Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-10-15 12:47:43

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАЛАКАИ КАСБӢ” ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ҶАМЪБАСТГАРДИД

Дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳлоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таљҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ гузаронида мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳлоти ибтидоии касбӣ аз 21 муассиса 144 нафар хонанда аз рӯи 10 ихтисос иштироки фаъолона намуданд.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳон 52 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Озмун дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон гузаронида мешавад.

Баъди ҷамъбасти даври якуми озмун даври ҷумҳуриявии баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якуми озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

2024-10-15 12:45:15

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 14-уми октябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини аввали Раиси Кумита Баҳрулло Давлатзода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода, раиси Шурои директорон Ғафурӣ Зоир Саъдулло ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ баромад намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 1 сентябри соли 2024 дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Кумита пешниҳод гардида буд, ҷиҳати ҳарчи зудтар иҷро гардидани онҳоро супориш доданд.

Фарҳод Раҳимӣ, иброз доштанд, ки моро зарур аст, ки дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ талош варзем ва дар иҷрои вазифаҳои хеш масъулияти баланд эҳсос намоем.

Таъкид шуд, ки иштироки донишҷӯён,омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин, ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дастур дода шуд, ки баҳри рафъи норасоии маводи таълимӣ, ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон, таъмини базаи моддии техникӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба корнамоиҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли таҳсили 2024-2025 “Соли мутолиаи асарҳои Пешвои миллат" эълон гардид. Дар ин маврид роҳаброни муассисаҳои таҳсилотимиёнаи касбиро зарур аст, ки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро ҷиҳати мутолиаи асарҳои Пешвои миллат роҳнамоӣ намоянд.

Дар идома аъзои шурои директорон бо баррасии масъалаҳои зерин табодули афкор намуданд:

- Такмили ихтисоси омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- Чораҳои амалишуда дар самти татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф;

- Сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баъдан, Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён барои сазовор гардидан ба ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ифтихорномаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз ҷониби аъзои Шурои директорон логотипи Шурои директорон тасдиқ гардида, як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

2024-10-11 20:52:49

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 300-СОЛАГИИ МАХДУМҚУЛӢ ФИРОҚӢ ЗЕРИ УНВОНИ “РОБИТАИ ЗАМОНҲО ВА ТАМАДДУНҲО – АСОСИ СУЛҲУ ТАРАҚҚИЁТ”

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории аҳли зиё ва гиромидошти шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махдумқулӣ Фироқӣ, ки бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон низ ба солгарди мутафаккири бузург эҳтиром гузоштанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон баргузор кардани мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Фироқӣ, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти кишвар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро нишони возеҳи дӯстӣ ва муносибатҳои созандаи мардумони бародари Тоҷикистону Туркманистон унвон намуданд.

Таъкид шуд, ки эҷодиёти шоир бо мероси бузурги адабии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дорад. Аз осори Фироқӣ бармеояд, ки ӯ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст. Бисьёр ходимони адабиёт ва тарҷумонҳои шинохтаи тоҷик даҳҳо маҷмуаи осори ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мазмуну мундариҷаи эҷодиёти Махдумқулӣ ба монанди ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқат изҳори андеша карда, мероси эҷодии ӯро пули муҳими густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ба ҳам наздик кардани кишварҳову мардумон номиданд.

Президент кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкории фарҳангӣ ҳамчун омили муассири робитаи миёни миллатҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумон аз иқтидори бузург бархурдор аст.

Дар ин замина зарур шумурда шуд, ки кишварҳо бо муносибати эҳтиромона ва таҳаммулгароёна нисбат ба анъанаву арзишҳо ва мероси маънавию фарҳангии ҳамдигар намунаи ибрат бошанд.

Гуфта шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон пайваста аз иқдомоти амалии муштарак барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи башариро ҷонибдорӣ мекунад.

“Мо минбаъд низ барои рушди ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ бо ҳамаи шарикони худ, аз ҷумла бо Туркманистони бародар талошҳои зарурӣ ба харҷ хоҳем дод”- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо аз сатҳи сифатан баланди тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон, ки хусусияти “шарикии амиқи стратегӣ”-ро касб кардаанд, ёдовар шуда, роҳбарияти олии кишвари дӯстро барои танзими бошукӯҳ ва сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш табрик гуфтанд.

Дар Ҳамоиши байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ” сарфароз гардонида шуданд.

 

2024-10-11 20:49:55

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф” иштирок менамоянд.

 

2024-10-11 20:46:13

“ШОҲНОМА” ВА “ТОҶИКОН” - ДУ ШАҲБОЛИ ТАВОНОИ МИЛЛАТ

Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ва огоҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ ва ошноӣ бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву Истиқлол ва таҳкиму пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад. (Эмомалӣ Раҳмон. Шиносномаи миллат. Пешгуфтор ба “Тоҷикон” саҳ.15)

Миллате шарафёби комёбист ва ҳуқуқи зинда мондан дар гирдудорҳои давру замонро дорад, ки фарзандони оқил ва хештаншиносаш бо нури хирад ҳофизаи таърихию фарҳангияшро ҳифз ва дар шароити мусоид ба наслҳо мерасонанд. Таърих дар авроқи хеш зиёд асрори нуҳуфтае дорад, ки танҳо ворастагоне ба умқи он расидаанду рисолати хеш ба сомон расонидаанд. Миллате, ки дар китоби падари таърих Ҳеродод “Таърих” чун асилзодагон ёд шудаву дар осори Арасту зи шаҳомати ашрофзодагону русуми озодагони он зикр рафта ва дар “Таврот”- и муқаддас аз “Устувонаи Куруш” бо номи “Силиндри Куруш” чун арзиши олии ҳуқуқ ва адолат бо ихлосу садоқат васф шуда, офтоберо мемонад, ки ҳоҷат ба муаррифӣ надорад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд “Таърихи пурифтихори миллати тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад” ва фарогирифтани ҳамаи давраҳои рушду такомул ва афтишу парокандагиҳои он дарсест омӯзанда ва ибратбахш.

