Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-09-25 06:46:13

Иштирок ва суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда дар шаҳри Ню-Йорк

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки “ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносибро фароҳам овардааст”.

Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният, Сарвари давлати мо изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрӯза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои оид ба ҳалли мушкилоти иқлим, соҳаи об ва беҳдошт пешбинишуда, ҳанӯз кофӣ нест.

Дар ин зимн таъкид шуд, ки Тоҷикистон нақша дорад, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо саъю талошҳои худро барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, тақвият бахшад.

Раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” яке аз намунаҳои равшани талошҳои пайвастаи кишварҳо дар ин ҷода номида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, дар сатҳи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти фарогир ва пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ андешаронӣ намуданд.

Зимнан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Роҳбари кишвари мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзӯъ дар Паймон ба хотири оянда, ки аз руи натиҷаҳои ин саммит қабул мешавад, истиқбол намуданд.

Таъкид карда шуд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, зарур шумурда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин, муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади расидан ба рушди устувор иқдомҳои фаъолтарро роҳандозӣ намоянд.

 

 

2024-09-25 06:42:22

Мулоқот бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди кишвар номида, аз ҳамкории босамар бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар тӯли 31 соли ҳамкории дуҷониба бо дастгирии молиявии Бонк дар Тоҷикистон 116 лоиҳаи афзалиятнок дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар татбиқ шудааст.

Масоили ҷалби маблағ барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” аз мавзуъҳои умдаи суҳбат буд.

Ба Бонки Ҷаҳонӣ барои пешсафӣ ва иқдомҳои амалиаш дар раванди маблағгузории сохтмони Неругоҳи “Роғун” изҳори сипос карда шуд.

Ҳамчунин, оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногуни беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои иловагӣ ва идомаи раванди ислоҳот, табодули андеша сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ, бахусус барои тавлиди энергияи барқароршаванда ва рушди кишоварзӣ мебошад ва зарур аст, ки барои истифодаи босамар аз ин имконот дастгириҳои байналмилалии молиявию техникӣ афзун гардад.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 

2024-09-23 15:39:06

ҚАДРДОНИИ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ПОЛИТЕХНИКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ХУБИ МЕҲНАТӢ

Неъматулло Фаттоев, Директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе, барои фаъолияти хуби меҳнатӣ, дастовардҳои назарраси соҳавӣ ва нишон додани малакаи роҳбарӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.

Мукофотҳои мазкурро Ализода Алишер Ҳикматулло, муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ба Неъматулло Фаттоев тақдим кард.

Зикр шуд, ки Фаттоев Неъматулло Самадович баъди хатми факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуда, дар тамоми ин давра ҳамчун нроҳбарии воқеии масъулиятшиносу адолатпарвар ном баровард. Мавсуф аз соли 2005 инҷониб сарнавишти худро ба самти касбомӯзию соҳибкории пайваст. Ӯ набзи замону талаботи бозори меҳнатро ба хубӣ дарк намуд, ҷиҳати тарбияи мутахассисони донишманд саъю талоши пайваста дорад.

Неъматулло Фаттоев мегӯяд, касбомӯзӣ рӯҳи инсонро бо ахлоқи ҳамида, заҳматписандӣ, ростқавлӣ ва инсондӯстӣ қавитар мепайвандад ва ҳикмати мазкур тӯли ҳазорсолаҳо, пушт ба пушт ҳамнафаси мардуми ҳунарманди мо буд ва дар шароити имрӯз аҳамияти бештар касб кардааст. Рӯ овардан ба касбу ҳунар на танҳо тақозои бозори кори ҷумҳурӣ, балки сарчашмаи хушбахтии ҳар як инсон дар оила аст ва мо бахусус аз ҷавонону калонсолон даъват мекунем, ки худро аз ин ҷодаи бошарафу давлати бегазанд ҳеҷ гоҳ канор нагиранд.

Бояд гуфт, ки Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ҳоло соҳиби базаҳои беҳтарини омӯзиши касбҳои нави замонавӣ буда, дар давраи роҳбарии Неъматулло Фаттоев ба бастовардҳои назарраи соҳавӣ ноил шудааст.

2024-09-23 15:23:21

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

2024-09-23 15:08:13

РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ...

Ҳамасола санаи 22-юми сентябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари адабпарвару сулҳпарвари мо ҳамчунРӯзи Рӯдакӣтаҷлил карда мешавад. Боиси хушнудист, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо, тоҷикон ба марҳилаи нави худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ расидем. Зинда нигоҳ доштани ному корномаҳои бузургони илму адаби мо маҳз бо шарофату дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Далели ин гуфтаҳо дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани ҷашни 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2008 ба шумор меравад. Таҷлили ин ҷашн боис гардид, ки мо ба рӯзгору осори сардафтари адабиёти классикии форсии тоҷикӣ рӯ оварда, ҷиҳати интишори мероси адабии ӯ кушиш ба харҷ бидиҳем.

Устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ замоне ба бунё омад, ки халқи тоҷик пас аз муборизаҳои зиёди озодихоҳӣ соҳиби давлати бузурге бо номи Сомониён гардида буд. Давлати Сомониён тавонист дар як муддати кӯтоҳ забону адабиёти тоҷикӣ - форсиро эҳё намояд. Бояд таъкид намуд, ки дар тарбияи маънавии одамушшуаро Рӯдакӣ нақши шоҳони сомонӣ, махсусан, Наср ибни Аҳмад ва вазири донишманди ӯ Абулфазли Балъамӣ басо бузург аст.

