Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-11-04 18:13:01

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳимзода Маҳмад Забир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумита, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарони коллеҷу литсейҳои касбии шащри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст, академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни муҳим шодбош гуфта, қайд кард, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон30-солагии қабули Констутсияи кишвари соҳибистиқлоли тоҷиконро дар фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, бо шукргузорӣаз неъматҳои Истиқлоли давлатӣ бо рӯҳияи болида таҷлил менамоянд.

“Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин маҳсули тафаккури дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз нахустин рӯзҳои ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданашон нуктаҳои асосӣ ва диди худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шакли давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иброз намуданд ва ин тезисҳо дар моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон мавқеи худро ёфта, ба баҳсҳои дар он давра зиёде доир ба сохти давлатдории минбаъдаи ҷумҳурӣ хотима бахшиданд”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идомаи чорабинӣ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, оид ба мавқеъ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат маърӯза намуда, зикр кард, ки нақши Конститутсияи мамлакат дар самти рушди қонунгузории кишвар назаррас буда, маҳз дар заминаи муқаррароти меъёрҳои заминавии он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқарраргардидааст.

“Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд”, - гуфт академик Маҳкам Маҳмудзода.

Сипас, Раҳимзода Маҳмад Забир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавриди нақш ва ҷойгоҳи Конститутсия дар рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид дошт, ки фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин намуд ва барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан, дар самти паст кардани таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллии кишвар асоси боэътимод гузошт.

Зикр гардид, ки дар Конститутсия меъёри бунёдӣ ва бисёр муҳимми иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки он эътирофи шаклҳои гуногуни моликият мебошад. Дар доираи санади мазкур давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуҳуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар сатҳи Конститутсияи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамоиш дигар намояндагони сохторҳои Кумита дар мавриди нақши ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз дар рушди давлатдории миллии тоҷикон ва дигар паҳлӯҳои фаъолиятии хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ карданд.

 

2024-11-04 18:08:39

КОНСТИТУТСИЯ-ЗАМИНАИ АСОСИ РУШДУ ИНКИШОФИ СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА

Ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосию сарнавиштсози давлат мебошад, ки барои рушду инкишофи кишвари маҳбубамон заминаи қавӣ гузошт.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “Дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид”.

Таҳияи конститутсия бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифт.

Аксарияти мутлақи ҳамватанони мо дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.

Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд. Дар тамоми ин муддат аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд.

Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати бунёдиро бештар дарк ва қадр мекунем, зеро имрӯз мо ба хубӣ медонем, ки маҳз дар заминаи он Тоҷикистони демократӣ рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи худ гардидааст.

Асосҳои бунёдии ин санади таърихӣ – эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, шароити ҳамаҷонибаи рушди муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамояд.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.

Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст. Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи шаҳрвандон дароянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳадафҳои олии худ — эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки дар ин санади олии мамлакат дарҷ гардидаанд, муваффақ хоҳем гардид.

Вобаста ба ин, дар моддаи 10-и Конститутсия омадааст, ки «Давлат ва ҳама мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Миллати тоҷик ба шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз карда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ шинохта шудааст.

Имрӯз мо бояд ин анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, риояи қонунияту тартибот ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем.

Мардон БУХОРИЕВ,

сармутахассиси Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-11-04 08:57:42

МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ ЯКУМИ САРВАЗИР, ВАЗИРИ МУДОФИА ВА ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ ШАЙХ ФАҲД ЮСУФ САУД АС-САБОҲ

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро заминаи мусоид барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳои дигар маънӣ доданд.

Иштироки доираҳои молиявӣ ва сармоягузории Кувайт дар татбиқи Лоиҳаҳо дар бахшҳои воқеии иқтисоди мо, аз ҷумла саноати сабук, коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ самти ояндадори ҳамкории ду кишвар номида шуд.

Ҳар ду ҷониб алоқаманди ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ шуда, имзои Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусиро санади муҳими ҳамкорӣ дар ин соҳа маънӣ доданд.

Баргузории Конфронси байналмилалӣ - марҳилаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” иқдоми муҳим дар самти таъмини амну субот арзёбӣ гардид.

Дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони мосир ҳамчунин тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт зарур шумурда шуд.

2024-11-03 20:57:21

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт:

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷи Давлати Кувайт;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

- Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna”;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия;

- Барномаи иҷроияи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солхои 2024-2026.