Истиқлол дар бедории афкори миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва шинохти таърихи бостонии миллати тоҷик муҳимтарин падидаи созандаю бунёдкор аст. Ибтикороти сиёсӣ, пайкори фарҳангӣ, ҷасорати ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин масири эҳёгарӣ муҳимтарин таконбахш ва рисолати ватандорист, ки дар таърихи давлатсозии миллат беназир аст. Тоҷикон яке аз наслҳои хушбахт ва сарафрози Ориёӣ ҳастанд, ки баъди ҳазор соли бебанду борӣ, маҳрумият аз нуфуз ва қудрати сиёсӣ дар сарзамини аждодӣ соҳиби Истиқлол ва лидери сиёсие гардиданд, ки тавонист дар эҳёву ваҳдати миллат, шинохти асолат, таърих ва фарҳанги миллат пешгом бошад. Шинохт ва қадршиносии чеҳраҳои мондагори сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ки дар ташаккул ва рушди давлатдорӣ, муборизаи истиқлолхоҳию озодиталабӣ, ривоҷу густариши адабиёт, санъат, ҳунар ва фарҳанги миллати тоҷик саҳмгузору ҷонфидо буданд, худ қаҳрамонист. Рисолати равшангарӣ бозгардони саҳифаҳои фаромӯшгаштаи хотироти миллат ва бедорсозии ҳофизаи таърихии он аз тарафи Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали бар сари қудрати сиёсӣ омадан муассир буд. Зина- зина ба сӯи қуллаи мурод раҳнамоии насли наврасу ҷавон ва ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии адабию фарҳангӣ, таърихию ҳунарӣтаконбахши худогоҳӣ, хештаншиносӣ гардид. Руҷӯъ ба таърихи ҳафтҳазорсолаи тамаддунҳои барпонамудаи ақвоми Ориёӣ, ки тоҷикон яке аз меросбарони асили он мебошанд, эҳёгарист ва рисолати паёмрасонист. Рисолати муқаддаси роҳбарияти сиёсии давлат, элитаи сиёсии бедор, равшанфикрон, аҳли зиё, донишмандони асили миллат дар он аст, то арзиши бебаҳо ва деринтизор будани Истиқлолро дар зеҳнияти миллат, дар рӯҳу ҷон ва хуну равони наслҳои ҷавону наврас ҷойгузину мустаҳкам намоянд, то дар ҳар нафаси кашида, дили онон дар ишқи Ватан, хоку оби аждодӣ, муқаддасоти ин сарзамини биҳиштӣбитапад. Хушбахтона дар сиюду соли Истиқлол миллат бо кору пайкори абармардони арсаи давлату сиёсат оғоз аз Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Ардашери Бобакон, Баҳроми Гӯр, Шопур, Кайхусрав, Баҳроми Чӯбина, Ҳусайн ибни Тоҳир, Яъқуб ва Амрӯи Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, озодихоҳону ватандороне чун Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Шориқи Бухороӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Сарбадорони номдор, Темурмалик, Восеъ, пешвоёни кешу ойини аждодӣ Зардушти Спитамон, Монӣ, Маздак ва даҳҳо қаҳрамонони ориёигаҳвар шинос гардид, ки гардиши куллӣ дар тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва ифтихороти наслҳо шуд. Акнун бо шарофати озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” санъат, ҳунар, мусиқии бостонии миллат, Шашмақому Фалак, ҳунарҳои мардумии чакандӯзӣ, адрасу атласбофӣ, наҷҷорию заргарӣ эҳё ва насли ҷавони кишвар рисолати меросбариро бар дӯш гирифтанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” беҳтарин падидаи фарҳангист, дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ, ки миллатро ба гулбоғи китоб ва ҷаҳони маънавиёту фарҳанг ҳидоят намуд. Шодбошист, ки чеҳраҳои навини сухандону сухангустар дар ин фурсати кутоҳ ба майдони илму адабу фарҳангу санъат падид омаданд, ки умедворкунандаи фардои дурахшони миллат аст. Симурғи ҷонбахшои миллат забони шаккарину сеҳрофарини паҳлавист, ки бо ҷабри таърих ва ҷудоиандозиҳои ғосибон дар се гӯшаи Ариянавайҷаҳ (Фарохнои Ориёно) бо номҳои шогуни порсӣ, тоҷикӣ, дарӣ тӯли ҳазорсолаҳост бори маънавиёт, фарҳанги асилзодагону озодагонро ба ҷовидона мебарад. Ин лафзи биҳиштӣ дар тамаддунсозӣ, фарҳанггустарӣ ва тарбияву парвариши ахлоқи ҳамида, дарси одамият, покиву адлу мадоро, муруввату ато, сулҳу осоиш ва дӯстиву меҳр бар бани инсоният кӯҳи китоб, қасри ганҷи маъониро ҳадя сохтааст. Фарзандони фарзонаву фаршедфари он танҳо бо килки сеҳрангези хеш шикори дилҳои огоҳнамудаву бо нури хуршедии илму ҳикмати муғона, қаламрави нуфузи ҳикмату фарҳанги Ориёноро ба шаш иқлими олам бурдаанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” такони ҷиддие дар рушди зеҳнияти илмӣ, бедории ҳофизаи таърихӣ дар кашфи асрори илм, техника ва созандагӣгардид. Ин гомҳои нахустин дар бедории шуури илмӣ, афкори дунявӣ, рӯй овардан ба илмҳои дақиқ, риёзӣ, табиӣ ва тиббӣ буд, ки дар хуни ҷавонони огоҳ ва ташнаи илм генҳои ирсии Синову Берунӣ, Форобию Хоразмӣ, Хайёму Дониш ва садҳо нобиғагони тоҷикро бедор сохтаву ғулғула ангехт. Ҳарчанд аз ин иқдомот муддати каме сипарӣ шуда, аммо нишондодҳо дилгармсозанда аст. Хушбинии мо зи он аст, ки ҷойгоҳи алломагон дар ҳамаи даврони таърих барои миллати шарифи тоҷик ҳеҷ гоҳ холӣнабудааст. Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон –оинаи таърихи миллат” зинаи заррин дар худогоҳию хештаншиносии миллат аст, зеро таърих дақиқан нишон дод, ки ҳазор соли дур мондан аз қудрати сиёсӣ ва зери нуфузи ғосибону бегонагон бо муросову мадоро, таҳаммулу сабр зиндагӣнамудан ба афкору зеҳнияти миллат зарбаҳои ҷонкоҳ расонидааст. Ақвоми Ориёӣ баъди фурӯпошии империяи фарохдомони Сосониён ва давлати миллии Сомониён дигар ба худ наомад ва то ба гӯш ба ботлоқи сохтаи ғосибон, ки қатлу куштор, зӯру озор, таҳмили ақидаву афкор, дину мазҳаб, расму одати бадавию саҳроӣ бо хун мавҷ мезад фурӯ рафта буд. Муборизаю ҷангҳои рӯёрӯ дигар корагар набуд, зеро қувва нобаробар ва пуштибону чорагаре намонда буд. Танҳо илм, дониш, хирад, фарҳанг ва қалам муттакою наҷотбахши озодагону нухбагони бофар буд. Дигар танҳо ҷомаи дарвешию қаландарӣ, тақвою гӯшанишинӣ муҳофизи ҷонҳои бедор буд, варна ягона пӯшту паноҳ қуллаи кӯҳу ғору камар барои мардони боғуруру ҷонсахт макон гардид. Ин ҳақиқати талх аст, ки дурӣ аз ҳам фарзандони як падару як модар, насли Фаридуни фаррухпайкро аз ҳам ҷудою бегона, гоҳе душмани ҳам сохта буд. Ин нуктаи заъф барои ғосибон бисёр муфид афтод ва чандин бор бо дасисае ба набарду бархӯрдхои хунин анҷом ёфт, ки бегонагон аз он манфиат бардоштанд. Ибтидои асри бистум бо шарофати Инқилоби Октябр таърих ба рӯи тоҷикон лабханде зад, аммо бо фиребу дасисаи бегонагон ва ноогоҳию ҷаҳолати худбохтагони миллат ин заҳрхандаи қисмат гашт. Зеро, ба тоҷик аз мулки меросию аждодӣ танҳо як гӯшаи ноободи кӯҳистон расид. Балвою ҷанги тоҷиккӯши таҳмилии солҳои 30-юми асри гузашта, тамоми озодагони бедорро аз байн бурд.

