Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-11-22 21:08:26

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ҲИСОР ТАҶЛИЛ ШУД

Имрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи меҳмонон, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён таҷлил гардид.

Директори коллеҷ Раҷабов Баҳодур Баҳромович қайд кард, ки Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи худогоҳии миллӣ ва қадршиносии арзишҳои истиқлол аст. Ин парчам дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ сабт шудааст. Дирафши Коваён, ки дар гузашта ҳамчун рамзи адолат, ваҳдат ва қудрат шинохта шудааст, имрӯз бо шукӯҳи тоза дар шакли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ парафшон аст.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Васихова З. З. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ на танҳо нишони истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, балки рамзи фарҳангу тамаддун, орзую ормонҳои поки миллати тоҷик аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён бо шукӯҳи хоса муаррифӣ шудааст. Ин парчами муқаддас имрӯз бо саъю кӯшишҳои созандаи мардуми тоҷик дар партави сиёсати созандагӣ ва дастовардҳои беназири кишвари азизамон парафшон аст.

Дар идомаи чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор Шуҳрат Аминов як зумра кормандон ва омӯзгорони муассисаро барои мусоидати фаъол дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, нишон додани эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли муассиса барномаи фарҳангии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.

 

2024-11-21 18:05:00

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия шуданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Пулково меҳмони олиқадр, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалиро намояндагони расмии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва шаҳри Санкт-Петербург, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ самимона пазироӣ карданд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе, уважаемый Рустам Эмомали прибыл в город Санкт-Петербург Российской Федерации для участия в очередном заседании Совета и 57-м пленарном заседании Межпарламентской Ассамблеи Содружества Независимых Государств. Официальные представители Совета Федерации Федерального Собрания Российской Федерации и города Санкт-Петербурга, Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации и другие официальные лица сердечно приветствовали высокого гостя, Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателя города Душанбе уважаемого Рустама Эмомали в Международном аэропорту Пулково.

2024-11-21 10:33:56

РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Парчам яке аз нишонаҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи муҳимрол бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷгузор бошанд.

Воқеан, парчам омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик таъкид кардаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад - нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар Парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.

Саидзода Масрур Мирзохон,

директори Коллеҷи техникӣ

 

2024-11-21 10:29:11

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ИФОДАКУНАНДАИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Нақш ва мавқеи ҳизб дар системаи сиёсӣ дар бештари мавридҳо ба воситаи вазифаҳои он муайян карда мешавад. Иҷроиши вазифаҳо самти фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро инъикос менамоянд.

Ҳизбҳои сиёсӣ ифодакунандаи манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва синфҳо мебошанд. Ҳизби сиёсӣ дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат ҳамчун миёнарав шинохта шуда, талабот ва манфиатҳои муҳимми иҷтимоиро ба таври расмӣ муаррифӣ менамояд ва онҳоро вориди баҳсҳои сиёсӣ месозад. Ҳамчунин, ҳамгироӣ ва сафарбарнамоии аъзоёни гурӯҳ, ташаккул додани онҳо ва дар атрофи мақсадҳои ягона муттаҳид намудани онҳо яке аз вазифаҳои муҳимми ҳизби сиёсӣ ба шумор мераванд. Тағйиротҳои иҷтимоии сохтори ҷомеа тӯли солҳои охир таркиби иҷтимоии ҳизбҳои сиёсиро ноустувор ва номушаххас гардонида, ҳувияти ҳизбии интихобкунандагонро заиф гардонидааст.

Муайян намудани самти фаъолияти сиёсии ҳизб, коркарди барномаи ҳизб, ташаккули стратегия ва тактикаи вазифаҳои идеологии ҳизби сиёсиро ташкил медиҳанд. Одатан, ҳизбҳои сиёсӣ дорои барномаҳои сиёсии дарозмуддате мебошанд, ки онҳо ба меъёрҳои муайяни ҳизбӣ асос меёбанд. Идеология бошад асоси назариявии фаъолияти ҳизбро ташкил медиҳад.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст оварда, ба эъмори сохторҳои нави ҳокимият пардохт. Дар Тоҷикистон ҷомеаи бисёрҳизбӣ ба вуқуъ пайваст. Вале, бисёре аз созмонҳо ва иттиҳодияҳои ба вуҷудомада, характери маҳалгароӣ ва мазҳабӣ доштанд ва маҳз ҳамин боиси оѓоз гардидани рақобатҳои сиёсӣ ва маҳалгароӣ шуд, ки оқибат зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар қурбони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гардиданд. Ҳамин тариқ, дар аввали солҳои 90-уми қарни ХХ дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пайдо шуда, ба фаъолият пардохтанд.

Дар ташаккули низоми бисёрҳизбӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки моҳи декабри соли 1990 ба тасвиб расида буданд, мусоидат намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар ба шумор мерафт. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ѓояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд.

Самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз муттаҳид намудани неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буда, ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққиро таъмин намудан иборат буд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ширкаткунандаи фаъоли равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир мебошад. Бинобар ин, истифодаи тамоми василаҳо дар ин самт метавонад ба раванди татбиқи сиёсати хориҷии давлат мусоидат намояд.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин омил вакилон-аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иштироки ҳадафмандона дошта, дар кори ассамблеяҳои байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Авруосиё, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Осиё ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ иштироки фаъолона дорад.

Густариши робитаҳои байнипарламентӣ дар масъалаи омӯзиши қонунгузории ин давлатҳо ва истифодаи таҷрибаи онҳо дар фаъолияти қонунгузории вакилон ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар аҳаммияти хоса доранд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тақвияти муносибатҳо дар байни кишварҳои гуногуни олам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкориҳои муфид бо ҳамаи аҳзобе, ки барномаҳояшон бо Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон наздиканд, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳояш талош меварзад.

Фаъолияти мақоми олии қонунгузор, бешубҳа, дар бобати беҳтар шудани некӯаҳволии мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолату ҳимояи онҳо нақши бисёр арзишманд дорад. Аз ин лиҳоз, ба мақоми қонунгузор бояд шахсони соҳибмаърифату баландихтисос, забондону сухандон ва обрӯманду соҳиби хислатҳои баланди инсонӣ пешбарӣ карда шаванд, то ки дар раванди қонунэҷодкунӣ, яъне таҳияву қабули санадҳои барои пешрафти ҷомеаи демократиамон зарурӣ фаъолона иштирок намоянд ва дар байни мардум намунаи ибрат бошанд.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем. Зеро ҳар ҳизбе, ки дар ҷомеа нуфуз дорад, имконияти бештари иштирок дар такмили фазои қонунгузории кишварро пайдо намуда, ба ин восита ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Дар робита ба ин, бояд ҳар як ташкилоти ҳизбӣ ва аъзои он бо эҳсоси масъулияти баланд дар раванди демократикунонии ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва рушду тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузорад.

Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муттаҳидию ба ҳам овардани миллат ва халқи Тоҷикистон хидмати таърихӣ намуда, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дода, тоҷиконро ба сулҳи комил ҳидоят намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди комили иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз он ҷумла соҳаи энергетика, коммуникатсия, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбанд, ноил гардид.

Абдулқосим РАҲИМОВ,

саромӯзгори кафедраи забон ва дабиёти тоҷики

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,

номзади илмҳои филологӣ

 

2024-11-21 10:27:33

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ» АЗ ҲИСОБИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ МУАЙЯН ШУДАНД

Дирӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбарияти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар қишри ҷомеа ширкат намуданд.

Қайд гардид, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 октябри соли 2024, №705 озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Озмуни мазкур таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, таъмини реҷаи қонуният, низом ва тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва бартарияти ҳуқуқ, рушду инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, демократия ва ҷомеаи маданӣ, густариши тарбияи ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмун аз муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе довталабон пешниҳод гардиданд ва дар умум 18 нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Исроилова Муниса Саломиддиновна, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси таҳсилоти ибтидоии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1, Шарипова Бибимайсара, донишҷӯи курси 2-юми факултети кори тиббӣ-ташхисии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Гуреззода Меҳрнигор, донишҷӯйи курси 2-юми факултети забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова барандаи мақоми 2, Зоирзода Умар, донишҷӯи курси 2-юми Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова, Маҳмудова Мадина, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва менеҷменти Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ва Долаев Расул сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Ба ғолибони озмун диплому туҳфаҳои хотирмон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд. Пас аз супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, бо иштироки ҳунармандони мумтози ҷумҳурӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

2024-11-21 10:25:47

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Давоми 32 сол мешавад, ки парчами давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвари биҳиштосоямон ҷовидона парафшонӣ менамояд. Таҷлили Рӯзи Парчам нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёди миллати тоҷик буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарифи тоҷик дар роҳи озоду истиқлолхоҳӣ мебошад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Ҷашни Рӯзи Парчам-эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост».

Аз ин сабаб, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, он мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.

Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дошта, дар маъхазҳои таърихӣ ҳодисаҳои пурифтихори миллӣ дарҷ гардидааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ баҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт.

Тавре ки Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Мо ҳамагон хуб медонем ва дарк ҳам кардаем, ки кори давлатдорӣ, роҳбарӣ намудан ба давлату миллат, муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ, таъмини сулҳу суботи бемайлон ва зиндагии арзандаю шоистаи мардум кори саҳл ва осон нест. Бо вуҷуди ин ва новобаста ба душвориҳои замони пурпечутоби муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба таълим ва тарбияи насли наврас, ба камол расидани ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Эълон намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ““Тоҷикон” дар оинаи таърихи миллат”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” шаҳодати гуфтаҳои болост!

Имрўз халқи Тоҷикистон маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои муаззами миллат зери парчами сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона аз як гиребон сар бароварда, дар раванди рушди устувори созандагиву бунёдкорӣ саҳми хешро мегузоранд. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, рангҳои он рамзҳои ба худ хосро доранд. Аз ҷумла, ранги сурх– ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст, ки тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббату садоқат ба Ватан аст.

Ҳар шаҳрванде, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии парчами миллӣ ба ӯ эҳсоси гуворои худшиносию арҷгузориро ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Борҳо шоҳид гардидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.

Қобили тазаккур аст, ки истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ фаҳмонида шуда, бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенит Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ин мазмун қайд кардаанд, ки «Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад».

Дар ин замина, 12 октябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне, дар паи ин тағйирот маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида шуд, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз сарзамину бостонию давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мусоидат менамояд.

Оре, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон ҳадафҳои созандаи моро дар баландтарин қасру минбарҳои минтақавию байналмилалӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси сарбаландию сарфарозиҳои мо-ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Назарзода Маҳмуд Мирзо,

директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ,

номзади илмҳои филология

 

2024-11-20 20:15:30

ПАРЧАМ - РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва соҳибистиқлоли миллӣ заминаҳои таърихии шаклгирӣ ва қабулро бо дарназардошти сохти низоми идоракунии давлат доро мебошад. Бо дарназардошти заминаҳои таърихии рушди давлатдорӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол шаклгирии Парчами давлатӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад.

Парчами миллӣ симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад.

Ифтихор аз парчам аз миллати куҳанбунёд будани мо гувоҳӣ дода, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат аст. Пас, пос доштани Парчами давлатӣ ин эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст. Омӯзиш ва шинохти Парчами миллӣ – ин василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллӣ аст.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду инкишофи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ раҳнамоӣ менамояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ, дар қароргоҳҳои ҳукуматӣ, мақомоти давлатӣ ва ғайра гузошта мешаванд. Имрӯз тасвири Парчами давлатӣ дар пули миллӣ, коғазҳои қиматнок, ифтихорномаю шаҳодатнома, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфтааст ва хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари даврони соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни ғановатманд ва пурифтихори миллат маҳсуб гардида, заминаҳои ҳуқуқии худро дорад. Ин рамзи давлатдорӣ дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ мустаҳкам карда шуда, гиромидошту ҳифзи он ва ҳамеша парафшон нигоҳ доштани он вазифаи муҳими шаҳрвандии мо сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчам рамзи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ буда, боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Маҳз дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва Ваҳдати миллӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари азизу маҳбуби мо Тоҷикистони соҳибистиқлоли даҳҳо иншооти бузурги аср ва ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ ва маишӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо аз самараи заҳмату меҳнат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ватандорӣ, доштани ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номуси ҳар як миллату давлат ба шумор рафта, барои нигоҳ доштан ва то ба имрӯз ба мерос гузоштани ин рамзи давлатӣ садҳо фарзандони сарсупурдаи ватан ҷонисорӣ намудаанд, ки ин ин рамз то ба имрӯз боқӣ монад ва барои насли минбаъда хизмат намояд.