 

2024-11-03 20:54:07

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.

“Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”. - изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузори барои ҳарду ҷониб судбахш имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд.

Ҷалби сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ ба Кувайт ҳам ба манфиати кор дониста шуд.

Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, барқарор намудани тамосҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

2024-11-03 20:42:24

НАМОИШИ АСАРҲОИ РАСОМОН ДАР НИГОРИСТОНИ КОЛЛЕҶИ ҶУМҲУРИЯВИИ РАССОМӢ

Санаи 1 ноябр маросими ифтитоҳи Намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон – рассомон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30 – юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов баргузор гардид.

Намоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Коллеҷи рассомӣ Сироҷиддин Ҷурахонзода ифтитоҳ намуда, аз эҷодиёти устодон, рассомон ва фаъолияти пурсамарашон дар соҳаи санъати тасвирӣ ёдовар шуданд.

Сипас, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова дастовардҳои назарраси рассомонро қайд намуданд.

Инчунин, меҳмонон аз Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, директори Коллеҷи санъати шахри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Алишер Солиев, директори Мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Давлатзода Баҳодур, директори Филармонияи бачагона Наргис Розиқова, директори Мактаби бачагонаи рассомии назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Шарипов Диловар ва омӯзгорону донишҷуён аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.

 

 

2024-11-03 20:34:30

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 30 -СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛИ 2024 -СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ


 Санаи 2-юми ноябри соли равон дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” конференсияи ҷумҳуривӣ дар мавзӯи “Конститутсия-санади олии ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе, омӯзгорони кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи устод С. Айнӣ, роҳбарият омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ иштирок доштанд.

Кори Конференсияи ҷумҳуривияро директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Рабизода Н. оғоз намуда, ҳозиринро бо 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, доир ба моҳият ва нақши Конститутсия, инчунин хизматҳои беназири Пешвои миллат дар қабули ин санади муҳими тақдирсоз андешаронӣ намуд.

Сипас, тибқи барномаи конференсия мудири шуъбаи омори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Хуршед дар мавзӯи “Нақши созандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти қонун”, роҳбари дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Даврон Назирмад дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар сохтори ҳокимияти судӣ”, корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Муҳаммад Сафарзода дар мавзӯи “Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, омӯзгори калони кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ”-и ДДОТ ба номи устод С. Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ дар мавзӯи “Таърихи қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва ҳуқуқшиноси Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Абдуллоев Исфандиёр дар мавзӯи “Нақш ва мавқеи Конститутсия дар низоми қонунгузории миллӣ” бо маърӯза баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти чорабинии мазкур байни меҳмонон ва иштирокчиён оид ба аҳаммияти Конститутсия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҷамъбаст меҳмонон барои ҳамкориҳои судманд дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён бо "Сипоснома"-и директори Коллеҷ қадрдонӣ гардиданд.

 

2024-11-02 13:51:35

ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ - ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии қабули Констутсияи кишвари соҳибистиқлоли тоҷиконро дар фазои сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ, бо шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлоли давлатӣ бо рӯҳияи болида таҷлил менамоянд.

Таъкиди аввалин ин аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин маҳсули тафаккури дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз нахустин рӯзҳои ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданашон нуктаҳои асосӣ ва диди худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шакли давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иброз намуданд ва ин тезисҳо дар моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон мавқеи худро ёфта, ба баҳсҳои дар он давра зиёде доир ба сохти давлатдории минбаъдаи ҷумҳурӣ хотима бахшиданд.

Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави ҳукумат бо сарварии Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароити мусоидро фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ эҷоди санаду қонунҳо ва барои ин амал қабули конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳала маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем.

Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси Комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ, барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзои комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия тайи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣпешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа ба райпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шавад.

Сокинони кишвар 6 ноябри соли 1994 дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд ва бо тарафдории 2 352 554 нафар, ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Бо назардошти муҳиммияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қабул кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳад, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

Ҳамин тавр, имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳимми ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад.

Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 180 давлати дунё расман пазируфтанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 150 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ин талошҳо аст, ки имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад.

Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.

Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар асоси устувори ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро кафолат медиҳад. Ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан ҳам мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад.

Конститутсия ба таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид. Халқи Тоҷикистон тибқи дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст.