·         Ин фоҷеаи нангин дар интиҳои асри бистум, вақте давлати шӯравӣпароканда гардид ва дигар ҷумҳуриҳо ба миллисозии мероси ин абарқудрат сар ба сар мезаданд, барои тоҷикон боз такрор гардид. Бадбахтона ин вартаи бетаге буд, ки умеди ҳамаро бишкаст ва нифоқи андохтаи бегонагон ба ҳассосияти динии мардум корагар гашту писарро бо падар, бародарро бо бародар душман сохт. Ин шикасте буд, басо сангин ва мушкилпайванд. Ин нуктаи заъфи мо тоҷикон аст, ки хело дӯстдору эътиқодманди аҳкомҳои динию мазҳабӣ ҳастем ва барои ҳар иқдому амале, ки ба номи худову паёмбар, китобу пешвоёни мазҳаб аз номи касе эълон мешавад бо сарсупурдагӣмехезем, ҳар харҷу хароҷоте, ки фармоянд як бар даҳ медиҳем. Аммо, намепурсему дарк намекунем, ки паси ин фатвою маъвизаҳо кӣ меистаду чӣ ҳадафҳо дорад? Хушбахтона, заковати азалии миллати фарҳангӣ, ботамаддуну созанда ва сабуру ботаҳаммули тоҷик аз нав фурӯғи оламгир намуд ва сулҳу ваҳдат насибамон гашт.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” ба муносибати 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат Қаҳрамони Тоҷикистон, Аллома Бобоҷон Ғафуров ва иқдоми эҳёгаронаю миллатсози Пешвои муаззами Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадя намудани китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи хонадони Тоҷикистон беназиртарин қадаме буд, дар шинохти асолати таърихӣ ва эҳёи ҳуввияти Ориёии миллат.

Сиюду соли Истиқлол назди таърих ҳеҷ аст, аммо он пайкоре, ки Пешвои миллат тӯли ин даврон дар самти давлатсозӣ, миллатсозӣ ва эҳёи арзишҳои ориёии миллат бахусус шинохти чеҳраҳои мондагори миллат намуданд ва чандин пешниҳоду дархостҳои фарҳангию экологӣ барои кулли башар ироа сохтанд, нодиртарин натанҳо барои мо, балки барои тамоми ҷаҳониён аст.

Мо наметавонем, дар як гузориш ҳамаи он иқдомотро номбару баррасӣ намоем, танҳо фарҳанги сулҳофарии тоҷикон дарси беҳамтоест, ки якчанд донишкадаҳои сиёсию сотсиологии сатҳи ҷаҳонӣ онро метавонанд даҳсолаҳо пажӯҳиш намоянд. Ҳамаи ин озмунҳо агар барои иштирокчиён, мураббиён, омӯзгорон падару модарон, ном, ифтихор, дониш, ҳамчунон мукофоту маблағҳои зиёдеро армуғон оварда бошад, барои тарбияи наслҳои навин, дарси бузурги хештаншиносию худогоҳии миллист, ки арзиши он ҷовидонист.

Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик”, ки ба муносибати гиромидошти 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров санаи 05.12.2023 бо иштироки аҳли зиё, донишмандони улуми таъриху бостоншиносӣ, шарқшиносон, тарҷумонҳои шоҳасари “Тоҷикон” аз кишварҳои хориҷӣ таҳти раёсати Академияи миллии илмҳо ва сарпарастию ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ҳамешабаҳори Душанбеи нозанин баргузор гардид, бори дигар нуфузи илм, фарҳанг, таърих, нобиғагони миллатро дар арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ боло бурд. Ин Симпозиум бори дигар эътирофу қадршиносии шӯҳрати илму фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ буд. Дар Симпозиум тарҷумонҳои шаҳкитоби “Тоҷикон” бо забони чинӣ, фаронсавӣ, арабӣ, урдӯ ва дигар забонҳои олам, донишмандони шарқшинос маърӯзаҳои илмӣ намуда, пиромуни саҳми мондагори академик Бобоҷон Ғафуров дар ташкил, рушд ва нуфузи илми шарқшиносӣ дар ҷаҳон, инчунин қимати академикии китоби “Тоҷикон” бо ҳусни ихлосу эҳтиром суханронӣ намуданд. Дар боби хиради азалӣ, касбият, чашми кордонӣ, одамият, этикаи баланди инсонӣ, фидокорӣ дар ҷодаи илм, посдори фарҳангу ойини ориёӣ ва шарқиёна будани фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров академики Академияи илмҳои Россия Виталий Наумкин бо ҳусни ихлоси бузург изҳори назар намуд. Муовини директори Институти Аврупо, Россия ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин Сзин Сзэ пайғоми тарҷума ва нашри академикӣ шудани китоби “Тоҷикон”-ро бо забони чинӣрасонид ва таъкид намуд, ки ин китоб дар шинохти таърихи тамоми халқҳои Осиёи Миёна ва сокинони сарҳадии Чин хело зарурӣ ва барои роҳандозии барномаи “Як қатора- як роҳ” чун тақвиятбахши Шоҳроҳи бузурги абрешим ниҳоят муфид аст. Донишманди фарзона ва нуктадони Донишгоҳи Теҳрон Ҳасан Булхорӣ бо шодию фараҳ муждаи нашри “Тоҷикон” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих”, инчунин интишори маҷмуаи ашъори шоирони тоҷик аз ҷумла устод Лоиқро дар Эрон расонид ва пиромуни аҳамияти ҷаҳонии пайкори Аллома Бобоҷон Ғафуров дар шинохти тамаддуни Ориёӣ бо самимияти хос сухан ронд. Маърӯзаи шарқшиноси фаронсавӣ Франсис Ришар бо забони шевои форсӣнамоди ғановатмандӣ ва забони илму адаби ҷаҳонӣбудани забони форсӣ- тоҷикӣ буд. Тарҷимаи “Тоҷикон” бо забони франсавӣ ин шаҳпули бузурги фарҳангӣ байни Осиё ва Аврупо гардид, ки хизмати ин донишманд ва тарҷумони мумтоз лоиқи қадршиносист. Бо забони урдӯ тарҷума намудани “Тоҷикон”-ро доктори таърихшиносӣ Навшоҳи Ориф аз Покистон шарафи бузург дониста, қайд намуд, ки шибҳаҷазираи Ҳинд як пораи таърихии Ориёст ва шиносоии ин мардумон бо “Тоҷикон” дарёфти арзишҳои таърихии худ аст. Иброҳим Истамбулӣ бо муҳаббат изҳор дошт, ки ҳарчанд давлати Сурия дар мушкилоти сиёсию иқтисодӣпечидааст, лекин тарҷума ва нашри академикии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони арабӣ анҷом дода шуд, зеро дар худшиносии арабҳои суриёнӣ чунин тадқиқоти фарогир барои бедории миллӣ зарур аст. Ҳарчанд ду маротиба бо забони арабӣ дар Миср китоби “Тоҷикон” тарҷумаву нашр шудааст, вале то ҳол талабот ба ин китоб дар ҷаҳони араб ва сомизабонони олам зиёд аст. Таваҷҷӯҳи донишмандони олам бахусус шарқшиносон ба ин шаҳкитоби мукаммал ва фарогири мавзуҳои баҳсноки Шарқ ва исботи онҳо бо далелҳои илман асоснок дар солҳои охир хело боло рафтааст. Маърӯзаи илмӣ ва коршиносонаи Пешвои муаззами Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров пажӯҳиши мукаммал дар асоси мадракҳои илмӣ ва таърихӣ буда, ангезаи арзишманди тарбиявӣ ва ҳидоят ба сӯи шинохти асолати таърихии миллат гардид. Нуктаҳои ҷолиб ва оянданигарона ин пешниҳоди таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва чопу ба тамоми оилаҳои Тоҷикистон ҳадя сохтани китоби “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ буд, ки бо хушнудиву шодӣпазируфта шуд. Ин иқдоми накӯ, фарҳангӣ, миллатсоз, эҳёгаронаи Пешвои муаззами Миллат идомаи он зинаҳои тақвиятбахши Истиқлол, озодӣ, ташкили давлат бо ормонҳои наҷибу фархундаи Ориёист, ки тоҷикро ба асли хеш мерасонад, то наслҳои бедору закӣ баҳри зиндасозии шаҳомати Озодагон кору пайкор намоянд. “Шоҳнома” – симурғи ҷонбахшои Ориёзодагон аст, ки дар хеш тамоми шаҳомату шукӯҳ ва осору унсурҳои таъриху фарҳанги ориёии миллатро гирдоварию таҷассум сохтааст ва шиносоӣ бо он шинохти таърихи ниёгони хеш асту дарси бузурги Ватандорӣ, мардонагӣ, ростӣ, хирадмандӣ, меҳру вафо, одамият, ҳикмати покию некӣ ва ҷасорату паҳлавонӣ. “Шоҳнома” ва “Тоҷикон”-ду шаҳболи тавонои миллат, ду шаҳболи Симурғи ҷонбахшой ҳастанд, ки яке бо назм ва дигаре бо наср ҳар яке тули сисолӣ навишта шудаанд, ки бисёр рамзист. “Шоҳнома”- и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020) бузургтарин ҳамосаи миллии Ориёист, ки фарогири фалсафаи ростию хирадгароӣ, далели таърихи бостонӣ, ҷилои илму адаби инсонсозу даҳршинос, намои сиёсати ваҳдатгарою боадолат, шукуфаи фарҳангу иҷтимои инсонмеҳвар ва ойинадори андарзи пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек аст. Бино бар таъбири аввалин рисолаи илмӣ дар фирдавсишиносӣ “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”- и ӯ”- и Устод Садриддин Айнӣ(1934) “Шоҳнома”-и безавол ҳамосаи ватандорӣ ва муборизаи некӣ бар бадист. Дарунмояи ҳикмати ин шоҳасари беҳамто ва шаҳкории хиради малакутии инсон нумӯъ зи ин мабдаъ дорад:

