Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-06-18 19:58:47

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ

ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад, муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва оғози марҳалаи навин дар рушду такомули давлатдории тоҷикон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро овард».

Таърих гувоҳ аст, ки ризоят дар ҷомеа ва ваҳдати миллӣ кафили истиқлоли ҳар як давлат ва устувории он дар пешорӯи таҳдиду хатарҳо мебошад. Дурустии ин фикрро мисолҳои зиёде аз таърихи давлату миллатҳо, бахусус таърихи пурпечутоби давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик, тасдиқ менамоянд.

Бар асари дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ, ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, боиси ҳалокати зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрванд ва гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар сокини ҷумҳурӣ гардид.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият бозмонда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбон, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ вайрону валангор ва иқтисодиёт фалаҷ гардида, хавфи аз даст рафтани истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат ба вуҷуд омад.

Дар ин шароити ниҳоят душвори таърихӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он шаҳрвандон бо боварию эътимод ва умед ба ояндаи дурахшони мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифаи басо муҳиму пурмасъул интихоб намуданд.

Роҳбари ҷавони давлат ваҳдати миллиро ҳамчун заминаи ба даст овардани сулҳу осоиш ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа арзёбӣ ва кӯшишҳои худро дар навбати аввал ба ҳамин мақсад равона намуданд.

Ҳанӯз 19 марти соли 1997 зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат Сарвари давлат зарурати ба вуҷуд овардани фазои сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоиеро, ки барои тавлиду густариши як мафкураи муттаҳидсозанда – ваҳдати миллӣ мусоидат намояд, таъкид намуданд.

Моҳият ва ҳадафҳои ин мафҳумро шарҳ дода, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки: «Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад. Яъне, мо метавонем доир ба ҳалли ин ё он мушкилоти дохилӣ, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ғайра назари мухталиф дошта бошем, вале дар мавриде, ки масъалаҳои вобаста ба бақою ҳастии миллат ва давлат ба вуҷуд меоянд, ҳама қишрҳои ҷомеа, неруҳои сиёсӣ, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, умуман тамоми мардум бояд яктану муттаҳид бошанд».

Дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва хотима додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Роҳбари давлат музокирот бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ҳалли масъалаҳои гурезагон ва ба даст овардани эътимоду боварии мардумро ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа муайян намуданд. Дар ин раванд ҳафт маротиба мулоқоти бевосита бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар раванди музокирот нақши асосӣ доштанд.

Бо ин саъю кӯшишҳо ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омада, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд.

Ин дастовард аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардида, айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни олам мавриди омӯзиш ва истифода қарор дорад.

Барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардондани гурезаҳо, аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгашта ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоршуда, халъи силоҳ, пароканда намудани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи силсилаиқдомоти камназир дар ин ҷода мебошанд, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат анҷом шуданд.

Дар он солҳои мудҳиш дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, чунин вазъият оромии сокинони мамлакат ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор менамуд. Дар робита ба ин, ҷиҳати халъи силоҳ тадбирҳои муассир андешида шуда, зиёда аз 45 ҳазор силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, ки метавонистанд барои солҳо идома ёфтани нооромиҳо сабаб гарданд, мусодира гардид.

Таъмини воқеии ваҳдати миллӣ аз роҳбарияти давлат, қабл аз ҳама, ташаккули кишвари воҳид, риояи тавозун дар иштироки намояндагони маҳалҳо дар идоракунии давлатӣ, таъмини рушди баробари иқтисодии минтақаҳо ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардумро тақозо менамуд.

Бинобар ин, шуруъ аз ҳамон солҳои душвор, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард, нақбу пулҳо ва дигар инфрасохтор байни минтақаҳо оғоз гардида, дар ин раванд Тоҷикистон ба як кишвари аз лиҳози ҷуғрофӣ воҳид табдил дода шуд.

Ба андозаи таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мақомоти миллии қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаҳои мустақили ҳокимият такмил дода шуда, принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият дар амал таъмин гардид.

Дар ин раванд, ҷиҳати таъмини намояндагии баробари минтақаҳо дар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ палатаи болоии парлумони кишвар – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз миқдори баробари намояндагони ҳар минтақа ташаккул дода шуд.

Бар асоси қонунгузории кишвар манфиатҳои миллӣ, хусусиятҳои марҳалаи кунунии рушд, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, анъана ва расму оинҳои мардумӣ бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ гузошта шуда, заминаи ҳуқуқӣ барои рушди давлатдории миллӣ ташаккул ёфт.

Амалан дар ҷойи холӣ Артиши миллӣ ташкил ва бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ таъмин шуда, Қувваҳои Мусаллаҳ ба сипари боэътимоди Ватан дар пешорӯи таҳдидҳо ба истиқлолият ва тамомияти арзии он табдил ёфтаанд.

Дар кишвар ислоҳоти фарогири иқтисодӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили низоми миллии буҷету андоз ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд.

Дар ин раванд, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ интихоб ва пайгирӣ гардиданд.

Зимни татбиқи ин ҳадафҳо суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, аз рӯи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳои ҷаҳон дар даҳгонаи аввал, кишварҳои фазои пасошуравӣ бошад, дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайгирӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокӣ, ҳифзи саломатӣ ва беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои зиёд андешида шуданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ, тарбияи наслҳои имрӯза дар руҳияи эҳтиром ва ифтихор аз мероси бузурги илмию фарҳангии миллат ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор карда шуданд.

Бо назардошти аҳамияти ғояҳои инсонпарваронаи чеҳраҳои барҷастаи илму адаби миллати тоҷик Имом Абуҳанифа, Ҷалолиддини Балхӣ, Имом Ғазолӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав ва Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ташаббускори симпозиуму семинарҳои зиёди байналмилалӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти онҳо баромад намуд.

Ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада, мусиқиҳои қадимаи Шашмақом ва Фалак аз нав эҳё гардида, ҷиҳати пешрафт ва бузургдошти забони тоҷикӣ иқдомоти зиёд амалӣ карда шуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои пайваста оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ амнияту субот дар ҷомеа таъмин гардида, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон табдил ёфт.

Гувоҳи дигари таъмини амнияту субот афзоиши ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар буда, дар ҳоле ки соли 2000-ум шумораи сайёҳони хориҷӣ камтар аз 100 ҳазор нафарро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 1 миллиону 285 ҳазор нафар расидааст.

Тоҷикистон бо пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои кушод» ва пешниҳоди ташаббусҳои муҳим оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти сайёра мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, ба сифати кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор шинохта шудааст.

Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти сайёра ва мубориза бо таҳдидҳои навини ҷаҳони муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм низ саҳми беназир доранд.

Тайи солҳои охир бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе ду конфронси сатҳи баланд доир ба ин мавзуъ баргузор гардида, ин ҳамоишҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун платформаи нави байналмилалии муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳти унвони «Раванди Душанбе» эътироф гардид.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар байни роҳбарони кишварҳои дуру наздик аз эҳтироми хосса бархӯрдор мебошанд. Чунончи, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар нишасти аввалини сарони давлатҳои «Чин – Осиёи Марказӣ» ба Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, чунин баён намуд: «Шумо, Ҷаноби Президент дар байни мо – сарони давлатҳо шахси аз ҳама бонуфуз ва бунёдгузори Созмони ҳамкории Шанхай мебошед. Шумо сиёсатмадори хирадманд, кордон ва дурбин ҳастед, фикру мулоҳизаҳои Шумо барои мо фавқулода муҳим аст».

Дар маҷмуъ, ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо дастоварди таърихӣ, балки мояи ифтихор, рамзи бақои давлат ва шарти рушди устувори ҷомеа мебошад. Таҷрибаи талхи солҳои навадум собит сохт, ки миллат танҳо замоне метавонад дар арсаи таърих поянда монад, ки дар асоси ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба манфиати умум барномарезӣ ва амал намояд.

Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст, ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватанпарвар ва масъули ҷомеа мебошад.

Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки ба тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва гиромидошти ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадаанд, шуруъ аз боғча то мактабу муассисаҳои таълимӣ, саъю кӯшиш намоем.