Бояд зикр кард, ки, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣмебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Бо қабули Конститутсия миллати тоҷик ба марҳалаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид шуд ва дар ҷомеаи навин дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардиданд. Ҳокимияти судӣ рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо чун яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мавқеи хосса пайдо намуд. Бешубҳа, ин санади олии ҳуқуқӣдастоварди Истиқлолият ва сутуни асосии таҳкимбахшандаи он буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.

Конститутсияи давлати тоҷикон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо бино ёфтааст. Ин санади муҳимми тақдирсоз давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣмекунад.

Дар давоми 30 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузургро ба даст овард. Минҷумла, фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Зеро Конститутсияи амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, ваҳдати комил ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу роҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик аст.

Тавре ки дар оғоз гуфтем, Конститутсия маҳсули зеҳнии Пешвои муаззами миллат ва кулли мардуми Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шуда, заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳалаи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шуравӣ чор маротиба конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.

Дар муқоиса бо конститутсияҳои замони ШуравӣКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин санад сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуда, Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони ҳалқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва райпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳалаи мавҷудияти Конститутсия 22 кодекс ва зиёда аз 400 қонуни умумию соҳавӣ қабул карда шуданд.

Илова бар ин, пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули қонунҳои конститутсионӣ ба миён омад. Бо ин мақсад, 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ«Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз агар як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд.

Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия низ ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона, ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣарзи вуҷуд намуд, ки он дар роҳи инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Хамин тариқ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба - 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода мешавад. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

Ҷойи зикр аст, ки миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта аст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Аз ин лиҳоз, метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонд ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.

Дар ин муддат ба халқи Тоҷикистон муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшад.

Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик буда, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Аз ин рӯ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир, мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Бинобар ин, конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Дар маҷмӯъ, 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз - қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд. Мо шоҳиди хизматҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии барои миллату давлат ба харҷдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, ки он дар таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд.

Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, арзишу меъёрҳои Конститутсияро, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст кард, қадр кунем ва дар асоси ин санад дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.

Фарҳод РАҲИМӢ,

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ

ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

2024-11-02 13:49:48

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Нишони асосии ҳар давлат ва давлатдорӣ забони модарӣ, Нишону Парчам, Суруди миллӣ, пули миллӣ, ҳудуди маъмурӣ, Конститутсия ва осудагии халқаш аст. Бешак, ин ҳамаро кишвари маҳбуби мо - Тоҷикистон дорост. Аз ҷумла, чун дигар давлатҳои сайёра дар кишвари мо Конститутсияи комил ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ амал мекунад.

Пас аз он ки соли 1991 дар Тоҷикистон сулҳу озодӣ пойдор гардид ва маҷрои нави давлатдорию давлатсозӣ оғоз шуд, иҷрои як масъалаи муҳими саросарӣ пеши роҳи кор буд. Ин масъала қабули конститутсия барои ба танзим даровардани низоми сохтори давлатӣ буд. Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аҳди ИҶШС4 маротиба (солҳои1929, 1931, 1937 ва 1978) Конститутсия қабул карда ва дар ҳайъати иттиҳод конститутсияи амалкунандаи худро дошт, аммо он баъди пошхӯрии ин иттиҳод ба принсипҳои давлати навбунёди мо созгор набуд. Барои давлатдории навини мо тоҷикон конститутсияе зарур буд, ки пеш аз ҳама, он кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва фарогири ҳамаи ҷанбаҳои давлатдорӣ бошад.

Ҳамин тариқ, дар такя ба масъалаҳои болозикр соли 1994 ҷиҳати қабули санади муҳими ҳуқуқию танзимоварии муносибатҳои давлатию миллӣ - Конститутсия раъйдиҳии умумихалқӣ баргузор гардид. Ин маъракаи сиёсӣ бо мақсади баёни фикру андешаҳои мардум барои қабули конститутсияи комилу такмилёфта равона гардида буд. Ин буд, ки он сол бештари шаҳрвандон ҳуқуқ ба овоздиҳӣ дошта, дар райъдиҳӣ иштирок карданд. Дар натиҷа 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардид. Он аз 10 бобу 100 модда таркиб ёфта, тамоми масоили сохтори давлатдориро дарбар гирифтааст.

Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Он нишони волои озодӣ ва мустақилияти давлатдорӣаст.