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Бо маниши нек зистан, нек андешидану бо некӣгуфтору амал ва пайкори некӣ бо бадӣ чун хати сабз зи оғоз то интиҳои “Шоҳнома”- ро фарогир аст. Ҳақ бар ҷониби фирдавсишиноси тавоно ва шоҳномапажӯҳиши мумтоз Ҷамолиддин Саидзода аст, ки “Шоҳнома”-ро бояд чун “Гимни мардумони эронитабор, оинаи тамомнамои эроният ва баёнгари рӯҳи бузурги эронӣ, китоби хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ, далели ҷовидонагии ақвоми Ориёӣ...” бишносем. (Ҷ. Саидзода “Фирдавсӣ –шоири паёмрасон” Д-бе-2022 саҳ.12-13). “Шоҳнома”- ҷамъбаст ва хулосаи асотири бостонии ориёӣ, зиндасозандаи аҳкомҳои “Авасто”, гулчини достонҳои “Худойномак”, ба риштаи назм кашидани “Шоҳнома”-ҳои Масъуди Марвазӣ (в.955), Абӯмансурӣ (в.957), Абулмуайяди Балхӣ(в.963) ва ба зевари таъби солим баркашидани дурдонаҳои достону ривоёти озодагону кундоварон ва паҳлавонони эронитабор аст. Ҳаким Фирдавсӣ инқилобе дар ҷони бедорон афрӯхта, оташакеро, ки шоир Дақиқӣ бо ҳазор байти ватандорӣ вогузошт ба гулхани бузурге мубаддал сохта, равшаноию гармӣ ба дилҳо овард ва ба ҷовидонагӣ бипайваст. “Шоҳнома”- фарҳангу булуғи фари инсонист ва паёми бедорӣ. Ҳарчанд бо гузашти айём дар пайравии “Шоҳнома” достонҳои “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ, “Луҳроспнома”, “Сомнома”-и Ҳоҷуи Кирмонӣ, “Баҳманнома”- и Эроншоҳи Абулхайр, инчунин “Фаромарзнома”, “Барзунома”, “Шаҳриёрнома”, “Бежаннома” ва даҳҳо достони ҳамосӣ навишта шуданд, аммо ба пояи сухан ва ғурури ватансароии Фирдавсӣ нарасидаанд. Рӯҳи бедори ориёӣ ва эроният дар “Шоҳнома” бо шаҳомати ҷаҳонпаҳлавон Рустами Дастон, покиву ҷасорат, ободкорию меҳр ва сулҳталабӣ дар тимсоли Сиёвуш, фарри хуршедии давлатдорӣ дар пайкори Ҷамшеду Фаридуни фаррухпайк, Кайхусрав Ардашери Бобакон, хираду ростӣ, адлу покӣ дар ойни Зардушт ба ҷавлон аст. “Шоҳнома” –бузургтарин ганҷ ва сарвати маънавии ориёист, ки забон, ҳикмат, афкор, андеша ва русуми озодагонро зинда намудааст, агар ба қавле Фирдавсӣ набуд, эроният аз миён мерафт. Шинохти “Шоҳнома” –шинохти миллат, таърих забон, фарҳанг ва асолати эронист.

Агар Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо “Шоҳнома”-и безаволи хеш сипаре бар ҷони миллат аз зарбаҳои ҷонсӯзи аҷнабиёни бадавию кучманчӣ шуда бошад ва Аҷамро аз маргу нобудӣ, фаною нестшавӣ зинда карда бошад, Аллома Бобоҷон Ғафуров бо “Тоҷикон”- и беҳамтои худ муште бар даҳони душманони таъриху фарҳанг, забону адаби ҳафтҳазорсолаи тоҷик задааст. Ин иқдоми наҷиб ва фарҳангӣ арзиши бузурге дорад дар сохтани насли бедор худогоҳ, фарҳангӣ, озода, ориёӣ ва ихтирокору накуандеш, ки самараи он солҳои наздик бар коми миллат ва фарҳанги ҷаҳонӣ мерасад. Чашми он дорем, ки аҳли зиё, рушанфикрони ҷомеа, адибону рузноманигорон, филмноманависону киносозон, оҳангсозону рассомон ин пешниҳоди фарҳангиро бо дилу ҷон қабул намуда, ба пажӯҳиши ин ду Шаҳболи Эҳёсози Тоҷик мепардозанд ва асарҳои хештаншиносона барои миллат меофаранд. Зеро дастрасӣ ба ҷаҳони иттилоъ бо технологияи муосир осону дастрас аст ва баҳри мутобиқшавӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи арзишҳои асолати миллӣ, воридсозии иттилооти муфиди фарҳангию таърихӣ аз ин ду асари беназир қарзи фарзандӣ ва фари фарзонагист.

Зеро:

Ҳарф ҳарфу вожа вожа “Тоҷикон” қомуси мост,

Зиндасози таърихи ҳафт пушти бономуси мост.

ё,

Маснади “Шоҳнома” Қуръони дарист,

Минбари Фирдавсӣ худ пайғамбарист.

Аминҷон Зарифӣ,

омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

2024-10-11 20:44:02

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

2024-10-11 09:13:10

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПАРЛУМОНӢ - ИШТИРОКДОРОНИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат қабули Конститутсияро яке аз қадамҳои аввалин ва устувори ҷомеаи мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номиданд.

Зикр гардид, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.

“Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд.

Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории кишварҳо, аз қабили робитаҳои башарӣ, дар асоси умумияти фарҳангиву таърихӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо метавонанд барои инкишофи созандаи ин раванд мусоидати ҷиддӣ намоянд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст.