Бовар дорем, ки хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ гардида, корномаи дурахшони ин абармарди таърих роҳи моро ба сӯи оянда боз ҳам равшантар хоҳад намуд.

Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА,

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти адлия

2025-06-16 17:14:36

СУЛҲУ ВАҲДАТ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ СОҲИБДИЛАМ

Хушо, Раҳмони ваҳдатофаринам,

Ба халқу миллати тоҷик, қаринам…

Гулафшонӣ насиби кишварам бод,

Хазонатро Ватан, асло набинам!

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ, мавқеъ ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. 27 – уми июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шуравӣ Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаассифона, мо – тоҷикон, ки дар ин давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал наметавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омаданд, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардида, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширини бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Шоири ваҳдатсаро Сафар Амирхон дар шеъри «Шукри Ваҳдат» моро огаҳ месозад, ки ҳамаи хушбахтиҳои рӯзгор, комёбиҳои мо ва рӯзгори босаодати мардум бо шарофати Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ба даст омадаву поянда мемонад:

Шукри бахту сулҳу истиқлолу давлат мекунем,

Шукри фардои саодатбори миллат мекунем.

Бо талошу ҷонфишонӣ сулҳ шуд моро насиб,

Мо ба сулҳи пойдевори хеш савлат мекунем.

Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаи миллат устуворӣ бахшида, такягоҳ аст. Мо ҳамеша бояд кӯшиш намоем, ки ин неъмати бебаҳо доиман пойдору бардавом дар Ватани мо боқӣ монад ва ба ақидаи Сомеъ Одиназода, онро ба ояндагону фарзандон низ талқин намоем:

Сарбаландӣ боядат, хоҳӣ, ки бошӣ муътабар,

Ҷуръае аз ҷоми ваҳдат нӯш кун, ҷони падар.

АШУРОВА Моҳира, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

2025-06-16 17:13:08

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ - ВОСИТАИ ҲИФЗИ ТАБИАТ

Рушду нумӯи маърифати экологӣ дар худ ислоҳоти мафкура, бунёди тартиби нави муносибати пурарзиш, даст кашидан аз муносибати ҳарисона нисбат ба табиат, муайян карда тавонистани талаботҳои инсоният вобаста ба имкониятҳои табиатро инъикос менамояд.

Имрӯзҳо дар тамоми дунё ба ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд.

Замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз онҳо "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" мебошад.

Ҳадафи барнома ин ташаккули ҷаҳонбинии нав аз тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Айни замон дониш ва маҳорат бояд бо амал мустаҳкам карда шаванд, ки ин ба ташаккулёбии малака ва таҷрибаи шахсӣ оварда мерасонад. Танҳо таълим додани фанни экология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кофӣ нест. Барои фарқи моҳияти маърифати экологии шаҳрвандони мамлакат на танҳо раванди таълим, балки экологикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон зарур аст, ки ин моҳияти маърифати экологии шаҳрвандонро ифода мекунад.

Бояд қайд кард, ки дар баланд бардоштани маърифти экологии ҷавонон дар мактабҳои миёна ва олӣ омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, география, биология, химия, физика, тиб, нуҷум ва мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода аҳамияти хело калон дорад. Бояд омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ ба хонандагон мавзӯъро тавре фаҳмонанд, ки ҳисси табиатдӯстии онҳо такмил ёбад ва ҳар як хонанда дарк намояд, ки ҳалли масъалаҳои экологӣ бе муҳофизати табиат ва эҳтиёткорона истифода бурдани сарватҳои он номумкин аст. Зеро масъалаҳои экологӣ на фақат дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми ҷаҳон дар мадди авваланд.

Тарбияи экологӣ якчанд вазифаро талаб менамояд: пеш аз ҳама шахсро бояд чунон тарбия намуд, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атрофаш масъулият ҳис кунад. Тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад, аз синни томактабӣ шурӯъ шуда, дар мактабу берун аз он давом кунад.

Барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологии ҷавонон, барои ноил шудан ба рушди устувор дар системаи маърифати экологии ҷаҳонӣ аз таҷриба, усул ва шаклҳои гуногун истифода мекунанд, ки дар ин самт ба фаъолияти амалӣ ва таҳқиқотӣ такя намудан зарур ва ба манфиати умум хоҳад буд. Шакл ва усулҳои маърифат инҳоянд: мактаби экологӣ, театри экологӣ, бозию ҷашнҳои экологӣ, лагери экологӣ, туризми экологӣ, коргоҳи эҷодӣ, ҷамъияти илмии муҳассилин, маҳфилҳои экологӣ, мубоҳисаҳо, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, осорхонаи экологӣ, иқдому намоишҳо ва ғайраҳо.

Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки инсон муҳити зистро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад, сарватҳои онро афзун гардонад. Худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад ва муҳити зисти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндаи миллатро дар назар дорад.

Робияхон БАХТИЁРЗОДА, омӯзгори фанни биологияи Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд

2025-06-14 19:58:42

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

Бо дарназардошти он, ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва маънавӣ, муттаҳидии табақаҳои гуногуни ҷомеаро дар атрофи ҳадафҳои ягонаи миллӣ — таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи ҷомеа дар назар дорад.

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории милли тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад , зеро барои амалигардидани ормонҳои халқамон , ки бо қалби пур аз умед интизори суҳу оромӣ ва дустиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеи гузошт.

Баҳри расидан ба ваҳдати миллӣ, ҳар давлат ва ҷомеа ба раҳбари хирадманд ва дорои иродаи қавӣ ниёз дорад. Дар таҷрибаи сиёсати дохилии Тоҷикистон нақши Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, беназир ва сарнавиштсоз аст. Ӯ дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ раҳнамоии миллатро ба ӯҳда гирифта, тавонист кишварро аз вартаи ҷанг наҷот бахшад ва заминаи ваҳдати миллӣ ва давлатдории устуворро гузорад.

Талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва иродаи матини ӯ дар музокирот бо мухолифин, ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил ба он овард, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расад. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо поёни ҷанги шаҳрвандиро эълон кард, балки оғози марҳилаи нави ҳаёти осоишта ва бунёдкориро барои Тоҷикистон таъмин намуд.

Имрӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) ҳамчун яке аз санаҳои муқаддаси тақвими миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад ва мардум бо ифтихор аз раҳнамои сулҳ ва ваҳдати худ ёд мекунанд.

Пас аз истиқрори сулҳ, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус ба рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва забони давлатӣ зоҳир намуд. Таъсиси ниҳодҳои иҷтимоӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ваҳдат, пуштибонии рушди минтақавӣ ва сиёсати «дарҳои боз» – ҳама аз сиёсати ваҳдатофарини ӯ маншаъ мегиранд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандона дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи Тоҷикистонро устувор кард ва муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳонро таҳким бахшид, ки ин низ ба оромии дохилӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат намуд.

Хулоса саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон беназир ва таърихӣ аст. Ӯ на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима дод, балки ба кишвар неруи нав бахшид ва барои наслҳои оянда заминаи зиндагии осоиштаву ободро муҳайё сохт. Имрӯз, вақте Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушд мекунад, ин ҳама натиҷаи заҳматҳои Пешвои миллат ва якпорчагии мардуми ватандӯст мебошад.

Саидҷамол Зайдулоев, корманди Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз

2025-06-14 19:57:43

ТАҚВИЯТИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

Санаи 14 июн дар МДТ "Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз" бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонии низоми таҳсилоти касбӣ, таҳкими мубориза бо коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқшиносии кормандону омӯзгорон, бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати Кумита Фозил Бобозода, Ҷамолиддин Назарзода, муовини сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита,

Бобоҷон Маҳмадализода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати Кумита Қадриддин Ҳаитов ва роҳбарону коргузорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Кӯлоб-и вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории ин семинар табодули таҷриба ва вусъат бахшидан ба татбиқи механизмҳои муосири идоракунии муассисаҳо дар заминаи санадҳои стратегӣ ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Намояндагони Кумита бо маърӯзаҳои худ роҷеъ ба мавзуъҳои муҳими рӯз - тартиби қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, гузариш ба ҳукумати электронӣ, гардиши ҳуҷҷатгузории рақамӣ, стратегияи муқовимат бо коррупсия, терроризму экстремизм ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Паёми Пешвои миллат баромад намуда, дар мавриди вазифаҳои муассисаҳо дар ин самт тавзеҳоти муфассал пешниҳод карданд.

