Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-06-25 17:02:19

БАРРАСИИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раис Баҳрулло Давлатзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон Маҳмадализода ва роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки зинаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурдае дошта, пас аз истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини беморхонаю муассисаҳои саломатӣ ва марказҳои тиббӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад.

Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар самтҳои тандурустию фармасевтӣ, иҷтимоиву маданӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, талаботи беморхонаю муассисаҳои тиббӣ ба мутахассисон дар ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад. Айни замон, ки дар соҳаи тиб муассисаҳои тандурустии кишвар ба мутахассисон ниёз дорад, омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин самт бар дӯши зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аст”, - гуфт раиси Кумита.

Иттилоъ дод шуд, ки айни замон дар мамлакат 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, аз ҷумла 21 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 74 338 нафар донишҷӯён аз рӯи 12 ихтисос таҳсил мекунанд.

Зикр гардид, ки бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар коллеҷҳои хусусию давлатии тиббӣ аз ҷониби мутахассисони Кумита санҷиш гузаронида шуд. Санҷиши мазкур нишон дод, ки дар раванди фаъолияти баъзе аз муассисаҳо як қатор камбудиҳо ҷой доранд, аз ҷумла нокифоя будани давомоти донишҷӯён, норасоии омӯзгорони тахассусӣ, дар бинои иҷораи номувофиқ фаъолият кардани муассисаҳои таълимӣ, нокифоя набудани баззаи моддию техникӣ дар кафедраву факултетҳо, камбуди адабиёти таълимии соҳавӣ, мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои тиббӣ, баргузории машғулиятҳои таълимӣ дар утоқҳои кории табибон дар марказҳои саломатӣ ва амсоли инҳо.

Таъкид гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ вазифадор шудаанд, ки мушкилоти мавҷудро дар муҳлати муқарраргардида бартараф намуда, аз натиҷааш ба Кумита маълумот ирсол намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ, ки ба талаботи замон ҷавобгӯянд, дар маҳалҳои дурдасти кишвар имконият фароҳам овард, ки теъдоди зиёди занону духтарон дар минтақаҳои дурдаст ба таълиму фаъолият фаро гирифта шаванд. Бинобар ин, аз масъулият даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми камбудиҳои ошкоргардида дар муддати кӯтоҳтарин рафъ карда шаванд.

2025-06-22 12:03:30

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

Ҳамватанони гиромӣ!

Фарорасии ҷашни бостонии Тиргон – ёдгори пурарзиши тамаддуни бостонии ориёиро ба ҳамаи шумо самимона табрик менамоям.

Тиргон дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад.

Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд.

Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад.

Ин ойини бостонӣ ифодакунандаи арзишҳои ҷовидонаи инсонӣ – умед ба фардои нек, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагиву ҳамкории фарҳангу ойинҳои гуногуни башарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар шароити пурҳаводиси ҷаҳони муосир посдории чунин арзишҳо беш аз ҳар замони дигар метавонад таконбахши талошҳои муштарак барои тақвияти дӯстиву ҳамкории тамаддуну фарҳангҳо ва дар айни замон ҳифзи мероси маънавии миллии мо бошад.

Ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст.

Яъне Тиргон пайвандгари наслҳои имрӯза бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагон аст.

Таҷлили он аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд.

Бояд гуфт, ки об дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойгоҳи хос дорад.

Ниёгонамон дар айёми ҷашни Тиргон хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд ва беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд.

Тиргон, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми суннатҳои деринааш эҳё гардидааст, ҳоло ба ҷашни миллии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки ҷашнҳои миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтаанд.

Орзумандем, ки ҷашни Тиргон низ дар наздиктарин фурсат ба чунин мақом сазовор гардад.

Дар ин росто, моро зарур аст, ки хусусиятҳои барҷаста ва манфиатовари онро боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем.

Ҳамватанони азиз!

Аҳаммияти об дар замони мо хеле муҳим арзёбӣ гардида, яке аз масъалаҳои глобалии сайёра ба шумор меравад.

Созмони Милали Муттаҳид се ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об қабул кард, ки қатъномаҳои дар ин масъалаҳо қабулкардаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд.

Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки бо масъалаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об, робитаи мустақим дорад, ҳамчунин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки ин ҳама пешниҳоду ташаббусҳо саҳми кишвар ва мардуми мо дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ ва беҳтар сохтани шароиту имкониятҳои зиндагӣ барои сокинони сайёра мебошад.

Мардуми мо, ки соҳиби суннатҳои бостонӣ ва созандагиву ободкорӣ ҳастанд, беҳуда обро манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ободӣ нагуфтаанд.

Ба ин маънӣ, ҷашни Тиргон ойини покиву тозагӣ, ободкориву созандагӣ ва идомаи мантиқии ҷашни Наврӯз мебошад.

Итминон дорам, ки мардуми бонангу номуси кишвар бо истифода аз суннату анъанаҳои деринаи миллӣ тамоми саъю кӯшиши худро минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон – сарзамини куҳанбунёди аҷдодии хеш равона месозанд.

Фарорасии ҷашни Тиргонро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки арзишҳои неки ҷашнҳои бостонӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша устувору пойдор бошанд.

Ҷашни Тиргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

2025-06-21 21:46:56

ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва бо такя ба хиради азалӣ, инчунин бо дарки амиқи масъулияти ватандорӣ ва хештаншиносӣ, мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақом ва эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар намуданд. Бунёди шоҳроҳу пулҳои азим, эҳёи «Кохи нур», барафрохтани шуълаҳои умедбахш, коштани донаҳои умед, сабзу хуррамгардонии диёр ва баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат самараҳои неки ин дастоварди таърихии миллати тоҷик - Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд:

«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид. Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ ба пешравӣ ва ободии кишвар нерӯ ва суръати тоза мебахшад. Ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор дорад, зеро хуб медонад: то даме ки дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармост, ҳеҷ нерӯи беруна наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Дар маҷмӯъ, Ваҳдати миллӣ нерӯи пешбарандаи рушди ҷомеа буда, ҳар як сокини кишварро водор месозад, ки ин неъмати гаронбаҳоро бо тамоми ҳастӣ ҳифз намояд. Зеро то замоне, ки сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин хоҳанд буд.