Аснои суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар ҳамкории зичро барои ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои мо зарур шумурданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чорабиниҳои имрӯза барои муайян кардани уфуқҳои нави шарикии васеи кишварҳо хидмат хоҳад намуд.

 

2024-10-11 09:07:22

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.


Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

2024-10-11 06:56:10

ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! БЕШ АЗ 5 ҲАЗОР НАФАР МАШҒУЛИЯТИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗИРО ХАТМ НАМУДАНД

ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон 5 ҳазору 613 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм намуданд, ки 2029 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Тавре Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳадафу мароми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандон равона гардидааст. Аз ин рӯ, барои ташкили ҷойи кори нав дар дохили ҷумҳурӣ ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин зинаи таҳсил аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 адад зиёд карда шавад.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки «имсол литсейҳои касбии техникии ҷумҳуриро 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳо духтарон мебошанд. Бештари хонандагон ин литсейҳоро аз рӯйи ихтисосҳои дӯзанда, системаи компютерӣ ва интернет-технология, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, ҳисобдор бо донистани компютер, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, кафшергари газию барқӣ ва кафшергари барқӣ хатм намуда, 2235 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд. 2018 нафар барои идомаи таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қарор дорад, ин таъмини хонандагону донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ мебошад. Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 62 фоиз китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ ва 35,1 фоиз китоби дарсии фанҳои тахассусӣ таъмин мебошанд.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо маводи таълимӣ, аз ҷумла, китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ, матн-лексияҳо ва дигар маводи ёрирасони методӣ дар кумита гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба ва методистони сатҳҳои гуногун таъсис дода шуд. То ин замон 14 номгӯй китоби дарсӣ омода ва ба чоп фиристода шуда, зиёда аз 150 маводи таълимии дигар дар таҳрир ва баррасии гурӯҳи корӣ қарор дорад. Кумита тасмим гирифтааст, ки ин номгӯйи маводи таълимиро то охири имсол нашр ва дастраси устодону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гардонад. Инчунин таҳияи стандартҳои фаннӣ ва таҷдиди назар намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ бо бартарият додан ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ идома дорад. Корҳо дар ин самт то охири соли равон ба анҷом расонида мешаванд.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои касбии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, муҳайё намудани шароит барои қонеъ гардонидани ҷомеа ва бозори меҳнат ба кадрҳои коргарӣ тавассути таъсис ва навсозии сохтор ва низоми таҳсил, рушди малакаҳои касбӣ ва дар амал ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии насли нав, ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, истифодаи самараноки захираҳои моддию молиявӣ, бунёд ва таҳкими механизми тайёр намудани кадрҳои коргарӣ тибқи талаботи бозори меҳнат лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» таҳия карда шуд. Лоиҳаи барнома баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Инчунин бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи омӯзгорӣ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ мутахассис омода карда мешавад. Соли 2023-2024 ин муассисаҳоро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти рус 273 нафар ва аз рӯйи ихтисоси забони англисӣ 299 нафар хатм намуданд. Ҳамзамон дар 25 муассисаи таълимӣ омӯзиши 82 фанни таълимӣ бо забони русӣ ба роҳ монда шуд.

Фарҳод Раҳимӣ илова намуд, ки соли 2024 шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгории ҷумҳуриро 715 нафар мутахассиси ҷавон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намудаанд. Онҳо тибқи роҳхати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва шартномаи сеҷониба давоми се сол аз рӯйи ихтисос барои машғул гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ ба ихтиёри раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор фиристода шуданд. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, 395 нафар мутахассиси ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисос ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ намуд. 156 нафар мутахассиси ҷавон бо сабабҳои узрнок ва 164 нафар мутахассиси ҷавони дигар бе сабабҳои узрнок ба ҷойи кор ҳозир нашуданд, ки дар ин масъала масъулон кор мебаранд.

Инчунин дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 4 филиал фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳо аз рӯйи 10 самт: омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иҳтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ ва аз рӯйи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Манбь:https://khovar.tj/2024/10/unar-meom-zem-besh-az-5-azor-nafar-mash-uliyati-k-to-muddati-kasbom-ziro-hatm-namudand/?fbclid=IwY2xjawF1Y8VleHRuA2FlbQIxMQABHTnk-p1CeIJ0otEvCEMYmqe8sZ3_Hytb6CtHR9aHJpRge_CljfE_9POqrQ_aem_NLDC-k5RGhZSnltPBsiAeA


Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



2024-10-11 06:48:32

БО ИШТИРОКИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ВА РАИСИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ МУҲТАРАМ ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО

БО ИШТИРОКИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ВА РАИСИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ МУҲТАРАМ ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО, ҶАЛАСАИ ПЛЕНАРИИ ФОРУМИ VIII БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ «ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ: НЕРУИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИМИНТАҚАВӢ» ДОИР ГАРДИД. ДАР КОРИ ФОРУМИ БАЙНИПАРЛАМЕНТӢ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАЙАТҲОИ ПАРЛАМЕНТӢ, НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ МАРКАЗӢ ВА МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ДУ КИШВАР ИШТИРОК НАМУДАНД.