Устод дар як байти худ ин мавзуъро чунин ба қалам медиҳад:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Шоир андешаҳои инсондӯстии худро тавассути образу тасвирҳои воқеӣ бо далелҳои ҳаётӣ муассиру нишонрас ба қалам медиҳад.

Мавзуи дигаре, ки дар шеъри устод Рӯдакӣ инъикос ёфтааст, мавзуи хираду дониш, тарбияи инсон ва некиву накукорӣ мебошад. Масалан дар ин абёт хеле ҷолиб ба мушоҳида мерасад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз,то бад-он гузарӣ.

Устод Рӯдакӣ дар шеъри дигари худ масъалаи хираду хирадмандиро чунин ба қалам медиҳад:

Эй дареғо, ки хирадмандро,

Бошад фарзанду хирадманд,не.

Гарчи хирад дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд, не.

Дар баробари чунин шеърҳо абёте дар таркиби ашъори барҷомондаи шоир зиёд аст, ки ӯ дар онҳо аз бетафовутии худ нисбат ба нозу неъмати ҷаҳон сухан мегӯяд ва андарз медиҳад. Масалан:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.

Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,

Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст?!

Дар абёти зер шоир аз замона панд мегирад, ки чунин аст:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона, чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст.

Ба рӯзи неки касон, гуфт, то ту ғам нахӯрӣ,

Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

Замона гуфт маро: Хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!.

Муҳаққиқон устод Рӯдакиро ҳамчун суханвари ҳаким баҳогузорӣ кардаанд. Ҳамин аст, ки дар осори ӯ панду насиҳат, суханҳои ҳикматомез, ки хислатҳои беҳтарини одамиро тарғиб ва рафтори ношойистаи онро маҳкум мекунад, ниҳоят бисёр аст. Таъсири бузурги суханони ҳикматомези ӯ гуфтаҳои берӯҳи хушку холӣ набуда, балки натиҷаи таҷрибаи ҳаёти ҳаррӯза, ҷамъбасти хирадмандонаи рафти зиндагӣ мебошад. Аз ин сабаб аксари суханҳои пандомӯзи ӯ барои имрӯзи мо низ аҳаммияти бузурги маънавӣ дорад.

Қобили таъкид аст, ки дар шеър устод Рӯдакӣ инсон ва табиатро на вуҷуди дугона, балки пайкари ягона ба қалам медиҳад ва ба тавассути тахайюл фақат аз ашёи маҳсус фоида бурда, дар зоҳири унсурҳои сағиру кабир шабоҳати аҷиб ва вуҷуди воҳидро мебинад:

Рӯят - дарёи ҳусну лаълат марҷон,

Зулфат -анбар, садаф даҳан, дур(р) - дандон.

Абрӯ -киштиву чини пешонӣ мавҷ,

Гирдоби бало -ғабғабу чашмат -тӯфон.

Ё ин ки:

·        Эй аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,

·        Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ.

·        Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ ҳама ҷӯ,

·        Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ ҳама кӯ.

Агарчи асоси шеъри устодро аксаран ашёҳҳои моддии ҳастӣ ва унсурҳои муҳити табиӣ ташкил мекунанд, ба хотири шеърияти маъно ва ҷанбаи тасвириро касб намудан шоир аз мафҳумҳои абстракт низ истифода намуда, мазмуни ҷолиберо рӯйи кор овардааст:

Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад.

Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.

В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм,

Як қатраи об бар лабам кас накунад.

Дар рубоии боло дар доираи ду мафҳуми абстракт - ҳодиса ва таб, ҳамчунин як мафҳуми моддӣ – мардумаки чашм дар шеъри ғиноӣ як навъ амали ҳамосӣ рӯйи кор омада, ҳолат ва вазъияти шахси фоъилро хеле барҷаста тасвир намудааст.

Аз мероси бузургу гаронбаҳои бадеии устод Рӯдакӣ имрӯз танҳо абёти пароканда боқӣ мондааст. Вале аз ҳамин ашъори пароканда ҳам бузургии шоир ба хубӣ эҳсос мешавад. Шояд аз парокандагӣ ва нотамомии абёт мустаҳкамии композитсия, шавқангезии сюжет ва дурахши бадеии шеъри ӯ барҷаста намоён набошад. Аммо гоҳо як мисраъ ҳам бузургии шоирро ба назари мо ҷилвагар месозад. Мо устод Рӯдакиро аз рӯҳи инсонпарваронаи шеъри ӯ, аз образҳои нотакрору ҷовидонӣ ва гардишҳову хулосаҳои аҷоиби файласуфонааш мешиносем.