Таърих нишон медиҳад, ки миллати тоҷик аз ибтидо халқи созандаву бунёдкор, меҳанпарасту сулҳдӯст, бохирад ва фарҳангпарвар буд ва мемонад. Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи ҳар як шахси ватандӯст он аст, ки дар канори якдигар истода, таҳти сарварии Пешвои миллат ҳамқадами замон бошанд ва Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллиро бо ифтихор нигоҳ доранд.

Чуноне ки Сарвари давлат таъкид медоранд:

«Мо бояд ба якдигар бовар кунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро бинем».

Имрӯз ҳар як шахси бонангу номус ва хештаншиноси Тоҷикистони азиз хуб дарк мекунад, ки агар дар кишвар сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармо бошад, ҳамаи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд.

Маҳз дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити шоистаи зиндагиро муҳайё созем.

Хусусан дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир - бо мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодӣ ва печидатар гардидани раванду тамоюлҳои глобалӣ - ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад.

Зеро мардуми Тоҷикистон дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо чашми худ шоҳиди фоҷиаи низои дохилӣ шуданд, ки чӣ гуна беқонуниву беҳокимиятӣ ва гаравидан ба афкору андешаҳои бегонапарастона табақаҳои ҷомеаро ба ҳалокат бурд.

Фарзона Худоева,

мудири кафедраи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

2025-06-21 21:42:40

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ТАҲКИМБАХШИ РУШДИ ҶОМЕА

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин карда мешавад. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ сӯйи фардои дурахшон аст.

Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзандони фарзонаи миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”-ро имзо намуданд. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба оғози ҳаёти осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардида, барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд. Бояд мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҷанги таҳмилие, ки қабл аз имзои созишномаи сулҳ ҷараён дошт, ҳазорон шаҳрвандро қурбон, модаронро гирён, фарзандонро бепадар ва қисми дигарро бесарпаноҳ кард.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, то кишвари мо аз вартаи ҷудоӣ раҳо гардида, сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун ва Ваҳдату ҳамдили пойдор гардад. Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Зеро танҳо сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки ҳар давлату миллате ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ барқарор намояд ва иқтисодиёти кишвари худро таъмин намуда, ба иқдомҳои муҳими хеш мушарраф бигардад.

Ҳар як сокинони мамлакатро зарур аст, ки барои ҳифзу нигаҳдошти сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бояд пайваста талош намоянд.

Дар баробари арзишҳои муқаддас, сулҳ ва Ваҳдати миллиро, ки пойдевор ва меъмори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳомн мебошад, доимо ҳифз намуда, ва барои пешрафти кишварамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъона талош карда, аз таҳаввулоту нооромиҳои ҷаҳони муосир эмин бошем.

Имматшоев Зиннатшо, н.и.и., дотсент, директори Литсейи касбии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе

2025-06-21 21:41:10

ВАҲДАТ - ВАСИЛАИ ДӮСТӢ

Ваҳдат заминаи муҳимми ҳамбастагӣ, дустию рафоқат ва эҳтироми тарафайн байни минтақаҳои Тоҷикистони ягонаро фароҳам овард. Танҳо бо шарофати Ваҳдати миллӣ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою ғанӣ шинохта эҳтиром карданд.

Ваҳдати миллӣ эҳёгари асли фарҳангӣ, маънавӣ ва сиёсии миллати тоҷик мебошад. Маҳз ба шарофат ва зери таъсири Ваҳдати миллӣ худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдатсолории миллати тоҷик аз сари нав авҷ гирифт ва дар ин раванд моро ба зинаҳои нисбатан баланди тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ мувоҷеҳ гардонид.

Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: “Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам”.

Воқеан, муттаҳид шудан атрофи сиёсати созандаю ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию гул – гул шукуфои Ватани азизамон Тоҷикистон ваҳдати воқеии миллат мебошад.

Саннаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки ин созишнома ҳамчун санади тақдирсози миллати тоҷик шинохта шудааст. Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бар асари фитнаву дасисаи хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуданд”.

Хатари бузургтарине, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд. Чунин шароити бисёр душвор ва вазъи хатарбор фарзандони содиқу ватандӯст ва огоҳу бедордили миллатро водор намуд, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва дар навбати аввал, даъват кардани иҷлосияи XVI - Шурои Олӣ – ягона мақоми босалоҳияти он рӯзҳо иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ намоянд”. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои даргиру мухолиф сари мизи гуфтушунид нишаста, заминаи ризоияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро гузоштанд.

Бо шарофати қабул ва амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосияи XVI-ум барои барқарорсозии сулҳу субот, ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, гузоштани заминаҳои ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғоз намудани барномаҳои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёкорӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид.

Имрӯз бояд ҳар як шаҳрванди худогоҳи миллат хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, атрофи ин сиёсати созандаю инсонмеҳвар муттаҳид гардад.

Ҷамила ДАВЛАТЗОДА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор

2025-06-21 21:40:02

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ

Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд. Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Яъне, 28 сол қабл созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.

Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид ва ободонию шукуфоии мамлакат пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуданд.

Дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлатамон нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд.Маҳз бо ҳамин корнамоиҳо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус, Созмони Миллали Муттаҳид гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвари тозаистиқлолу сулҳофари Тоҷикистон. Мо мардуми сарбаланди тоҷик инро бояд аз ёдҳо набарорем, ки танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда, нигоҳ дошта метавонем.

Тамоми душвориҳо ва монеаҳо танҳо дар сурати мавҷуд будани сулҳу ваҳдат паси сар шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гулгулшукуфон гардида, иқтисодиёташ тадриҷан афзуда, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд мекунад.

Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихороти ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Чи хуш аст, ки ҳар кору пайкор, ҳар иқдому нияти ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.

Саидмурод ШАРИФЗОДА, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

2025-06-21 21:38:28

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТ

“Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузургу бебаҳо барои ҳар як давлату миллат мебошад. Он ҳамчун рамзи дӯстиву ҳамбастагӣ, ягонагии ҷомеа ва кафолати субот ва пешрафти мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар масири таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдати миллӣ василаи беҳтарине мебошад, ки мардум бо шарофати ин арзиши умумибашарӣ ба зиндагии шоиста ноил гардиданд.