Конститутсия ин кафолати ҳимояи шаъну шараф, маъдану сарватҳои табии давлат, сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии халқ эътироф гардидааст. Маҳз дар ҳамин замина дар саҳифаи нахустини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро матни зер дарҷ гардидааст, ки он фарогири якпорчагии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он, ҳуқуқу озодиҳои шахс, баробарҳуқуқии миллату халқиятҳо ва ҷамъияти адолатпарвар мебошад:

Барои қабули Конститутсия ва сохтани давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, инчунин дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намудани кишвари азизамон – Тоҷикистон хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва боиси таҳсин аст. Дар мавриди моҳияту арзиш ва қабули ин санади муҳими таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд карданд: «Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ии ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Аз рӯи сарчашмаи аввали қонунгузорӣ будан Конститутсияро дар кишвар моҳиятан сарқонун, қонуни аввал, бахтномаи миллат ҳам меноманд, ки дигар қонунҳои соҳавӣ ҷиҳати дар амал татбиқ шудан аз он сарчашма мегиранд. Бахтномаи миллат ба он маъно ки ба бахти миллати мо пас аз соҳибистиқлолии кишвар имкон даст дод, то Тоҷикистон соҳиби Конститутсияи худ шавад.

Инак, аз қабули Конститутсия-бахтномаи миллат 30 сол пур мешавад. Ба ҳамагон возеҳ аст, ки ин санади муҳими давлатдорӣ фарогири ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо шаҳрвандон, танзимдарорандаи соҳаҳои муҳими давлаторӣ, таъмингари арзишҳои демократӣ ва тартибу низом аст. Ин далоил нишони давлати демократию ҳуқуқбунёд, зиндагии шоиста доштани мардум, иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсию, иҷимоӣ ва фарҳангӣ, муносибати хубу ғамхоронаи давлат ба шаҳрвандонаш ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт мебошад.

Латофат ОДИНАЗОДА,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

2024-11-02 13:48:18

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории тоҷикон, робитаи он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши бузургу таърихӣ дорад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсӣ қабул гардида, ҳамасола аз ҷониби миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик бошукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабули Конститутсия чунин изҳор доштанд: “Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин саннаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амали гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст”.

Шоистаи зикру ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои бузургу таърихӣ ва муҳайё кардани фазои мусоид барои озодии инсон заминаи мустаҳкаму бузург гузошт.

Бо мақсади огоҳии бештари мардум аз қонун ва ҳуқуқҳои хеш аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки соли 2024 ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари соҳибихтиёру соҳибистиқлоламон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд. Ин иқдоми арзишманду саривақтии Роҳбари давлат ба муносибати ин санаи таърихӣ шоистаи таҳсину ифтихори мо - шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Зеро ба муносибати эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар саросари кишвар чорабиниҳои илмию оммавӣ роҳандозӣ шуда, сатҳи маърифати ҳуқуқии ҳама қишри ҷомеаро боз ҳам баланд мебардорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба нақши Конститутсия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сухан гуфта, чунин қайд карданд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

Дар маҷмӯъ, вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худшинос ин аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намояд ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо заҳмату меҳнати содиқонаву самимона таъмин намуда, дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созанда кӯшиш намояд.

Зоир ҒАФУРӢ,

директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ,

номзади илмҳои филология, дотсент

2024-10-31 21:42:46

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар баробари дигар соҳаҳо бахши энергетика низ мавриди таҳлил қарор гирифта, Сарвари давлат супориш доданд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин гардида, дар самти ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилот супориш доданд, ки корҳоро барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани зимистон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус муассисаҳои иҷтимоӣ ҷоннок намоянд.

 

2024-10-31 18:09:27

ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ” БАРГУЗОР ШУД

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон 29-уми октябри соли 2024 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе даври аввали озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” баргузор шуд.

Дар озмун донишҷӯёни факултетҳои муассиса аз рӯйи чор номинатсия - эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати шеъри беҳтарин дар васфи шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахт ва суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти мамлакат иштирок карда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Ҷараёни озмунро аъзои ҳакамон баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро ба даври ноҳиявӣ пешниҳод карданд.

Озмуни мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор мешавад. Он аз 1 октябр дар се давр оғоз гардида, то 15 декабри соли 2024 идома меёбад. Ҷамъбаст ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрели соли 2025) баргузор карда мешавад.

Озмуни мазкур байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони касбу кори гуногун, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд, баргузор мешавад.

Ҳадаф аз баргузории он дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад.