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон гардидааст, ки ин аз соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии кишвари азизи мо Тоҷикистон дарак медиҳад.

Мо шаҳрвандон бо рисолат ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши баланди миллӣ ба ҷо орем.

Бобоҷон АБДУКАРИМЗОДА,

директори Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе

 

2024-11-20 20:13:03

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

Ҳамасола мардуми сарбаланди Тоҷикистон санаи 24 ноябр дар фазои дӯстӣ ва суботу ҳамбастагӣ Рӯзи парчами миллиро ҷашн мегиранд, ки он бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Парчамдорӣ дар мо таърихи тӯлонӣ дошта, ҳанӯз аз давраҳои қадим дар рӯйи парчами мо рангу рамзҳои мухталиф тасвир карда мешуданд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон аст.

Ниёгони мо ба маънии парчам бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода мебурданд. Ливои Коваи оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад. Тоҷикон тули ҳазорсолаҳо зери ливои хеш саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя карданд. Дирафши ковиёнӣ парчами давлати шоҳони қадими эронинажод аз Пешдодиён то Сосониён буд. Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, дирафши ковиёнро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистанд, ки ба он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани парчами оҳангарии худро ба найза овехта парчами муборизае бар бедодгариҳо қарор дод, ки аз ҳамон давра парчами мо пайдо шуд.

Ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ дар яке мавзеиъҳои ҳудуди Ҳахоманишиён як бозёфти сангӣ пайдо гардид, ки чор тарафаш сӯрох дошт ва дар маркази ҳамин бозёфт як уқоби болкушода тасвир шуда буд, ки ин уқоби болкушода бешубҳа дар парчами даврони Куруши Кабир буд ва баъди марги Куруши Кабир ҳам ин парчам аз ҷониби шаҳаншоҳони дигари Ҳахоманишиён истифода мешуданд. Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ шинохта мешуд ва ҳанӯз аз он замонаҳо парчам рамзи як давлати неруманду устувор ба ҳисоб мерафт. Баъдан дар бораи парчами Суғдиён ва Бохтариён дар деворнигораҳои Панҷакент ва Балчиқтеппа дида мешавад, ки ин парчамҳо низ аз матои сурх буданд.

Моҳи феврали соли 1929 байрақи расмии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гашт, ки аз матои сурх иборат буда, дар қисмати болоии он нишони давлатии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд, танҳо дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав бо хатти форсӣ пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон ба ҳам оед ҷой гирифт.

Моҳи феврали соли 1931, ки Тоҷикистон соли дуюм ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравӣ арзи вуҷуд дошт, бори дигар ба парчами Тоҷикистон дигаргунӣ ворид карда шуд, ки ин дигаргунӣ дар нишони давлатӣ буд, ки дар байни нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситора пайдо шуд, ки дар дохили ситора осмони соф, офтоб, куҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон ва дар атрофи он аввалин маротиба мисли имрӯз аз ду тараф хушаҳои гандум ва пахта, навиштаҷоти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо хатти арабиасос ва бо забони русӣ дар он дарҷ гардида буд.

            Охирон парчаме, ки дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ соли 1953 қабул карда шуда буд, академик Бобоҷон Ғафуров рассоми парчами Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта пешниҳод карданд, ки ранги сабз, ранги сафед ва ранги сурх, ки дар фарҳанги тоҷикон ҷой дорад ва хуб мешуд, ки аз ин рангҳо дар парчам истифода бурда шавад. Ҳамин буд, ки ин парчам соли 1953 қабул карда шуд ва ин се ранг дар ин парчам дида мешуд, ин даъфа сохтораш нисбатан содда буда аз боло ва поён ранги сурх ва дар мобайн ду хатти нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз намуданд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар қатори масъалаҳои дигаре, ки тақдири минбаъдаи миллати тоҷикро ҳал мекарданд, ба зарурияти таҳия ва қабули рамзҳои давлатӣ аз он ҷумла парчам, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри таърихии Арбоб, 24 ноябри соли 1992 парчами Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз рангҳои сурх сафед ва сабз иборат буда, қисмати мобайнии сафеди он аз қисматҳои сурх ва сабз паҳнотар аст ва дар қисмати сафедии парчам ҳафт ситора ва тоҷ акс ёфтааст, ки мо имрӯз ин парчамро парчами расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳтиром менамоем ва арҷгузорӣ мекунем.

24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамз-парчами давлатӣ гардид. Бо ҳамин дар таърихи навини парчамдории тоҷикон саҳифаи тозае боз гардид .

Пас аз муайян кардани шакли парчами давлатӣ бо дарназардошти эҳтирому ҳифз, хоса тарзи дуруст истифода бурдан ва барафрохтани он дар мамлакат соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ ” ба тасвиб расид, ки боби дуюми қонуни мазкур парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифтааст. Ва муқаррароти он пурра ба парчами давлатӣ бахшида шудааст. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр нахуст тавассути парчами худ муаррифӣ мегардад.

Қадршиносӣ нисбат ба парчами давлатӣ, арҷгузориву ифтихор аз давлат, гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегардад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлоли комил ва умед ба фардои дурахшон мебошад. Парчам нишона ва таҷассумкунадаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллӣ, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон қувваю неруи созанда мебахшад.

Дар гузашта ва то кунун дар парчами ҳар давлат нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар миллат ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ ва аломатҳои истиқлоли давлатӣ таҷассум мешавад.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр

рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид. Ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи парчами давлатӣ бо шукуҳу тантана ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз далели ифтихору эҳтироми мо ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастии давлат, ифтихори миллат, истиқлолият, ғурури миллӣ ва номусу ори ватандории халқи бостонии Тоҷикистонро ифода мекунад. Парчами миллӣ нишоне аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад.

         Ба ифтихори 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлӯи қасри миллат парчами давлатӣ дар пояи баландиаш 165 метр барафрохта шуда, паҳноии матои он 30 метр ва дарозиаш 60 метр аст, ки ба китоби "Рекордҳои Гиннес" дохил гардидааст. Аз ин рӯ эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба давлату миллат ва ватани азизу маҳбуб мебошад. Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар майдонҳои варзишӣ дар баробари садо додани Суруди миллӣ баланд мешавад. Барафрохта шудани он дар замири ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос эҳсоси пирӯзиву садоқатмандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро бедор мекунад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекунад.

Парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад. Рангҳои парчам бошад баёнгари муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, бахту саодати абадӣ ва сарсабзиву шукуфоии ҳамешагии кишвари ҳамешабаҳори мо мебошад. Тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар дар болои парчам ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикони соҳибистиқлол мебошад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, зеро ба рамзҳои давлатӣ эҳтиром гузоштан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ аз ҷумла ба парчами давлатӣ, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат мебошад.

Худо кунад, ки ба бахти мо мардуми Тоҷикистон дар зери сиёсати пешгирифтаи хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои сулҳу субот, тинҷию оромӣ, ваҳдати миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад.

Умедҷон КЕНҶАЕВ,

сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-11-20 20:08:00

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

Бахшида ба Рӯзи парчам дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Тиловатулло Шарипов, сардори шуъбаи таълим, Меҳринисо Давлатова, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ, Раъно Гулова, сардори шуъбаи кадрҳо, бойгонӣ ва корҳои махсус, Гулдастаи Туйчибой, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот ва дигар устодони муассиса суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб ёфта, Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

“Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд. Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошанд”, - қайд гардид дар чорабинӣ.

Ҳамоиш бо шеърхонии донишҷӯён дар васфи ватан, модар, Тоҷикистон, парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ хотима ёфт.

2024-11-20 20:04:46

ҲАМОИШИ АМАЛӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!" ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи муассиса ҳамоиши амалӣ-назариявии бошукӯҳ таҳти унвони "Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!" баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бо ҳузури намояндагони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, устодон, донишҷӯён, шаҳрвандони фаъол, варзишгарон ва хизматчиёни ҳарбӣ доир шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки фазои рӯҳбаланд ва ватандӯстиро дар толор эҳсоснамо кард. Сипас, Иброҳимзода Амир Мудин, сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, суханронӣ намуд. Ӯ дар суханронии худ аҳамияти Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдат ва иттиҳоди миллӣ таъкид карда, саҳми ҷавононро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими асосҳои давлати ҳуқуқбунёд муҳим хонд.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, номзади илмҳои тиб, Одилзода Исмоил Ёкубҷон, пас аз суханронии меҳмон, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, аз нақши ҷавонон дар ободонии Ватан ёдовар шуданд. Таъкид карда шуд, ки муҳаббат ба Парчам ва арзишҳои миллӣ омили асосии худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш донишҷӯён низ бо маърӯзаҳои илмӣ ва баромадҳои худ саҳми фаъолона гузоштанд. Баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ як нуқтаи марказии баромадҳо буд. Маърӯзачиён дар бораи роҳҳои пешгирии таҳдидҳои иҷтимоӣ, нақши маориф ва фарҳанг дар бедор намудани худшиносии ҷавонон сухан гуфтанд.

Сипас, Файзов Наврӯз Исоевич, директори КВД "Маркази ташаккули шахсият ва рушди сиёсии ҷавонон" ва Қурбонзода Тоҷиддин, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар баромадҳои худ аз дастовардҳои ҷавонони Тоҷикистон ва нақши сиёсати давлатии ҷавонон дар рушди шахсият ёдовар шуданд.

Дар хотима, ба як қатор шаҳрвандони фаъол, варзишгарон ва донишҷӯён барои саҳми назарраси онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо ифтихорномаҳо супорида шуд.

 

2024-11-20 20:02:49

АКСИЯИ ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

Имрӯзҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани хонандагону донишҷуён, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии онҳо ва тарғиби ахлоқи либоспӯшӣ дар пойтахти мамлакат пӯшидани атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Таҳти сарпарастии Директори Коллеҷиитиббии ҷумҳуриявӣ Ашуриён Шаҳло зери унвони «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ» бо иштироки донишҷӯдухтарон ва кормандрн аксияи тарғиботию ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар ин рӯз, бонувони Коллеҷ оид ба таърихи либоси миллии тоҷикона ва тарзи пушидани он суҳбатҳо гузаронида, ҳамагонро ба он даъват намуданд, ки бояд ба либоси миллӣ афзалият диҳанд ва дар тарғибу ташвиқи он саҳми худро гузоранд.

Мавриди зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо тароваташро гӯм накардааст. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте, ки сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Раоҳбарияти Коллеҷ тасмим гирифтааст, ки дар муаррифии либосҳои шинаму зебои миллӣ, тибқи талаботҳои Дастурамали либосҳои тавсиявӣ саҳмгузорӣ намояд.

 

2024-11-20 01:47:01

ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

Санаи 19 – ноябри соли равон вохӯрии директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ н.и.т. Ашуриён Ш.С. бо намояндагони ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба иқтидори офиятӣ дар низоми тандурустӣ баргузор гардид.

Намояндагон Ширин Киани – роҳбари барномаҳои тавонбахшии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар минтақаи Аврупо, Кирстен Лентс –аз барномаҳои тавонбахшии USAID Washington, Мишель – роҳбари ташкилоти “Momentum wheels for humanity”, Марша – духтури физиотерапевт, Сафо Қаландаров – мутахассиси миллӣ оид ба масъалаҳои тавонбахшӣ, Андреа Пупулин - мутахассиси техникӣ оид ба воситаҳои ёрирасон ва Чудит Спрункен ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ба муассисаи таълимӣ ташриф оварданд.