Агар ба мазмуну муҳтавои ваҳдати миллӣ назар афканем, бароямон маълум мегардад, ки ваҳдат маънои ягонагии ақлониву рӯҳонӣ ва ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа, новобаста ба забон, миллат, мазҳаб ва дидгоҳҳои сиёсиро дорад. Он дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ бунёд мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ваҳдати воқеӣ танҳо дар шароите пойдор мешавад, ки мардум худро як ҷузъи ҷудонопазири як миллат донанд. Дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ба сифати рамзи хушбахтӣ, саодати мардум ва омили пешрафти иқтисоди миллӣ шинохта шудааст. Зеро пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ваҳдату оштӣ ва барқарорсозии сулҳро пеш гирифтанд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1997 оғози марҳилаи наве дар таърихи кишвар буд. Аз ҳамон замон сар карда, Тоҷикистон ба сохтмони ҷомеаи орому пешрафта шурӯъ намуд. Аз баракати ваҳдат соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ рушд карданд. Аз ҷумла, барои барқарорсозии инфрасохтор, муассисаҳои давлатӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчунин эҳёи иқтисоди миллӣ замина гузошт. Садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, неругоҳҳои барқӣ, аз ҷумла, НБО-и «Роғун», роҳҳо ва мактабҳо бунёд шуданд. Ҳамзамон, ваҳдат ба пойдории арзишҳои миллӣ замина гузошт. Бо шарофати ин неъмати бебаҳои таърих, арзишҳои миллӣ — забон, фарҳанг, анъанаҳои ниёгонамон аз нав эҳё гардида, ҳувияти миллӣ тақвият ёфтанд.

Имрӯз Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дар байни кишварҳои олам бо фарҳангу забони бой ва таърихи пурғановати худ шинохта мешавад. Илова бар ин, Ваҳдат – пояи рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин замина таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобил миёни шаҳрвандон имконият медиҳад, ки ҷомеаи солим ва устувор бунёд карда шавад.

Ҳамин тавр, ваҳдати милливу сартосарӣ ба мо на танҳо сулҳу субот, балки имконияти зиндагии беҳтар, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва эҳёи арзишҳои миллиро фароҳам овардааст. Он пояи истиқлол ва кафили фардои дурахшони миллат аст. Ваҳдати миллӣ на танҳо як арзиши иҷтимоиву сиёсӣ, балки дастоварди таърихист, ки бояд ҳама онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдат ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки дар таҳкими он саҳм гузорад, бо рафтору гуфтори нек ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар рушду оромии Ватан кӯшиш намояд.

Замира ИРМАТОВА, директори Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом

2025-06-21 21:36:09

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - САМАРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ВА НИШОНАИ ЯКДИЛИВУ ҲАМБАСТАГӢ

Маҳз самари ваҳдати миллӣ буд, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аркони давлатдорӣ пурра ташаккул ёфта, масъалаҳои иҷтимоии мардум марҳила ба марҳила ҳалу фасл гардид. Халқи тоҷик дарси ваҳдату сарҷамъӣ ва иттифоқию дастаҷамъиро хуб аз бар намудааст. Бояд қайд намуд, ки маҳз дар асоси якдилию якдигарфаҳмӣ тамоми масоилҳо ва мушкилотҳоро бартараф сохтан мумкин аст.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди пароканда гардидани ҳокимияти шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардониданд. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд ва аз ин лиҳоз мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шаванд. Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, бо қатъият чунин изҳор карда буд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам». Санаи 8 декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифтан қадами аввалини худро гузошт, ки ин муроҷиатномаи ӯ ба халқи тоҷик буд. Дар муроҷиатномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Падару модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад». Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Ҷаноби Олӣ зимни вохӯриҳояш бо мухолифон такрор ба такрор мегуфт, ки агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест мешавад, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд. Ниҳоятан санаи 27 июни соли 1997 — пас аз 8 давра гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд. Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳимми сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Бо тасвиби “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гуруҳӣ ва ғайра мақоми дуюм ва сеюмдараҷа доранд.

Ваҳдат ин якдилӣ, иттиҳод, сулҳ, хушбахтӣ, ягонагӣ, сарфарозӣ, комёбӣ, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист.

Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши меҳварӣ ва боарзиш дорад. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд. Вахдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, наҷоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар замину замон аст. Ваҳдат ба маънои васеъ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди бемайлони он таъмин карда мешавад.

Имрӯз маҳз бо шарофати Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик дар фазои сулҳу обод ва осоишта зиндагӣ карда истодаанд. Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.

Ниёзов Ш.Н., директори Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода

2025-06-21 21:32:52

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ КУМИТА

Имрӯз, 21 июни соли 2025, дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ қабули навбатии шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.

Муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир ба озод кардан аз маблағи шартномаи таҳсил, интиқол аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар, таъмин бо ҷойи кор ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.

Дар рафти баррасии муроҷиатҳо Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2025-06-21 21:31:15

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МЕЪМОРИ СУЛҲ ВА ҚАҲРАМОНИ ВАҲДАТ

Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ вожаҳое мебошанд, ки ба ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас буда, натанҳо вожаи оддӣ, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқи тоҷик аст.

Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият, мафҳуми барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ мебошанд. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо аст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар марҳилаҳои сангин ва ҳалкунандаи зиндагии ҳар миллат шахсиятҳое ба саҳна меоянд, ки на танҳо роҳнамо, балки наҷотбахши миллат мегарданд. Барои тоҷикон чунин шахсият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо иродаи қавӣ, ҳикмати сиёсӣ ва муҳаббати беандоза ба мардум тавонист, кишвари аз ҷанг фалаҷшударо ба фазои Ваҳдат ва суботи пойдор баргардонад. Ӯ на танҳо меъмори сулҳ, балки қаҳрамони ваҳдат ва наҷотбахши давлатдории миллии тоҷикон аст.