2024-10-31 18:05:44

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ АДОЛАТ ВА ҲАКИҚАТ

Агар муаррифкунандаи халқу миллат рамзи суботи давлат дар арсаи байналмилалӣ ин Парчаму Нишон ва Суруди миллӣ бошад, пас Конститутсия ҳуҷҷати асосӣ ва сарнавиштсозест, ки тақдири тамоми давлатро ҳал мекунад.

Конститутсия танҳо як калима ё якчанд ҳарф нест, балки баёнкунандаи орзу, маром ва мақсади миллати азизамон - Тоҷикистон аст. Баъди аз сари қудрат рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, ки Тоҷикистон низ узви ин сиёсати бузурги чаҳонӣ буд, кишвари мо ҳамчун давлати тозабунёду ҷавон ба ҷомеаи чаҳонӣ қадам гузошт. Дар ҳоле, ки ин кор барои давлати ҷавоне мисли Тоҷикистон осон набуд, аммо халқи тоҷик аз як гиребон сар бароварда, сараввал Истиқлолияти сиёсӣ ва сипас, Конститутсияи давлати хешро қабул намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор меравад. Барои қабули ин ҳуҷҷати асосӣ ва сарнавиштсоз саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосӣ буд.

Ин қонуни асосии мамлакат аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, ки ҳар як боб дар мақоми муайяни худро дарбар мегирад. Агар мо ба моддаи 1 назар намоем идоракунии кишварро ба маънои том мефаҳмем.

Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Яъне, миллати мо давлати соҳибистиқлолу озод мебошад. Тоҷикистон ҳуқуқҳои халқи худро ҳифз ва дастгирӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ягона буда, роҳбари ягона, қонуни ягона ва системаи идоракунии ягона дорад.

Бартарии дигари ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз таҳияи боби алоҳида бо номи “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” мебошад, ки аз ҳама боби калонтарини Конститутсия ба шумор меравад. Тибқи боби мазкур давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя ва ҳифз мекунад ва ба шаҳрвандон шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Тоҷикистон мувофиқи ин санад воҳидҳои марзиву маъмурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таъсис дод. Рамзҳои давлатии мо Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ба муқадасоти давлатӣ дохил карда шуд. Пойтахти кишвари азизамон Душанбе эълон гардид. Забони давлативу коргузорӣ маҳз забони тоҷикӣ эътироф шуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо кардани Ватани аҷдодии худ ба меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқ кардани Конститутсияи кишвар 3 маротиба тағийиру иловаҳоро дар Конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ ворид намуданд. Якумин маротиба тағийиру иловаҳо 26 сентябри соли 1999, дуюмин маротиба 22 июни соли 2003 ва охирон маротиба 22 май соли 2016 ворид карда шуданд.

Имсол мо дар арафаи истиқболи 30-юмин солгарди Конститутсия қарор дорем. Маҳз Конститутсия буд, ки давлати тозабунёди мо, дар муддати 30 сол ба бисёр комёбиҳо ноил гардид. Конститутсия роҳнамои рушди давлатдории мост. Конститутсия санади тақдирсозест, ки зиндагиамонро ҳифз ва ояндаамонро дурахшон месозад. Ин ҳуҷҷат кафили адолат ва ҳақиқат буд, ҳаст ва мемонад.

Набиев Субҳон Абдулҳафизович,

омӯзгори фанни диншиносии

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон

 

2024-10-31 18:04:26

ТАНОСУБИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли2018 тасдиқ шудааст, омадааст, ки 9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Конститутсия Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонид – таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2019.

Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони кишварҳои Осиёву Аврупо ва Амрико баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.

Шакли асосии таҳкими меъёрҳои ҳуқуқӣ ва тарзи аз ҳама маъмули пешниҳоди муҳтавои меъёрҳои мазкур ба аҳолии ин ё он кишвар санади меъёрии ҳуқуқӣ аст, ки хусусияти умумӣ дошта, барои истифодаи тӯлонӣ пешбинӣ шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад, ки дар заминаи иродаи мардуми мамлакат қабул гардидааст. Илова бар ин, Конститутсия дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқӣ мавқеи асосиро ишѓол менамояд ва мутобиқи қисми 1 моддаи 10 Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

Гузашта аз ин, нақш ва ҷойгоҳи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ масъалаи муҳим ва мубрам арзёбӣ мешавад. Қобили қайд аст, ки санадҳои мазкур ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд (моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»). Аммо дар қонуни мазкур шарҳи расмии мафҳуми «санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ» пешниҳод нашудааст. Таърифи ягонаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар адабиёти соҳаи ҳуқуқшиносӣ низ вуҷуд надорад.

Дар баробари таҳлили нуқтаи назари олимони ватанӣ эътирофи чунин таърифи мафҳуми санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро қобили қабул мешуморем: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ шартномаҳои байналмилалие мебошанд, ки барои ҳамроҳ шудан ба онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли муқарраргардида ризояти худро додааст». Шартномаи байналмилалӣ бошад, ҳамчун созиши байни субъектҳои ҳуқуқи байналмилалие фаҳмида мешавад, ки дар шакли хаттӣ, дар як ё якчанд санади дорои меъёрҳои ҳуқуқӣ баста шудаааст.

Инчунин шартномаи байналмилалӣ ҳамчун созишномаи дар натиҷаи гуфтушуниди байни ду ё якчанд субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқашуда, ки муносибатҳои онҳоро бо роҳи муқаррар намудани уҳдадориҳо ба танзим медарорад, муайян шудааст. Чунки таърифи шартномаи байналмилалӣ барои гурӯҳи дигари муаллифон низ бештар боэътимод менамояд, зеро ба андешаи онҳо, он фарогири тамоми намудҳои шартномаҳои байналмилалӣ мебошад, новобаста ба он ки кадоме аз давлатҳо ё дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар онҳо ширкат меварзанд, инчунин, новобаста ба шакл, номи шартнома, объекти танзим ва тартиби бастани онҳо.

Таърифи расмии мафҳуми шартномаи байналмилалӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дахлдор дарҷ гардидааст. Масалан, мутобиқи Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ аз 23 майи соли 1969 ва Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳо байни давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ё байни созмонҳои байналмилалӣ аз 21 марти соли 1986, шартнома ин созишномаи байналмилалиест, ки миёни давлатҳо дар шакли хаттӣ баста шуда, новобаста ба он ки чунин созишнома дар як, ду ё якчанд ҳуҷҷати ба ҳам алоқаманд ҷой дода шудааст, инчунин новобаста аз номи мушаххаси он бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешавад. Шартномаҳои байналмилалӣ метавонанд ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам байни як ё якчанд давлат ва як ё якчанд созмонҳои байналмилалӣ баста шаванд.

Дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъриф дода шудааст, ки бо давлати хориҷӣ (давлатҳои хориҷӣ) ё созмони байналмилалӣ (созмонҳои байналмилалӣ) дар шакли хаттӣ ба имзо расонида шуда, бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешавад, сарфи назар аз он ки ин шартнома дар як ё якчанд ҳуҷҷати бо ҳам алоқаманд оварда шудааст, инчунин новобаста ба номи мушаххаси он.

Қайд кардан зарур аст, ки амали қонуни мазкур фарогири шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, новобаста ба хусусияти онҳо (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ) ва номашон (шартнома, созишнома, конвенсия, протокол, паймон, табодули мактубҳо, ёддоштҳо ва ё дигар шартномаҳои байналмилалии дигар), бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад (қисми 1 моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»).

Дар бораи шаклҳои гуногуни шартномаҳои байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошанд, дар адабиёти махсуси ҳуқуқӣ низ сухан меравад, аз ҷумла доир ба чунин шаклҳои он, аз қабили шартнома, созишнома, конвенсия, муоҳида, эъломия, паймон, хартия, оиннома, барнома, санадҳои умумӣ, қонуни амсилавӣ.

Моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳҳои зерини ифодаи ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳатмӣ будани шартномаҳои байналмилалӣ ишора мекунад:

- «баимзорасонӣ» – марҳилаи бастани шартномаи байналмилалӣ ё тарзи изҳори ризояти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, дар сурате агар шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ намояд, ки баимзорасонӣ чунин эътибор дорад ё ба тарзи дигар созиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни дигари гуфтушунид дар хусуси он муқаррар шудааст, ки баимзорасонӣ бояд чунин эътиборро дошта бошад ё нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани чунин эътибор ба баимзорасонӣ аз ваколати намояндаи он бармеояд ва (ё) ҳангоми гуфтушунид изҳор шудааст;

- тасдиқ (ратификатсия) – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, ки дар Қонуни мазкур ва ё шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст ва аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда шудааст;

- тасдиқ – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расида, тарзи дигари тасдиқи иловагии онро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз баимзорасонӣ, пешбинӣ менамояд;

- ҳамроҳшавӣ – тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда нашудааст;

Усули афзалиятноки ифодаи ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси барояш ҳатмӣ будани шартномаҳои байналмилалӣ, ҳамроҳ шудан ба шартномаҳо ва ба имзо расондани онҳо мебошад.