Ҷиҳати ҷолиби таваҷҷӯҳи назми Рӯдакӣ, пеш аз ҳама он аст, ки дар шеъри ӯ, хоҳ сатрҳои ошиқона бошанд, хоҳ панд ва хоҳ шикояту гилагузорӣ, эҳсоси инсон суруда шудааст, ҳама ашъори шоир саршор аз андеша дар сари тақдири инсон аст. Ӯ яке аз аввалин классикони шеъри форсист, ки ба тасвири инсон таваҷҷуҳ карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард. Гуманизми устод Рӯдакӣ дар ашъори ахлоқию иҷтимоии ӯ боз ҳам равшантар зоҳир гардидааст. Устод Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок, одамият, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ талқин шудааст. Устод Рӯдакӣ маънии Ҳаёт ва моҳияти рӯзгори инсонро дар он медонад, ки мардум умрашонро ба беҳудагӣ нагузаронанд, аз паи кореву ҳунаре шаванд, касеро наёзоранд, нексиришту неккирдор бошанд. Аз назари устод Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёест ва аз он танҳо бо киштии некию накӯкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омӯзгори инсон барои устод Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагист. Ҳар кас, ки аз баду неки зиндагӣ ибрат гирифтааст, ҳама мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ бартараф карда метавонад. Аз бисёр шеърҳои ӯ бар зидди замон ва нобаробариҳои иҷтимоӣ садои эътирози сахте шунида мешавад.

Хулоса, шеъри устод Рӯдакӣ на танҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи ғоявӣ ба ҳимояи манфиати мардуми одӣ нигаронида шудааст, балки аз ҷиҳати забону тарзи баён низ ба ин гурӯҳи ҷамъиятӣ наздикӣ дошт. Устод Рӯдакӣ ҳанӯз аз замони худ дар байни аҳли адаб, тазкиранигорон ва дигарон шуҳрати азим ва мақоми баланд дошт. Дар тамоми тазкираҳо, асарҳои адабиву таърихӣ номи устод Рӯдакӣ чун шоири пурқудрату боистеъдод зикр гардидааст. Бисёр шоирон дар ашъори худ устод Рӯдакиро бо эҳтиром ёдовар шуда, ӯро «Одамушшуаро», «Соҳибқирони шоирӣ», «Устоди шоирони ҷаҳон» хондаанд. Масалан, чунин эҳтироми беандозаро мо дар байтҳои зерини Низомии Арӯзии Самарқандӣ дида метавонем, ки бар зидди бадхоҳони шоири бузург гуфтааст:

Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,
Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.


Назар Муҳаммадхоҷа,

котиби масъули рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар”

2024-09-20 15:59:55

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТАЪЛИМ – САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

“Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар замони ҷаҳонишавӣ рушди босуръати техника ва технологияи муосир зиндагии аҳли башариятро куллан тағйир дода, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро ба вуҷуд овард, зеро ҳамарӯза даҳҳо техникаҳои ҷадиди замонавӣ кашф ва ба истифода дода шуда, равишҳои корӣ оҳиста-оҳиста ба шакли электронӣ мегузаранд. Дар ин раванд, кашфи компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин дастовардҳои асри гузашта ба шумор меравад. Вале дар асри XXI ин раванд, яъне рақамикунонӣ якбора бо суръати баланд рушд намуда, фаъолият ва зиндагии инсонро бамаротиб осону дигаргун сохт. Он ба инкишофи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири мусбат расонида, тараққӣ кардани соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамқадам бо давлатҳои дигари олам буда, дар пайи тараққӣ кардани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо истифода аз технологияи муосир ва рушди ин самт басо тадбирҳои муҳим андешида истодааст. Аз ин рӯ, бо роҳандозӣ гардидани барномаҳои мушаххаси давлатӣ онҳо сол аз сол ба натиҷаи дилхоҳу назаррас майли ноилшавӣ доранд.

Имрӯз дар кишвари мо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи мазкур қабул гардида, масъулин пайи татбиқи онҳо ҳамеша ҷаҳду талош мекунанд ва камар мебанданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, таҳти №1174 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2012-2020 бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, таҳти №468 Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон қабул гардид. Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии кишвар бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, таҳти №451 тасдиқ шуда, Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 таҳти №1713 қабул гардид.

Дар давраи муосири рушди ҷомеа зиёд шудани ҳаҷми афзоиши иттилоот талаб менамояд, ки ба суръат ва сифати азхудкунӣ ва истифодаи минбаъдаи он дар фаъолияти касбӣ эътибори хоса зоҳир намоем. Мақсади ҷалб ба таҳсилот дар ин соҳа низ таълиму тарбияи мутахассисони дараҷаи баланд мебошад. Ин талабот ба таълими омӯзгорон ҳамчун тарбияткунандагони мутахассисони оянда бештар дахл дорад.

Марҳилаи имрӯзаи рушди таҳсилот тағйироти сифатии мазмун, сохтор ва татбиқи технологияҳои нави таълимро дар раванди таълими омӯзгорон тақозо менамояд.

Бояд қайд намуд, ки аксарияти омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ имрӯз дар самти истифодаи технологияи иттилоотӣ омодагии касбии камтар доранд. Аз ин рӯ, ин омилҳо метавонанд ба паст шудани сатҳи умумии қобилияти зеҳнии донишҷӯён таъсири манфии худро расонанд.

Коркарди технологияҳои нави таълими омӯзгорон дар макотиби таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун фанни асосӣ барои омӯзгорони оянда имконияти баланд бардоштани сифати дониши педагогии донишҷӯёни ихтисосҳои мухталифро фароҳам оварда, сатҳи фаъолияти мустақилонаи таълимӣ-маърифатии онҳоро муайян менамояд. Ин технологияҳо бояд дар асоси муносибатҳои замонавӣ ба дараҷаи тайёр намудани мутахассисони соҳа коркард шуда бошанд. Барои саҳеҳ баҳо додан ба фаъолияти таълимии донишҷӯёну хонандагон коркарди технологияи баҳодиҳии сатҳи азхудкунии мавзуъҳои фаннӣ муҳим аст. Ин имконият медиҳад, ки ҳисси қаноатмандии хонандагон аз раванди таълим афзун шавад.