Дар нишаст масъалаҳои рушди ихтисоси физиотерапия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо пешниҳодҳои ҳамдигарро хуб пазируфта иброз доштанд, ки ин ҳамкориҳо ба нафъи ҳарду ҷониб буда, боиси рушди самти таълими ихтисоси физиотерапия мегардад.

Ҳамчунин ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ барои рушди ҳамкориҳо аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд бурд.

Роҳбарияти МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сиёсати дарҳои кушодро роҳандозӣ намуда, талош меварзад бо ташкилоту муассисаҳои тиббии бурунмарзӣ, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати таълим ҳамкориҳоро ба роҳ монад.

 

2024-11-19 20:41:28

16 НОЯБР – САНАЕ, КИ ТАЪРИХСОЗ ШУД

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон дучори вазъияти муракаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гардид. Дар он шабу рӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ва тамомияти арзии он хатари аз байн рафтан ва ба миллати тоҷик хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Дар вазъияти ҳассос ва хатарноки ба миён омада, зарурати ба майдон омадани шахсияте буд, ки ба муттаҳид кардани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ақаллиятҳои миллӣ, созмонҳои динӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, боазму иродаи қавӣ амал намояд.

Маҳз, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари аввали ватани азизамон ба майдони сиёсат ворид гардаду миллатро аз парокандагӣ, ватанро аз порча-порчашавӣ эмин нигаҳ дораду дар муддати кӯтоҳи таърихӣ онро ба кишвари пешрафтаву ободу озод табдил диҳад.

Суханҳои аввалини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он лаҳзаҳо чунин буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Новобаста аз ҳама гуна таҳдидҳо, санаи 6 ноябри соли 1994 интихоботи Президент дар ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки халқи Тоҷикистон якдилона ба ҷонибдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Санаи 16 ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба фаъолияти корӣ шуруъ намуданд ва то имрӯз ба савганди худ содиқ буда, ба ватану миллат ҷонфидокорона хизмат намуда истодааст.

Аз он лаҳзаҳо то имрўз, санаи 16 ноябр, ҳамчун санаи таърихӣ-сиёсӣ дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои идона ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз шукргузорӣ аз он кардан лозим аст, ки дар ватани азизамон сулҳу суботи комил ҳукмфармо буда, Тоҷикистон аз ҳама лиҳоз босуръат рушд карда истодааст.

Хотирнишон бояд кард, ки хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешво, илҳомбахши зафару комёбиҳо дар таърихи навини халқи тоҷик, дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва бақои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, дар эҳё намудани арзишҳои волои фарҳанги гузаштагонамон ва барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик, дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт хоҳанд шуд.

Воқеан имрӯз миллати тоҷик зери сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суи фардои нек дилпуронаву устуворона қадам ниҳода истодааст. Бо такя ба ин, ифтихор аз он менамоем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори хирадманд дар ҳали проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ низ, нақши калидӣ дорад.

Меҳрулло НУРУЛЛОЗОДА,

сардори Коллеҷи милитсияи

ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон (бо

қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб),

подполковники милитсия

 

2024-11-19 20:35:26

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭҲЁГАРИ НБО «РОҒУН»

Ба бахти миллати тоҷик дар давраи басо хатарзои солҳои 90-уми асри ХХ ҷавонмарде адолатхоҳу раиятпарвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд. Пешвои миллати мо аз ҷумлаи дурахшонтарин чеҳраҳоеанд, ки Тоҷикистонро бо тамоми сармояҳои фарҳангӣ ва тавонмандиҳо дар бунёди давлати миллии демократӣ ба сӯи қуллаҳои мурод раҳнамоӣ сохтанд.

Яке аз ормонҳои Президенти муҳтарами Тоҷикистон бунёди иншооти аср – Неругоҳи барқию обии «Роғун» аст. Тавре ки Сарвари давлат борҳо таъкид доштаанд: «Бо бунёди «Роғун» - мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем».

Бояд гуфт, ки баъди қатъ гаштани ин сохтмон, солҳо пас бо ташаббусу ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёву эъмори иншооти солҳо хобидаву валангоргаштаи НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд, ки ин рухдод дар лавҳи таърих бо хатти заррин ҳаккокӣ шудааст.

26-уми сентябри соли 2005 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузорони НБО «Роғун» бо нону намак пешвоз гирифтанд. Пас аз ифтитоҳи расмии корҳо, Сарвари давлат ба таъкид гуфтанд, ки рӯзи 26-уми сентябрро фаромӯш набояд кард, зеро он муборак асту барои тамоми мардуми кишвар фаромӯшнопазир хоҳад буд. Пас, аз гузаштаи дуру наздики сохтмон, рӯзҳои шодиву нишот ва даҳшату нокомиҳои бунёди неругоҳ гуфтанд.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди иншооти аср гомҳои нахустин гузошта шуд. Саннаи 27-уми августи соли 2007 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» ба тасвиб расид. Зимни вохӯрӣ ва мулоқотҳо, Сарвари давлат ба бунёдгарони сохтмон ба таъкид гуфтанд, ки рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи кишварро бе сохтмони НБО «Роғун» тасаввур кардан имконнопазир аст.

Бо бунёди Неругоҳ 14 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол мегардад, ки ин дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат нақши бориз хоҳад гузошт. Дар натиҷа, Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои асосии тавлидгари барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи минтақа табдил меёбад.

Тавре ки дар расми ифтитоҳи оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 Сарвари давлат дар суханронии худ зикр карданд: «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ, нақши бузург хоҳад бозид».

Баъди ин, 9 сентябри соли 2019 Пешвои миллат агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд. Дар ин санна дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун», пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин НБО дар минтақа хоҳад буд.

“Воқеан, Неругоҳи барқи обии "Роғун" барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода мекунад. Бовар дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд”, – таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Солҳо гувоҳанд, ки сохтмончиёни иншоот, Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қодиранд нақшаи хешро амалӣ созанд. Воқеан, эъмори неругоҳи «Роғун» сарнавишти хешро ба дасти худ гирифтан аст. «Роғун» арсаи муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. «Роғун», на танҳо манбаи нуру зиё, балки омили асосии таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст!

Раҳматулло КАРИМОВ,

сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷаҳони ҳунар”

2024-11-19 20:33:27

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - ПАЙКИ БАҚОИ МИЛЛАТ

“Барои халқ, Ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии роҳбарӣ дар даврони буҳрони шаҳрвандӣ дар мамлакат гардиши куллиеро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд овард. Аз рӯзи аввали ба иҷрои вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ кардан, Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Аз баёни ин суханони ҳикматомез ва барои сокинони Тоҷикистон боарзиш бармеояд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, нахуст барои пойдории давлати тоҷикон, ҳифзи истиқлол ва барқарории сулҳу субот кору амалҳои беназирро анҷом доданд. Талошҳои пайгирона, ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва эътимод ба фардои дурахшон имкон дод, ки тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу хирадманд ва миллатдӯсту ватанпарвар ба орзуи деринаи худ расанд.

Барои хизматҳои шоён соли 2005 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Сарвари давлат бо ҷоизаи олӣ – Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият сарфароз гардиданд, ки дар байни сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин аст.

Воқеан, сулҳи тоҷикон сулҳи бесобиқа ва беназир аст. Ваъдаи Сарвари давлати тоҷикон «Ман ба шумо сулҳ меоварам» дар ҳаёт амалӣ гардид ва ин фазилати сулҳофарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик кишвари ҷангзада ва дар вартаи ҳалокат қарордоштаро умри дубора бахшид ва Тоҷикистон имрӯз дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор гирифта, бо ташаббусу иқдомҳои созандаву бунёдкорона ба сӯи ояндаи дурахшон пеш меравад.

Сиёсати сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадорони маъруфи дунё баҳои баланд гирифтааст. Чунончи, Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия ба шахсияти Сарвари маҳбуби давлати мо чунин баҳо медиҳад: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои муштаракулманофеъ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми талошҳои ӯ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон раванди сулҳеро мегузарад, ки амсоли он дар дигар кишварҳо вуҷуд надорад, дар кишварҳое, ки гирифтори муборизаи шадиданд. Он чизе ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои тамоми мардумону кишварҳо намунаи хубест». Ё худ Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид чунин гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад. Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидан ва ҳалли зиддияти дохилии миллиро нишон дод».

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастӣ, неруи ақлонияшонро барои осоиши мардум, рушду тараққиёти мамлакат, ободии Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рӯзгори пурсаодати сокинони диёри азизамон сарф намуданд, ки имрӯз кулли сокинони Тоҷикистон аз ин абармарди саҳнаи сиёсат, кафили сулҳу субот ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон сипосгузоранд.

Ализода Алишер Ҳикматулло,

муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-11-17 18:36:59

РӮЗЕ, КИ БАХТ БА РӮИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ХАНДИД

Дар ҳаёти миллатҳо ҳодисаҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки ё сарнавиштсозанд ва ё сарнавиштсӯз. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб 16 ноябри соли 1992 шуруъ гардида, то 2 декабр идома ёфт, бешак яке аз ҳодисаҳои нодир ва муҳими таърихӣ барои миллати тоҷик ба шумор рафта, бузургтарин дастовардаш ба арсаи сиёсат овардани шахсиятест, ки минбаъд бори масъулияти азими давлатсозӣ, миллатсозӣ ва сулҳофариро бо камоли масъулият бар дӯш гирифтанд.

Сулҳи тоҷикон, ки ба эътирофи ҳамагон меъмори аслӣ ва асосии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, имрӯз аз тарафи созмонҳои бонуфузи сулҳпарвари ҷаҳон омӯхта ва аз он ҳамчун як модели муваффақ барои барқарории сулҳ дар кишварҳои ҷангзада истифода мешавад.

Яке аз омилҳои муҳимтарине, ки барои пешниҳоди мардум ва ҷомеаи фарҳангии кишвар ба унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат сабаб шудааст, дар баробари анҷоми дигар корҳои бузург, маҳз хидматҳои арзишманди Президенти кишвар дар роҳи ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллии сартосарӣ мебошад.

Барои он ки аҳамият ва вусъати корҳое, ки дар ин Иҷлосия аз тарафи вакилон анҷом дода шудаанд, маълум шаванд, мо бояд ба ин рақамҳо таваҷҷуҳ намоем: Дар Иҷлосия, дар маҷмуъ, 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд.

Иқдомҳои муҳими давлатие, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ қабул шудаанд, аҳамияти онро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бештар менамоянд.

Имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки фарзанди шарифу меҳанпарвари тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин намуданд. Гузашти вақт бо талошу муборизаҳои бешумор, бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоби Сарвари давлат дар ин Иҷлосия саривақтӣ ва дуруст мебошад. Ҳамаи ин комёбиҳо нақши Иҷлосияро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ҷовидона мегардонанд.

Пешвои миллат борҳо баён доштанд: “Вақте ки ба кор шуруъ кардам дар Бонки миллии кишвар як танга ҳам набуд”. Бале, бо вуҷуди ҳазору як мушкилоти сиёсиву амниятиву низомӣ ва иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва кордонӣ тавонистанд, тамоми ин мушкилотро пушти сар кунанд ва мардумро ба ояндаи дурахшон умедвор созанд. Такягоҳи муътамади муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияташон мардуми одӣ ва заҳматкаш будааст.

Ҳудуди 33 сол барои давлатсозӣ ва миллатсозӣ муддати бисёр кам аст, вале корҳое, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расонда шудаанд, бо садсолаҳо қобили қиёс аст. Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, махсусан, роҳҳои ҳалли дастрасии мардуми ҷаҳон бо оби ошомиданӣ, масъалаҳои экологӣ саҳми бузург доранд ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф кардаанд.

Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он назар таърихӣ ва сарнавиштсоз аст, ки шахсиятеро ба майдони сиёсат овард, ки сарнавишти як миллатро бо дастони худ навишт ва барои амалӣ кардани он тамоми кӯшишу заҳматро ба харҷ доданд.

