Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-07-31 08:23:10

Иштироки Пешвои миллат дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён 30.07.2024

    Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд.
    Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом аз наздики 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор сарони давлатҳо, роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногун, ҳамчунин намояндагони зиёд аз созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба Теҳрон ташриф оварданд.
    Хотиррасон бояд намуд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд, пас аз ду даври интихоботӣ Масъуди Пизишкиён ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд.
    30 июл Масъуди Пизишкиён зимни маросими савгандёдкунӣ расман ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Возможно, это изображение 2 человека, помост и текст
Возможно, это изображение 2 человека, толпа и текстВозможно, это изображение 7 человек, помост и текст

2024-07-30 16:04:40

Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф

Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Возможно, это изображение 4 человека, помост и текст

Возможно, это изображение 2 человека, помост и текст

    Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд.

    Зимнан аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноат карда шуд.
    Таъкид гардид, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат нақши муҳим доранд.
    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи муколамаи созандаи байнипарлумониро ба суди кор арзёбӣ намуда, аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб ташриф биёранд.

Возможно, это изображение 9 человек, помост и Овальный кабинет
Возможно, это изображение 6 человек и помостВозможно, это изображение 2 человека

2024-07-30 15:45:38

ТАЪСИСИ РӮЗНОМАИ “ҶАҲОНИ ҲУНАР” ДАР НАЗДИ КУМИТА

    Бо мақсади беҳтар инъикос намудани фаъолияти Кумита дар давраи ҳисоботи нашрияи расмии Кумита рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар” таъсис дода шуд, ки дар назар аст аввалин шумораи он дар оғози соли нави хониш ба нашр хоҳад расид, - ин нуктаро академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Возможно, это изображение 4 человека и текст

Возможно, это изображение 4 человека, кларнет и отдел новостейВозможно, это изображение 3 человека, люди учатся и текст

    Инчунин таъкид гардид, ки сомонаи расмии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, фаъол гардид www.tahsilot.tj.
    Ҳамзамон, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳамарӯза хабару гузоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Кумита ҷойгир карда мешавад.
    Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои соҳавии худро саривақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонад.


Возможно, это изображение 11 человек и текст
Возможно, это изображение 3 человека

2024-07-30 15:33:20

Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ 30.07.2024

    30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд.
    Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.
    Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раисиҷумҳури Эронро ба Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод.
    Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштанд.
    Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад дошт.
    Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба як зумра масоили байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи андеша сурат гирифт.
https://www.president.tj/event/news/46742

Возможно, это изображение 7 человек, помост, Овальный кабинет и текст

2024-07-30 15:29:41

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён 30.07.2024

    30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
    Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро ба муносибати оғози фаъолияташон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, ба он кас хоҳони комёбиҳо шуданд.
    Пешвои миллат, ҳамчунин, аз Масъуди Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф биёранд.
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки кишварҳои мо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд ҳам густариш хоҳанд дод.
    Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад.

Возможно, это изображение 3 человека, помост, Овальный кабинет и текст
    Ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд.
    Дар ин робита таъмини фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва истифодаи муассир аз Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар зарур дониста шуд.
    Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, нафту газ, технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо алоқамандӣ зоҳир намуданд.
    Ҷониби мо ба истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор барои ҳамлу нақли молу маҳсулоти Тоҷикистон изҳори манфиатдорӣ намуд.
    Ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.
    Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
    Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

Возможно, это изображение 4 человека, помост, Овальный кабинет и текстВозможно, это изображение 9 человек, Овальный кабинет и помост

2024-07-30 14:50:01

ДАР МУАССИСАҲОИ НАЗДИ КУМИТА МУТАХАССИСОН АЗ РӮИ 500 ИХТИСОС ОМОДА МЕГАРДАНД


    Возможно, это изображение 11 человек, люди учатся и текст

      Бо мақсади назорат намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, - ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт.
    Таъкид гарид, ки дар назди Кумитаи мазкур 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисонро омода менамоянд.


Возможно, это изображение 3 человека и текстВозможно, это изображение 4 человека, отдел новостей, помост и текст
Возможно, это изображение 6 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 3 человека

2024-07-30 14:02:02

НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

    Имрӯз, 30 июли соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони Раиси Кумита, Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии Кумита, ва 25 нафар намояндаи васоити ахбори омма иштирок намуданд.
    Дар нишаст аз ҷониби 10 нафар намояндаи ВАО 18 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ посухҳои мушаххас доданд.

Возможно, это изображение 10 человек и текст


Возможно, это изображение 5 человек

Возможно, это изображение 7 человек

2024-07-30 11:58:20

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 30.07.2024

    30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.
    Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
    Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
https://www.president.tj/event/news/46726

2024-07-30 11:53:24

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.07.2024

    29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
    Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ карда шуд.
    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуда, раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар аксар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ идома ёфт.

Возможно, это изображение 1 человек

Возможно, это изображение 3 человека и текст

Возможно, это изображение 5 человек и текст
    Таъкид карда шуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар гардид.
    Рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3, аз ҷумла содирот 47,1 фоиз таъмин гардид.
    Президенти кишвар таъкид намуданд, ки сатҳи таваррум дар ин давра 1,9 фоизро ташкил дод.
    Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ зиёд аст.
    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ тақвияти фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дигари давлатиро зарур шумурданд.
    Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо супориш гирифтанд, ки бо дарназардошти таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим фаъолиятро дар самти татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ тақвият диҳанд.

Возможно, это изображение помост

Возможно, это изображение 4 человека
    
    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таъмини минбаъдаи рушди устувори кишвар ва устувории иқтисоди миллӣ, ҷалби бештари сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷиро вусъат бахшида, бо мақсади таъмини суръати рушди иқтисодӣ ба андозаи на кам аз 8 дарсад ва устувории макроиқтисодӣ корҳоро ҷоннок намоянд.
    Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати рушди шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастурҳои мушаххас доданд.
    Таъкид гардид, ки тавассути васеъ истифода намудани технологияҳои рақамӣ, коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва амалҳои коррупсионӣ имкон аст ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлатӣ хеле афзоиш дода шавад.
    Барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар супориш дода шуд, ки дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирии раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, бахусус пешгирии раванди коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ чораҳои иловагии таъхирнопазир андешида шавад.
    Дастуру супоришҳо ҳамчунин ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва рақамикунонии соҳа, дода шуд.

Возможно, это изображение 8 человек и текст

Возможно, это изображение 6 человек
    Таъсиси портали интернетӣ бо мақсади робитаи доимӣ ва ташаккули махзани маълумоти иттилоотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва забондонии онҳо зарур шумурда шуд.
    Ҳамчунин сохторҳои марбута дастур гирифтанд, ки соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварро ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ҳаматарафа омода намоянд.
    Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, раисони кумитаи андоз ва хадамоти гумрук, инчунин роҳбарони дигар мақомоти дахлдор шунида шуд.
    Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Возможно, это изображение 1 человек

Возможно, это изображение 11 человек
    Нақшаи амали Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 барои солҳои 2024-2026, масъалаҳои Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе” баррасӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
    Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.
    Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

2024-07-29 12:50:13

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян

29 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелянро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла атрофи мавзуъҳои обу иқлим баррасӣ шуд.
    “Аз Шумо барои ҳамкории босамар, аз ҷумла дар ташкили конфронсҳои мавзӯӣ, пеш аз ҳама оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар кишвари мо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид, миннатдорем”-изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
    Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти минбаъдаи нақши Созмони Милали Муттаҳид дар умури байналмилалӣ мебошад ва саъю кӯшишҳои онро барои таҳкими ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва рушд хеле муҳим мешуморад”.
    Қабули 10 қатънома аз руи ташаббусҳои Тоҷикистон ва ҷонибдории кишварҳои аъзои созмон аз иқдомҳои байналмилалии кишвари мо натиҷаи ҳамкории судманди ҷонибҳо номида шуд.
    Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба пешбурди минбаъдаи Раванди оби Душанбе ва соли 2028 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кардани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об ва дар чорчӯби он баррасии ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 табодули андеша карданд.
    Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.


2024-07-27 14:03:46

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) бори дигар ба ин нукта ишора карда, зикр намуданд, ки «рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Бо мақсади назорат намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Айни замон дар назди Кумитаи мазкур 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва соҳаи коргарӣ омода карда мешавад.

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ чунин корҳоро ба анҷом расонид:

Дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки 63 –тои он давлатӣ, 2 –тои он ғайридавлатӣ ва 1 филиали литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон мебошанд.

Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 525 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин шумора 4 ҳазору 576 нафар духтар, 46 нафар ятими кулл, 689 нафар нимятим ва 211 нафар маъюб мебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3 ҳазору 857 нафар корманд, аз ҷумла 1 ҳазору 875 нафар омӯзгор (3 нафар номзади илм) ва 904 устои таълими истеҳсолӣ фаъолият дошта, 33 нафар устои таълими истеҳсолӣ ва 83 омӯзгор намерасад. Дар ин зинаи таҳсилот аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда  гардида, дар  назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 -то зиёд карда шавад.

Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 62,0% китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ ва 35,1% китоби дарсии фанҳои тахассусӣ таъмин мебошанд.

Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дорои 1849,87 га замин буда, аз ин 107,54 га боғ, 223,75 га ғайрикишоварзӣ, 536 га чарогоҳ, 96,22 га зербино, 330,5 га корами лалмӣ, 636,71 корами обӣ мебошад, ки дар онҳо зироатҳои кишоварзӣ, ба монанди пахта, гандум, ҷав, картошка, пиёз, юнучқа, маҳсулоти полезӣ ва боғу токзор парвариш ва кишт карда мешавад.

 Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дорои 96 бинои таълимӣ буда, аз ин 14 муассисаи таълимӣ ба сохтмони бинои нав (комплекс), 22 муассисаи таълимӣ ба  сохтмони бинои иловагии таълимӣ, устохона, ошхонаю толорҳои варзишию маҷлисгоҳ ва ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мунтазам шанбегиҳои дастаҷамъона гузаронида шуда, зиёда аз 1321 бех дарахти мевадиҳандаю ороишӣ ва зиёда аз 15 ҳазор гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 5 номинатсия (физика, математика, тех.информатсионӣ, биология ва химия) дар ду давр олимпиада ташкил карда шуд.

Даври якум дар дар сатҳи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид, ки дар он 426 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз рӯйи номинатсияи математика - 84 нафар, аз рӯйи номинатсияи физика – 87 нафар, аз рӯйи номинатсияи химия – 83 нафар, аз рӯйи номинатсияи  биология – 84 нафар ва аз рӯйи номинатсияи технологияи информатсионӣ 88 нафар хонанда иштирок намуда, барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиада 235 нафар хонанда роҳхат гирифт.

Даври ниҳоии олимпиада рӯзҳои 13 ва 14-уми июни соли 2024 дар коллеҷи технологии шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Ғолибон бо Ҷом, дипломҳои дараҷаҳои 1, 2 ва 3 ва сипосномаю ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ даври аввали озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»  ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил ва гузаронида шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ширкат варзида,  дар озмуни «Илм -  фуруғи маърифат» аз 234 нафар иштирокдоштагон 90 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» 112 нафар иштирок намуда, 23 нафар ғолибон ба даври дуюми озмуни номбурда роҳхат гирифтанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” дар даври якум 108 нафар иштирок намуда, 23 нафар ба даври шаҳриву вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Бо мақсади иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»  4 ҳазору 82 нафар, аз ҷумла 1017 нафар зану духтарон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ хатм карданд.

 Тибқи маълумоти пешниҳодгардидаи бахши идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ сатҳу сифати азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз фанҳои умумитаълимӣ ба ҳолати моҳи майи соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе - 62,3% ва 27,7%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 67,9% ва 24,9%, вилояти Суғд - 70,4% ва 26,4%, вилояти Хатлон - 70,0% ва 26,7% мебошад.

Дар маҷмуъ, сатҳи донишандӯзии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз фанҳои умумитаълимӣ дар ҷумҳурӣ - 68,7 дарсад ва сифати дониш - 26,5 дарсадро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида давомоти хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии мамлакат аз 75 то 84 дарсадро ташкил медиҳед.

Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мунтазам аз ҷониби роҳбарият ва роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ вохӯриҳо бо иштироки падару модарони хонандагон гузаронида шуда, зимни баргузории вохӯриҳо ба волидайн аз тарафи роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ доир ба тартибу интизом, давомот, муваффақияту камбудиҳои ҳар як хонанда дар раванди таҳсил маълумоти муфассал дода мешавад.  Ҳамчунин, дар ин вохӯриҳо ҷиҳати  таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид мегардад. Ҳамзамон, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштарак аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Кумита дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон ва  тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ вохӯриву суҳбатҳо баргузор карда шуданд.


ДАР САМТИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

 

Дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 10 самт ва аз рӯйи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90096 хонанда ва донишҷӯй (67641 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 7 ҳазору 416 омӯзгор (3681 зан) дарс медиҳанд, ки аз онҳо 23 нафар (10 нафар зан) доктори илм ва 240 нафар (44 нафар зан) номзади илм мебошад.

Соли ҷорӣ дар озмуни „Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“ 4234 нафар донишҷӯю омӯзгорон иштирок намуда, 176 нафар ба даври шаҳриву вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Инчунин, озмуни ҷумҳуриявии „Тоҷикистон - Ватани азизи ман“ аз 1620 нафари дар даври аввал иштироккарда, 76 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 «Оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар муассисаҳои таълимӣ озмун баргузор гардид.

Дар даври якуми озмун зиёда аз 1073 нафар донишҷӯ иштирок намуданд. Ба даври ҷумҳуриявии озмун 190 нафар пешниҳод гардид.

Байни донишҷӯёну омӯзгорон тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-481 тасдиқ шудааст, аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ даври якум гузаронида шуд.

Мавриди қайд аст, ки дар даври якум дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ 4 ҳазору 711 нафар донишҷӯю омӯзгор дар озмун иштирк намуда, аз онҳо 900 нафар барои иштирок ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд.

Дар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ имтиҳонҳо тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 9 муассисаи соҳаи фарҳанг тариқи анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Натиҷаи бақайдгирӣ нишон дод, ки 17061 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) ва 11219 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) аз рӯйи интихоби якум ихтисосҳои муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбиро интихоб кардаанд, ки мутаносибан 61,9% -и нақшаи қабули умумиро ташкил медиҳад.

Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 25 май аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дар кулли дунё ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эътироф гашт. Бо ин мақсад бозии футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси Кумита дар ду давр, даври якум дар минтақаҳо (шаҳри Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ) ва даври ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид ва ғолибон бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Рӯзҳои 5-6 июни соли 2024 байни муассисаҳои таълимии мазкур бозии мусобиқавии ҷамъбастӣ гузаронида шуда, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ғолиби ҷойи якум, Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Ховалинг ғолиби ҷойи дуюм ва Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ғолиби ҷойи сеюм дониста шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар самти корҳои тарбиявӣ ва вобаста ба он дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, доир ба эълон гардидани соли 2024 соли "Маърифати ҳуқуқӣ" дар моҳҳои март-майи соли 2024 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо иштироки кормандони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, олимону профессорони соҳаи ҳуқуқ, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳо чорабинии сиёсӣ, вохӯриҳо ва конференсияҳо  баргузор карда шуд.

 

ДАР САМТИ ТАҲИЯИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

 

Лоиҳаҳои зерини қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия карда шуда, дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардиданд. Ба Кумита оид ба онҳо хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор ворид шуданд ва дар муҳлатҳои наздик санадҳои мазкур барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Аз ҷумла:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» (дар таҳрири нав) аз 7.05.2024, №17680 (26.5) ;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» (дар таҳрири нав) аз 7.05.2024, №17682 (26.5);

-Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз  16.05.2024, №18862 (26.5);

-Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16.05.2024, №18863 (26.5);

-Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз  5.06.2024, №20662 (26.5);

-Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар    бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12.06.2024, №22736 (26.5).

Ҳамзамон, бо мақсади тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти Кумита ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқи зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла низомнома, қоида ва тартиб ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо то охири соли ҷорӣ омода ва дастраси муассисаҳо гардонида мешаванд.

 

ДАР САМТИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Дар ин давра бо як қатор созмону ташкилот, муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва дигар шарикони рушд гуфтушунидҳо ба роҳ монда шуд ва санадҳои зерини ҳамкорӣ таҳия гардид, ки тасвиби онҳо дар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла:

1.Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти технологияи байналмилалии и «NALIKE»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой (хулосаи Вазорати адлия гирифта шудааст, дар баррасии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад);

2. Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумита ва Муассисаи таълимии давлатии буҷетии таҳсилоти олии «Донишгоҳи давлатии ПЕНЗА» (барои имзо омода аст);

3.Созишнома байни Кумита ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия (имзо шудааст);

4.Лоиҳаи Созишнома байни Кумита ва  Корпоратсияи таълимии техникии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (омодаи имзо);

5. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумита ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид (дар баррасии вазоратҳо);

6.Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - GIZ (имзо шудааст);

7.Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумита ва Донишгоҳи федералии Швейтсария оид ба таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзӣ (дар баррасии вазоратҳо).

 

ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КАДРӢ ВА КОРҲОИ МАХСУС

 

Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 23.05.2024, №81 «Дар бораи баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид ва кормандон ба кор қабул гардиданд.

Дар асоси фармоиши раиси Кумита аз 17 апрели соли 2024, №07 «Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2024» ва «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 27 майи соли 2017, №262) тақсимоти хаткунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ гузаронида шуд.

Дар соли 2024 745 нафар мутахассисони ҷавон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ  таҳсилкарда тибқи роҳхати Кумита ва шартномаи се ҷониба ба ихтиёри раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор фиристода шуданд.

Дар робита ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ва мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  22 апрели соли 2024, № 04-854 фармоиши раиси Кумита аз 1 апрели соли 2024, №09 бо замимаи ҷадвали дарсӣ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он барои кормандони кумита ҳафтае се маротиба дарси омӯзиши забони русӣ ва англисӣ, бо ҷалби омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ташкил карда шудааст.

Дар асоси нақшаи корӣ ҳар моҳ як маротиба бо иштироки кормандони Кумита хонишҳои идоравӣ баргузор карда мешавад. Дар хонишҳои идоравӣ мутахассисону коршиносони варзида низ барои маърӯза намудан даъват карда мешаванд.

 

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО

 

Дар назди Кумита Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият менамояд. Лоиҳаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани нуфуз ва сифати таҳсилот ва омӯзиши касбӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар нигаронида шудааст.

Самтҳои фаъолияти лоиҳа:

Лоиҳа аз панҷ қисмат иборат мебошад, аз ҷумла:

Қисмати 1. Барқарорсозӣ ва cохтмони муассисаҳои таълимии касбӣ;

Қисмати 2. Баланд бардоштани нуфуз ва сифати таҳсилот ва омӯзиши касбӣ;

Қисмати 3. Хизматрасонии аудити молиявӣ;

Қисмати 4. Дастгирии идоракунии лоиҳа;

Қисмати 5. Қисмати шартӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқуллода.

 

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои соҳавии худро саривақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонад.

 

ТАЪСИСИ РӮЗНОМАИ “ҶАҲОНИ ҲУНАР”

 

Дар давраи ҳисоботи нашрияи расмии Кумита рӯзномаиҶаҳони ҳунар” таъсис дода шуд, ки ҳуҷҷатҳояш омода гардида, барои бақайдгирӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар назар аст, ки аввалин шумораи он дар оғози соли нави хониш ба нашр хоҳад расид.

Сомонаи расмии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меърёҳо сохта шуда, фаъол гардид www.tahsilot.tj.

Ҳамзамон, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳамарӯза хабару гузоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Кумита ҷойгир карда мешавад

2024-07-27 13:33:23

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд

ДУШАНБЕ, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июли соли 2024 маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор шуд. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон низ дар гузашти ҳайатҳои олимпӣ иштирок намуд. Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон паҳлавони маъруф Темур Раҳимов буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Оташи олимпиро дзюдочӣ Тедди Ринер ва даванда Мари-Ҷозе Перек фурӯзон карданд.
Возможно, это изображение 17 человек и текст

Возможно, это изображение 2 человека и текст «द 3 TJK»

    Сипас президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 Тони Эстанге, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон суханронӣ намуданд.
    Ҳамчунин барномаи ҳунарӣ низ пешниҳод гардид.
Бояд гуфт, ки дар Бозиҳо аз 32 намуди варзиш 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 14 варзишгар, аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ менамоянд.
    Дар баробари Темур Раҳимов (ҷудо, вазни +100 кг) дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, инчунин 5 ҷудочии дигари тоҷик, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг иштирок менамоянд.

Возможно, это изображение 7 человек и текст

Возможно, это изображение лодка и текст

    Дар риштаи бокс давлати моро се муштзан -Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг муаррифӣ хоҳанд намуд.
Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук, дав ба масофаи 100 метр, Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни +67 кило ва Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 74 кило Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
    Имрӯз дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин шуда Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс рақобатро оғоз менамояд. Рақиби ӯ варзишгар аз Булғористон Радослав Реносов мебошад.

2024-07-27 13:06:53

ТАВАҶҶУҲ, ЭЪЛОН!

    Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки санаи 30 июли соли 2024, соати 9:00, дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 94 нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор мегардад.
    Намояндагони ВАО метавонанд, барои дарёфти маълумотнома ва пешниҳоди саволҳо ба Маркази матбуоти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тел: 881-88-80-41, e mail: roma-jum@mail.ru муроҷиат намоянд.
СОМОНАИ РАСМИИ КУМИТА www. Tahsilot.tj

2024-07-27 12:46:06

БАРОИ ТАҲИЯ НАМУДАНИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ ҶАЛАСА ДОИР ГАРДИД

Санаи 24 июли соли равон таҳти раёсати Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, бо иштироки муовинони раис Давлатзода Баҳрулло, Алишер Ализода, раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии кумита, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷаласаи Гуруҳи кории дохилиидоравӣ ҷиҳати таҳия, тарҷума ва нашри китобҳои дарсии соҳавӣ баргузор гардид.


Возможно, это изображение 4 человека


Возможно, это изображение 3 человека и текст


    Дар ҷаласа академик Фарҳод Раҳимӣ, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаи омода намудани китобҳои дарсӣ, тибқи Дастурамал оид ба таҳияи адабиёти таълимӣ зимни таълифи китобҳои дарсӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки ҳамчун муассисаҳои заминавӣ муайян карда шудаанд, дар таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ бо мутахассисон ҳамкориро ба роҳ монанд.
    Таъкид гардид, ки таъмини хонандагон бо китоби дарсӣ ба боло бурдани сифати таълим ва беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.

Возможно, это изображение 3 человека и текст

Возможно, это изображение 4 человека

    Дар фарҷоми ҷаласа, аз ҷониби Раиси кумита ба аъзои Гуруҳи кории дохилиидоравӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои саривақт таҳия ва тарҷума намудани китобҳои дарсӣ ва модулҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

2024-07-22 15:42:59

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ КУМИТА


22 июли соли ҷорӣ дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони Раиси Кумита, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии Кумита ва 15 нафар кормандоне, ки нав ба хизмати давлатӣ тариқи озмун қабул гардидаанд, иштирок намуданд.

Возможно, это изображение 1 человек


Возможно, это изображение 7 человек


    Нахуст Раиси Кумита ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур афзоиш меёбад, ки он барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.


Возможно, это изображение 1 человек и помост


Возможно, это изображение 1 человек и помост


    Дар ҷаласа ҳамзамон, баррасии масъалаи аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои кор, бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷалби беҳтари хонандагон ба литсейҳои касбӣ, ташкили махзани маълумотҳои оморӣ, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, таъмини хонандагону донишҷӯён бо маводҳо ва китобҳои дарсӣ, ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тарбияи ватандӯстии хонандагону донишҷуён, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, зиёд намудани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ инчунин, масъалаҳои болозикр ва бартараф намудани норасоиҳо чораҳои таъхирнопазирро андешанд.


 Возможно, это изображение 1 человек


Возможно, это изображение 1 человек и текст


Возможно, это изображение 1 человек и помост


    Ҳамзамон, мувофиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешавад, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ савганд ёд менамояд.
    Дар робита ба талаботи қонунгузорӣ, имрӯз, зимни баргузории ҷаласаи назоратӣ маросими тантанавии савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ, ки нав ба хизмати давлатӣ шомил шуданд, баргузор гардид.
    Хизматчиёни давлатии навтаъин дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд карда, бо имзо гузоштан ба манти савганди қироатнамуда, санадҳои мазкурро ба Раиси Кумита супориданд.

