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои гуногуни рақамикунонии иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 -уми декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Ҳадаф аз ин ташаббус низ вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад.

Дар идомаи ин пешниҳод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.

Воқеан ҳам, инноватсия ва рақамикунонии тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла иқтисодиёт зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Солҳои 2025-2030 низ метавонанд ба як давраи муҳим барои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия табдил ёбанд. Зеро гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ қадам барои беҳтарсозии вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлат аст. Он вақтро сарфа намуда, сифати маҳсулот ва кору хизматрасониро ба маротиб беҳтар менамояд. Дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла чунин баён намудаанд: «Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».

Вобаста ба ин, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Бояд гуфт, ки иқтисодиёти рақамӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои муҳим ва устувор гузошта истодааст. Барномаҳои зиёди марбут ба технологияҳои рақамӣ ҷиҳати беҳтар кардани равандҳои идоракунӣ ва молиявӣ қабул гардида, як қатор иқдомҳои муҳим низ роҳандозӣ шудаанд. Қадамҳои муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардиданд, шомили бунёди инфраструктураи рақамӣ ва ташкили барномаҳои технологӣ барои беҳтар кардани равандҳои идоракунии молиявӣ ва иқтисодӣ мебошанд.

Воқеан, барномаҳои технологӣ ва рақамии марбут ба соҳаҳои гуногун, ба монанди молия, андоз, системаҳои электронӣ ва омодагии кадрӣ барои равнақи иқтисоди рақамӣ кӯмак хоҳанд кард:

Якум, рақамикунонии молия ва андоз аст. Тоҷикистон бо истифода аз технологияи пешрафта талош мекунад, ки таъмини шаффофият ва мубориза бо коррупсия тақвият ёбад. Барномаҳои рақамӣ барои таъмин кардани раванди дастрасӣ ва назорат ба равандҳои молиявӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дуюм, низоми электронӣ. Ҳукумати мамлакат ба ҷорӣ кардани системаҳои электронӣ, ба монанди интиқоли хидматҳои молиявӣ ва шахсиятҳои идорӣ тавассути платформаҳои рақамӣ диққати махсус медиҳад. Ин ба шаҳрвандон ва соҳибкорон имконият медиҳад, ки дар муҳити рақамӣ барои иҷрои амалиёт ва супоридани пардохтҳо фароҳам оварда шавад.

Сеюм, омодагии кадрӣ. Дар Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисони баландихтисос ва касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ниҳодҳои дахлдор барномаҳои зиёде рӯйи даст гирифта шудаанд. Ин ба амалӣ шудани стратегияи рақамикунонии давлат ва иқтисодиёт кӯмак хоҳад кард.

Чорум, дастгирии сармоягузорӣ ва рушди технологӣ. Дар оянда, Тоҷикистон метавонад сиёсати ташвиқи сармоягузорони хориҷиро барои рушди соҳаҳои технологӣ ва амалӣ кардани ҷалби маблағҳо дар ин самт таъмин кунад.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон бо ҷорӣ намудани ин иқдомҳо талош дорад, ки иқтисодиёти миллӣ ба раванди рақамикунонӣ мувофиқ гардад, барои таҳкими шаффофият ва беҳтар кардани идоракунии молиявӣ ва иҷтимоӣ роҳҳои муосиру қуллай интихоб ва амалӣ гарданд.

Сино Амирбекзода,

директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе