Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-09-17 16:21:40

Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қазоқистон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

2024-09-16 15:10:33

ИСТИҚЛОЛ. АЗ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ТО ФАРДОИ ДУРАХШОН

Вақте сухан аз истиқлолу соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд масири 33-солаи тайкардаи кишварро тавъам бо кору пайкори абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар орем ва онро ба риштаи таҳқиқ кашем. Зеро хидматҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳониашон муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.

Бояд зикр кард, ки эълон намудани истиқлоли давлатӣ ин танҳо оғози кор буд, аммо таърих имтиҳони бузургеро барои нигоҳдошти ин неъмати бебаҳо пешорӯи миллати мо овард, ки ин рӯйдодро набояд зуд фаромӯш кард. Онро бояд ҳамеша ёдрас намоем, дар гӯшаи хотир нигаҳ дорем ва аз он сабақ омӯзем то бори дигар ба ин вартаи ҳалокатовар наафтем. Баъди эълони истиқлоли давлатӣ ҳукуматдорони вақт, ки ба ин ҳодисаи таърихӣ омода набуданд ва эҳтимолан қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, ба ваҳму таҳлука афтоданду зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва ҳокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостон Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳама умед ба ин Иҷлосия буд ва шабонарӯз мардум дидаи умед ба он медӯхтанд, ҳар дақиқаи онро тавассути оинаи нилгун тамошо ва аз тариқи радио шунида, ба якдигар қисса мекарданд. Ва якбора шуълаи умед аланга зад, дилҳо ба тапиш даромад, садои шодию сурур дигарбора фазои кишварро пур намуд, мардум гӯё дигарбора зинда шуданд ва пайки шодмонӣ расид, ки Худованд барои наҷоти Тоҷикистон, Ватани азиз ва мардуми тоҷик Сарвар, Роҳбар, Пешво фиристод (боз аз ҳикмати фалсафӣ ёд меорам, ки ба бахти баланди мардуми тоҷик «он чи ки шуданӣ буд, шуд»). Бовар ба он шуд, ки:

«Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд зи паси он саҳаре ҳаст»

Дигарбора қоматҳо рост, чеҳраҳо гулгун ва табассум дар лабони мардум ҳувайдо гардид ва ин Пешвои мардумӣ андарзи бузургони миллат:

«Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг»- ро аз нахустин рӯзи ба мақоми раҳбарӣ расиданашон сармашқи кору пайкори худ намуданд ва кишварро аз ин фоҷиа раҳоӣ бахшиданд.

Баъд аз Иҷлосияи 16-ум Роҳбари ҷавоне, ки умеди миллат ба роҳи он кас буд, вориди Душанбе шуданд, Душанбее, ки он айёми пурошӯб бӯйи хун мекард, Душанбеи мотамзадаву валангору бесоҳиб, аммо Душанбеи чашминтизори Роҳбари нав, Душанбее, ки интизори ин навид буд:

“Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,

Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд”.

Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта, ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафар карданҳо, азхуд гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳу оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба Ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор гардид, ҳазорҳо километр роҳу пулу нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт ва садҳо дастоварди дигар, ки бо чашми сар мебинему бо гӯши худ мешунавем, танҳо ба истиснои чанд ватанфурӯшу хоини миллат, ки то ҳол дар роҳи амалӣ намудани нақшаи тарҳрезинамудаи хоҷагонашон дар роҳи аз байн бурдани амнияту суботи кишваранд ва онҳоро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳушдор медиҳад:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Ба андешаи ман, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани сулҳу суботи сартосарию ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар бараъло зоҳир мегардад ва дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Пешвои муаззами миллат ба савганди худ: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” ва “Гурезаи охиринро ба Ватан бармегардонам!” содиқ монданд ва ин савгандро, воқеан ҳам, дар назди халқу Меҳан сарбаландона иҷро намуданд.

Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки дорои аҳамияти байналмилалӣ низ мебошад. Ин таҷриба, дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми кишвар аст, ки имсол низ дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз як ташаббуси ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми худ, ки 13-уми августи соли 2024 баргузор гардид, қатъномаи наверо таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул кард. Ин Даҳсола ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст. Қабули чунин ташаббуси муҳим дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим, ки таъсири аз ҳама бештари он ба пиряхҳо мерасад, муҳим ва саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонро ба пажӯҳиши амиқу дақиқи илмии қабати барфии сайёра ва, махсусан, пиряхҳо даъват менамояд.

Самти дигари фаъолияти авлавиятноки Пешвои миллат дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон таҷассум меёбад ва таваҷҷуҳи ҳамешаи эшон ба ободкорию созандагӣ мардуми кишварро ба ояндаи боз ҳам неку дурахшон умедвор месозад. Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон, воқеан, симои худро дигар карданд. Дар ин муддат садҳо иншооту корхона ва биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва ҳазорон-ҳазор биноҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои “Кохи Наврӯз”, “Қасри миллат”, “Китобхонаи миллӣ”, “Наврӯзгоҳ”, “Душанбе-Плаза”, “Боғи Ирам”, “Осорхонаи миллӣ”, қасри “Оли Сомон”, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ҳоказои дигар дар олами худ назиру собиқа надоранд.

Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфову сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгори мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

    Фарҳод РАҲИМӢ, академики АМИТ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз "Ҷумҳурият"

2024-09-16 14:41:01

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.

Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки расидан ба истиқлоли сиёсӣ ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад.

Ин рӯйдоди беназир ҳамчун оғози таҳаввулоти бунёдӣ дар сарнавишти миллати бостонии тоҷик заминаи устувори худшиносии миллии мардуми моро фароҳам овард, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оғози ташаббусҳои созанда омили муттаҳидсоз гардид.

Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ба шарофати истиқлол давлати Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст.

Аз ин лиҳоз, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии мост, ки ҳамеша шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Расидан ба чунин рӯзи босаодат, яъне соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидан ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу овози баробар бо дигар кишварҳоро ноил шудан ормони деринаи халқи мо буд.

Вале Тоҷикистони мо ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини истиқлоли давлатӣ, яъне ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ гирифтор гардид.

Дар натиҷа миллати тоҷик бо хатари парокандашавӣ рӯ ба рӯ гардид ва давлати ҷавони тоҷикон дар остонаи нобудӣ қарор гирифт.

Яъне бадхоҳони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон як сарзамини ободу хуррам, як миллати бостониву мутамаддинро ба хоку хун кашиданд ва сокинони ин обу хоки муқаддасро ба қашшоқиву муҳтоҷӣ расониданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон он зарбаи ҷонкоҳ ва рӯзҳои сахту сангини пур аз даҳшату машаққатро фаромӯш накардаанд ва ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Ҳамватанони азиз!

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ маҳз ба шарофати майлу иродаи қавӣ ва дастгириву пуштибонии мардуми шарифи тоҷик давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот дода, ягонагии ҳудуди кишвар ҳифз карда шуд.

Ҳамзамон бо ин, фаъолияти аркон ва сохторҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ барқарор гардида, беш аз як миллион гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргардонида, мардум сарҷамъ ва миллати тоҷик аз хатари парокандагӣ наҷот дода шуд.

Рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул карда шуданд, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин ва ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ оғоз гардида, буҳрони шадиду фарогири иқтисодӣ ба эътидол оварда шуд ва раванди эҳёи арзишҳои миллӣ самту суръат ёфт.

Бо амалӣ гардидани иқдомоти зикршуда барои заҳмати ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, ҷиҳати барқарорсозии баъдиҷангӣ, яъне бартараф намудани оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ заминаҳои зарурӣ гузошта шуданд.

Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо кард ва дар ҳалли як силсила мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои обу иқлим саҳми назаррас гузошт ва ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор мавриди эҳтирому эътироф қарор гирифт.

Яъне имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро на танҳо мешиносад ва эътироф мекунад, балки ташаббусҳои байналмилалии онро пуштибониву дастгирӣ менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор доштанд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имконияту захираҳо барои таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар сафарбар карда шуданд.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Бо мақсади идома додани ин раванд дар паёми имсолаи Президент ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ мо тамоми саъю талоши худро дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани он, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат муттаҳид сохтем.

Дар ин давра бо заҳмати содиқонаи мардумамон беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд карда, ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил гардидем.

Яъне Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем ва кишвари маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба мамлакати транзитӣ мубаддал сохтем.

Танҳо аз файзу баракати истиқлол мо имкон пайдо кардем, ки бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро оғоз намуда, сохтмони ин иншооти азимро вусъат бахшем ва агрегатҳои аввалини онро ба кор андозем.

Ҳамзамон бо ин, неругоҳҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2» ва даҳҳо неругоҳи миёнаву хурд бунёд карда, 75 фоизи шабакаҳои энергетикии мамлакатро таҷдиду бунёд кардем, таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳи «Сарбанд»-ро ба анҷом расонидем ва низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд овардем.

Имрӯзҳо бунёди неругоҳи «Роғун» ва корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» босуръат идома доранд.

Ҳамватанони азиз!

Солҳои охир мардуми сайёра бар асари тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолии паёпай, офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба мушкилоти бисёр ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.

Илова ба мушкилоти экологӣ, хусусан, чор – панҷ соли охир авзои ҷаҳон торафт мураккабу печида гардида, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ рӯз ба рӯз вусъат пайдо карда истодаанд.

Ёдовар мешавам, ки таъсири манфии таҳдиду хатарҳои муосир ва мушкилоти зикршуда ба Тоҷикистони азизи мо низ расида истодааст.

Дар чунин давраи ноором мо бояд барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он ҳамеша ҳушёру омода бошем ва дар ғафлат намонем.

Таъмин намудани амният ва суботу оромӣ дар мамлакат на танҳо яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумат мебошад, балки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад.

Зеро амалӣ гардидани ормону орзуи ҳар як шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ имкон дошта метавонад.

Дар ин росто, мо бояд насли наврасу ҷавонро бо таърихи бисёр қадимӣ ва шукӯҳманду пурифтихори миллати тоҷик, бо мақому манзалати забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, бо фарҳанги рангорангу ғановатманди бостонӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллӣ ҳарчи бештар ошно намоем.

Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем.

Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем.

Зеро «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад.

Чанд рӯз пештар ба хотири боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон боз як озмуни ҷумҳуриявӣ – «Шоҳномахонӣ»-ро эълон намудем.

Имрӯз раванди ободониву созандагии Ватани маҳбубамон босуръат идома дорад.

Мо бояд тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар созем.

Яъне аз хонаву кошона ва маҳалли зисти худамон сар карда, тамоми шаҳру ноҳияҳои сарзамини аҷдодиамонро то дурдасттарин деҳоти он ободу зебо гардонем.

Эътимоди комил дорам, ки бо кору фаъолияти ватандӯстонаву содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан мо дар солҳои наздиктарин ҳамаи мушкилоти мавҷударо бартараф карда, ҷашни бошукӯҳи 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои боз ҳам бузург истиқбол мегирем.

Бо ибрози чунин ниятҳои нек ҷашни сивусесолагии истиқлоли давлатиро бори дигар ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи онҳо хонаи обод, саодати рӯзгор, сулҳу оромӣ, ки асоси хушбахтии халқамон ва ободиву сарсабзии Ватани маҳбубамон мебошад, инчунин, комёбиву барори кор орзу менамоям.

Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша пойдор ва умри истиқлоли мо ҷовидон бошад!

Ҳамеша саломату сарфароз ва бахтёру комгор бошед, ҳамватанони азиз!

Ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатӣ ба ҳар хонадони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон муборак бод!

2024-09-16 14:33:46

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд!

Имрӯз мо дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз, воқеан, оғози саҳифаи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории мардуми тамаддунсози тоҷик маҳсуб меёбад ва мо ифтихорманд аз онем, ки маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ дар Тоҷикистон низоми давлатдории ҷавобгӯ ба ормонҳои деринаи миллӣбунёд ёфт.

Даст ёфтан ба Истиқлоли давлатӣ, ки машъали умедҳои халқи тоҷикро ба рӯшноӣ, фардои дурахшон ва субҳи хушбахтӣ фурӯзон намуду боварҳои мардумро ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои зиндагии орому осоишта нерӯ бахшид, аз падидаҳои нодири давлатдории тоҷикон аст.