Қобили қайд аст, ки соли 1992 Тоҷикистон дар шиддати як фоҷиаи бародаркуш қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо сабабҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ оғоз шуд, зуд ба вабои миллӣ табдил ёфт. Садҳо ҳазор нафар кушта, захмӣ, гуреза ва бе хонаву дар монданд. Давлат дар ҳоли шикаст қарор дошт. Маҳз дар ҳамин замон, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ (моҳи ноябр, 1992, шаҳри Хуҷанд), шахсияти наве ба роҳбарии кишвар пешбарӣ гардид, ки ҳанӯз ҷавон буд. Дар он замон на ҳар роҳбар метавонист сулҳ биёрад, зеро сулҳ на танҳо як санад, балки як раванд, як ирода ва як фарҳанг буд, вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ дар баробари сулҳи расмӣ, ки бо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) таъмини қонунии худро ёфт, ваҳдати комили миллиро ба тоҷикон ато карданд.

Сиёсати ваҳдатсозии Роҳбари давлат бархилофи роҳбарони бисёр кишварҳои пасошӯравӣ на бо зӯр, балки бо забони дил ва бо усули мусолиҳа амал мекард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони Ваҳдат на танҳо дар калом, балки дар амал мебошанд, ки барои миллати тоҷик меъмори сулҳу ваҳдатофар дар тӯли таъриханд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо наҷотбахши давлат набуда, балки муассис ва кафили ҳастии он мебошанд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, аз ҷониби СММ, САҲА, ИДМ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамчун модели муваффақи барқарории Ваҳдати миллӣ эътироф шудааст. Роҳбарони бисёре аз кишварҳои дигар зимни сафарҳо ба Тоҷикистон ва дар суханрониҳо аз нақши таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари ваҳдатофар ёдовар мешаванд.

Воқеан, ҳамин ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли мо бо шарофати хизматҳои шоёни ин абармарди таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи фано наҷот ёфт. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Ҳамин андешаҳои миллӣ миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо расонид.

Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонид. Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданашон баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардаанд ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид.

Маънои ҳаёт ва пояи давлатдории устувор бе ваҳдат тасаввурнопазир аст. Дар тӯли таърих, ҳар миллате ки ба ифтихори ваҳдат расидааст, ба қуллаҳои баланди комёбӣ ва пешрафт ноил гардидааст. Ба ҳамин хотир, дар фазои сиёсӣ ва маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол мафҳуми «Ваҳдати миллӣ» танҳо як шиор нест, балки он арзишест, ки бо хуни ҷонбозон, ашки модарон ва иродаи миллии як халқи сарбаланд мустаҳкам шудааст.

Маҳз баъд аз ин фоҷиа, эҳсоси ниёзи шадид ба сулҳ, таҳаммул, мусолиҳа ва ваҳдат зуҳур кард. Ин эҳсос тадриҷан ба ҳаракати воқеии сиёсӣ ва иҷтимоӣ мубаддал шуд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар саннаи 27 июни соли 1997 анҷомид.

Бо шарофати ваҳдат Тоҷикистон тавонист роҳҳои стратегиро бо ҳамсоякишварҳо бунёд намояд, нерӯгоҳҳои барқи обиро мавриди истифода қарор диҳад, шабакаҳои иртиботиро навсозӣ намояд ва шаҳрҳоро ба марказҳои муосири иҷтимоӣ-иқтисодӣ табдил диҳад.

Бе шак, ибораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» на танҳо як унвони пурмазмун, балки ифодаи воқеиятест, ки таърих онро собит намудааст. Ба ин маънӣ соли 2015 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони мазкур шарафёб гардиданд, ки ин унвон танҳо як ифтихори шахсӣ нест, балки арзёбии сиёсиву таърихии нақши Сарвари давлат дар эъмори ваҳдат ва пешрафти миллат аст.

Бешак, сиёсати ваҳдатсозии Пешвои миллат яке аз дастовардҳои калидии таърихи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад, зеро дар замоне, ки Тоҷикистон дар остонаи парокандагӣ қарор дошт ва ҷанги шаҳрвандӣ пояҳои давлатдории навбунёдро хароб мекард, як чеҳраи нави сиёсӣ дар саҳнаи давлатдорӣ зуҳур кард, шахсияте бо иродаи қавӣ, дурнамои стратегӣ ва рисолати сулҳофарӣ.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз бо эҳтиром Пешвои миллат эътироф шудаанд, дар шароити хатарноктарин масъулияти таърихии ваҳдатсозиро ба дӯш гирифта, миллати тоҷикро ба сӯи субот, ризоият ва рушд раҳнамоӣ карданд. Сиёсати ваҳдатофарии Сарвари давлат имрӯз на танҳо таҷрибаи нодири миллист, балки ҳамчун намунаи мусолиҳаи сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва эътироф қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, месазад ва шоиста аст, ки Пешвои миллат ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ гардида, шарафёб шаванд.

МАҲМАДАЛИЗОДА Бобоҷон Раҳмон,

сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита

2025-06-21 21:29:19

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифт, ки ин ғамхории роҳбарияти мамлакатро нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад.

Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки: “Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.”

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки онро аксари муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонӣ «бархӯрди тамаддунҳо» арзёбӣ намудаанд, зарурияти арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ барои кулли миллату халқият ва кишвару давлатҳо аз пештара бештар гардидааст, ки дар ин миён миллати тоҷик ҳамчун миллати меросбари фарҳанг ва тамаддуни бою камназир истисно набуда, барои ӯ ин омил аз муҳиммияту мубрамияти хосае бархӯрдор аст. Дар ин миён шинохт ва эҳтиромгузории арзишҳои болозикр барои пойдории ҷомеа ва давлат зарур буда, дуруст дарк кардани ин муҳиммият аз ҷониби кулли ҷомеа, хосатан ҷавонон ба зарурияти объективие мубаддал гаштааст, ки бидуни он атрофи пойдорӣ ва пешрафти соҳаҳои алоҳидаи кишвар ва ҷомеа сухан кардан ғайриимкон аст.

Дар шароити имрӯзаи давлатдорӣ саҳми ҷавонони кишвар дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ хело калон мебошад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонон қайд карданд, ки: “Дар симои ҳар яки шумо ман имрӯз олимону ҳунармандону санъаткорон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон, тоҷирону соҳибкорон, вазирону роҳбарони ояндаро мебинам. Зеро ҳар кадоми шумо дар ояндаи наздик мартабаи худро дар ҷомеа пайдо карда, ба ҷойи бародарони калонсол бори миллат ва бори давлатдории моро ба дӯши худ мегиред”.