Дар ҷараёни семинар байни иштирокчиён ва намояндагони Кумита мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои муфид оид ба беҳтарсозии корбарӣ дар самти ҳуқуқ, идоракунии ҳуҷҷатҳо ва тарбияи ҳуқуқии кормандону донишҷӯён манзур гардид.

2025-06-13 15:45:09

Ваҳдати миллӣ — пояи суботи ҷомеа

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муқаддас ва бунёдии ҳар як миллату давлат мебошад. Миллате, ки ваҳдату якдилиро асос қарор додааст, метавонад дар роҳи тараққиёт, истиқлолият ва шукуфоии зиндагӣ қадамҳои устувор гузорад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи пуршебуфароз ва мардуми пордагӯйи дорои фарҳанги бой аст, ваҳдати миллӣ ба унвони кохи умеди нав ва сарчашмаи суботи давлатдорӣ арзи вуҷуд кард.

Тоҷикистони азизи мо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҳамватан ҷони худро аз даст доданд, ҳазорон кӯдак ятим ва ҳазорон модар ғамдида гардид. Сарзамини ободу зебои мо ба саҳнаи хоку хун мубаддал гашта буд. Аммо маҳз ба шарофати иродаи қавии фарзандони асили миллат ва раҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот ба Ватан баргашт ва роҳи ваҳдат боз шуд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 марҳалаи наве дар таърихи Тоҷикистони муосир гардид. Он на танҳо ба ҷанги дохилӣ нуқта гузошт, балки заминаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овард. Аз он рӯз то имрӯз, Ваҳдати миллӣ рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.

Имрӯз мо дар як кишваре зиндагӣ мекунем, ки дар он тамоми миллату халқиятҳо, новобаста ба забон, мазҳаб ва миллат, зери як парчам, бо як ормон ва бо як умед ба фардои дурахшон дар канори ҳам қарор доранд. Ин ҳама маҳз натиҷаи ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ мебошад.

Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат ва бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Онро бояд ҳамчун гаҳвораи умед, ҳамчун чароғи роҳнамо ва ҳамчун қалби тапандаи миллат ҳифз кунем. Чунки миллате, ки ваҳдат дорад, оянда дорад.

Ҷаҳонгири АБДУЛВОҲИД,

омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

2025-06-13 15:42:29

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронааш Тоҷикистонро дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI аз фоҷиаи миллӣ раҳо кард ва миллати тоҷик баъд аз ҳазорсол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат барои ободиву шукуфоии Ватан ва таҳкими Ваҳдати миллӣ барои ҷавонон, манбаи аст. Ҷавонон бояд аз ҳамаи имкониятҳо самаранок ва оқилона истифода баранд ва барои дар оянда боз ҳам ободу зебо шудани Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.

Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ меравад, бемуҳобот пеши назари мо хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад.

Ба ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саранҷом хираду фитрати неку азалии ин мардум як бори дигар ба тоҷики некусиришт имконият дод, то ки дар гирди мизи ҳамдигарфаҳмӣ қарор гиранд ва аз тафаккури дастнигар гузашта, манфиати миллиро аз манфиати шахсии худ болотару волотар гузоранд. Вазифаи пуршарафи насли имрȳзаи мардуми Тоҷикистон хусусан ҷавонон аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлолият ва ваҳдати миллии давлатамонро мустаҳкам намуда, шоҳроҳи пешрафти халқро ба суйи ояндаи шукуфон боз кунанд.

Ваҳдати миллӣ ва баҳамоии тоҷикон аз фарҳангу хиради азалӣ ва сулҳпарваронаи ин миллат гувоҳӣ дода, аз муқаддасоттарин арзишҳое мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст. Сарвари давлат бар дӯши худ вазифаи басо пурмасъулият – хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандиро бар зимма гирифтанд ва хушбахтона, онро бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобшуданашон ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.

Миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат ба оламиён исбот намуд, ки сулҳу субот ва оромию амнияти тамоми оламро аз ҳаргуна ҷангу довариҳо боло медонад. Аз талошҳои Президенти кишвар бармеояд, ки барои дӯстию рафоқати байниҳамдигарӣ, меҳру садоқат, эҳтироми арзишҳои бузурги инсон дар миқёси ҷаҳон ва кишвар нақши арзанда бояд дошт. Натиҷаҳои фаъолият ва ҷонбозиҳои содиқонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар пойдор гардида, давлату миллат аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуд. Минбаъд тавассути ҷасорату заковат ва хираду адолатпешагии ин марди хирад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, тамоми гурезаҳо ба кишвари азизамон бар гардонида шуданд, оилаҳо сарҷамъ шуда, кишвари маҳбубамон ба маҷрои ҳаёти осоишта ва созандагиву бунёдкорӣ қадам ниҳод.

Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард.

Ғояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу осудагӣ мебошад, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи ваҳдати миллӣ буд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ изҳор доштанд: «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».

Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Боиси сарфарозист, ки тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила роҳи рушдро тай мекунад ва сол то сол ба хазинаи кишвари азизи мо дастоварде зам шуда истодааст. Фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ, пуриқтидор гаштани Артиши миллӣ, таъмини амнияти комил, бунёди иншоот ва инфрасохтори таъиноташ гуногун, азнавсозӣ ва бунёди роҳҳо, ба миён омадани корхонаҳои хурду бузург, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, варзишу саёҳӣ, қабул ва амалигардонии даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва ҳазорҳо дастовардҳои дигар ҳамагӣ аз самари бобаракати Ваҳдати миллии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд.

Барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нестшавӣ наҷот ёфта, миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид. Бо ин ҳама хизматҳои шоён ва содиқ будан ба ин халқу Ватан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби хурду бузурги мардуми тоҷик маскан гирифта, қуввату марҳам ба қалби пурэҳсоси онҳо гаштаанд. Аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар мардуми тоҷик сарфароз гашта, бо чунин сарвари адолатпарвар мефахранд ва доимо дуогӯю шукргузор аз он ҳастанд, ки чунин Сарвари хирадманд, оқил ва пуштибонро насиб гардонидааст.

Бошад, ки дар ватани маҳбуби мо, Тоҷикистони азиз фазои сулҳу субот ҳукмфармо бошаду мардуми шукргузори тоҷик дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давлатдорӣ намуда, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқубунёд ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаро ишғол намояд.

Мо дар баробари ин ҳама хизматҳои шоёни беҳтарин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллат садҳо мақола нависем, китобҳо чоп кунем вале бозҳам камаст. Умедворам, ки хизматҳои шоистаи ин абармарди арсаи сиёсат дар таърихи башар бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Моро зарур аст, ки шукргузорӣ аз ваҳдати комил намуда, дар кишвари азизамон бо мардуми сарбаланди он дар зери осмони софу беғубор зиндагӣ ва кору фаъолият намоем.

Дилшод ДАВЛАТШОҲЗОДА,

сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита

2025-06-13 15:41:17

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ ШУКУФОИВУ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве боз шуд, ки роҳи ояндаро ба сӯи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд равшан сохт.

Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром ҷараён доранд.

Сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ бо қадами мубораки фарзонафарзанди ҷонфидои Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа устувор гардида, соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат рушд ёфта, мактабу маориф ва илму дониш мавқеи худро боз ҳам устувор намуд.

Таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ – ин ду рукни асосӣ боиси рушд ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, дар марҳилаи кунунӣ ваҳдат бевосита кафили рушди устувору муътадили ҷомеа дониста мешавад. Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои воқеан олӣ,моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамонро ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ ва ҳақиқӣ диҳем.

Ин саннаи таърихӣ, ки бо суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳимму сарнавиштсоз ба хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани сулҳу оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.

Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд - меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва бесобиқа аст. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва дар баробари Истиқлоли давлатӣ заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид менамоянд: “Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид”.

Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо байни мардуми Тоҷикистон обрӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарварона эътироф гардида гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Бинобар ин, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣмеорад вакишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро устувор карда метавонем.

Ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Зарурат ва аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат эҳсос мешавад. Зеро соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як халқу кишвар кори саҳлу осон нест, ҳифзу таҳкими ин ганҷинаи бебаҳо бошад,кори мушкилтар аз он аст. Роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале амалияи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва маданияти сиёсии устуворро тақозо менамояд.

Ҳамаи ин ободиву шукуфоӣ ва якдилии мардуми сарбаландикишвар натиҷаи Ваҳдати миллӣ ва заҳмату талошҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин ҷост, ки пиру ҷавони мамлакатро зарур аст, то тамоми имконоту иқтидори мавҷударо барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллӣ равона созанд ва дар бунёди ояндаи босуботи мамлакат ҳиссаи боризи худро гузоранд.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

2025-06-13 15:30:42

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ ОСУДАГИИ МИЛЛАТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ободу зебо ва тинҷу ором маҳсуб ёфта, ҳамасола дар ин сарзамини биҳиштосо санаи 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун як рӯзи фаромӯшнашаванда ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аҳамияти муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, ки рамзи ягонагӣ ва ҳамбастагии байни гурӯҳҳои гуногуни этникӣ мебошад, ки асоси ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Мазмуни таърихӣ сарчашмаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба лаҳзаи тағйирёбанда дар таърихи навини Тоҷикистон рост меояд. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар дар соли 1991 Тоҷикистон давраи низоъҳои дохилӣ ва низоъҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронд.

Оғози солҳои 1990-ум бо ноустувории сиёсӣ ва низоъҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои гуногун, ки бо мушкилоти иқтисодӣ ва фишори минтақавӣ бадтар мешуданд, қайд карда шуд. Аммо дар ин замонҳои ноором кӯшишҳо барои оштӣ ва ваҳдат ба амал омаданд. Имзои созишномаи ҳамаҷонибаи сулҳ дар соли 1997 як марҳилаи муҳим буд, ки бояд ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад ва ба оштии миллӣ мусоидат кунад. Баъдан Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои таҷлили ин созишнома ва таҷлили гуногунии фарҳангу анъанаҳое, ки Тоҷикистонро ғанӣ мегардонанд, таъсис дода шуд.

Бо шарофати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишварамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маросимҳо ва ҷашнҳои ҷамъиятӣ, ки гуногунии қавмӣ ва ваҳдати кишварро таъкид мекунанд, зинда мегардад. Одамон аз минтақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа барои иштирок дар чорабиниҳои анъанавӣ ва фарщанги намоишгоҳҳое, ки санъат, ҳунар ва таомҳои Тоҷикистонро намоиш медиҳанд, ҷамъ меоянд. Ин рӯзест, ки ифтихори миллӣ эҳсос мешавад ва рӯҳияи ваҳдат ҳукмфармост.

Ин ҷанбаи таълимӣ барои тарбияи ҳисси ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба гуногунрангӣ дар байни насли ҷавон муҳим аст. Он ёдраскунандаи устувории халқи тоҷик дар рафъи мушкилот ва талош барои ояндаи муштараки сулҳу шукуфоӣ мебошад. Ин рӯз арзишҳои таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни тамоми табақаҳои ҷомеаро, новобаста аз фарқиятҳои этникӣ ё динӣ, тақвият медиҳад.

Ваҳдати миллӣ, сарфи назар аз пайдоиши гуногуни этникӣ, фарҳангӣ, динӣ ва сиёсии миллатҳо, маънои дӯстӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандони кишварро дорад. Идеяи он аст, ки сарфи назар аз фарқиятҳо, одамон метавонанд дар зери шахсияти умумӣ ҳамчун шаҳрвандони як миллат муттаҳид шаванд. Ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ аксар вақт ташвиқи фарогирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ байни гурӯҳҳои гуногун, пешбурди адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи арзишҳо ва принсипҳои умумиро дар бар мегирад, ки аз фарқиятҳои инфиродӣ берунанд.

Ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи устувор ва шукуфон аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро он имкон медиҳад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муштарак амалҳои дастаҷамъӣ анҷом дода шаванд, муқовимат ба ихтилофоти дохилӣ ва қобилияти миллат барои муқовимат ба мушкилоти беруна афзоиш меёбад. Ин як раванди доимист, ки саъю кӯшиш ва уҳдадориҳои ҳам роҳбарон ва ҳам шаҳрвандонро барои нигоҳдорӣ ва тақвият талаб мекунад.

Кӯшишҳо барои таҳкими Ваҳдати миллӣ аксар вақт омезиши ин омилҳоро бо назардошти шароит ва мушкилоти мушаххаси ҳар як кишвар дар бар мегиранд. Ин уҳдадории ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ, пешвоёни динӣ, ҷамоат ва шаҳрвандони алоҳидаро барои ташкили ҷомеаи муттаҳид ва устувор талаб мекунад. Бо фаъолона ташвиқ кардани фарогирӣ ва бартараф кардани нобаробарии асосии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, кишварҳо метавонанд ваҳдати худро тақвият диҳанд ва барои ҳамаи шаҳрвандон ояндаи ҳамоҳангтар ва шукуфон эҷод кунанд.
Муносибатҳои байналмилалӣ: эҷоди муносибатҳои мусбӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи байналмилалӣ метавонад ба Ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, ба субот ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Дипломатия ва ҳамкории байналмилалӣ, инчунин метавонанд ба ҳисси ифтихор ва ҳамбастагии миллӣ мусоидат кунанд.

Дар хотима мехоҳам зикр намоям, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо хотираи ҷангҳо ва дастовардҳои гузашта, балки тасдиқи талошҳои дастаҷамъонаи сокинони кишвари азизамон барои бунёди миллати осоишта ва ягона мебошад. Он шаҳодати рӯҳияи тағйирнопазири ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки роҳи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян мекунад.

Рухшона ДАВЛАТШОЕВА,директори Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе

2025-06-12 17:32:22

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ доир ба Ваҳдати миллӣ таъкид намуданд: “Ваҳдати миллӣ рамзи истиқлолу озодӣ ва кафили рушди босуботи давлатдории тоҷикон мебошад”.

Таърихи давлатдории тоҷиконро дар солҳои 90-уми асри ХХ рӯйдодҳои талху душворе ҳамроҳ буд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мустақил ба роҳи нави сиёсӣ ва иқтисодӣ қадам гузошт.

Солҳои аввали истиқлолият кишвари мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки оқибатҳои харобиовар дошта, ба Тоҷикистон зарари бузурги моддӣ ва маънавӣ овард. Дар натиҷа садҳо ҳазор нафар макони зисти худро тарк намуда рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ оварданд ва ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бунёдҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ хароб гардиданд. Мардуми Тоҷикистон дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳо ба хубӣ дарк намуданд, ки танҳо тавассути Ваҳдат метавон истиқлолият, амният ва рушди устувори ҷомеаро таъмин намуд.

Дар чунин шароити мураккаб ва ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат бо ҷасорату боварӣ қадам ба арсаи сиёсӣ гузоштанд. Дар ин раванд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидии беназир ва таърихиро иҷро намуда, аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ барои тарафҳоро сари мизи музокирот овардан талош варзиданд. Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик муваффақ гардиданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат гуфтушунидҳо оғоз ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27- июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, Тоҷикистон ба ҷанги дохилии панҷсолаи харобиовар нуқта гузошт ва ба марҳилаи созандагӣ ва бунёдкорӣ ворид гардид.

Ин санад намунаи нодири ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои дохилӣ ва намунаи ибрат барои кишварҳои дигар гардид. Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз санаҳои муҳиму тақдирсози ҳалқаи тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон рӯзи 27 июн ҳамчун рамзи сулҳу оромӣ, ягонагии миллӣ ва оғози марҳилаи нави таърихии Тоҷикистони навин бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳо, чорабиниҳои оммавӣ ва мулоқоти ҷавонон бо собиқадорони меҳнат доир мешаванд.

Пешвои миллат бо иродаи қавӣ, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилона тавонистанд, ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида миллатро сарҷамъ намоянд. Ин санна на танҳо оғози марҳилаи нави таърихии Точикистон, балки рамзи ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистон гардид.

Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки кишвар аз нав обод шавад, роҳҳо, мактабу дабистонҳо, беморхонаҳо ва дигар инфрасохторҳои ҳаётан муҳим барқарор карда шуда, наврасону ҷавонон имкони таҳсил, фаъолият ва зиндагии осоишта пайдо намоянд. Ваҳдати миллӣ имкониятҳои беҳтарини рушди мамлакатро таъмин намуда, баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист аз бисёр мушкилиҳо, аз ҷумла иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳоӣ ёфта, барои некӯаҳволии мардум чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ба кишвари мо имкон дод, ки ба марҳилаи созандагӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими сулҳу субот ворид гардад. Раванди гузариш аз ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон яке аз намунаҳои камназири таърихӣ дар асри ХХ ба шумор рафта, имрӯз мардуми Тоҷикистон бояд қадри ин Ваҳдат ва суботро донанд, зеро он бо заҳмату ҷоннисориҳои зиёд ба даст омада, омили асосии пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз мебошад.

Пас аз барқарор гардидани сулҳ Пешвои миллат ба сохтани як ҷомеаи ваҳдатгаро, ваҳдатсаро ва муттаҳид рӯй оварданд. Пешвои миллат имрӯз на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки сармеъмори Ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик мебошанд. аҳдати миллӣ сутуни устувори давлати муосири тоҷик буда, ҳамчун яке аз арзишҳои олӣ ва муҳим барои рушди ҷомеа ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад ва гиромидошти ин арзиш қарзи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Имрӯз ваҳдати миллӣ на танҳо арзиши маънавӣ, балки заминаи асосии сиёсӣ ва иҷтимоии давлатдории тоҷикон гардидааст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бахусус ҷавонон масъуланд, ки ваҳдати миллиро ҳифз намуда, гиромӣ доранд, арҷ гузоранд, онро тақвият бахшанд ва бо зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳамчун мероси пурифтихор барои наслҳои оянда ба ёдгор гузоранд ва нагузоранд, ки сулҳу суботи кишвар зери хатар бошад.

Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем, ки ин неъмати бебаҳо меваи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Танҳо бо нигоҳ доштани сулҳ, якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ метавонем, оянаи дурахшон ва ҷомеаи муттаҳидро бунёд намоем. Ваҳдати миллии тоҷикон барои давлатҳои дигар як рамзи мусбат ва намунаи ибрат гардид, ки чи гуна аз ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳо миллати тоҷик тавонист ба сулҳ ва якдигарфаҳмӣ ноил гардад. Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҳамҷун кишвари сулҳофару сулҳҷӯ шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик арзиши муқаддас ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии давлат буда, танҳо бо роҳи дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттифоқ метавонем, барои рушду шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо саҳм гузорем. Миллате, ки дорои ваҳдату ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмӣ мебошад, метавонад ҳар гуна мушкилоту таҳдидҳоро паси сар намуда, роҳи тараққиёт ва пешрафтро тай намояд. Дар Тоҷикистони азизи мо низ ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда дар ҳифзи якпорчагии давлату миллат дорад.

Умедҷон КЕНҶАЕВ,

сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита

2025-06-12 17:05:24

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ ҲАЁТИ МАРДУМИ САЙЁРА

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, академик Фарҳод Раҳимӣ , муовини аввали Кумита Баҳрулло Давлатзода, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова дотсент Зоир Ғафурӣ, профессори Коллеҷи Техас аз иёлати Мичигани ИМА Самариддин Афғонов, ректори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе, профессор Зайниддин Мухторов, намояндаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Неҳра Раҷ, омӯзгори Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе Тон Киеп, роҳбарону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, омӯзгорон ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд.

Нахуст ба ҳамоиши байналмилалӣ директори муассиса дотсент Зоир Ғафурӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амният, субот ва рушди устувори Тоҷикистон ва ҳамзамон расидан ба мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла масоили об, иқлим, сулҳ ва инсондӯстӣ, шоёни таҳсину таҳқиқ аст. Нақши ин абармарди миллат дар муаррифии миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бузургу мондагор мебошад.

Академик Фарҳод Раҳимӣ дар суханронии худ иброз дошт, ки имрӯз инсоният дар муқобили мушкилоти шадиде чун норасоии оби нӯшокӣ ва тағйирёбии иқлим қарор дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои манобеи оби тоза ва ташаббускори масоили об дар сатҳи байналмилалӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир бозида, тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳифзи муҳити зист ва ояндаи кураи Замин ҷалб намояд. Бо ин мақсад бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардид ва дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир шуд, ки он боз як иқдоми таърихии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти сайёра арзёбӣ мегардад.

Сипас, меҳмонон аз давлатҳои хориҷӣ, профессорон ва мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар мавзуъҳои марбут ба амнияти экологӣ, сиёсати башардӯстона ва нақши пешвоёни минтақавӣ баромад карда, ба иштирокчиён ғизои маънавӣ бахшиданд.

Боиси ифтихор аст, ки маҷмуаи пурмуҳтавои мақолаҳои илмии конфронс қабл аз баргузорӣ ба табъ расида, ҳамчун як дастовези гаронбаҳои илмӣ ба иштирокчиён тақдим гардид.

Дар интиҳои ҳамоиш, иштирокчиён ба кори конфронс ва маърузаҳои ироашуда баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳоро заминаи густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди маърифат донистанд.

 

2025-06-11 22:43:44

Логотипи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Логотипи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-06-11 21:52:29

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ

11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунӣ дар ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба ҳифзи амну субот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ, таҳкими интизому риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии босифати кадрҳои ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

2025-06-11 21:50:36

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ШАЙХ СУРУР БИН МУҲАММАД ОЛИ НАҲЁН

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндаи аршади оилаи ҳокими Амороти Абу Забӣ Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олимақомро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе хуш омадед гуфта, қайд намуданд, ки рушду таҳкими ҳамкориҳои судманд бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад ва натиҷаҳои музокироти имрӯза дар таърихи муносибатҳои дуҷониба боз як саҳифаи наву пурмазмунро боз хоҳад кард.

Дар мулоқот ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сохтмону сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инноватсия, иқтисоди сабз ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

2025-06-11 21:46:37

МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО ДИРЕКТОРИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Мусаллам баргузор гардид.

Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни мулоқот дар робита ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита ва муассисаҳои зерсохтори он маълумот дода, иброз дошт, ки бо мақсади ҷалби теъдоди бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва баланд бардоштани мақоми зинаи таҳсилоти касбӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, № 429 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

“Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё карда, дар сиёсати иҷтимоии давлат ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии мамлакат яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Тадбирҳои андешидашуда барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Дар ин раванд, барои рушди таҳсилоти касбӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ, Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд”, - гуфт раиси Кумита.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯи 23 самт ва зиёда аз 500 касбу ихтисос хонандагону донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Адҳам Мусаллам иброз дошт, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар якҷоягӣ бо Федератсияи Россия Барномаи ғизои мактабиро ба роҳ мондааст, ки дар доираи он беш аз 2000 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарми солим таъмин карда мешаванд.

“Аз ҳисоби барнома 50 ошхонаи муассисаҳо таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Имрӯз бо дастгирии барнома дар ошхонаи муассисаҳои мазкур беш аз 5500 ошпаз ҳамчун корманди асосӣ фаъолият мекунанд. Тибқи талаботи лоиҳа мо барои пурра фаро гирифтани ҳамаи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин миқдор ошпаз ниёз дорем. Бинобар ин, дар якҷоягӣ метавонем, ки шаҳрвандонро ба омӯзиши касби ошпазӣ фаро гирифта, баъди хатм ва соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ шудан бо ҷойи кор таъхмин намоем”, - гуфт намояндаи БОҶ.

Таъкид шуд, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ аз соли 1999 бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани низоми миллии ғизои мактабӣ ҳамкорӣ мекунад, зеро таъмини мактаббачагон бо хӯроки солим на танҳо вазъи саломатиро беҳтар мекунад, балки дастрасии бештар ба таҳсилро фароҳам меорад.