2024-10-11 06:44:36

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МУҲАММАДБОҚИР ҚОЛИБОФ

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳои васеъ доир гардид. Нахуст, муҳтарам Рустам Эмомалӣ меҳмони арҷманд - Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва ҳайати расмии кишвари ба мо дӯсту бародар Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Также, встреча Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе, уважаемого Рустама Эмомали и Председателя Ассамблеи Исламского Совета Исламской Республики Иран Мохаммадбакира Калибофа, прошла с участием больших делегаций. Сначала уважаемый Рустам Эмомали приветствовал в Таджикистане высокого гостя – Председателя Исламского Совета Исламской Республики Иран Мохаммадбакира Калибофа и официальную делегацию дружеской и братской страны - Ирана. Стороны выразили удовлетворение плавным развитием многостороннего сотрудничества между двумя странами.

 

2024-10-11 06:38:55

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми 8-уми байнипарламентии “Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ” ва Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овард мулоқот намуданд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали провел встречу с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации Валентиной Матвиенко, которая находится с рабочим визитом в городе Душанбе для участия в пленарном заседании VIII Межпарламентского форума «Таджикистан и Россия: сила межрегионального сотрудничества» и конференции международной делегации, посвященной 30-летию принятия Конституции Республики Таджикистан. На встрече обсуждены состояние и перспективы дружественных отношений между Таджикистаном и Россией по приоритетным и интересующим стороны направлениям.

 

2024-10-11 06:37:15

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ МАҶЛИСИ ШӮРОИ ИСЛОМИИ ЭРОН МУҲАММАД БОҚИРИ ҚОЛИБОФ

10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмии онҷониб ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки “мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”.

Нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардид. Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.

Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шуд.

Ҷонибҳо нақши ҳамкории байнипарлумониро ҳамчунин дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.

 

2024-10-09 17:02:33

ДАР НАЗДИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН МАРКАЗИ ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Маркази шуғли фосилавӣ дар назди Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд - Хазинмаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таъмини сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар бо шуғл ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи маркази мазкур Ализода Алишер, муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Иттиҳоди Аврупо - Раймундас Кароблис, муовини директори ЮНИСЕФ - Эри Двиведи, муовини раиси ноҳияи Шуғнон-Пайрав М, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Хуҷаназаров Ҷ., ва хонандагону кормандони Литсейи касбии техникӣ, сокинони ноҳияи Шуғнон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Пайрав М., муовини раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шуда, дар арафаи яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ Рӯзи забони давлатӣ ба истифода дода шуд.

Алишер Ализода, зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар солҳои охир мо шоҳиди рушди босуръати технологиҳои рақамӣ ва тағйироти куллӣ дар бозори меҳнат гаштаем. Зуҳури бемории ҳамагири COVID-19 бисёр ташкилоту корхонаҳоро водор ба он кард, то ба формати шуғли фосилавӣ гузаранд. Бо вуҷуди ба миён омадани ташвишҳои нав, имкониятҳои беназире низ барои рушди касбӣ ва таълимӣ фароҳам омад. Таъсиси маркази шуғли фосилавӣ, ки самти фаъолияташ ба таълими шуғли фосилавӣ равона шудааст, қадами муҳим барои Кумита ва дар маҷмуъ барои ҷомеаи мадании мо мебошад.

Таъкид гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд иқдом гирифтааст, ки теъдоди чунин марказҳоро дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёд намояд.

Тавассути ин марказ ҷавонону касбомӯзон имкон пайдо мекунанд ба бозори байналмилалии меҳнат шомил шуда, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Панҷакент ва Бохтар марказҳои кории фосилавӣ фаъолият мекунанд.

 

2024-10-09 07:16:39

Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

8 октябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид.

Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Зимнан, таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд.

Сарвари давлати мо, инчунин таъкид карданд, ки дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.

Таъкид гардид, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар рафти раёсати мо таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт.

Рушди ҳамкории парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим номида шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласаи имрӯза қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ такон мебахшад.

Аз рӯйи натиҷаҳои нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони давлатҳо як қатор қарорҳо ба имзо расид.

 

2024-10-08 18:42:12

Оғози ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Тавре қаблан хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия қарор доранд.

Ин лаҳзаҳо ҷаласаи мазкур ба кори худ оғоз намудааст, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок доранд.

2024-10-08 07:59:04

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.

2024-10-07 19:04:30

ҒИЁСИДДИН МАҶИДОВ ДАР ҚАЗОҚИСТОН САЗОВОРӢ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ГАРДИД

Санаи 30 сентябр то 5 октябри соли 2024 дар маркази таълимии КНАУФ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон курсҳои такмили ихтисос ва озмун барои устоҳои таълими истеҳсолӣ, ки дар марказҳои таълимии КНАУФ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таълим медиҳанд, ташкил ва гузаронида шуд.

Устои таълими истеҳсолии МДТ “Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе” Маҷидов Ғиёсиддин дар озмун фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷои ифтихорӣ гардид.