Ҳамроҳ шудан ба санадҳои байналмилалии зерини мисоли равшани тасдиқи андешаи мазкур мебошад: Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Протоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1996, ки бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 1998 тасдиқ карда шудаанд.

Аммо амалияи ифодаи ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси барояш ҳатмӣ будани шартномаҳои байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки барои аксари мутлақи шартномаҳои байналмилалӣ ризоят на бо имзои Президенти Тоҷикистон, балки бо роҳи тасдиқ (ратификатсия) дода шудааст.

Шартномаҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва дар муҳлатҳое, ки шартномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон») пешбинӣ кардаанд, эътибор пайдо мекунанд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ, аз ҷумла дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», инчунин Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешаванд.

Агар дар маъхазҳои ҳуқуқӣ нисбат ба масъалаи ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ эътироф шудан ё нашудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муносибати духӯра ҷой дошта бошад, пас дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ба таври мусбат ҳалл шудааст. Масалан, дар қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Дар он инчунин афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурӣ дар назди қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Дар қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки «агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд».

Дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ оид ба зарурати вобаста намудани афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бар қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тарзҳои мушаххаси ифодаи ризояти Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои мазкур барои он андешаҳо баён шудаанд. Бо истифодаи ибораҳои «тасдиқ кардан», «эътироф намудан», «имзо кардан», «ҳамроҳ шудан» танҳо тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси барояш ҳатмӣ будани иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ифода мешавад, аммо на масъалаи додани афзалият ба шартномаҳои байналмилалӣ нисбат ба қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Аз рӯйи маънии моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дахлдори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, афзалият ба шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба санадҳои меъёрии миллӣ дар мавриде дода мешавад, агар санади меъёрии ҳуқуқии миллӣ ҳуқуқ ва озодиҳоро маҳдуд кунанд, вазъи ҳуқуқии шахсро нисбат ба он чи ки дар шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, бадтар гардонад.

Пас, агар қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи кафолатҳоро барои шаҳрвандон танг ва маҳдуд накунанд, балки ҳуқуқу озодиҳои имтиёзнок ва кафолат ба онҳоро муқаррар намоянд, дар ин сурат қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд, на меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ.

Афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба ҳуқуқи миллӣ ва афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қонунгузории миллӣ мутлақ ва қатъӣ нест. Афзалияти шартномаҳои байналмилалӣ танҳо нисбат ба санадҳои муқаррарии қонунгузорӣ фарзия мешавад, аммо на нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бе шакку шубҳа афзалият дошта, набояд боиси баҳсу мунозира қарор дода шавад. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бояд бо Конститутсияи ҷумҳурӣ пурра мувофиқат кунанд.

Давлатхон НАЗАРЗОДА,

сардори шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

2024-10-31 07:03:11

КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он 6 ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқи қабул гардидааст.

Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Мувофиқи моддаи 1-уми он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, тибқи моддаи 6-уми он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ки мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст. Конститутсия ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: “Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”.

Конститутсия имрӯз аз рӯйи таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва дарбаргирии меъёрҳои демократӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё ба шумор меравад. Конститутсияи соли 1994 аз ҷониби коршиносони ҷаҳони бисёр ҳам баҳои баланд гирифтааст. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) бошад, Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст.

Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то Тоҷикистон ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комил ҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.

Ҳамин тариқ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кишвар ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.

Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 30-сол пур мешавад. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихи аллакай Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоси худро пайдо намуда, ба яке аз субъектони муҳимми муносибатҳои байналмилалии минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Метавон гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон мабдаи номусу ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик буда, меъёрҳои он минбаъд низ барои муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва рушду ободии ин сарзамини биҳиштосо хизмат хоҳад кард.

БОЗОРОВА НУРАФШОН - мудири шуъбаи умумии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе

2024-10-31 07:00:52

АНҶУМАНИ ЯКУМИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар дар Колеҷи техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ Анҷумани якуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Бунёд Зиёзода, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раис, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, раисони иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидо ва миёнаи касби иштирок намуданд.

Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи кормандонро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, қайд кард, ки бо шарофати қабули ин ҳуҷҷати муҳим дар кишвари мо барои таҳсил намудан ва соҳиби касби дилхоҳ шудан ҳама шароитҳо муҳайёст.

“Конститутсия соҳибмаълумот шудани ҳар узви ҷомеаро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, махсусан насли ҷавони кишварро, ки қисми бештари аҳолиро ташкил медиҳанд, лозим аст, аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода бурда, ҳамчун насли шоистаи замон ва донандаи забонҳои хориҷию соиби ҳунарҳои воло ба воя расад”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идомаи нишаст Бунёд Зиёзода, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, суханронӣ намуда, қайд кард, ки инкишофи дилхоҳ ниҳоди муҳим бе фаъолияти иттифоқи касаба кормандони он имконнопазир мебошад, зеро Кумитаи иттифоқи касаба ягона ташкилоти ҷамъиятии расмие мебошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи кормандони муассисаю корхонаҳоро ҳимоя менамояд. Аз ин рӯ, чанде қабл дар наздии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди нави ҷамъиятии расмӣ - Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Таъкид гардид, ки минбаъд ҳамаи муассисаҳои зерсохтори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аъзои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шуда, Иттифоқи касаба барои ҳифзи мақсадҳои касбӣ, меҳнатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ - иқтисодии аъзои Иттифоқ дар оянда тамоми талоши худро равона карда, барои фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзои иттифоқи касаба ва аҳли оилаи онҳо мусоидат мекунад

Зикр карда шуд, ки Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ихтиëрӣ ва мустақил буда, кормандони ҳамаи муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сохторҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар ниҳодҳоеро, ки бо фаъолияти илмию таълимӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин донишҷуён, хонандагони муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро муттаҳид менамояд.

2024-10-31 07:00:52

АНҶУМАНИ ЯКУМИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар дар Колеҷи техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ Анҷумани якуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Бунёд Зиёзода, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раис, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, раисони иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидо ва миёнаи касби иштирок намуданд.

Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи кормандонро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, қайд кард, ки бо шарофати қабули ин ҳуҷҷати муҳим дар кишвари мо барои таҳсил намудан ва соҳиби касби дилхоҳ шудан ҳама шароитҳо муҳайёст.

“Конститутсия соҳибмаълумот шудани ҳар узви ҷомеаро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, махсусан насли ҷавони кишварро, ки қисми бештари аҳолиро ташкил медиҳанд, лозим аст, аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода бурда, ҳамчун насли шоистаи замон ва донандаи забонҳои хориҷию соиби ҳунарҳои воло ба воя расад”, - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Дар идомаи нишаст Бунёд Зиёзода, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, суханронӣ намуда, қайд кард, ки инкишофи дилхоҳ ниҳоди муҳим бе фаъолияти иттифоқи касаба кормандони он имконнопазир мебошад, зеро Кумитаи иттифоқи касаба ягона ташкилоти ҷамъиятии расмие мебошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи кормандони муассисаю корхонаҳоро ҳимоя менамояд. Аз ин рӯ, чанде қабл дар наздии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди нави ҷамъиятии расмӣ - Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Таъкид гардид, ки минбаъд ҳамаи муассисаҳои зерсохтори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аъзои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шуда, Иттифоқи касаба барои ҳифзи мақсадҳои касбӣ, меҳнатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ - иқтисодии аъзои Иттифоқ дар оянда тамоми талоши худро равона карда, барои фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзои иттифоқи касаба ва аҳли оилаи онҳо мусоидат мекунад

Зикр карда шуд, ки Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ихтиëрӣ ва мустақил буда, кормандони ҳамаи муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сохторҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар ниҳодҳоеро, ки бо фаъолияти илмию таълимӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин донишҷуён, хонандагони муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро муттаҳид менамояд.

2024-10-30 07:41:36

ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи забонҳо байни донишҷӯёни таҳти унвонҳои “Конститутсия - бахтномаи миллат”, “Конститутсия - санади тақдирсози миллат”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳнамо ва ҳомии шаҳрвандон”, “Конститутсия - ҳуҷҷати сарнавиштсоз” ва “Конститутсия - кафили сулҳу субот дар Тоҷикистон” иншои беҳтарин гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур боз ҳам баланд бардоштани маълумотнокии донишҷӯён оид ба Конститутсия, таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ, озодӣ, ҳуқуқи шахсият ва баробарҳуқуқӣ мебошад.