Инчунин, истифодаи технологияҳои муносибати инфиродӣ, технологияии модулӣ-рейтингӣ, технологияи интерактивӣ ва ғайраҳо дар раванди омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ мусоидат менамояд.

Истифодаи васеи технологияҳои таълим дар раванди омӯзиш қобилиятҳои омӯзгорони ояндаро такомул дода, барои таълиму тарбияи мутахассисони ин соҳа нақши муҳим мебозад. Ба омӯзгор лозим аст, ки ба инкишофи қобилиятҳои эҷодии равшангарони роҳи оянда низ эътибор зоҳир намояд, зеро он элементи зарурии машғулияти замонавӣ мебошад.

Аз дараҷаи фаъолнокии эҷодии донишҷӯён самаранокии фаъолияти таълимӣ барои инкишофи тафаккур вобастагии калон дорад. Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълими фанни мазкур имконият медиҳад, ки якрангии машғулиятҳо ва фаъолияти устодон бартараф карда шавад. Ба омӯзгорон лозим аст, ки имкониятҳои равонӣ педагогӣ, дидактикӣ, ташкилӣ ва технологии истифодабарии фанни мазкурро дар самти тахассус барои донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ омӯзанд ва тадқиқ намоянд, то ки таълими ин фан мақсаднок гардад.

Бояд таъкид кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз истифобарандагони шабакаи интернет ва технологияи иттилотӣ зиёд шуда, дар ҷомеа технологияҳои инноватсионӣ мавқеи калон пайдо карда истодааст. Технологияи инноватсионӣ ҳам ба сифати илмие, ки роҳҳои беҳтарини таълимро тадқиқ менамояд, ҳам ба сифати системаи тарзҳо, принсипҳое, ки дар таълим истифода мешаванд ва ҳамчун раванди таълим баромад мекунад.

Дар сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илмҳои информатсиониву дақиқ, рӯ овардан ба технологияи муосири таълимӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷойгоҳи махсус дошта, Сарвари давлат борҳо дар мулоқот бо аҳли маориф зарурияти омода кардани мутахассисони касбии соҳаро амри воқеӣ гуфтанд.

Воқеан, барои рушду такомули техникаву технология дар фосилаи 33 соли соҳибистиқлолӣ корҳои азиме ба сомон расонида шуда, Ҳукумати мамлакат бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав ва махсусан рушди соҳаи саноат дар кишвар, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд.

Ҳадафи Пешвои муаззами миллат бо роҳандозии тадбирҳоимазкур,пеш аз ҳама, омода кардани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки иқтидори истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Ба мамалакат мутахассисоне лозим ҳастанд, ки аз лиҳози касбият, дониш ва нерӯмандӣ тавонанд бо технологияи муосири идоракунӣ кор карда тавонанд.

Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавон омӯзиши технологияи муосирро бештар талқин намоем, зеро ояндаи миллат, пешрафт ва шукуфоии он аз чунин ҷавонони қобилиятнок ва соҳибистеъдод вобастагии калон дорад.

Шуҳрат ЗИКИЛЛОЕВ,

омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумова



2024-09-20 15:23:35

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара

19 сентябр дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин муассисаи таълимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 1,23 гектар бунёд гардида, туҳфаи арзандае ба сокинони ин деҳа дар оғози соли нави таҳсил арзёбӣ гардид.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки аҳолии деҳаи мазкур 4500 нафарро ташкил дода, қаблан хонандагон дар бинои кӯҳнаву хурде, ки солҳои 30-юми асри гузашта бунёд гардида буд, таҳсил мекарданд. Бо зиёд шудани аҳолӣ зарурати бунёди муассисаи наву замонавӣ ба вуҷуд омад, ки инак бо иқдоми неки соҳибкорон амалӣ карда шуд.
36 синфхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти таълимӣ ва шароити мусоид барои омӯзгорон ва хонандагон ҷиҳозонида шудааст, ки минбаъд кӯдакону наврасони деҳаи мазкур бо истифода аз ин имконоти муосир, дониши худро такмил медиҳанд.
Роҳбари давлат иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ, муҳим арзёбӣ намуда, онро амали ибратбахш ва шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 китобхона ҳам мавҷуд аст, ки дорои адабиётҳои бадеӣ ва таълимӣ буда, дар қироатхонаи он дар як вақт наздики 40 нафар метавонанд адабиёти дилхоҳашонро мутолиа намоянд.
Синфхонаҳои фаннии физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, география, забони русӣ, математика ва таълими меҳнати писаронаву духтарона бо асбобҳои айёнӣ ва озмоишгоҳу дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин буда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо мусоидат менамоянд.
Маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ, ки дорои 198 ҷойи нишаст аст, барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ пешбинӣ шудааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти мазкур як толори варзишӣ барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футбол низ мавҷуд аст, ки ҳуҷраи ивази либос, ҳуҷраи мураббӣ ва амбор барои нигоҳдории асбобҳои варзишӣ ҳам дорад.
Ҳамчунин дар саҳни бинои мазкур боз се майдончаи дигари варзишӣ барои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст.
Системаи гармидиҳии мутамарказ бо истифода аз ангишт имкон медиҳад, ки синфхонаҳо дар фасли зимистон гарму бароҳат бошанд.
Саҳни ҳавлии ин иншооти соҳаи маориф сабзкорӣ ва сафолакпӯш карда шуда, ҳамчунин роҳи мактаб ва дигар роҳҳои ҳамшафати он асфалтпӯш карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ моҳи марти соли 2024 оғоз гардида, дар муддати шаш моҳ бо сатҳу сифати баланд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати маҳаллӣ бунёд карда шуд. Атрофи иншоот панҷарабандӣ гардида, ҳамчунин бо камераҳои назоратӣ ҷиҳозонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дастгириҳои давлатӣ нисбат ба соҳибкорон, алахусус пешниҳоди имтиёзҳо ва татбиқи барномаҳои шарикии давлат бо бахши хусусӣ соҳибкоронро барои саҳмгузорӣ дар ободии Ватан дилгарм намудааст.
Натиҷаи ҳамин буд, ки дар ноҳияи Данғара давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорон муассисаҳои зиёди таълимӣ ва томактабӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
Танҳо дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия беш аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва боғчаи бачагона бунёд гардидааст.
Ҳамчунин дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба шарафи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 37 муассисаи нави таълимӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 16-тои он ифтитоҳ карда шуд.
Танҳо дар доираи сафари кории имрӯза боз 6 муассисаи нави таълимӣ ва се муассисаи томактабӣ бо саҳми соҳибкорони ватандӯст, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор дода шуд.
Маориф дар авлавияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳа афзун мегардад.
Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳ буд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби медал мешаванд, ба маротиб афзоиш меёбад.

 

2024-09-20 15:19:52

Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоеваи маркази ноҳияи Данғара баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки мактаб барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, пурра аз ҳисоби сокинони ноҳия, аз ҷумла, соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва то соли таҳсили 2026-2027 ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Масоҳати умумии қитъаи замини мактаби бунёдшаванда 1,57 гектарро ташкил дода, масоҳати умумии иншооти сохташаванда 8 ҳазору 40 метри мураббаъро дар бар мегирад. Таълимгоҳ аз 4 ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд. Ҳамчунин дар муассиса бунёди толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст, ки мувофиқ ба стандартҳои муосир сохта мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи мактаб, ба бинокорон ва ташаббускорони ин иқдоми наҷиб, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмон ва назорати сифати маҳсулоти истифодашаванда дастурҳои мушаххас доданд.

Соҳибкорони ноҳия барои дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат дар самти соҳибкорию бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ талош менамояд барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро гузоранд.

2024-09-20 15:17:22

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара

 

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-ро дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи нави дуошёнаи таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар муҳлати 8 моҳ бунёд ёфта, дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои тозабунёди соҳаи маориф дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинг дар масоҳати 1,75 гектар, дуошёна сохта шуда, дорои 36 синфхонаи таълимӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 198 курсӣ, китобхона, ошхона бо 95 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

7 синфхонаи мактаб барои фанҳои муайян, аз ҷумла таълими меҳнати писарон ва духтарон алоҳида, кор бо комютер ва дарсҳои химия, физика ва биология муҷаҳҳаз шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди чунин мактаби замонавӣ, ки бо анҷоми ин тадбир мушкилоти норасоии синфхонаҳо дар деҳаи Алиҷон пурра бартараф гардид, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки имкониятҳои мавҷудаи ин даргоҳи илму маърифат бояд самаранок истифода гардад, то насли имрӯзу оянда дар руҳияи ватандустӣ ба камол расанд.

Барои таъмини гармӣ дар бино, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки бо ангишт фаъолият менамояд ва тавассути он тамоми синфхонаҳои таълимӣ дар фасли тирамоҳу зимистон гарм нигоҳ дошта мешавад.

Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ 26 омӯзгор фаъолият менамояд, ки барои онҳо тамоми шароит муҳаё карда шудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф биноҳои наву замонавии дорои шароити муосир бунёд шудааст ва ин тадбир ба боз ҳам беҳтар шудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.

Дар шафати бино ҳамзамон майдончаи муосири варзишӣ бунёд шудааст.

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ гирду атрофи бинои муассиса бо шинонидани дарахтони сояафкан ва сабзкорӣ зебову назаррабо гардидааст.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон боз азм доранд, ки чунин тадбирҳои бунёдкориро дар дигар деҳаҳо ба анҷом расонанд.

2024-09-20 15:09:40

Ифтитоҳи бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, бинои Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати зиёда аз 1 гектар, бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, кӯдакистони мазкур пас аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар мавриди бунёди муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи деҳот ва маҳалҳо, Муассисаи томактабии "Ворисон" дар муддати хело кӯтоҳ аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори ноҳия бо сифати баланд ва шароити замонавӣ омода шудааст.

Дар иншооти навбунёди таълимӣ 150 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 10 нафар мураббия ва ёрдамчиёни мураббияҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб карда шудааст. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 22 нафарро ташкил медиҳад. Бино дорои 17 хуҷраи барҳавои машғулиятгузаронӣ, аз ҷумла 5 хуҷраи хобу истироҳат, ошхона бо 25 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёнитҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуд аст. Бинои кӯдакистон бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳои зарурӣ бо оби гарм таъмин мебошад.

Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии дӯстрӯякон, толори мусиқӣ низ фаъолият менамояд.

Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомшуда ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, ба соҳибкорони меҳандӯсти ноҳия барои пайравӣ ба сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Саҳни бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишию ҳамешасабз ороста буда, даромадгоҳи он бо пештоқи ҷолибу назаррабо, ки аз ҷониби меъморон бо завқу салиқаи баланде ороиш ёфтааст, барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии дӯстрӯякон муассир аст. Ҳамзамон дар саҳни бино ду айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳои тарбиятгирандагон сохта шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону масъулин, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар рўҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби кӯчаки онҳо, дастуру хидоятҳо доданд.

2024-09-20 15:08:11

Боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара

 

19 сентябр дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир» шинос шуданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Роҳбари давлат лоиҳаи марҳилаи навбатии корхонаи саноатӣ муаррифӣ гардид.

Дар марҳилаи дуюм тибқи лоиҳа бунёду ба истифодадиҳии 10 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, бо ин ҳаҷми истеҳсол ва номгӯи маҳсулоти корхона давра ба давра афзоиш дода мешавад.

Марҳилаи навбатии лоиҳаи бунёди корхонаи мазкур бо ҷалби сармоягузории Тоҷикистону Чин амалӣ карда шуда, баъд аз истифодаи он 50 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир» соли 2018 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гардида буд.

Иншооти соҳаи саноат дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ, ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардида, ҳоло фаъолияти назарраси истеҳсолӣ дорад.

Ҳоло дар марҳилаи якуми корхонаи мазкур зиёда аз 100 нафар, ки 80 фоизи онро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳад фаъолият намуда, маҳсулоти корхона асосан дар соҳаи роҳсозӣ, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва кандани нақбҳо истифода карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмон ва ҷиҳозонидани ҳарду марҳилаи ин корхонаи муштараки саноатӣ бо ҷалби беш аз 220 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ сурат гирифта, дар он зиёда аз 150 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ашёи хом барои истеҳсоли номгӯи гуногуни маҳсулоти саноатӣ аз дохил ва хориҷи кишвар дастрас шуда, маҳсулоти ниҳоӣ дар баробари таъмини талаботи дохилӣ ҳамзамон ба баъзе аз кишаварҳои хориҷ содир мегардад.

Дар корхонаи мазкур беш аз 20 намуд таҷҳизоти муосир насб шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сармоягузоронро барои таъсиси марҳилаи навбатии ин корхонаи саноатӣ намунаи ҳамкорӣ дар самти рушди истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ дар дохил муҳим арзёбӣ намуда, масъулони соҳаро дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо ҷалби сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расонанд.

2024-09-20 15:06:25

Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез

 

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.

Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур рӯйи даст гирифта шудааст.

Зимни муаррифии лоиҳа, иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 2 ошёна ва 5 бино иборат шуда, аз 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳа, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд иҷро намуда, то моҳи сентябри соли 2026 иншоотро ба истифода диҳанд.

2024-09-19 09:15:07

БЕ МУРРАБӢ ЗЕРИ ГАРДУН МӮЪТАБАР НАТВОН ШУДАН

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

                                                                                              (А. Ҷомӣ)

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон муррабӣ рамзӣ баҳор аст. Оре, бе муррабӣ кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Аз қадим бузургони илму адаб ба муррабӣ эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои муррабӣ шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқи мондааст.

Муррабии аввалин, чӣ тавре ки аз номаш бармеояд, онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд:

                                               Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар».

Аз ин ҳама андешаҳои ҷолиб чунин бармеояд, ки муррабӣ, устод, муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муоссир дошта, боиси эҳтиром ва шаҳомат низ гаштааст.

Муррабии аввалини ман модар аст. Ҳар чизеро, ки то даврони мактабхонӣ медидам, аз ӯ пурсон мешудам. Модар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мани кунҷков ошно месохт. Муррабии дигари ман  ин худ зиндагист, ки касро ба баду некӣ ҷаҳони фонӣ ошно меозад.

Аммо хидмати омӯзгор бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури касро бо тозагулҳои муаттари маьрифат зиннат медиҳад. Дар ин бора Заҳири Форобӣ гуфтааст:

Ин дасти бастаро ту кушодӣ, ки оқибат,

Он кас кӣ буд, ки тарбия устодвор кард.

Хулоса, муррабӣ, устод ва омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тар­бияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хизмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омаданд, аммо, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд. Аз ин рӯ, эҳтироми муррабӣ вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст, Оре:

                                                Ҳар кӣ  н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

                                                Низ  н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

 

Фозил Бобозода Ашурмаҳмад,

Сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-09-19 08:48:07

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ МИНБАРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

«Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои точикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муарраифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд».                                                                                                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН

Забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рушду пойдор сохтани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ воқеаи тақдирсози фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009, №553, қабул гардид, ки ҳадаф ва мақсади ниҳоии он рушди забон чун падидаи фарҳанг, васеъ намудани амалкарди забони тоҷикӣ дар таълим, коргузорӣ, илм, васоити ахбори омма, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ омили муҳимми эҳёи забони тоҷикӣ мебошад.

Забони давлатӣ яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ махсуб ёфта, омили ваҳдати миллӣ низ мебошад Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Эътироф гардидани забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ба муттаҳид шудани тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон мусоидат намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он ва дар баробари ин донистани забонҳои хориҷӣ пайваста таъкид менамояд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2010 ба ҷавонон муроҷиат намуда кайд намуданд, ки «… тамоми нерӯи худро барои аз бар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳарҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед».