Дар ҳақиқат, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардуми тоҷик аз он ибтидо мегирад. Зеро маҳз истиқлол барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва таҳким бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириву роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бомаром идома ёфта, дар самти мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, бартараф намудани мушкилоти соҳа, сохтмон ва бунёди инфрасохтори соҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодааст.

Вобаста ба ҷоннок намудани сектори хусусӣ, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани таҳсилоти касбӣ доранд, тайи 10 соли охир натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овард.

Дар ин солҳо муассисаҳои ғайридавлатии тиббию, техникӣ ва иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Восеъ, Ҳамадонӣ, Вахш, Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Левакант, Данғара, Хуҷанд, Панҷакент, Ёвон, Панҷ ва Ҷайҳун ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар ифтитоҳи аксари ин муассисаҳои таълимӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 68,5 млн. сомонии соли 2019 ба 122 млн. сомонӣ дар соли 2024 ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад, аз 176,9 млн. сомонӣ дар соли 2019 ба 363,4 млн. сомонӣ дар соли 2024 баробар гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ин муддат маблағгузории ин зинаҳои таҳсилот зиёда аз 2 маротиба афзоиш ёфтаанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи 10 самт ва 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад. Дар муассисаҳои мазкур 90096 хонанда ва донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 7 ҳазору 416 омӯзгор дарс медиҳанд, ки аз онҳо 23 нафар доктори илм ва 240 нафар номзади илм мебошанд.

Пуштибонӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбат ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бозгӯи шинохти амиқ ва сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем, зеро маориф ва илм, дар ҳақиқат, дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва таҳкими истиқлоли мамлакат нақши муҳим бозида, рушду таҳкими тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ба он иртиботи ногусастанӣ дорад.

Бо файзу баракати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ давра ба давра ба дастоварҳои бузург ноил гашта истодааст. Барои ин зинаҳои таҳсилот китобу маводи таълимӣ таълиф ва стандартҳои давлатии таҳсилот, низомномаҳои намунавӣ таҳия шуда истодаанд, ки таҳаввулоти ҷиддиро дар низоми соҳаи мазкур ба вуҷуд хоҳанд овард.

Айни замон лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи дар таҳрири нав тасдиқ намудани Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шуда, дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардиданд. Баъди бароардани хулосаҳои зарурӣ санадҳои мазкур барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Ҳамзамон, бо мақсади тибқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти Кумита ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқи зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла низомнома, қоида ва тартиб ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо то охири соли ҷорӣ омода ва дастраси муассисаҳо гардонида мешаванд.

Инчунин, дар ин давра бо як қатор созмону ташкилот, муассисаҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ гуфтушунидҳо ба роҳ монда шуда, зиёда аз 7 санади ҳамкорӣ таҳия гардид, ки тасвиби онҳо дар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.

Устодон, омӯзгорон, ҳамкорон, падару модарони арҷманд!

Имрӯз вазифаи муқаддаси мову Шумо тарбияи дуруст намудан, дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардондани фарзандону шогирдон аст. Мову Шуморо зарур аст, ки ҳарчи имкон дорем, онро сарфи донишандӯзии фарзандону шогирдон гардонем, то онҳо аз навгониҳои илму техникаи замонавӣ бархӯрдор гарданд. Ин имкониятро ба мо истиқлоли воқеии Тоҷикистони азизамон додааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст, чун гавҳараки чашм эҳтиром намоем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб Шуморо ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба Шумо сиҳатмандиву саодат, рӯзгори осуда, бахту саодат ва дар фаъолиятатон комгориву комёбиҳои беназирро орзу таманно менамоям.

Ҷашни Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

 

2024-08-28 09:25:19

Ифтитоҳи МД «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» дар шаҳри Душанбе

27 август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.
Возможно, это изображение 8 человек и текст
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд.
Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад.
Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд.
Дар иншооти мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Дар маҷмуъ ҳайати омӯзгорон имкон доранд, ки дар нуҳ шуъбаи фаъолияткунанда навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ ва ҳам овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунару истеъдодро ба шогирдон омӯзонанд.

Возможно, это художественное изображение (7 человек)
Возможно, это изображение 8 человек
Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол бунёди иншооти фарҳангӣ, махсусан таълимгоҳҳо, зиёд гардида, амалӣ кардани чунин тадбир дар рушди мусиқии тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги аҳолӣ ва ҳисси миллии шаҳрвандон нақши муносиб мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, пудратчӣ ҶДММ «СТС ИНШООТ» мебошад ва корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳандис-лоиҳакаш» сурат гирифтааст.
Ба бунёди иншооти мазкур 136 нафар мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ анҷом дода шудааст.

Возможно, это изображение 7 человек, скрипка и помост
Возможно, это изображение 6 человек и текст

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулини дахлдор дастур доданд, ки барои дар ояндаи наздик ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои ҳайкалтарошӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва кандакорӣ тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон ва масъулини соҳа дастур доданд, ки ба наврасону ҷавонон ҳама нозукиҳои фарҳангу санъатро омӯзонанд, то онҳо тавонанд муаррифгари шоистаи санъати мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки наврасону ҷавонони дорои ҳунару истеъдод аз дигар муассисаҳо ба омӯзиш дар ин муассиса ҷалб карда шаванд, то аз беҳтарин шароиту имкониятҳои дар ин ҷо фароҳамшуда васеъ истифода намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар барномаи консертии доирнамудаи тарбиятгирандагони Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим иштирок намуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки бо истифода аз созҳои мусиқии миллӣ ва муосир, инчунин оҳангу сурудҳои ватандӯстонаву муаррифгари фарҳанги волои миллати тоҷик пешкаш гардид, хеле ҷолибу диданӣ арзёбӣ шуд.