Баъд аз анҷоми мулоқоти расмӣ Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ оид ба ҳамкорӣ ва татбиқи Барномаи давлатии рушди устувори ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027 имзо шуд. Тибқи санади мазкур Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Русия дар заминаи Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ошхона ва синфхонаҳои намунавиро барои омода кардани ошпазҳо бунёд мекунад. Дар ин замина дар муассиса факултети ошпаз-қаннод ташкил шуда, дар он аз рӯи 4 ихтисос – ошпаз, қаннод, ошпази таомҳои миллӣ ва ошпази таомҳои хориҷӣ мутахассисон омода гардида, баъди хатми муассиса ба онҳо диплом дода мешавад.

Қайд гардид, ки дар доираи ин Ёддошти тафоҳум мазкур дар оянда чунин ошхонаву синфхонаҳои таълимӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дигар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон низ бунёд гардида, барои таъмини шаҳрвандон бо касб мусоидат менамоянд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

2025-06-11 21:44:34

“МАЛАКАИ КАСБӢ” - ВАСИЛАИ ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБИИ ХОНАНДАГОН

Дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соҳаи афзалиятнок маҳсуб ёфта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷиҳати азнавсозии низоми таълим, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва дастрасии аҳолии кишвар ба таҳсилоти босифати касбӣ чораҳои муассир меандешад.

Боиси фараҳу қаноатмандӣ аст, ки имрӯз наврасону ҷавонони кишвар ба касбомӯзию ҳунаромӯзӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ шақу завқи зиёд дошта, зери таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати кишвар қарор доранд. Дар мамлакат барои соҳибкасб намудани аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо барои омӯхтану аз худ кардани касбу ихтисосҳои муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Лозим ба қайд аст, ки давоми солҳои охир дар ҷумҳурӣ таҳти cарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифт», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад, ки дар ин озмунҳо хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар пайравӣ аз иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ»-ро аз рӯйи ихтисосҳои касбҳои коргарӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мегузаронад.

Мақсади асосии гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбӣ ва тақвияти тафаккури техникии хонандагон буда, барои баланд бардоштани завқи эҷодкорӣ, дарёфти хонандагони навовар ва инкишофи қобилияти эҷодии онҳо мусоидат менамояд.

Дар соли равон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ Низомномаи озмун бо фармоиши дахлдори раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ карда шуда, Кумитаи тадорукотии озмун дар назди Кумита таъсис дода шуд.

Тибқи Низомнома Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» аз рӯйи 15 ихтисос, аз ҷумла ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ, гаҷкори ҷузъҳои меъморӣ, ошпаз - қаннод, кандакорӣ дар чӯб ва пӯсти чӯб, санъати сартарошӣ ва косметикаи ороишӣ ва ронандаи автомобил дараҷаи “С” дар шакли назариявӣ ва иҷрои корҳои амалӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” дар вилояти Суғд дар заминаи литсейҳои касбии техникии ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд, дар вилояти Хатлон дар заминаи литсейҳои касбии техникии ноҳияҳои Вахш ва Восеъ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар заминаи Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат ва дар шаҳри Душанбе дар заминаи литсейҳои касбии техникии нақлиёти автомобилӣ, сохтмонӣ, политехникӣ, дӯзандагӣ, хизмат ва туризми шаҳри Душанбе доир гардида, дар он 1175 нафар хонандагон аз 59 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ иштирок намуда, 240 нафар хонандагон ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол карда, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” давоми рӯзҳои 26-27-уми майи соли 2025 бо иштироки 240 нафар хонандагон-ғолибони даври якуми озмун дар 25 синфхона ва устохонаи таълимии литсейҳои касбии техникии нақлиёти автомобилӣ, сохтмонӣ, дӯзандагӣ ва политехникии шаҳри Душанбе баргузор гардида, 60 нафар хонандагон аз рӯйи 15 номина дар асоси қарори комиссияҳои фаннӣ ғолиби даври ниҳоии озмун дониста шуда, бо дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм, медал ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, ба аъзои комиссияҳои фаннӣ, директорону омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии як қатор литсейҳои касбии техникӣ ва хонандагон-иштирокчиёни даври ниҳоии озмун барои арзёбии донишу маҳорати хонандагон, тайёр кардани хонандагон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмун Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақдим гардид.

Бояд қайд намуд, ки маросими ҷамъбастии даври ниҳоии озмун санаи 27 майи соли 2025 дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо пешниҳоди дастовардҳои хонандагону донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбии техникии шаҳри Душанбе ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардид.

Аз раванди ташкил ва баргузории даври ниҳоии озмун метавон хулоса кард, ки хонандагони литсейҳои касбии техникӣ бо омодагии ҷиддӣ ба озмун омада, малака ва маҳорати касбии худро нишон доданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар тайёр кардани хонандагон ва иштироки онҳо дар даврҳои якум ва дуюми озмун саҳми омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ ва роҳбарияти литсейҳои касбии техникӣ назаррас мебошад.

Воқеан, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои гузаронидани чунин озмунҳо ва ҷалби бештари хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ин гуна озмунҳо тамоми шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шудааст. Зимнан бо ин, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ метавонанд аз ин имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода бурда, донишу маҳорати худро сайқал диҳанд.

Рушди рӯзафзуни зинаҳои таҳсилоти касбӣ, хусусан зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар мамлакат ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ нишон медиҳад, ки танҳо бо илму донишҳои муосир ва ихтирооту навоварӣ дар назди аҳли башар метавон сарбаланд шуд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар андешаи омӯхтани илму дониш, ихтирооту навоварӣ ва аз худ кардани касбу ихтисосҳои муосир бошем.

АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло,

муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-06-11 21:42:43

ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КРИОСФЕРА ҲАМЧУН ЗАМИНА БАРОИ АМНИЯТИ ГЛОБАЛӢ

Дар ҳама давру замон об на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки пояи устувории тамаддунҳо будааст. Аз қадимтарин маданияти башарӣ то муосиртарини он обро ҳамчун нерӯи пайвандгари фарҳанг, иқтисод, муҳити зист ва сиёсат пазируфтаанд. Имрӯз, дар замоне ки инсоният бо чолишҳои бесобиқаи тағйирёбии иқлим рӯбарӯст, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба масъалаи сарнавиштсоз табдил ёфтааст. Дар ин замина, Тоҷикистон ба ҳайси кишвари кӯҳистонӣ ва дорои захираҳои бузурги оби тоза дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи хоса пайдо кардааст.

Дар чорабинии сатҳи баланд, ки рӯзи 8 июни соли 2025 дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуд, оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосфера) барои солҳои 2025–2034-ро эълон карданд. Дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи илмӣ ва дипломатии ҷаҳонро ба масъалаи таҳдидҳои пиряхӣ ҷалб намуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Фаронса дар бораи эълони солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як иқдоми таърихӣ мубаддал гаштааст. Қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ на танҳо аҳаммияти илмҳои яхшиносиро эътироф мекунад, балки онро ҳамчун абзори асосӣ барои фаҳмиши равандҳои глобалии иқлимӣ ва барномаҳои мутобиқшавӣ ба танзим медарорад.

Илмҳои криосферӣ маҷмӯи фанҳои байнисоҳавие мебошанд, ки объектҳои яхкардаи замин, аз ҷумла пиряхҳо, барфи доимӣ, қутбҳои яхбаста, қабати яхкардаи хок, яхбандии уқёнуси Арктика ва Антарктидаро меомӯзанд. Ин соҳа дар маркази тадқиқоти муосир дар соҳаи тағйирёбии иқлим қарор дорад, зеро криосфера ҳамчун нишондиҳандаи асосии афзоиши ҳарорати глобалӣ ва таҳдид ба манобеи оби тоза мебошад. Илмҳои криосферӣ на танҳо ҳолати муҳити зистро нишон медиҳанд, балки барои қабули қарорҳои сиёсӣ ва роҳандозии стратегияи мутобиқшавии кишварҳо нақши муҳим мебозанд.