Возможно, это изображение 1 человек

Возможно, это изображение 1 человек

Возможно, это изображение 1 человек, помост и текст

Возможно, это изображение 1 человек и помост

    Дар охир, Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия, барнома, консепсия, протоколи ҷаласаҳои назоратии назди Раиси Кумита дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2024-07-18 16:23:36

Таъиноти кадрӣ 18.07.2024

    18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои мақомоти судӣ, Прокуратура, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.


Возможно, это изображение 11 человек и текст


    Номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод карда шуд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Раиси суди шаҳри Хоруғи ВМКБ, Раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кадрҳои ҷавону соҳибтаҷрибаи соҳа таъин карда шуданд.


Возможно, это изображение 8 человек и текст


    Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзидаю таҷрибадор ба вазифаҳои Муовини вазири маориф ва илм, Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Роҳбари Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”, Муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”, Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин гардиданд.
    Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ, Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунандаи ин соҳаҳо таъин карда шуданд.


Возможно, это изображение 5 человек, Овальный кабинет и текст


    Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин гардиданд.
    Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баъзе командирони қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ асосан аз ҳисоби кадрҳои дорои ду ва зиёда таҳсилоти олии ҳарбӣ амалӣ гардид.
    Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад.


Возможно, это изображение 14 человек и текст


    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат аз вазъи мураккабу зудтағйирёбанда дар минтақа ва ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ёдовар шуда, ҳозирин ва ба василаи онҳо ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муҳофизони Ватанро ба хизмати содиқонаю софдилона, баланд бардоштани донишу маҳорати касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа ва пурзӯр намудани қудрати дифоии давлат ҳидоят намуданд.
    Таъкид гардид, ки доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамеша дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои миллии Ватан аз ҷумлаи талаботи асосии роҳбарияти давлат аз ҳар як хидматчии давлатӣ ва муҳофизи марзу буми Тоҷикистони азиз аст.


Возможно, это изображение 8 человек и текст

2024-07-17 15:42:59

Ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
    Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир - Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
    Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҳайати кормандони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибати хотирмон табрик гуфта, аз таърихи оғози бунёди иншооти нав ёдовар шуданд.
    Таъкид гардид, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.
    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар биноҳои замонавӣ барои фаъолияти ду мақомоти калидии ҳокимияти давлати кишвари мо – Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст.
    Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин биноҳо ба пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҳусну таровати нав бахшида, симои онро боз ҳам зебову рангин менамоянд.
    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон, ки дар сохтмони маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.
    Президенти кишвар иброз доштанд, ки ин маҷмааи биноҳои бо дастгирии муҳтарам Си Ҷинпин бунёдгардида, дӯстии пойдор, рӯҳияи рафоқат ва муносибатҳои неки ҳамсоягии мардумони Тоҷикистону Чинро инъикос мекунад.
    Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дастгириҳои доимӣ аз раванди рушду пешрафти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва саҳми муассир дар бунёди маҷмааи биноҳои Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.



    Дар маросими ифтитоҳи расмии биноҳои боҳашамати парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳозирин ва мардуми кишварро бо ин рӯйдоди хотирмони таърихӣ табрику таҳният гуфтанд ва ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва мардуми ҳамсоякишвари бузург барои ин кумаки пурарзиши беғаразона арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.
    Сипас, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бо шароити корӣ дар бинои Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд.
    Зимни шиносоӣ ба Сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар рафти сохтмон беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок кардаанд.
    Бинои Парлумон дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо бунёд гардидааст.
    Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад.
    Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Возможно, это изображение небоскреб, храм и Темпл-Сквер в Солт-Лейк-Сити

Нет описания фото.

    Дар рафти сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ бунёд гардид. Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода шудааст.
    Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.
    Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд шудааст.
    Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат ҳуҷраҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату сохторҳои зертобеи он, толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта шудааст. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.
    Баъди шиносоӣ бо шароити бинои Парлумон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба кори босифати бинокорон баҳои баланд доданд.
    Бунёди биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи муносибатҳои судманду самимии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин бунёду ба истифода дода шуд, метавон намунаи олии ҳамкории ду кишвар номид.

Возможно, это изображение 5 человек и текст

Возможно, это изображение 8 человек и текст