2024-08-27 18:41:26

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪРИХ, МУШКИЛОТҲО ВА КОМЁБИҲО

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ДОРОИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ҒАНӢ БУДА, БАРОИ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ХУД РОҲИ ТӮЛОНӢ ВА ДУШВОРРО ТАЙ КАРДААСТ. ДАВРАИ АЗ ҶУМҲУРИИ СОВЕТӢ БА ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ ГУЗАШТАН, ҲАМ АЗ ВОҚЕАҲОИ АҶОИБУ ПУРХАТАР ВА ҲАМ БО КОМЁБИҲОИ БУЗУРГУ БЕНАЗИР ПУР БУД. ДАР МАРКАЗИ ИН ДИГАРГУНИҲО ҲАМЕША ШАХСИЯТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУД, КИ БО АЗМУ ИРОДАИ ХУД ХАЛҚУ МИЛЛАТИ МОРО АЗ ВАРТАИ НОБУДӢ НАҶОТ ДОДА, БАРОИ БУНЁДИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОНИ МУСТАҚИЛ БО ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ НАҚШИ ҲАЛКУНАНДА БОЗИД.

Таърихи миллати тоҷик решаҳои амиқи қадима дорад. Ҳудуди Тоҷикистони муосир макони аввалин тамаддунҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои тавоно ба мисли Бактрия (Бохтар) ва Согдиана (Суғд) буд. Аммо дар асри 20 тақдири халқи тоҷик бо Иттифоки Советӣ алоқаи зич дошт. Соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШС Тоҷикистон) ташкил ёфт, ки ба ҳайати СССР дохил шуд. Дар давоми чандин даҳсолаҳо Тоҷикистон дар шароити сохти сотсиалистйӣ инкишоф ёфт, ки он гарчанде баъзе дигаргуниҳои мусбат ба амал овард, вале ҳувияти миллиро пахш карда, соҳибихтиёрии ҷумҳуриро маҳдуд мекард.
Дар охири солхои 80-ум дар заминаи буҳрони афзоянда дар Иттиҳоди Шӯравӣ чун дар аксари ҷумҳуриҳои дигар ҳаракатҳои миллӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифт. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ногузир шуд ва 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти худро расман эълон кард. Вале ин лаҳзаи хурсандибахшро воқеаҳои минбаъда фаро гирифт.
Дарҳол пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон дар остонаи фурӯпошии комил қарор гирифт. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва аз соли 1992 то 1997 идома кард. Ин яке аз душвортарин давраҳои таърихи Тоҷикистон буд. Ҷанг даҳҳо ҳазор нафар одамонро ҳалок кард ва чӣ дар иқтисодиёт ва чӣ дар сохти ҷамъиятии мамлакат ба харобиҳои бузург оварда расонд. Аммо маҳз дар ҳамин давраи душвор дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон як раҳбаре пайдо шуд, ки тавонист мардумро муттаҳид созад ва ба низоъ хотима бахшад.
Моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва баъдан ҳамчун Президенти ҷумҳурӣ тариқи райъпурсӣ, яъне аз ҷониби халқ расман эътироф шуд. Таҳти роҳбарии у ҷараёни мураккаби гуфтушуниди сулҳҷӯёнаи байни ҷонибҳои мухолиф оғоз ёфт. Соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳи миллӣ ба имзо расид, ки як қадами калидӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар буд. Ин ҳуҷҷати таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, рохи барқароркунии мамлакатро кушод.
Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар назди Ҳукумати давлат вазифаҳои азими барқарорсозии иқтисодиёт, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва таъмини амният меистод. Мамлакат дар холати харобӣ буд, бисёр ноҳияҳо хароб шуда, қисми зиёди аҳолӣ бе кор ва бе сарпаноҳ монданд. Аммо бо вуҷуди ҳама мушкилот Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд захираҳои кишварро ба кор бурда, шакли идоракунии муассир ва самаранокро ба роҳ монанд.
Ба барқарор намудан ва инкишоф додани хоҷагии қишлоқ, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб меёбад, диққати хос дода шуд. Дар баробари ин кори аз нав барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ ва тараққӣ додани соҳаҳои нави хоҷагии халқ cap шуд.
Имрӯз, беш аз се даҳсола гузашт, ки мо истиқлолият ба даст овардаем ва Тоҷикистонро метавон намунаи бомуваффақияти рафъи душвориҳои давраи гузариш номид. Ба шарофати заҳматҳои роҳбарияти кишвар ва бахусус, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист ба роҳи рушди устувор ворид шавад.
Таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллат як дастоварди муҳим буд. Конститутсия, ки соли 1994 қабул шуда буд, асосҳои рушди демократии ҷумҳуриро мустаҳкам намуда, ислоҳоти сиёсие, ки таҳти рохбарии Пешвои миллат гузаронида шуд, ба мустахкам гардидани сохибихтиёрии давлат ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуд.
Дар иктисодиёт низ муваффақиятҳои калон ба даст оварда шуданд. Тоҷикистон ба рушди фаъолонаи гидроэнергетика шурӯъ кард, ки ин имкон дод, на танҳо эҳтиёҷоти дохилӣ ба нерӯи барқ қонеъ карда шавад, балки ба яке аз содиркунандагони пешбари нерӯи барқ дар минтақа табдил ёбад. Сармоягузории калон ба навсозии инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, купрукҳо, фурудгоҳҳо ва дигар иншооти муҳим равона карда шуд.
Ба инкишофи инфраструктураи наклиёт ва энергетика диққати калон дода шуд. Сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, дар роҳи истиқлолияти энергетикии кишвар қадами муҳим буд. Ин лоиҳа на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин кард, балки барои содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя имкониятҳои нав фароҳам овард, ки мавқеи иқтисодии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам хоҳад намуд.
Ғайр аз ин дар соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ ҳам пешравиҳои калон ба даст оварда шуданд. Ба шарофати ислоҳот дар ин бахшҳо сатҳи саводнокии аҳолӣ қариб ба 100 фоиз расида, нишондиҳандаҳои тандурустӣ хеле беҳтар гардиданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф, ифтитоҳи мактабу донишгоҳҳои нав, инчунин омода намудани кадрҳои соҳибихтисос, ки гарави рушди устувори кишвар дар оянда мебошад, фаъолона маблағгузорӣ мекунад.
Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки истиқлолияти Тоҷикистон натиҷаи мубориза, талош ва фидокориҳои чандинсолаи мардум ва Пешвои муаззами миллат аст. Тоҷикистон бо гузашти беш аз сӣ соли истиқлолият собит кард, ки қодир аст ҳар мушкилиро паси сар кунад ва дар роҳи шукуфоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар на танҳо оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, балки ба роҳи рушди устувор низ дохил шуд.
Тоҷикистонро ҳанӯз мушкилоти зиёде дар пешанд, вале мардуми кишвар метавонанд итминон дошта бошанд, ки Тоҷикистон бо пешвое чун Эмомалӣ Раҳмон роҳи худро ба суи шукуфоӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ идома медиҳад. Ин комёбихо барои наслҳои оянда, ки дар асоси таҷриба ва муваффақиятҳои солҳои гузашта - ояндаи нав месозанд, заминаи мустаҳкам ба вуҷуд меоваранд.