Давлатзода Баҳрулло Раҳмон,

муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2024-11-17 18:09:33

ТОҶИКИСТОН – МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА СУЛҲИ ҶАҲОНӢ ТАВАСУТИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлака муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ҳадафи асосӣ қарор дода, дар арсаи байналмилалӣ тавассути пешниҳодҳои муҳимму саривақтӣ ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон ба таъмини якпорчагии кишвар, бунёдгузорӣ ба Ваҳдати комили миллӣ, барқарорсозӣ ва бартарафнамоии харобиҳои баъдазҷангӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муаррифии Ватани маҳбубу миллати тамаддунофари хеш дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ дода, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо тамоми кишварҳои олам ба роҳ монда, равобити созандаю бародаронаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш доданд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвар ва роҳбари ташаббускору пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба таѓйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки захираҳои об эътироф шудаанд, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Дар робита ба ин, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан айни муддаост: «Дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтанд. Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».

Раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масоили дохилии кишвар ба мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода, онҳоро дар заминаи ақидаҳои мухталифи илмӣ омӯхта, барои ҳаллашон тадбирҳои мушаххас меандешанд. Ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами имрӯзаи кураи арз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таѓйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад. Ҳарду масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд, ки ин ташаббусҳои оқилона аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд.

Ташаббусҳои хирадмандонаву дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ мешаванд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми марти соли 2018 ҷиҳати ифтитоҳ бахшиданба фаъолияти ташаббуси навбатию ҷаҳонии хеш ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд. Сафари Пешвои миллат аз дигар сафарҳои ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони даҳр - Созмони Милали Муттаҳид, бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳимми башарӣ: ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду сана, ки ҳардуро сарчашмаи ҳаёти башар номидан ба маврид аст, ба ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд. Яъне, Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гашт, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надода, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукуҳу шаҳомати хоса пайдо кард ва бо талошиПешвои муаззами миллати тоҷик ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об бошад, дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз аз вуҷуд доштани об вобастагӣ дорад.

Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд ва манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуда, ба он мақоми баланд доданд ва ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид кардаанд. Дар фарҳанги аҷдодии мо - «фарҳанги ҷамшедӣ» ва китоби муқаддаси ниёгонамон – “Авесто”мақоми об дар зиндагии инсон ва сифатҳои эзадбонуи ориёии масъули об хеле равшан баён гардидааст. Яъне, дар “Авесто”об,зиндагии фарҳангӣ ва рушди тамаддуни инсонӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.

Маҳз бо шарофати истиқлоли комили сиёсӣ ва ба сари қудрат омадани фарзонафарзанде чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки меҳанро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ дошта,моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шиносониданд.

Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар заминаи он, дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёде амалӣ карда шуданд.

Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои муаззами миллат санаи 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси “Эъломияи Душанбе” Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.

Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд асту аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳиммияти масъалаи мазкур, 21-уми июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили самаранок истифодабарии об суханронии пурмуҳтаво намуданд. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20 декабри 2010 соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об”эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ѓайрати хешро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти кишвар, балки масоили минтақавию ҷаҳонӣ равона намуда, дар ин самт ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Иқдоми чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии СММ бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, далели бебаҳси ин гуфтаҳост.

Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши баѓоят амиқ дорад. Маълум аст, ки дар аввали соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки чанде аз ин ҳадафҳо бевосита ба масоили экологӣ иртибот доранд. Ҳамзамон, дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ дар давоми 15 соли охир беш аз 7 маротиба симпозиум ва конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалии марбут ба об баргузор карда шуданд, ки ҳамаи онҳо фарогири масоили глобалию экологии вобаста ба об буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои 60-уми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари ҷумҳурии мост. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Бино ба ҳисобҳои мутахассисон агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, он гоҳ сатҳи об дар рӯйи Замин 64 метр баланд мешавад, ки ин оѓози аз байн рафтани ҳаёт дар як қисмати азими сайёраи мост.

Дар асоси пажӯҳиши ҳамаҷонибаи масоили марбут ба иқлим ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин кардани мамолики Осиёи Миёна бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи об кӯли Сарез ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи паряхҳоро пешниҳод намуданд, ки ташаббусҳои мазкур ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд.

Масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат буда, 31 август - 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (Женева) ва 7-8 декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба таѓйирёбии иқлим (Копенгаген) пешниҳод гардидааст.

Воқеан, агар бодиққат назар намоем, ба хубӣ дида мешавад, ки кишваре назири Тоҷикистон бо чандин пешниҳодҳои наҷибонаи худ кӯшиши саҳм гузоштан дар ҳаллу фасли мушкилоти доѓи ҷаҳони муосир мекунад, ки инсоният имрӯз бо онҳо рӯбарӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, боиси зикри хос аст, ки ин ташаббуси нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нест, ки боиси дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст ва қаблан низ чандин таклифу пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат мавриди пазироии сокинони сайёра, хусусан созмони муҳташаме чун Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Роҳбари давлат мушкилоти рӯзафзуни сокинони сайёраро ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба хубӣ дарк намуда, ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги оби тоза ва ташаббускори ҳаллу фасли ин гуна мушкилоти муҳимми инсоният ҳамеша дар ҷаҳду талош буданду мебошанд. Воқеан ҳам, имрӯз кишвари мо таҳти сарварии Пешвои башардӯсту халқпарвари миллат барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи ҷадиди байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода, мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон чанде қабл аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сарвари ҳар кишвари ҷаҳонро зарур аст, ки чун Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатарҳои экологӣ дар миқёси сайёра чора ва тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд.

Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор ва хушнудӣ аст, ки Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 маҳз бо ташаббуси бевоситаи Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Пешниҳоди мазкур бори нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея садо додааст. Дар ин чорабинии муҳим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ибрози ақида намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таваҷҷуҳи бештар дар ҳалли масъалаҳои об ва муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об даъват намуданд. Дар робита ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё, таѓйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар ҳаводиси марбут Президенти кишвар ҷиҳати тақвият додани дастовардҳои то имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани платформаи иловагӣ ҷиҳати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форум пазируфта шуда, барои тасвиб ба Маҷмаи Умумии СММ манзур гардид ва он ҷонидорӣ ёфт.

Ҳамзамон, моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор карда мешавад ва пешниҳоди дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз захираи об бой буда, ҳазорҳо пирях, садҳо кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Инчунин, 23 сентябри соли 2024, дар шаҳри Ню-Йорк, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Оянда, ки дар доираи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, суханронӣ намуда, ташаббуси навбатии худро пешниҳод карданд. Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ин ташаббус ба таҳкими сулҳ, амният ва суботи ҷаҳонӣ равона гардида, ҳадаф дорад, ки наслҳои оянда дар фазои орому осоишта зиндагӣ кунанд. Пешниҳоди мазкур дар заминаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои сулҳ ва ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, махсусан дар соҳаҳои об ва экология, пешниҳод шудааст.

Барои татбиқи ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ пешниҳод гардид, як қатор чорабиниҳо ва тадбирҳои муҳим зарур мебошанд. Чанд роҳи амалӣ намудани ин ташаббуси навбатиро метавон ба таври зайл пешниҳод намуд.

- Аввалан, барномаҳои байналмилалии ҳамоҳангсозӣ дар ин маврид таъсис дода шавад. СММ метавонад барои ҳамоҳангсозии ин ташаббус барномаҳои махсус ташкил намояд, ки ба таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ равона гардида, кишварҳои узвро барои муттаҳид шудан дар атрофи ҳадафи умумии сулҳ барои наслҳои оянда даъват кунад.

- Дувум,гуруҳҳои кории СММ дар ин маврид таъсис дода шаванд. Таъсиси гурӯҳи кории махсус дар СММ, ки масъули таҳияи нақшаи амал ва назорати татбиқи даҳсолаи таҳкими сулҳ хоҳад буд, метавонад як қадами муассир гардад. Гурӯҳи корӣ метавонад бо намояндагони кишварҳои узв, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ намуда, нақшаҳои амалро бо шароити ҳар як минтақа мутобиқ созад.

Таҳкими механизмҳои пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо низ дар ин масъала муҳим арзёбӣ мегардад. Барои таҳкими сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди механизмҳои пешгирии низоъҳо ва мустаҳкам намудани равандҳои сулҳофаринӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур аст. Ин тадбирҳо метавонанд тавассути мусоидат ба ҳалли осоиштаи низоъҳо ва барқарорсозии амният ва субот дар минтақаҳои осебпазир амалӣ гарданд.

Таҳия, тасдиқ ва амалисозии барномаҳои таълимӣ доир ба фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳон, ки аз пешниҳоди Пешвои миллат бармеоянд, масъалаи дигари баррасишаванда дар ин маврид аст. Ҷаҳониён бояд ба тарғибу ташвиқи арзишҳои сулҳ тавассути барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ аҳамият диҳанд. Барномаҳои махсуси таълимӣ дар мактабҳо, литсей, коллеҷ вадонишкадаву донишгоҳҳо метавонанд барои ташаккули насли огоҳ ва сулҳдӯст хизмат кунанд, ки арзишҳои сулҳро эҳтиром мекунанд ва онро ҳадафи ҳаёти худ медонанд. Сарчашмаи ин барномаҳои таълимӣ бояд таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва мактаби сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллати тоҷик бошад.

Ҳамзамон, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, ки ба мавзӯи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ бахшида шудаанд, метавонанд платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бошанд. Баргузор намудани ҳамоишсҳо ба ҷалби ҷомеаи байналмилалӣ ба татбиқи ташаббуси напвбатии Пешвои миллати тоҷикон мусоидат хоҳад кард.

Қайд кардани ҳамин нукта муҳим аст, ки татбиқи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад, на танҳо ба таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ мусоидат кунад, балки барои наслҳои оянда фазои ором ва устуворро фароҳам орад.

Ҳамин тавр, тамоми ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои ҳадафҳои мақсаднок барои ҳалли мушкилоти дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта буда, тамоми башариятро барои мубориза бар муқобили ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ даъват менамоянд.

Фарҳод РАҲИМӢ,

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2024-11-17 09:24:10

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бахшида ба ду санаи муҳими таърихӣ: Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳу илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-эҳёгари давлати навини тоҷикон” баргузор гардид.

Меҳмонон пеш аз оғози чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён дидан намуда, ҳамзамон бо тамошои Осорхонаи муассиса аз таърихи зиёда аз 80 солаи он шинос шуданд. Сипас, дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи идона оғоз гардид. Дар чорабинӣ Ҳамидиён Орзу – муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Сайвализода Салим Сайвалӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Бозорзода Сафаралӣ-Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон директори «Телевизиони Кӯлоб», Ҳайдарова Назира - раиси Шурои занон ва кор бо оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Саймуминзода Фирӯз Саймумин - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Абдуллоев Раҳим мудири бахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро директори муассиса, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Одиназода Латофат Амиршо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашнҳои дар боло зикргардида табрику муборакбод намуданд. Дар идомаи суханронии худ роҳбари муассиса қайд намуданд, ки дар воқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд. Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Сипас, Бозорзода Сафаралӣ ба сухан баромада, аз таърихи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корнамоиҳои Пешвои миллат ёдоварӣ намуданд. Бозорзода Сафаралӣ иброз доштанд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ Ҳамидиён Орзу – муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.

Сайвализода Салим Сайвалӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар суханронии худ таъқид намуданд, ки ҳар яки моро лозим аст, ки пайравони асили Пешвои муаззами миллат бошем ва бо меҳнати ҳалоли худ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳмгузор гардем. Сайвализода Салим Сайвалӣ дар ҷамъбасти суханронии худ як қатор омӯзгорони фаъоли муассисаро бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ намуда, инчунин ба якчанд омӯзгорони ҷавони муассиса билети аъзогӣ ба ҲХДТ-ро тақдим намуданд.

Дар чорабинӣ инчунин якчанд донишҷӯёни муассиса, ки дар озмунҳои муассисавию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намудаанд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудани маъмурияти муассиса қадрдонӣ карда шуданд. Маъмурияти муассиса роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбарияти телевизиони Кӯлоб ва дигар меҳмононро барои ҳамкории пайвастаи судманд бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи омоданамудаи донишҷӯёни муассиса пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гашт.