Мавриди зикр аст, ки дар шароити муосири бархӯрди манфиатҳо ва пурпечутоб шудани фазои сиёсии ҷаҳон масъалаи нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон мабрамияти хоса касб мекунад. Бо сарфи заҳмату талошҳои зиёд ва таҷрибаи сулҳофарӣ Пешвои муаззами миллат ба қишри ҷавони ҷомеа борҳо муроҷиат намуда, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамдилиро таъкид намудаанд. Чунончи, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад. Роҳбари давлат вазифагузорӣ мекунанд, ки ҳар фард ибораҳои “таърихи ташаккул ва рушди миллӣ”, “андешаи миллӣ”, “асолати миллӣ”, “ҳуввияти миллӣ”, “истиқлоли миллӣ”, “ватандориву ватанпарастӣ”, “ифтихори ватандорӣ”, “урфу одат ва анъанаҳои миллӣ”, “тафаккури таърихии миллӣ”, “таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ”, “бунёдкорӣ” ва монанди инҳоро бояд дарк карда, дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ созад. Дар робита ба суханони мазкур метавон гуфт, ки бидуни ваҳдати миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандию ватандорӣ, бидуни арҷгузории арзишҳои умумимиллӣ сулҳу суботи ҷомеа ва устувории давлату миллат имконнопазир мегардад.

Пас кулли афроди ҷомеаи имрӯзаи моро мебояд, то ин ки барои шинохти асолати миллӣ ва дарки ҳақиқати таърихи пурифтихори халқи тоҷик кӯшиш намоянд. Мо имрӯз бояд дарк намоем, ки соҳиби истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳастем. Ин воқеиятро ба насли наврасу ҷавон таблиғу ташвиқ намоем, то ин ки гирдоби беамони ҷаҳонишавӣ ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва аз ҳама муҳим ифтихори миллиро аз вуҷуди онҳо зудуда нагардонад.

Бо назардошти андешаҳои зикргардида, набояд фаромӯш созем, ки имрӯз амнияту субот, пойдории давлат, таҳкими истиқлолият ва ҳастии миллат аз ҳар яки мо ва бахусус аз ҷавонони шуҷоъ, дурандеш ва худогоҳ вобастагии қавӣ дорад. Дар шароити имрӯза мавҷудияти ҳамешагии зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва бахусус ҳар як ҷавони худшиноси кишварамон, хеле муҳим ва зарур мебошад.

Содиқов Хайрулло, корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-06-21 21:27:56

СИЁСАТИ ВАҲДАТОФАРИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОМИЛИ АСОСИИ НАҶОТИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

Ҳар миллат дар ҷӯёи саодат лаҳзаҳое дорад, ки тақдираш ба як сухан, як ирода ва як дил бастагӣ меёбад. Тоҷикистон - ин сарзамини кӯҳистонии биҳиштосо, ки шоҳиди рӯзҳои пурфоҷеа ва шикасти умедҳо буд, дар оғози солҳои 90 ба гирдоби ҷанги хонумонсӯз кашида шуд. Мардум аз ормон канда, давлат аз рукнҳо фурӯ рафта, умед ба фардо аз дилҳо рахт барбаста буд. Ва дар ҳамин ваҳшат, дар ҳамин торикӣ аз миёни абрҳои торики ҷанг ва ноумедӣ, аз миёни ашки модарон ва нолаи кӯдакон умеде шуъла зад.

Шуълае, ки на аз нерӯи сиёсат, балки аз синаи як фарзанди Ватан бархост, фарзанде, ки муҳаббати халқро дар дили худ дошт. Миллат, ки рӯ ба нобудӣ дошт, ба сухане бовар кард: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!». Ҳамин сухани соддаву самимӣ сабаби он шуд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҷудоӣ ба роҳи ваҳдат қадам гузорад.

Таърихи навини Тоҷикистон бо саҳифаҳои пурошӯб оғоз ёфт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварро тӯфон фаро гирифт - тӯфони шикастани арзишҳо, нобоварӣ ва маҳалгароӣ. Ин буҳрон ҷомеаро аз дарун фурӯзон мекард, пояҳои давлатдориро ба ларза меовард. Миллат парешон, давлат нотавон ва роҳи наҷот ношинос буд.

Дар чунин лаҳзаи сарнавиштсоз шахсияте ба саҳнаи таърих омад, ки бо дили соф ва нияти нек роҳро ба сӯи ваҳдат нишон дод. Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ соли 1992 раҳбарии давлатро ба дӯш гирифтанд ва бо суханоне, ки аллакай таъкид намудем: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» дар қалбҳои мардум чароғ афрӯхтанд ва умеди барбодрафтаро ба мардум баргардониданд.

Солҳои 1992 то 1997 - сафаре буданд дар миёни шамшер ва гул, дар миёни тарс ва умед. Пешвои миллат бо азму иродаи қавӣ ҷонибҳои даргирро ба сари мизи музокирот оварданд. Дар ин раванд зиёда аз 20 вохӯрии расмӣ, даҳҳо мулоқот ва музокироти ҳассос баргузор шуданд. Ин раванд бо имзои Созишномаи умумии сулҳ дар Маскав соли 1997 ба анҷом расид.

Ваҳдат танҳо сулҳ нест, балки оғози созандагист. Пешвои муаззами миллат бо дили пур аз меҳру муҳаббат ба миллат ба эҳёи мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва дигар зерсохторҳо оғоз намуданд. Гурезагон баргаштанд, фарзандон боз дар мактабҳо ба садои занги дарсхонањо гӯш доданд. Тоҷикистон аз нав нафаси тоза кашид.

Сиёсати ваҳдатофарини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои 1990-1997 таҳия ва амалӣ гардид, имрӯз ҳамчун намунаи беназири барқарории сулҳ ва таҳкими давлатдорӣ дар шароити муосири ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Ин раванд таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, бо истифода аз принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, гузашт ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ амалӣ гардиданд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки зодаи хиради сиёсии Пешвои муаззами миллат ва муҳаббат ба Ватан буд, дар ҷаҳон ҳамчун модели беназири рафъи низоъҳо шинохта шуд. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, онро ҳамчун мактаби нодири сулҳомӯзӣ арзёбӣ карданд.