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеъии эҳёи забони мо дониста мешавад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмиллаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномахо ва қарордодҳои муҳимро ба имзо мерасонад. Орзуву омоли на танҳо зиёиёни кишвар, балки кулли сокинони мамлакат ҳамин буд, ки давлату миллат ва забон раҳнамову саробоне ёбанд. Пешбурди сиёсати давлатӣ ва талош барои муаррифӣ кардани Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ба ин натиҷаи судманд расонид, ки Президенти кишвар шарафи суханронӣ дар балантарин минбарҳои ҷаҳониро дарёфта, паёми халқи тоҷикро бо забони тоҷикон ба ҷаҳониён расониданд. Аз чумла, нахустин маротиба Эмомалӣ Раҳмон аз номи Тоҷикистони соҳибихтиёр 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ оид ба даҳшатҳои ҷанги дохилӣ, баргардонидани гурезаҳо ва нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли муноқишоти Тоҷикистон ба таври муфассал суханронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо роҳбарии Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ сиёсати забон ташаккул ёфт. Ин мавзӯъҳамеша ба як ҷузъи муҳимми давлатдорӣ табдил ёфта, барои пешбурди он силсилаи қонуну қарорҳо, барномаҳо андешида шуда, фаъолияти кумитаи алоҳида ва якчанд комиссияву гурӯҳии кориву назоратӣ ташкил карда шуданд. Масалан, соли 1995 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта,21-уми октябри соли 1997 Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ба таъкиди Сарвари давлат, забони миллӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ, омили воқеии эҳё ва такомули забони миллӣ мебошад. Роҳбарияти олии мамлакат талош бар он доранд, ки сиёсати давлатии забонро сол аз сол нерӯманду муассир гардонад. Тадбири дар соли 2008 ҷашн гирифтани 1150-солагии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ин солро соли гиромидошти забони тоҷикӣ эълон намудан раванди тақвияти татбиқи забонро бамаротиб қувват бахшид. Президенти мамлакат ба ин муносибат дар суханронии худ иброз намуданд: «Имрӯз замоне фаро расидааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бояд ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеа ва даврони муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд». Маҳз дар ҳамин ҷамъомад Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки барои ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми мардум ба забони модарии хеш, соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида, якҷоя бо ҷашни 1150-солагии одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки мавқеи устувори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сарпарастӣ аз забони давлатӣ ва роҳнамоӣ дар рушду густариши он, пеш аз ҳама, дар таълифоти эшон возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Хоса, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро метавон марҳалаи тозаи хидмат дар соҳаи забон шуморид.

Сарвари давлат дар асоси таҳлили зиёда аз чаҳорсад сарчашмаи илмии ватаниву хориҷӣ кӯшидаанд, ки ба печидатарин масъалаҳои баҳсноки давраҳои қадим ва миёнаи забони тоҷикӣ равшанӣ андозанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикиро яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи забони модарӣ ҳисоб карда, дар ин замина роҷеъ ба маъалаи истилоҳот ва махсусан таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони модарии мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва аз масъалаҳои ҳалталаб барои ҷомеаи мо ба шумор меравад, дастур медиҳанд, ки барои ҳарчи зудтар ба ҳадаф расидан – аз олимони ботаҷрибаи соҳаҳои гуногун гирифта, то корманди одӣ –дар ин кори муҳим саҳм гиранд.

Ин нуктаро қайд намудан зарур аст, ки масъалаи забон аз диди Президенти кишвар на фақат падидаи фарҳангист, балки он дар навбати аввал масъалаи муҳими сиёсию давлатист. Бинобар он дар ҳалли масъалаҳои забон, пеш аз ҳама, давлат манфиатдор аст, чунки мафҳумҳои миллат ва давлату забон тавъаманд мебошанд.

Рухшона ДАВЛАТШОЕВА,

мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-09-19 08:37:35

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти варзишӣ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи мазкур иштирок намуданд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ дар қисмати тантанвии чорабинӣ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд кард, ки сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соҳаи варзиш дар кишвар аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд. Ташкилу ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идомаи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат аст.

“Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, донишҷӯ-варзишгарони Коллеҷи технологӣ дар оянда метавонанд дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд”, - гуфт Раиси Кумита.

Сипас, Муҳаммадтолиб Шокирзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, гуфт, Истиқлолияти давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи варзиш дар мамлакат заминаи воқеӣ ва устувореро гузошта, пешравӣ ва дастовардҳои арзандае, ки варзишгарони муваффақи кишвар дар зарфи қариб 33 соли соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, на танҳо дар зарфи 70 соли Шӯравӣ, балки дар тамоми паҳнои таърих барои миллати тоҷик беназир аст. Бешак, дар саргаҳи ҳамаи ин дастовардҳо ташаббус ва сиёсати варзишпарваронае меистад, ки мардуми шарафманди тоҷик онро ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъаманд.

Қайд гардид, ки маҷмааи мазкур аз майдончаи ҳозиразамони варзишӣ барои ҳаводорони бозии футбол иборат мебошад. Дар атрофи майдонча корҳои ободонию кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, гирду атрофи он сафолакпӯш карда шуда, шафати пайроҳаҳои пиёдагузар бо гулҳои мавсимӣ зебо гардонида шудааст. Майдонча аз ҳисоби маблағҳои Коллеҷи технологӣ сохта шуд. Корҳои бунёдӣ моҳи майи соли 2024 оғоз шуда, дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтанд.