Бо назардошти он ки тағйироти криосфера нишондиҳандаи мустақими гармшавии глобалӣ ва хатарҳои обиву муҳити зист мебошанд, ҷаҳони муосир ба ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ ва сиёсати устувор ниёз дорад. Маҳз бо дарки ҳамин зарурат, Тоҷикистон ва Фаронса ташаббус пеш бурданд, ки солҳои 2025–2034 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)” эълон карда шавад, зеро илмҳои криосферӣ дар замони муосир бо як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯянд:

1. Дастнорасии ҷуғрофии объектҳо ва душвориҳои логистикӣ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва қутбӣ;

2. Маҳдудиятҳои дастрасӣ ба маълумоти дақиқ ва моделҳои илмии дуруст;

3. Камбуди инфрасохтори техникӣ, аз ҷумла моҳвораҳо, сенсорҳои дурдаст ва мониторинги доимӣ;

4. Норасоии ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус дар кишварҳои рӯ ба рушд;

5. Номувофиқии таҳқиқоти илмӣ бо сиёсатгузориҳои амалӣ;

6. Камбуди кадрҳои тахассусӣ дар соҳаи яхшиносӣ ва омӯзиши криосфера.

Ҳадафи асосии ин даҳсола ҳалли ин мушкилот ва таҳкими пойгоҳи илмиву сиёсӣ барои таҳқиқи криосфера ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Татбиқи муваффақонаи он метавонад ба як қатор натиҷаҳои муҳим оварда расонад, ки онҳо чунинанд:

1. Густариши шабакаҳои мониторинг ва таҳқиқоти замонавии пиряхҳо;

2. Таҳияи моделҳои дақиқи пешгӯии равандҳои яхшавӣ ва обшавӣ;

3. Ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ба марказҳои илмии криосферӣ;

4. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва муттаҳидсозии сиёсати иқлимиву илмӣ;

5. Таҳкими иқтидори инсонӣ ва рушди таҳсилоти тахассусӣ дар самти илмҳои криосферӣ;

6. Афзоиши нақши кишварҳои осебпазир дар сиёсатҳои иқлимии байналмилалӣ.

Тоҷикистон, ки дар қаламрави он то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ ҷойгиранд, дар таъмини амнияти обии минтақа нақши калидӣ мебозад. Таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи пиряхҳо, татбиқи 14 ташаббуси байналмилалии обу иқлим ва пешниҳоди “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нишондиҳандаи садоқати Тоҷикистон ба наҷоти криосфера мебошад.

Даҳсолаи илмҳои криосферӣ ин на танҳо фурсати илмӣ, балки як имкони сиёсӣ барои ҷомеаи башарист, то аз хатари фоҷиаи глобалии обшавии пиряхҳо ҷилавгирӣ намояд. Таъмини натиҷаҳои пойдор дар тӯли ин даҳсола фақат бо роҳи ҳамгироии илм, сиёсат ва масъулияти инсонӣ имконпазир хоҳад буд.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон макони зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳамчун манбаъҳои асосии оби тоза дар минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Аммо раванди обшавии суръатноки пиряхҳо, ки дар шароити афзоиши ҳарорати глобалӣ рӯз то рӯз шадидтар мешавад, хатари мустақим ба амнияти озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зисти минтақаро ба миён меорад. Ин раванд на танҳо табиатро таҳдид мекунад, балки арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии марбут ба обро низ зери суол мебарад.

Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва роҳбари ташаббускори ҷаҳонӣ, пайваста талош меварзанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷалб намоянд.

Зикр бояд кард, ки дар тӯли 20 соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон 14 қатъномаи муҳими СММ дар масъалаҳои обу иқлим қабул гардидаанд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз «Соли байналмилалии оби тоза (2003)»; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015»; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»; «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025) ва таъсиси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март).

Ин ташаббусҳо, ки натиҷаи тафаккури стратегӣ ва иродаи сиёсиву башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат мебошанд, имрӯз дар маркази рӯзномаи ҷаҳонии устуворӣ қарор доранд. Эълони “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” низ ҳамчун идомаи мантиқии ин раванд ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ байни илм, сиёсати байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мешавад.

Пешвои миллат дар суханронии худ изҳор доштанд, ки илмҳои криосферӣ бояд ба таҳкими пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии кишварҳо мусоидат намуда, шароити пешгӯӣ, мониторинг ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлимиро беҳтар созанд. Ҷалби сармоя, тақвияти иқтидори миллӣ ва ҳамгироии илмҳои геофизикӣ, гидрология, моделсозӣ ва сиёсати экологӣ бояд ба маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд.

Имрӯз Тоҷикистон, ки сарзамине бо пиряхҳои азим ва дарёҳои ҷорӣ аст, ба ҷаҳониён паём медиҳад: “Об ва иқлим сарнавишти як халқу як миллат нест ва он сарнавишти тамоми инсоният аст.” Ин паём танҳо аз забон не, балки аз амал, аз ташаббус, аз саҳми воқеӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ садо медиҳад.

Даҳсолаи илмҳои криосферӣ фурсати нав барои ҷомеаи ҷаҳонист ва он даврони андеша, ҳамгироӣ ва наҷоти табиат аст. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як бори дигар исбот намуд, ки кишвари мо ташаббускори корнамоиҳои бузург аст, зеро дар он ирода, андеша ва виҷдони инсони комил дар ҳифзи муҳити зист ва экология ҳукмфармост.

Фарҳод Раҳимӣ,

академики АМИТ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2025-06-10 17:29:13

ИҚТИСОДИ САБЗ, МОҲИЯТ, РУШД ВА АҲАМИЯТИ ОН

Кишвари мо бо мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои "Иқтисоди сабз" Стратегияи рушди ин соҳаро барои солҳои 2023-2030 таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор додааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмашон 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ, ба рушду ташаккули “Иқтисоди сабз” ҳамчун ҷузъи муҳими таъмини амнияти иқтисодии кишвар барои оянда эътибори махсус дода иброз доштанд, ки “Тайи солҳои охир таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаи пешгирӣ кардани таъсири хафҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

Мо, ҳамчунин ташаккули “Иқтисоди сабз”, суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем”.

Чунон чӣ аз иқтибоси боло маълум мешавад, масъалаи ташаккули “Иқтисоди сабз” дар қатори дигар масоили муҳимтарини рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар яке аз масъалаҳои афзалиятнок дониста шудааст. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ба масъалаи ташаккули “Иқтисоди сабз” солҳои охир таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, ки албатта ин бесабаб нест.

Таъмини амнияти иқтисодию бехатарии озуқаворӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити экологӣ яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳаётан муҳими инкишофи ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Давлати мо низ дар ин раванд истисно нест, зеро робитаҳои иқтисодию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои ҷаҳон зарурати таъминоти амнияту бехатарии иқтисодию техникиро ба миён меоранд. Аз ин лиҳоз санаи 30 сентябри соли 2022 таҳти рақами №482 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) мураттаб гашта, баистифода қарор дода шуд. Дар асоси ҳамин қарор ва нақшаи зикршуда роҳбарияти вилояти Суғд “Дар бораи татбиқи Стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” дар вилояти Суғд таҳти қарори №411, “Дар бораи татбиқи стратегияи рушди “Иқтисоди сабз ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” дар ноҳияи Зафаробод қабул карданд.

Инчунин моҳияти “Иқтисоди сабз” ва зарурияти ташаккули рушди минбаъдаи он аз санаи 28-уми июли соли 2023 дар Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани мизи мудаввари илмию амалӣ таҳти мавзӯи “Ташаккул ва рушди Иқтисоди сабз” ҳамчун яке аз самтҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардидааст. Дар ҳамоиши мазкур ташаккул ва рушди “Иқтисоди сабз” ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти иқтисодӣ дар партави навбатии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марҳалаи нави рушд қадам ниҳода истодааст.