ОДИЛЗОДА ИСМОИЛ ЁҚУБҶОН – НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТИБ, ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР”

2024-08-19 08:57:29

ОМӮЗИШИ ЭҲТИЁҶОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ВОБАСТА БА ЭҲТИЁҶОТ ВА ТАЛАБОТИ КОРФАРМОЁН

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, кумитаҳои меъморӣ ва сохтмонӣ, рушди сайёҳӣ ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, инчунин корхонаву ширкатҳои хусусии ватанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Возможно, это изображение 4 человека, помост и текст
Возможно, это изображение 7 человек и текст
Чорабиниро Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки мизи мудаввар дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” доир гардид. Маврид ба зикри хос аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро дар низоми таҳсилоти касбӣ муайян намуда, муносибатҳои раванди ҳамкории низоми таҳсилоти касбиро дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат танзим менамояд.
Зимни баргузории мизи мудаввар самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита омода карда мешаванд, масъалаҳои талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муаррифӣ гардид. 

Возможно, это изображение 7 человек и костюм
Возможно, это изображение 6 человек

Тибқи таҳлилҳо тӯли 5 соли охир хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳамагӣ 13 дарсад бо ҷои кор таъмин гаштаанд. Ҳарчанд ҳамкорӣ миёни идораву корхонаҳои гуногун ба хатмкунандагони муассиаҳои мо бад нест, масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон яке аз мушкилотҳои асосӣ буда, ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Мо асосан хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавиро ба корхонаҳои давлатӣ бо роҳхат ба кор мефиристем. Дар ин самт мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида истодааст, ки робитаро бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шакли сифатан нав ба роҳ монда, вазъи бо кор таъмин кардани хатмкунандагонро беҳтар намояд.
Бо мақсади беҳтар намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Айни замон, дар назди Кумитаи мазкур 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 5 филиал (1 давлатӣ ва 4 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода мегарданд.

Возможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 3 человека
Возможно, это изображение 5 человек и помостВозможно, это изображение 9 человек

Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳои судманд андешида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) бори дигар ба ин нукта ишора карда, зикр намуданд, ки «Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Дар ҷараён доир ба ҳадафу вазифаҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Гуфта шуд, ки Кумита аз давраи таъсис то имрӯз бо беш аз 15 ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ,ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ҳамкориро ба роҳ монда, бо як қисми онҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Возможно, это изображение 6 человек, помост и текст
Возможно, это изображение 4 человека

Қайд гардид, Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, то бо намояндагони асосии тиҷорат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкории устувор барқарор намуда, рушди малакаҳои ба бозори мувофиқро барои қонеъ кардани талаботи бозори меҳнат ба барномаҳои таълимӣ ворид намуда, ҳамин тариқ, мувофиқати амалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилотро таъмин намоянд.
Ҳамчунин иброз шуд, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзад, барномаҳои таълимӣ ва курсҳоро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва усулҳои пешрафтаи омӯзиш такмил дода, имконияти бо кор таъмин шудани хатмкунандагонро афзоиш диҳад. Ҳамзамон, маъракаҳои тарғиботӣ, иттилоотӣ ва маърифатиро пайваста амалӣ созад, то ҷомеа аҳамияти таҳсилоти касбиро барои рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон беҳтар дарк намояд.

Возможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 6 человек и текст
Возможно, это изображение 5 человек и текстВозможно, это изображение 2 человека

Дар дар идома мавзуҳои “Муаррифии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;” “муаррифии самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Кумита омода карда мешаванд;” “Баррасии талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;” таҳлилу баррасӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ихтисосу касбҳои худро муаррифӣ намуданд. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ватанию хориҷӣ, ки дар мизи мудаввар иштирок доштанд, талаботҳои худро ба роҳбарони муассисаҳо ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб иброз доштанд.

Возможно, это изображение 5 человек и костюмВозможно, это изображение 5 человек и помост
Возможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 1 человек, помост и текст «KИИ No28»

2024-08-19 08:22:31

Тағйироти кадрӣ

16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Ҷамшед ва Абдуллозода Саидасрор ба вазифаҳои масъули ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асозода Нуралӣ Муовини якуми вазири кишоварзӣ таъин карда шуданд.
Возможно, это изображение 12 человек, помост и текст

        Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Салимзода Салим сардори раёсати кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Зулфия сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирзода Маҳмуд сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Сайазам сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арабзода Хуршед сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Тоҷиддин муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Собирзода Фарҳод директори корхонаи воҳиди давлатии комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Возможно, это изображение 10 человек
Возможно, это изображение 12 человек и текст

        Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ Вализода Одинашоҳ аз вазифаи сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
        Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъин карда шуданд.

Возможно, это изображение 2 человека и текст
        Зимни суҳбат бо кадрҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят намуданд.
President.tj

2024-08-13 09:01:34

Суҳбати телефони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида

        Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Фумио Кисида бо ибтикори он ҷониб баргузор гардид.
        Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон дар робита ба заминларзаи шадиде, ки чанде пеш дар Ҷопони дӯст рух дода буд, ҳамдилӣ ва дастгирии худро изҳор доштанд.
        Сипас, Пешвои миллат дарки ҷониби Тоҷикистонро аз тасмими ба замони дигар гузаронидани вохуриҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, ки ба наздикӣ ба нақша гирифта шуда буданд, таъкид намуд.
        Дар раванди суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ намуда, омодагии худро барои идомаи тамосҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи онҳо тасдиқ карданд.
        Ҳамзамон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

2024-08-13 08:57:46

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхе

        12 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд.
        Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ ва нақшаҳои ояндаи муштарак баррасӣ шуд.
        Тавре зикр гардид, ин ширкат дар Тоҷикистон ба истеҳсоли мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга машғул буда, дар корхонаҳои он беш аз 2700 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор мебошанд.
        Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории барои иқтисоди кишвар муҳим истиқбол менамояд.
        Изҳори бовар карда шуд, ки ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои ширкат дар Тоҷикистон ояндаи наздик то ду баробар афзун мегардад.