Донишҷӯёни муассиса бо хушҳолӣ аз ифтитоҳи боз як иншооти варзишӣ-фарҳангӣ аз ғамхориҳои ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози сипосу миннатдорӣ намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки дар оянда барои рушди ин навъи варзиш дар худи муассиса ва берун аз он саҳм гузошта, дар сабқатҳои гуногун иштирок мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки ба истифода додани майдончаҳои варзишию солимгардонӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи татбиқи барномаҳои ободониву созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодаанд.

2024-09-17 16:36:31

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ВА КАФИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастоварди миллати куҳанбунёду тамандунофари тоҷик буда, нишони мустақилият, ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои эҷоди аркони давлатдории муосир шароит фароҳам оварда, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик армуғон овард.

Муосиртарин падидае, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта мардуми мо мушарраф гардид, ин Истиқлолияти давлатӣ буд, ки бо шарофати он Тоҷикистон роҳи минбаъдаи рушди хоҷагии халқи мамлакатро муайян намуда, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ватану давлатдор будани халқи тоҷик огаҳӣ ёфт. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ асосҳои сохтори кониститутсионӣ дар кишвар такмил ёфта, тайи 33 соли мавҷудияти давлат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба нишондодҳои назаррас ноил гардиданд. Рӯз аз рӯз сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда, назари аҳолӣ ба истиқлолхоҳию сатҳи худшиносии миллӣ ҳамаҷониба рушд ёфт. Агар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ба назар орем, дастовардҳо дар иқтисодиёт ва истеҳсолот назаррас ва бисёр арзандаанд, зеро 33 сол дар таърих муддати зиёд нест, аммо бо татбиқи сиёсати дурусти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасад.

Дар ин давра ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии аҳли ҷомеа боло рафта, соҳибкориву тиҷорат, ҷаҳонбинии мардум ва корхонаҳои муштараки хусусию давлатӣ рушд ёфтанд. Бо тараққӣ ёфтани соҳаи иқтисодиёт ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд, ки ин боиси самаранокии корхонаҳо ва афзоиши иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бозори ҷаҳонӣ аллакай рақобатпазир гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин корхонаҳои муштарак зиёда аз 90 фоизи коргарону мутахассисонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба рушди иқтисодиёт заминаи устувор гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтисоди ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ ворид гардид, ки ин инкишофу пешрафти давлатамонро дигаргун ва босамар сохт. Рушди равобити иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриямон мустақиман ба миён омада, махсусан ба раванди содироту воридоти маҳсулот таъсир расонд.

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастоварди назарраси иқтисодӣ дар даврони истиқлол ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Ба вуҷуд овардани тарз ва усулҳои нави муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ дар бозорҳои истеъмолии дохилӣ баҳри рақобати бозорӣ, зиёд кардани маҳсулот, сифати молу маҳсулот ва рушди соҳибкории хурду миёна ба амал омада, дар умум ба афзоиши истеҳсолоти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт боис гардиданд.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард қадами бузург баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳимми ҳамгироии ҷомеа мебошанд. Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки маҳз истиқлолу ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшонро муайян карда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолии нав ва ҷалби технологияҳои навин (инноватсионӣ) диққати асосӣ дода шуда, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолии замонавӣ фаъолият доранд ва ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили солгарди Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат дар ҳудуди ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шудаанд ва минбаъд низ корхонаҳои нави истеҳсолӣ махсусан корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, ба истифода дода мешаванд, ки зиёд шудани истеҳсолот ва рақобатпазир гардидани он, дар маҷмуъ барои рушди устувори Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Истиқлоли давлатӣ имконият дод, ки кишвари мо робитаҳои мустақими тиҷоратию иқтисодиро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор намуда, дар баробари амалисозии фаъолияти содиротию воридотӣ, ҳамчунин ҷалби сармоягузориро ба роҳ монад. Ин буд, ки тавассути андешидани чораҳои мушаххас сармоягузорӣ дар кишвар такмил ёфта, ба сармоягузорони хориҷӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешниҳод шуд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки бахши сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми муассир гузорад.

Ҳамин тавр, бо гузашти 33 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ дар заминаи сиёсати созанда рушди бемайлон дошта, такмили муносибатҳои истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ва иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии орзуҳо табдил ёбад.

Юсуфов Шамсулло,

сардори раёсати молия ва баҳисобгирии молиявии

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-09-17 16:27:35

Мулоқот бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз вусъати ҳамкории Тоҷикистон бо Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо, инчунин таваҷҷуҳи рӯзафзуни доираҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Саҳми назарраси Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи стратегияҳои милии кишвари мо таъкид гардид.

Ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз ҳиссагузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар Бадахшон, ҳамчунин, навсозии неругоҳи Норак ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони неругоҳи Роғун низ идома ёбад.

Истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон, аз ҷумлаи самтҳои ояндадор номида шуд.

Олаф Шолтс изҳор дошт, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидоэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст. “Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем” – таъкид дошт Олаф Шолтс.

Роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти рағбати зиёди ҷавонони Тоҷикистон, кишвари мо ҷиҳати ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии забономӯзию касбӣ омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо Олмон аст.

Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба масоили амну субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фароварди мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват намуданд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

2024-09-17 16:25:01

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф оростанд.