Заминаҳои буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар оғози солҳои 1990-ро метавон кутоњ чунин баён намуд, ки Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди марҳалаи гузариши шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардид. Норасоии таҷрибаи идоракунии мустақилона, бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои сиёсӣ ва маҳалгароӣ боиси оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 шуд. Дар ин давра беш аз 150 ҳазор нафар кушта, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандон ба кишварҳои дигар гуреза гардиданд.

Наҷот ва раҳо аз ин бӯҳрон танҳо ва танҳо ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ вобастагӣ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад.

Бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ва интихоб гардидани Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, раванди барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва таъмини субот оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин суханрониҳои худ муҳимтарин вазифаҳои миллӣ - сулҳ, ваҳдат, эҳёи иқтисод ва бозгардонидани гурезаҳоро ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муаррифӣ намуданд ва бо ҳамин раванди музокирот ва марҳилаҳои сулҳофаринӣ (1994–1997) оғоз гардид.

Музокирот миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар тӯли се сол (1994 - 1997) сурат гирифт. Ин раванд дар ҳузури СММ, Созмони Конфронси Исломӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар ҷонибҳои миёнарав ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи 8 даври расмии музокирот ва чандин созишномаҳои алоҳида, рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Омили асосии муваффақияти ин раванд иродаи сиёсӣ ва шахсияти Пешвои миллат буд. Ба ин раванд инчунин заминаи фарҳангии халқи тоҷик, ки ба гуфтугӯ ва таҳаммулпазирӣ такя мекунад, мусоидат намуд. Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва машваратӣ низ назаррас буд. Баъд аз имзои Созишнома, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардид. Дар давоми солҳои 1997-2005, инфрасохторҳои харобгашта барқарор, гурезаҳо ба ватан баргардонида, низоми маориф ва тандурустӣ эҳё шуданд. Дар сатҳи байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун модели муваффақи рафъи низоъ шинохта шуд.

Сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсии дохилӣ наҷот дод, балки заминаи рушди устувори минбаъдаро гузошт. Он ҳамчун таҷрибаи нодири давлатсозӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ дар таърихи муосири ҷаҳон ҷойгоҳ пайдо кардааст. Таҳкими ваҳдат ва суботи миллӣ имрӯз низ ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ боқӣ мондааст.

Имрӯз, вақте ки субот дар кишвар пойдор аст ва парчами ваҳдат бо ифтихор парафшон аст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк мекунад, ки ин оромӣ осон ба даст наомадааст. Ин ваҳдат самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои муаззами миллат ба Ватан аст. Ва он сухани таърихӣ, ки рӯҳи як миллатро бедор кард, имрӯз низ чун чароғи роҳнамо дар фазои давлатдории миллӣ медурахшад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун мероси таърихӣ ва неъмати бебаҳо дар замири ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Он сулҳе, ки замоне танҳо як орзу буд, имрӯз ба рукни муҳими давлатдорӣ ва шиносоии миллӣ табдил ёфтааст.

Дар партави сиёсат ва хиради Пешвои миллат, Тоҷикистон ба кишвари сулҳу субот табдил ёфтааст. Нури ваҳдат, ки аз қалби таърих фурӯзон шуд, имрӯз роҳи фардои давлатро мунаввар мекунад.

Имрӯз, вақте ки бодҳои ваҳдат парчами сулҳро дар ҳар гӯшаи Ватан мебардоранд, хотироти талхи гузашта чун огоҳии абадӣ боқӣ мемонанд. Вале миллати мо дигар ҳаргиз он миллати парешони солҳои 90 нест.

Имрӯз мо миллати ваҳдатофарем, миллате, ки аз санг роҳи нур офарид. Ва дар миёни ин нур симои Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи иродаи таърих ба ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Фарҳод РАҲИМӢ, академики АМИТ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-06-21 21:25:12

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

Мафҳуми сулҳу ваҳдат ва ягонагиву якдилӣ ҳамеша дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба андеша намудан водор месозанд. Ваҳдати миллӣ чун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву макоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту мамлакатҳои олам гардидаасг. Воқеан ҳам, ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат ва кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни калимаҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Ваҳдати миллӣ на танҳо як ибора, балки арзиши бузурге мебошад, ки ҳаёт ва тақдири имрӯзаи мардуми тоҷик ба он пайвандӣ дорад. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо мебошад. Маҳз бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.

Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданашон баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардаанд ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад.

Дар воқеъ, ин неъмати бебаҳо маҳсули хиради азалии мардум, талошу пайкорҳои фарзандони ватандӯст ва роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ваҳдат на танҳо хотимаи як муноқишаи дохилӣ, балки оғози як саҳифаи нав дар таърихи давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Он пояи миллат, асоси истиқлол, шарти суботи ҷомеа ва заминаи рушди босуботи иқтисодиву сиёсӣ аст, ки бо шарофати он корҳои ободонӣ дар саросари кишвар, аз шаҳрҳои калон то деҳаҳои дурдаст, ба таври рӯзафзун ҷараён доранд. Ҳама муваффақиятҳову ободкориҳо натиҷаи сулҳу суботи пойдор ва ҳамбастагии миллӣ аст.

Пешвои миллат на танҳо меъмори сулҳ, балки бунёдгари давлати муосири тоҷикон ва Роҳбари сиёсати созанда аст. Бо роҳбарии ӯ Тоҷикистон аз харобаҳои ҷанг ба кохи умед, аз фироқ ба ваҳдат ва аз муҳтоҷӣ ба худкифоӣ расид. Пешвои сулҳ ва меъмори ободии Ватан на танҳо сулҳ оварданд, балки тамоми иқтидори зеҳнӣ ва сиёсиву иқтисодии кишварро ба роҳи созандагӣ равона карданд. Сарвари давлат бузургтарин ташаббускор дар масъалаи сулҳу Ваҳдати миллӣ аст.

Пешвои миллат аввалин сухане, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ гуфта буданд, масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани гурезаҳои тоҷик буду овардани сулҳ ба Ватан. Он замон Сарвари давлат савганд ёд намуданд: «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!». Дар ҳақиқат, Сарвари сулҳпарвари мо барои амалӣ намудани ин ормонҳои беназир талошҳои зиёд намуданд. Ҷони худро ба хатар гузошта, барои баргардондан ва истиқрори сулҳу осоиштагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои беназир намуда, ба савганди худ содиқ монданд.

Қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза кӯшиш намояд. Тавре ки Сарвари давлат қайд намудаанд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад».

Хуллоса, Ваҳдати миллӣ бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи қаҳрамони ваҳдату наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, боиси он гардид, ки миллати тоҷик ба фатҳи қуллаҳои нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад. Аз ин хотир, фурсате расидааст, ки барои Ваҳдату пешрафти кишвар сарҷамъона дасти ҳам бигирему пайи ободии он бештар кӯшиш кунем.

ДАВЛАТЗОДА Баҳрулло Раҳмон, муовини аввали раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоиӣ ва миёнаи касбииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

2025-06-21 21:23:33

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АСОСИ ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Мафҳуми Ваҳдати миллӣ ифодагари ормонҳои миллӣ, осоишу ободӣ, фарзонагӣ, амну субот ва меҳру садоқат ба миллату сарзамин буда, он бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Ваҳдати миллие, ки имрӯз дар Тоҷикистон поягузорӣ шудааст, воқеан ҳам тавонист дар роҳи таъмини рушди босуботи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии кишварамон мусоидат намояд. Он пеш аз ҳама дар хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи миллӣ таҷассум ёфт, ки кулли аъзоёни ҷомеаи мо интизораш буданд. Ҳар як фарди ҷомеа имрӯз бевосита дарк менамояд, ки раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ нуфузу мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба сатҳи комилан нав баровард ва мавқеи онро дар муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли бисёр масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ дар мадди аввал гузошт.

Имрӯз Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ ва рушдёбанда устуворона қадам мегузорад ва бешубҳа метавон гуфт, ки дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон соҳиби мақому манзалати хеш аст. Ваҳдати миллӣ асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда, умеди онҳоро ба ояндаи дурахшон қавӣ гардонд. Дар ин замина ҳар фарди кишвар бо нияти нек, бо дили гарм ва меҳнат, баҳри пойдории Ваҳдат камари ҳиммат баст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон дилхоҳ кишвар фақат дар сурати фароҳам будани сулҳу ваҳдат рушду тараққӣ менамояд. Мусалламан, вожаҳои сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осудагӣ, истиқлолият ва ватандорӣ барои ҳама халқу миллатҳо мафҳумҳои хеле арзишманд ё худ, муқаддас маҳсуб меёбанд, аз ҷумла барои миллати сулҳхоҳи мо.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ чун сарчашмаи таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ ва омили сарҷамъии мардум яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве боз шуд, ки роҳи ояндаро ба сӯйи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд равшан сохт.

Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардидааст. Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон обруву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаи ӯ дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, санаи таърихӣ, ки бо суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон иртиботи қавӣ дорад, аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳимму сарнавиштсоз ба хотима ёфтани мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезиҳо, таъмин гардидани сулҳу оромии комил, бунёди давлати демократӣ ва тантанаи адолату ҳақиқат мусоидат намуд.

Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд - меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро арзиши волою муқаддас, ҳамвазни истиқлолият, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид мекунанд: “Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид”.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ чун сарчашмаи таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ ва омили сарҷамъии мардум яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз аз рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром ҷараён дорад.

Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро устувор карда метавонем. Воқеан, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз ба рӯз гул - гул мешукуфад, иқтисодиёташ равнақ меёбад ва аз ҳама ҷиҳат пеш меравад.

Таманнои онро мекунам, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик саодату нусрати нав ва барору комёбиҳои тоза меоварад ва дар ҷодаи рушду ободии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқол қадамҳои созгор гузошта шавад Бигзор, эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз пойдории Ваҳдати миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвари азизамон маскан гирифта, иттиҳоди мардуми мо ҷовидонаву поянда бошад.

АЛИЗОДА Алишер Ҳикматулло, муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент


2025-06-21 21:22:13

ҲИФЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ВАТАНДОРӢ ВА ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Имсол аз имзои санади муҳиму сарнавиштсози миллати тоҷик - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва неруҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодии давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд.

Баъди баргузории 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ бо намояндагони мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Дар бораи аҳамияти имзои ин санади муҳим Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар минтақа барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Имрӯз Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги худ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби омӯзиш дар Донишгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Кения табдил ёфтааст. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳомез ва эҳтироми арзишҳои башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо зиёда бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли кишвари моро расман эътироф намудааст. Дар кишвар стратегияҳои калидии рушди миллӣ, аз ҷумла, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин муваффақиятҳо меваи ширини Ваҳдати миллӣ аст.

Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагию ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳию худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад. Истиқлолият бошад ба мо имконият дод, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва ҷовидонаи миллат шуруъ намоем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки пояи давлати мо мањз бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд.

Зикр намудан зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти миллии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст, зеро ҳоло инсоният бо хатару таҳдидҳои мутлақан нав дучор гардидааст, ки масъалаи ваҳдати миллиро боз муҳимтар ва мубрамтар намудааст. Аз дидгоҳи он ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар меҳвари бозиҳои геополитикӣ ва манифатхоҳии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун узви ин минтақа аз доираи таъсир берун буда наметавонад. Фазои минтақа тақозо менамояд, ки муҳити идеологиву сиёсии кишвар боз ҳам пурқувват карда шавад.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро бо сарварии Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ кардем.

Шамсулло ЮСУПОВ,

сардори Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосиботи Кумита

2025-06-21 21:21:00

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - НАНГУ НОМУ ВИҚОР ВА ШОҲКОРИ РОҲИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Ваҳдати миллӣ - пояи устувори рушди давлат ва ҳастии миллат аст. Он падидаест, ки миллати дар гирдоби мушкилот печидаро ба ҳам мепайвандад ва барои ҳифзи нангу номус, виқору шараф ва ояндаи дурахшон роҳ мекушояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд менамояд, ки: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Дар таърихи миллатҳои гуногун ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳамчун нишонаи шуҷоат, покӣ ва садоқат ба марзу бум ва арзишҳои фарҳангӣ қадр шудааст. Барои ҳар як халқу миллат ваҳдат на танҳо як шарт барои зиндагии осоишта, балки як ганҷи бебаҳост, ки бо заҳмату талошҳои фарзандони содиқ ва ватандӯст ба даст оварда мешавад

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯзи барои халқу миллати мо бисёр гиромӣ ва муқаддас баъд аз музокироти тулонӣ на он қадар осон ба даст омадааст.