Моҳияти “Иқтисоди сабз” дар чӣ зоҳир мегардад? “Иқтисоди сабз” моҳияти бамиёноварӣ, ташаккулёбӣ ва рушди чунин навъи иқтисодро фаро мегирад, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва баҳри таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар заминаи шароити мусоиди табиӣ, захираҳои бойи табиӣ, обу ҳавои мусоид, тозагии иқлим, инчунин захираҳои об барои рушди “Иқтисоди сабз” ва “Неруи сабз” (яъне энергияи аз ҷиҳати амнияти экологӣ безарар) бехатарӣ ва амнияти экологии иқтисодиёти худро таъмин ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои пешсаф бошад. Маҳз бо мақсади татбиқи лоиҳаи “Сабз” яъне рушди “Иқтисоди сабз” ва “Энергияи сабз” Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2022 – 2023 механизми маблағгузории фондҳои махсусро дар ин самт таъкид кардаанд. Махсусан Сарвари кишвар вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҷалби маблағгузориҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохторҳои кишвар хусусан лоиҳаҳои дорои аҳамияти экологию озуқаворӣ дошта, чораҷӯӣ намоянд. Бояд гуфт, ки мафҳуми “Иқтисоди сабз” чун истилоҳи илмӣ ба илми иқтисодиёт соли 1989 ворид гардидааст. Баъдтар дар адабиётҳои илми иқтисодӣ ба таври васеъ истифода шуда, ин истилоҳ дар радифи мақсадҳои ҳадафҳои рушди устувор дар доираи Созмони Миллали Муттаҳид ҷой гирифтааст.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 оид ба “Иқтисоди сабз” моҳияти ташаккулёбӣ ва рушди минбаъдаи он, мақсадҳои стратегӣ ва имкониятҳои иқтисодию технологии ривоҷи ин соҳаи муҳими иқтисодиёт эътибори махсус зоҳир карда шуд. Дар Паём, аз ҷумла гуфта шудааст: “Солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсирии манфии худ қарор додааст.

Аз нуқтаҳои асосии паём ва аз ҳар ҳолат инкишофу тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар дар солҳои охир маълум мегардад, ки дар шароити имрӯза рӯй овардан ба “Иқтисоди сабз” ва рақамикунонии иқтисодиёт барои пешрафти минбаъдаи мамлакати соҳибистиқлоли мо аҳамияти калон дорад. Ҳамон тавре, ки Президенти муҳтарам дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 қайд карданд: “Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузашташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби ҳукумати мамлакат вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Якум: Бунёди нерӯгоҳи барқии “Роғун”, “Себзор” ва таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавллиди “Энергияи сабз” ва б 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар;

Дуюм: Барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо барқ суръати корҳои асосоноккунии техникӣ ва лоиҳакашии нерӯгоҳҳои барқии обии “Шӯроб” бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи “Вахш”, “Санобод” бо иқтидори 500 мегаватт дар се марҳила дар дарёи Панҷ қисмати Рӯшон ва “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаваттро тезонида шавад: (Паёми зикршуда Минбари халқ №51 аз 28 декабри соли 2023, саҳ. 2).

Вобаста ба ҳамин масъала Пешвои миллат бо таври алоҳида чунин ибрози назар намуданд: “Панҷум: Бо маақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алнтернативии истеҳсоли “Энергияи сабз”, яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шавад”.

Вобаста ба ҳамин масъала зикри як нуқтаи муҳимро зарур медонем. Дар шароити табиии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ки дар заминаи ҳамвории биёбонӣ ташкил ёфтааст, имкониятҳои табиӣ барқарорсозии манбаъҳои алтернативии истеҳсоли “Энергияи сабз” мавҷуданд, зеро дар ин мавзеъ ҳам қувваҳои табиӣ бодӣ ва ҳам энергияи гармии офтобӣ қариб дар тамоми фаслҳои сол вуҷуд доранд. Аз ин рӯ муалилифи ин сатрҳо чун мутахассиси соҳаи иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ чунин меҳисобад, ки агар аз ин имкониятҳо баҳри ташаккул ва рушди энергияҳои алтернативии истеҳсоли “Энергияи сабз” бо роҳи сохтани истгоҳҳои барқии бодӣ ва офтобӣ саъю талош карда шавад, боварӣ ҳаст, ки барои инкишофи “Иқтисоди сабз” дар шароити ноҳия ва шояд барои дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ имконияти қулай ба миён оварда шавад. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи декабри соли 2022 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда буданд: “Ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз “Энергияи сабз” истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати “Истеҳсоли сабз” аз мақомот махсусгадонидашудаи байналмиллалӣ чораҷӯӣ намоянд”.

Агар дар назар дошта шавад, ки шароити иқлим ва табиати сарзамини мо барои ташаккул ва рушди “Иқтисоди сабз” имконият ва шароити доманфарохеро молик аст, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ҳуҷҷати густурда илман асоснок ва амалишаванда буда, “кишвари мо дар зарфи ин 15 сол ба инкишоф ва рушди “Иқтисоди сабз” ва таҷриҷан амалисозии рақамигардонии иқтисодӣ ноил хоҳад гашт. Ин аст, ки Президенти мамлакат дар Паёмашон ба маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 бо боварӣ ба неруи созанда ва имкониятҳои фарохи иқтисоди кишвар чунин ибрози назар намуданд: “Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “Иқтисоди сабз” соли 2037 воқеан ба “Кишвари сабз” табдил меёбад.

Дар партави ҳаллу фасли ин масъалаҳо зарур аст, ки муҳити экологӣ мунтазам тозаю озода нигоҳ дошта шавад, роҳу дигар воситаҳои коммуникатсионӣ тадриҷан ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ гардонида шавад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба масъалаҳои ободсозии роҳҳо, кабудисозии маҳалҳои зист, такмили стандартҳои экологию иҷтимоии лоиҳаҳои бунёду азнавсозии роҳҳову маҳалҳои зиндагонӣ, мутобиқсозии онҳо ба принсипҳои “Иқтисоди сабз” диққати махсус дода, дар назди сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштаанд. Аз он ҷумла, Пешвои миллат зарурияти амалисозии корҳои зеринро махсус қайд каданд: “Вазорати нақлиёт ва хадамоти гумрукиро зарур аст, ки ҷиҳати васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили “Долонҳои сабз” бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмиллалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисаҳадӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар ин нақшаи амалӣ Стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) дар миқёси вилояти Суғд ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи хос додашудааст, ки иҷроиши онҳо ба ҳар кадоми мо зарур аст:

1) Истифодаи самараноки энергияи сабз ва таъмини сарфаҷӯии энергия;

2) Татбиқи принсипҳои “Иқтисоди сабз” дар соҳаи кишоварзӣ;

3) Татбиқи принсипҳои “Иқтисоди сабз” да саноатикунонии вилоят;

4) Татбиқи принсипҳои “Иқтисоди сабз” дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳ;

5) Татбиқи принсипҳои “Иқтисоди сабз” дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

6) Татбиқи принсипҳои “Иқтисоди сабз” дар ҳифзи меҳнати муҳити зист;

7) Рушди сайёҳии экологӣ;

😎 Татбиқи принсипҳои “Иқтисоди сабз” дар соҳаи хоҷагии манзилию комуналӣ;

9) Тақвияти маърифати экологӣ ва баробарҳуқуқӣ;

10) Такмили низоми ҳифзи меҳнат дар доираи “Шуғли сабз”;

11) Иқтибос аз олимони хориҷӣ ва ватанӣ дар боби назария ва амалияи “Иқтисодиёти сабз”;

12) Ташкили гӯшаи дастурҳои илмӣ-методӣ дар кафедраи “Иқтисодиёт ва муҳосибот” бо ташаббуси мутахассисони соҳа. (Пешниҳод барои коллеҷ);

13) Кушодани ихтисоси нави “Муҳандис-технолог дар соҳаи Иқтисодиёти сабз”. (пешниҳод барои коллеҷ);

Инҳо масъалаҳои бағоят муҳим оид ба амалисозии стратегияи рушди “Иқтисоди сабз” буда, аз ҳар як шаҳрванд ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷидду ҷаҳди бунёдкориву созандагиро баҳри амалисозии “Иқтисоди сабз” ва фазои солимӣ-экологӣ барои таъмини амнияту бехатарии стратегияи рушди иқтисоди кишвар талаб менамояд.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки дар пиёдасозии ин ҳадафҳо бо ҳиссиёти баланди ватандӯстию худогоҳии миллӣ ва хештаншиносию инсонпарастӣ муносибат кунем.

Ҳусейн ҲОМИДОВ, омӯзгори Коллеҷи политехникии

ноҳияи Зафаробод