2024-08-09 15:20:35

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОХӮРИИ ШАШУМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

        9 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

        Дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд.

Возможно, это изображение 5 человек, отдел новостей, помост и текст

        Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои минтақаро баррасӣ намуданд.
        Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.
        Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешравии ҳамкорӣ дар минтақа давоми шаш соли охир изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамаи онро самараи азму иродаи қавии сиёсии роҳбарони кишварҳо унвон намуданд.
        Сарвари давлати мо иброз доштанд, ки дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи ягонаи ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст.
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст
Возможно, это изображение 12 человек, помост и текст
        Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар вохӯриҳои машваратии гузашта зиёда аз сад пешниҳод ва ташаббус ба миён гузошта шуд, ки мавриди баррасӣ қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд. Татбиқи ҳар яки он иқтидори рушди муштаракро зиёд мекунад.
        Дар давоми панҷ соли охир гардиши мол дар минтақа беш аз ҳаштод дарсад афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт.
        Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 миллиард доллари амрикоӣ расад.
        Аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки нахустин вохӯрии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
        Дар доираи вохӯриҳои машваратӣ ҳар сол баргузор намудани намоишгоҳҳои – “Экспо-Осиёи Марказӣ” низ муфид арзёбӣ гардид.
        Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергетикаи “сабз” заминаи калидии рушди иқтисоди “сабз” дар минтақа номида шуд.
        Дар пасманзари афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки шаклҳои нави самараноки ҳамкорӣ дар соҳаи амният тарҳрезӣ гардад.
        Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки механизмҳои ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шавад.
        Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои зерин қабул гардиданд:
- Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
- Консепсияи рушди ҳамкории минтақавии «Осиёи Марказӣ-2040»;
- Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2025-2027;
- Қарори Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ «Дар бораи мукофотонидани Мирзиёев Ш.М., Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»;
- Нақшаи ҳамкории саноатии давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025-2027;
- Ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ;
- Баёнияи Остонаи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
- Баёния аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ.
        Қисмати дуюми нишаст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шуда буданд ва намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Каха Имнадзе баргузор шуд.
        Ҳамчунин бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар фазои тантанавӣ бо “Нишони фахрӣ”-и Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуд.
Возможно, это изображение 3 человека, помост и текстВозможно, это изображение 7 человек, помост и текст

2024-08-09 11:31:59

РУШДИ МАОРИФ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

        Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик бо як дилгармӣ ва умед ба фардои дурахшони Ватан ба таҷлили яке аз ҷашнҳои муқаддасу таърихӣ 33-солагии Истиқлоли давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида истодаанд. Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургу муқаддас буда, рамзи саодати давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои давлату миллат ба шумор меравад.
        Бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсию иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, баъди ҳазор сол тоҷикон ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардиданд. Ин рӯзи муборак дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шуда, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо ҳамчун санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати мо тоҷикон ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, хурсандии мардум дер давом накард. Бадхоҳону душманони давлату миллатамон пайи аз байн бурдани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон шуданд.
        Ҷаҳду талош ва ҳисси баланди миллатдӯстонаю ватанпарваронаи иддае аз фарзандони фарзонаи миллатамон боис ба қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллиамон гардид.
        Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалии хеш аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ бо ҷасорату мардонагии бемислаш, бо таҳаммулпазирии беҳамтояш ба ҷанги бемаънӣ хотима бахшида, сулҳу осоишро дар саросари кишвар пойдор ва номи миллатамонро бо ин таҷрибаи нодираш маъруфу машҳур гардонид.
        Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми навини идоракунии давлатӣ ворид гардида, дар он арзишҳои сиёсӣ, ҳокимияти сиёсӣ, идоракунии давлатӣ, сохти конситутсионӣ дар кишвар барқарор карда шуданд.
        Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар ин ҳазораи бедавлатӣ вазниниҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст, аммо, хушбахтона, тавонистааст забону фарҳанги худ ва илму таърихи худро бо сарбаландӣ ҳифз намояд.
        Маориф яке аз соҳаи калидӣ дар сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бобати рушди он қадамҳои устувор гузошта шуд. Сохтмони муассисаҳои таълимии ба талаботи замон ҷавобгӯ ва мустаҳкам гардидани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ба болоравии сатҳи таълиму тарбия мусоидат намуданд.
        Бо такя ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медорад, ки ман дар сиёсати пешгирифтаи хеш ҳамеша маорифро дар мақоми аввал мегузорам.
        Аз ин рӯ, рушду пешрафт ва ояндаи давлату миллатро бе таълиму тарбия, ки асоси маорифро ташкил медиҳанд, тасаввур кардан мумкин нест, зеро ин илму маориф дар ҳамаи самтҳои тақдирсоз ва аввалиндараҷаи ҷомеа назаррас ва ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Дар ин замина соҳаи таҳсилот таҳти назорат ва ғамхории доимии Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои маорифпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
        Албатта, мо дар он вақт ба натиҷаҳои дилхоҳ ва судманд ноил мегардем, ки мактабҳои таҳсилоти миёна вазифаҳои ба зиммадоштаашонро саривақт ва босифат ба иҷро расонанд. Яъне хонандагонро аз зинаҳои поёнии таҳсилот тарбия намуда, ба онҳо илмҳои замонавиро омӯхт.
        Айни ҳол бозсозии низоми таҳсилот дар соҳаи мориф идома дорад, ки пеш ҳама мақсади асосӣ ба талаботҳои стандартҳои умумиҷаҳонӣ мувофиқ ва мутобиқ намудан аст. Дар ин ҳолат имконият пайдо мешавад, ки сифати таълиму тарбия, ғояи тарбияи шахсият ҳаматарафа инкишоф ёфта, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар асоси талаботҳои ҷомеаи демократӣ ва дар руҳияи инсонгароӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва илмӣ ба роҳ монда шавад.
        Дар ин давраи ниҳоят ҳассос ва пешгӯинашаванда дар назди омӯзгорон вазифаҳои ниҳоят вазнин ва тақдирсоз гузошта шудааст, ки ин ҳам бошад, инкишофи умумии шахсияти хонанда, ба зиндагии мустақилона омода сохтани онҳо, соҳибихтисос намудани онҳо ва муҳимтар аз ҳама тарбия намудани шахсиятҳои дар назди Ватан ва ҷомеа масъулиятшинос мебоашад. Дар қатори ҳамаи ин тарбия намудани шуури миллӣ ва ифтихори миллӣ дар хонандагон яке аз вазифаҳои муқаддаси омӯзгорон буда, бояд ба яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор дода шавад.
        Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба масъалаи маориф таваҷҷуҳ равона карда шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.
        Бояд қайд кард, ки агар таърихи Истиқлоли давлатии мо 33 сол бошад, умри миллат ва давлатдории тоҷикон ҳазорсолаҳост. Ин аст, ки ин санаи бузург на санаи соҳибдавлатии тоҷикон, балки эҳёи Истиқлоли давлатии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
        Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари мустақил ва дорои имконият ва ташаббусҳои бузург эътироф гардида, дар ин замина ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст ба қадри сулҳу ваҳдат ва истиқлолу соҳибдавлатӣ расида, баҳри ободию созандагиҳо талош намоянд.
Шодиева Ситора, Сармутахассиси шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова

2024-08-09 11:05:54

НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар таърихи навини Тоҷикистон се рӯйдоди муҳим дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ба саодати комил расидани миллат нақши муҳим бозидааст: ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо гузашти солҳо аҳаммияти таърихии худро вусъат бахшида, истиқбол аз онҳо шукуҳу шаҳомати хосаро касб кардааст. Арзишмандии ин санаҳои муҳимми таърихӣ дар он аст, ки рӯз аз рӯз заминаҳои ҳуқуқии ҳифзу нигаҳдории худро устувор гардонида, таҷлили ботантанаи онҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадаааст. Ва имрӯз ҳамчун ҷашнҳои давлатӣ бо ба инобат гирифтани тамоми рукнҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба анъанаву расму оини ниёкон, арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва эҳёи суннатҳои гузашта таҷлил карда мешавад.
Возможно, это изображение 1 человек
        Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки асри ХХ дар воқеъ барои миллати мо асри имтиҳон, асри сарнавишт, асри созанда, асри шинохти худ, асри такомул ... будааст. «Шиквае аз ту надорам, асри ман...»- гуфтаи устод Мирзо Турсунзода низ тақвиятгари ин гуфтаҳои болост.
        Агар халқи тоҷик бо вуҷуди ноадолатиҳои замон дар чоряки аввали асри ХХ соҳиби давлати ниммустақиле, бо номи Тоҷикистон шуда бошад, пас дар поёни ин аср дар заминаи он соҳиби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шуд. Расидан ба ин неъмати бебаҳо, орзуи деринаи халқи тоҷик буда, он натиҷаи талошҳои хирадмандонаи фарзандони фарзонааш дар тули таърих мебошад.
        Барои тоҷикон пас аз солҳои тулонӣ, 9 сентябри соли 1991 дубора муяссар гардид, ки ба ҷаҳониён аз оғози марҳилаи сарнавиштсозу таърихии худ, яъне эълон шудани соҳибистиқлолии давлати воқеӣ башорат диҳанд.
        Санаи 9-уми сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷат таърихӣ қонунан ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён эълон намуд.
        Дар моддаи аввали ин эъломия чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати мустақили демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад». Вақте ки давлати абарқудрати Шуравӣ аз байн рафт, дар ҷумҳурӣ вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт. 9-уми сентябри соли 1991 аввалин маротиба Рӯзи истиқлолият қайд карда шуд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.
        Ҳарчанд халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунёст, ҳарчанд аз ҷумлаи миллатҳоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштаанд, ҳарчанд фарзандони бодонишу бофарҳангаш мисли нигини тобоне тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукӯҳ мебахшиданд, вале худ баъд аз фурӯпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тули ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд. Ҳарчанд зимоми давлату давлатдорӣ дар дасти ӯ набуд, аммо натавонистанд хиради азалии ӯро аз байн бибаранд. Забони тавонову шевои тоҷикӣ-форсӣ забони шеъру илм, ахлоқу фалсафаи онҳо буд.
        Аз ин рӯ, санаи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо натанҳо ҳамчун Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарории адолати таърихӣ аст, ки имсол 33-юмин солгарди он ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Истиқлол ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва худфарсоиву ҷоннисориҳои абармардони миллат аст, ки барои озодию худмухтории халқи тоҷик ва давлати миллӣ аз худ нишон додаанд ва дар саҳнаи ин муборизаҳои беамон ҷон супоридаанд. Аз ин рӯ, ҷашни Истиқлол ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна чӣтавр метавонем арзишу асолати истиқлолиятро дарк намоем!
        Мутаассифона, қувваҳои аҳриманӣ дар ҳар марҳилаҳои таърихӣ барои рушду нумуи давлату давлатдории тоҷикон монеаҳо эҷод мекарданд. Ба ҳамин монанд, баъди расидан ба истиқлолият, бо таъсири чунин қувваҳои бадкеш, ки аз дохилу хориҷ роҳнамоию дастгирӣ медиданд, халқи тоҷик мубталои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гардид.
        Таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ барои танзиму ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, шакл бахшидан ба раванди давлатдорӣ, таҳкими иттиҳоду сарҷамъӣ ва дигар арзишҳои инсонӣ нақши шахсиятҳои алоҳида хело бориз аст. Дар даврони давлатсозии навин масъулияти азиму рисолати таърихиро барои тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дўш гирифтанд.
        Хушбахтона бо сари қудрат омадани фарзанди хирадгустари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣраванди давлатсозӣ маҷрои дигар ба худ гирифт. Қайд намудан зарур аст, ки замоне Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии Тоҷикистонро ба даст гирифта буд, ки аллакай ҷанги шаҳрвандӣ чун оташи сӯзон аланга мезаду хушку тар якҷо хокистар мешуд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва бо фикри сохтани ВАТАН сайъу кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд. Барои ба ҳам овардани миллате, ки аллакай ба сангарҳо ҷудо шудаю дар симои хеш душмани худро медид, роҳи созиш, роҳи муколамаро пеш гирифтанд. Дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд. Баъди гуфтушунидҳои зиёд байни намояндагони ҳукумати расмӣ ва мухолифин оқибат дар санаи 27 июни соли 1997 миёни онҳо ҳуҷҷати барои тоҷикон ва тоҷикистониён муҳимтарин «Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Дар қатори ин ҳуҷҷат боз «Изҳороти Москва», «Протоколи ҳамдигарфаҳамӣ» ва ғайраҳо имзо шуданд, ки дар тақвияти ваҳдати миллӣ ҳиссаи муайяне гузоштанд.
        Борҳо собит шудааст, ки дар пайраҳаи таърих фарзандони худшиноси ин миллат барои расидан ба чунин ормонҳои бузург ва ҳифзи арзишҳои эҷоднамудаи хеш талош намуда, бо душманони ғаддори дохилию хориҷӣ ҷисману зеҳнан дар муқовимат буданд. Мутаассифона, ин падида низ то ҳанӯз идома дорад. Душманони миллати мо, ки аслан зода ва парвардаи ҳамин сарзамину диёр ҳастанд, аз дур ба суйи миллати хеш санги маломат мезананд.
        Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои сангини ибтидои соҳибистиқлолиро бо такя ба азму иродаи миллати азизи худ, тадбирҳои оқилонаву саривақтӣ ва таҳаммулпазирӣислоҳ карда, бо мақсади солим гардондани вазъи ҷомеа ва ба ҷараёни созанда табдил ёфтани зиндагии аҳли мамлакат чорабиниҳои амиқу васеъро дар амал татбиқ намуданд, ки ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва соҳаи саноату маорифу тандурустӣ, дар маҷмуъ, тамоми бахшҳои иҷтимоиро фаро гирифтанд.
        Мояи ифтихор аст, ки дар радифи чанд тан сиёсатмадори маъруфи ҷаҳони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба ҳайси чеҳраи баргузидаи сиёсӣ ва давлатмарди сатҳи ҷаҳонӣмақоми шоистаеро соҳиб гардидаанд. Оини сиёсатмадорӣ ва давлатдории ЭмомалӣРаҳмон дар ақсои дунё аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣва роҳбарони мамолики бузурги ҷаҳон истиқболи гарм пайдо намуд. Яке аз омили аслӣва меҳварии чунин маъруфият ва маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Шарқу Ғарб дар доштани фарҳанги таҳаммулпазирӣ, иродаи матин доштан, эҳтиром гузоштан ба арзиши инсонӣ, ҳалли саривақтии мушкилоти сайёра (масъалаи таъмини мардуми ҷаҳон бо оби тоза) ва иҷрои содиқонаю ҷонфидоёнаи рисолати бузург, ки бар дўшашон гузошта шудааст.
        Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои фарҳангҳо рисолати Истиқлоли давлатӣ боз ҳам бештар аён мегардад. Ҳар лаҳзаю ҳар соат ва тули солҳои пирӯзӣ моро ҳушёру ҳушдор медиҳад, ки дар сар андешаю ниятҳои дигаре эҷод насозем, ба ҷузъ талош баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлолу созандагӣ. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли масоили минтақа ва ҷаҳон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, сол то сол ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд. Ва натиҷаи ҳама он заҳмату талошҳои пайваста он аст, ки имрӯз маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе макони баргузории симпозиуму конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.
        Бо дарназардошти се омил дар давлатдории тоҷикон, аз ҷумла омили таърихӣ(муддати беш аз ҳазор сол мавҷуд набудани давлатдории миллӣ), сиёсӣ (сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягона буд) ва ҷуғрофӣ (93 % ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳ дар бар мегирад) метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба як марҳилаи баланди рушд расидааст. Афсӯс, ки имрӯз низ нафароне дар дохилу хориҷ ҳастанд, ки ношукрӣ аз давлат ва хоку оби Ватан мекунанд. Ин афрод вазъи кунунии Тоҷикистонро ба давлатҳои тараққикарда ҳама вақт қиёс намуда, хулосаҳои нодуруст бароварда, тухми навмедиро мехоҳанд дар замири мардум бикоранд. Аввалан барои чунин каҷфикрон бояд гуфт, ки чунин муқоисакунӣкамоли бехирадист ва сониян дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро наметавон, бо ҳар роҳ фиреб карда, ба вартаи ҷаҳолату ҳалокат бурд. Зеро халқи тоҷик таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилиро чашид, оқибатҳои онро бо чашми сар бидид, ранҷу азоби гўшнагӣ, бехонагиву гурезагиро дарк кард ва ин бардоштҳои таърихӣ ӯро дарси бузурге шуда, ки ҳаргиз фаромӯш намекунад.
        Имрӯз моро мебояд дар атрофи сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаю оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои ободӣ ва рафъи камбудиҳои мавҷуда меҳнат кунему Ватанро обод намоем. Истиқлоли давлатиро, ки ӯро неъмати бебаҳо, рамзи асолату ҳуввият, шарти бақои миллат ва пояи устувори давлат меноманд, ҳифзу қадршиносӣ намоем.

Назарзода Давлатхон, сардори раёсати кадрҳо, котибот ва корҳои махсус, Давлатшозода Дилшодҷон, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-08-09 10:59:18

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОНСЕРТИ УСТОДОНИ САНЪАТИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗАРБОЙҶОН "ШОМИ ДӮСТӢ"

        8 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.
    
Аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барномаи бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва равобити некро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тараннум ва пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ карданд.


Барномаи муштараки рангини консертии “Шоми дӯстӣ” хеле дилписанду фараҳбахш доир гардид ва меҳмонони олимақом ба ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангу санъат баҳои баланд доданд.

Возможно, это изображение 1 человек и текстВозможно, это изображение 3 человека и люди танцуют

Возможно, это изображение 1 человекВозможно, это изображение 3 человека, люди танцуют и текст

2024-08-09 10:55:38

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.
    
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
            
Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф оростанд.

Возможно, это изображение 9 человекВозможно, это изображение 5 человек

2024-08-09 10:53:23

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.
        Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
        Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

2024-08-06 11:04:34

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили дар робита ба 30-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.