Воқеаҳои мудҳише, ки аввали солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омада буд, барои миллати ҷафодидаи мо имтиҳонҳои бузурги таърихӣ унвон мегардад. Хушбахтона дар он рӯзҳои барои миллат наҳсу пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд, фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нидои таърихсози худ: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ба дилҳо умеду ба устувории пояи истиқлолияти давлатӣ бунёди устувор бахшид, ки ин аз иқболи баланди халқи мутамаддини мо шабоҳат медиҳад. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат ва муттаҳидии халқи бофарҳангу тамаддунсози кишвар таъмин гардида, пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шуд ва миллат ба ваҳдат омад.

Дар ин баробар қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди бедордили миллат бояд хуб дарк намуда, баҳри пойдорӣ ва ҳифзи он масълуияти шаҳрвандӣ дошта бошад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид».

Ваҳдат ҳамчун тараннумгари нангу номусу виқор — арзишҳои маънавӣ ва ифтихордориест, ки дар зеҳн ва қалби ҳар як тоҷикистонӣ мустаҳкам ҷой гирифтааст. Нанг — эҳтироми кишвари худ ва таърих, номус — ҳифзи покӣ ва шараф, виқор — инъикосгари эътибор ва шаъну шарафи миллии мо мебошад. Ваҳдати миллӣ шарти зарурии ҳифзи ин арзишҳо аст. Бе ваҳдат наметавон нангу номус ва виқори миллати худро ҳифз кард ва роҳро ба сӯи соҳибистиқлолӣ ва рушди воқеӣ ҳамвор сохт.

Ҳоли ҳозир, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар роҳи рушди устувор қарор дорад, нақши ваҳдати миллӣ дар ин ҷода ҳалкунанда мебошад. Ногуфта намонад, ки имрӯз он на танҳо як рамзи сарфарозӣ, балки шоҳкори роҳи соҳибистиқлолӣ мебошад — роҳе, ки бо ваҳдату ҳамдиливу садоқат ягонагии томи мардуми Тоҷикистонро пойдор ва мустаҳкам намуда, баҳри амалигардии ҳадафҳои муҳими мамлакат дар бунёди ҷомеаи пешрафтаи демократӣ машъал гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ваҳдати миллиро чун ганҷи бебаҳо ҳифз намуда, онро дар дил ва ақидаи худ устувор созем, чунки Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам нури зиндагӣ ва шоҳкориест, ки бо он мо метавонем тамоми мушкилотҳоро паси сар намуда, бо амалисозии ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Рабизода Наҷибулло, н.и.т. дотсент, директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

2025-06-21 21:19:47

ТАҲКИМ ВА НИГОҲДОШТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАРОМИ МОСТ

Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад,ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бистуҳаштумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва руҳияи баланди ватандӯстию ифтихори миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истоданд.

Барои расидан ба сулҳу оштӣ ва ин рӯзи мубораку фархунда халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ва дурандешию таҳамулпазирии Сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо тӯли қарнҳои зиёд орзу дошт соҳибватану соҳибдавлат бошад. Ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ин орзую ормонро ҷомаи амал пӯшонид ва мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр гардидем. Агарчӣ ибтидо даргириҳои дохилӣ дар самти пиёдасозии ҳадафҳои давлатдорӣ монеъа эҷод кард, аммо баъдтар маҳз Ваҳдати миллӣ, ки бо фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, заминаи мусоид фароҳам овард, ки пояҳои давлатдории нави тоҷикон гузоштаву таҳким ёбанд ва корҳои созандагиву ободокорӣ ба роҳ монда шаванд. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

Қатлу куштору ғорат ва низоъҳои шадиди дохилӣ садҳо ҳазор сокини кишварро дар нахустин солҳои ин ҳаводис ба муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ кашонд.Танҳо давоми солҳои 1992 то 1994 ин муноқишаҳо миллиардҳо доллар хисорот, даҳҳо ҳазор қурбонӣ ва ҳазорон оиларо гурезаву бесаробон ва бехонаву бе ҷою макон кард.Ҳамзамон дар пайи шадиди низоъҳо миёни минтақаҳои кишвар ва дахолати хориҷиён хатари нобудшавиии кишвар пеш омада буд.

Нахустин гуфтугӯ миёни тими ҳукумат ва мухолифин барои музокирот аз моҳи апрели соли 1994 дар Маскав оғоз шуд. Бо гузашти ҷанд давр дар Алма-Ато, Теҳрон, Ашхобод, Исломобод ва ахиран дар Маскав нерӯҳои мухолифин ва ҳукумат куллан ба мувофиқа расиданд.

Маҳз 27- уми июни соли 1997 дар қасри Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин гуфтушуниди сулҳ дар Маскав, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардида, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима дода шуд..Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд.

Раванди сулҳи тоҷикон рўйдоди душвор, вале мўхими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.Сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст омадааст, дар миқиёси ҷаҳон руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрўз дар гўшаву канори гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст.

Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази чи қадар азобу ранҷ дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд. Ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Маҳз Ваҳдат метавонад барои инсонҳо дастовардҳои бузургро насиб гардонад. Ин ҷашни муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст.

Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои сайёра мавриди омӯзиш ва корбаст қарор гирифтааст.

Замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем,, нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад ва шукргузор аз он бошем, ки дар даврони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем.

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,

Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.

Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,

Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.

Садиров Фаёзиддин Раҳимомич, муовини директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

2025-06-21 21:18:51

ВАҲДАТ - ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

Таърихи ташаккули ин падида исботи он аст, ки нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъи­ят пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст.

Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиат­ҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.

Пешвои миллат изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».

Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва найрангбоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, шомил шудан ба ин гурӯҳҳоро инкор кардан аст.

Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад. Маънидод кардани ин ибораҳо ба соатҳои зиёд ниёз дорад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар аз манфиат дур нест.

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла мо ҷавонони насли хушбахтарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем. Бигзор ба бахти мо сулҳ пойдор бошаду осмон ҳамеша софу беғубор бимонад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Зайнура ШОДИЕВА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент