Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-05-23 07:46:51

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷавонони саодатманду сарбаланди кишвар!

Соҳибони фардои Ватан!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол санаи 23-юми май дар кишвари соҳибистиқлоли мо таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ ва дар ҷодаи муқаддаси ватансозиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имкониятҳои заруриро барои таълиму тарбияи ҷавонон ва ташаккули зеҳниву ҷисмонии онҳо фароҳам овардем ва ин равандро бомаром идома дода истодаем.

Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид намоям: ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки аз ҷумлаи нахустин ва бузургтарин ҳадафҳои сиёсии мо мебошад, имрӯз ва дар оянда низ аз фаъолияти ватандӯстонаи ҷавонон вобастагии бевосита дорад.

Бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик дар душвортарин шароиту лаҳзаҳо барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштанд.

Имрӯзҳо низ ҷавонони далеру ватандӯсти тоҷик ба хотири ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳимояи зиндагии осудаи мардуми тоҷик дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар содиқона хизмат карда истодаанд.

Ҷавонони мо имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг, омӯхтан ва истифодаи техникаву технологияҳои пешрафта, соҳибкориву саноат, кишоварзиву энергетика ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас доранд.

Саъю талоши онҳо, ҳамчунин, барои рушди варзиш ҳамчун омили муҳимтарини пешбурди тарзи ҳаёти солим ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардани Тоҷикистони азизамон қобили таҳсин мебошад.

Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба тарбия, таҳсил, кору фаъолият ва истироҳату фароғати ҷавонон, яъне фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои онҳо тамоми иқдомоти заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Аз ҷумла тавассути қабул ва амалӣ намудани қонунҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, татбиқи самараноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии рушди соҳа фароҳам гардидаанд.

Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёд ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бунёди ҳазорҳо муассисаи таълимии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва даҳҳо ҳазор иншооти муҷаҳҳазу замонавии варзиш аз ҷумлаи ҳамин иқдомот ба ҳисоб мераванд.

Тавре ки қаблан низ гуфта будам, бо мақсади фароҳам овардани шароити ҳарчи беҳтар барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар соҳаи маорифи кишвар 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард.

Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Имрӯз дар кишвар 153 литсейи касбҳои техникӣ, коллеҷҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо 141 ҳазор хонандаву донишҷӯ фаъолият дорад.

Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.

Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони боистеъдоди мо дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон таҳсили илм доранд.

Ҳамаи иқдомоти зикршуда дастгириву ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гардонидани ҷавонони кишвар мебошанд.

Сиёсати ҷавонгардонии кадрҳои хизмати давлатӣ, таъсиси квотаву стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», «Илм фурӯғи маърифат» ва чорабиниҳои дигар ҳама гувоҳи ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози ҷомеа мебошад.

Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки ҷавонони мо бо дарки масъулияти сиёсиву иҷтимоии худ дар назди давлат ва ҷомеа барои пешрафту ободии Ватани худ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ заҳмат мекашанд.

Бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, густариши тафаккури навоварӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир мо солҳои 2020 – 2040-ро «Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ» эълон намудем.

Дар ин раванд, аз ҷавонони созандаи Ватан умед дорем, ки бо омӯхтани илму донишҳои муосир, дар навбати аввал, илмҳои дақиқ ва риёзӣ, эҷодкориву ихтироъкорӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ташаббускорӣ дар амалӣ сохтани ин ҳадаф низ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷавонони мо, ки дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ камол ёфтаанд, бояд Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои онро чун неъмати бузургтарини миллати тоҷик ҳифз карда, бо кору амали созандаи худ Ватани маҳбуби хешро боз ҳам ободу пешрафта гардонанд.

Вазъи бисёр ноорому бесуботи ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди тамаддунҳо, пеш аз ҳама, ба зеҳну шуур ва мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.

Дар чунин марҳала ва шароити ҳассос шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибихтиёр бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллиро доим гиромӣ доред, ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳед ва дар хотир дошта бошед, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳар яки шумо низ масъулият доред.

Шумо – ҷавонони азиз, ки созандагони фардои дурахшони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат ҳастед, ҳисси баланди миллӣ дошта бошед, Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доред, онро содиқона ҳифз намоед ва ифтихор намоед, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастед.

Ман ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии шумо – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон эътимоди комил дорам.

Бовар дорам, ки шумо анъанаҳои ватандӯстиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкории халқамонро идома бахшида, Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта мегардонед ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоред.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҷавонону наврасони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва дар кору фаъолияти созандаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонон муборак бошад, фарзандони хушиқболи Ватан!

2025-05-23 07:45:21

СУХАНРОНИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.

 

2025-05-23 07:44:14

ҶАВОНОН - АЗ ИФТИХОР ТО МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди марҳилаи нав гардид, яъне бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ. Яке аз самтҳои афзалиятноки ин марҳила таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, зеро ҷавонон ҳамчун ояндасозони кишвар ва нерӯи муҳими рушд ва суботи ҷомеа шинохта шудаанд.

Дарвоқеъ, ҷавонон неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ба ҳисоб мераванд, зеро тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 70 дарсади аҳолии мамлакат ҷавонони то 35-солаанд. Ин гувоҳи он аст, ки давлати мо давлати ҷавонон мебошад.

Тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолӣ 22,5 солро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Ворисони таъриху тамаддуни миллати тоҷик, пайравони асили Пешвои миллат, такягоҳи устувор ва ояндаи дурахшони давлат унвон гирифтани ҷавонон худ далели меҳри беандоза ва эътимод ба ин қишри ҷомеа мебошад. Сарвари давлат нақши ҷавонони бонангу номусро дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон, ҳимояи дастовардҳои истиқлол ва рушду тараққиёти Тоҷикистон бузург шумориданд.

Мусаллам аст, ки нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи кунунӣ мақоми асосиро касб намуда, фаъолияти ин қишри ояндасози кишвар дар пешбурди дилхоҳ соҳа ба таври назаррас эҳсос мешавад. Ба ҳамин маънӣ Пешвои миллат таъкид доштанд: “Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад”. Ва афзуданд: “Рӯ овардан ба ҷавонон - рӯ овардан ба оянда мебошад”.

Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд дарк намоянд, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад.

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.

Барои амалӣ кардани сиёсати ҷавонон, сохторҳои зерин таъсис ёфтаанд:

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, аз ҷумла: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ташкилоти "Созандагони Ватан" ва дигар созмонҳои ихтиёрӣ

Ин ниҳодҳо ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣ, ихтироъкорӣ, волонтёрӣ, рушди соҳибкорӣ ва варзиш ҷалб мекунанд.

Ҷавонони Тоҷикистон дар солиҳои соҳибистиқлолӣ дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ низ фаъолона ширкат намуда, Тоҷикистонро

дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Ҷаҳони муосир, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо рӯ ба рӯ аст, ҷавонон бояд бо илму дониш, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ устувор бошанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои калидии давлатдории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин сиёсати тарбиявӣ ва созанда рӯ ба рушди пайваста ру ба рушд намуда, ҷавононро на танҳо нерӯи истеҳсоливу сиёсӣ, балки пояи устувории сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа меҳисобанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки фаъолонаи ҷавонон, Тоҷикистон ба як давлати устувор ва рушдёбанда табдил ёфта, барои устувор нигоҳ доштани ин пешрафт, ҷавононро зарур аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Итминон дорем, ки дар ин асос ва бо такя ба суханони Пешвои миллат ҷавонони бо нангу номуси мо бо ҳисси баланди миллӣ дар ободии диёр саҳм мегузоранд. Пешниҳоду тавсияҳои судманд, маслиҳату машварат ва ҳидоятҳои неки оқилонаву ояндасози Пешвои миллат - илҳомбахши ҷавонони кишвар - насли даврони соҳибистиқлолӣ хоҳад буд.

Шаҳло АШУРИЁН, директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб

2025-05-19 15:46:05

Суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара 17.05.2025 10.00 ноҳияи Данғара

Ҳозирини гиромӣ!

Семинар – машварати имрӯза дар давраи ба анҷом расидани мавсими кишту кори баҳорӣ, ҷамъоварии маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ ва омодагӣ ба гузаронидани кишти такрорӣ баргузор мегардад.

Вазъият ва шароити замони муосир аз мо талаб мекунад, ки беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем ва истифодаи самараноки тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷудаи кишварро таъмин намоем.

Дар робита ба ин, мо тасмим гирифтем, ки имрӯз вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллиро мавриди таҳлил қарор дода, масъалаҳои марбут ба таъмини фаъолияти мунтазами онҳо, боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об, инчунин, вазъи корҳои созандагиву ободонии кишварро баррасӣ ва чораҷӯйӣ намоем.

Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,2 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,8 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 110,6 фоиз иҷро гардида, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин карда шуд.

Вале нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар 5 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Сангвор, Левакант, Ёвон, Панҷакент ва Ишкошим иҷро нагардидааст.

Аз ин ҳисоб ба буҷети давлат беш аз 90 миллион сомонӣ ворид нашудааст, ки нигаронкунанда мебошад.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии хароҷоти захираҳои молиявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Тайи моҳҳои январ – апрели соли 2025 ба иқтисодиёти кишвар 15,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 фоиз зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин, ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ чандон назаррас набуда, ҳамагӣ 812 миллион сомонӣ ё 5,5 фоизро ташкил додааст.

Ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин давра дар вилояти Хатлон ҳамагӣ ба 27 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 фоиз коҳиш ёфтааст ва сармояи мустақими хориҷӣ дар вилоят умуман ба қайд гирифта нашудааст.

Чунин ҳолат дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар низ мушоҳида мегардад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва вазорату идораҳои марбутаро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ куллан вусъат бахшанд.

Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ 9,1 миллиард сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 фоиз зиёд мебошад.

Вале ҳаҷми он барои рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзи додашуда ҳамагӣ 14 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ ва 11 фоиз ба соҳаи саноат рост меояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда кофӣ нест.

Ҳамзамон бо ин, 49 фоизи қарзи додашуда дар кишвар ба истеъмолот рост меояд, ки ин низ бо ҳадафҳои пешбинигардида мутобиқат надорад.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Қобили зикр аст, ки барои вусъат бахшидани раванди рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд.

Дар робита ба ин, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталиф талаби қатъии замони муосир буда, дар ин самт бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 дар кишвар дар ҳаҷми 18,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 фоиз зиёд мебошад.

Аммо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби 1,9 баробар рушд кардани саноати истихроҷ таъмин гардида, суръати рушди саноати коркард ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил додааст.

Ба рушди соҳаи саноати коркард коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ таъсири манфӣ расонидааст.

Кам гардидани истеҳсоли нахи пахта (10,8 ҳазор тонна) ва газворҳои пахтагин (1,3 миллион метри мураббаъ) омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ташкили маҷмааҳои нассоҷӣ дар кишвар ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа бо арзиши баланди иловашуда ва содироти он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ дар кишвар 121 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, аммо дар вилояти Хатлон – шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлол ягон корхона ё коргоҳи нав таъсис дода нашудааст, ки ин беамалии масъулини соҳаро нишон медиҳад.

Инчунин, дар ин давра дар кишвар 159 корхона аз фаъолияти истеҳсолӣ бозмондааст.

Дар давраи зикршуда дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар либоси мактабӣ истеҳсол нагардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

Камбудиҳои зикршуда сабаби сари вақт ва сифатнок иҷро нашудани барномаҳои рушди соҳаи саноат, бахусус, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар гардида истодаанд.

Зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа бартараф ва масъалаҳои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус, дар соҳаҳои коркард сари вақт ҳаллу фасл карда шаванд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки имкониятҳои истифоданашуда дар самти рушди саноат дар минтақаҳои кишвар, махсусан, саноати коркард дар вилояти Хатлон ниҳоят зиёданд ва ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур мебошад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои супоришҳои қаблан додашударо оид ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми ватанӣ, инчунин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот ҳатман таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро лозим аст, ки ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолии кишвар чораҳои иловагӣ андешанд.

Бо мақсади ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ дар кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат чораҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.

Дар баробари ин, зарур аст, ки ба масъалаи сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад.

Зеро талафоти неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он ҳанӯз зиёд аст.

Талафоти неруи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт – соат ё 20 фоиз ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 1,3 миллиард киловатт – соат ё 20,5 фоиз баробар гардидааст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Талафоти неруи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, бахусус, дар шаҳри ноҳияҳои Рӯдакӣ 69 фоиз, Ҳисор 51, Вахш 36, Данғара 35, Восеъ 34, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ 33-фоизӣ, Ховалинг ва Кушониён 32, Шаҳринав 31, Левакант 30, Ваҳдат ва Фархор 29-фоизӣ, Ёвон ва Муъминобод 28-фоизӣ, Истаравшан ва Хуросон 27-фоизӣ, Панҷ ва Файзобод 26 фоизиро ташкил додааст, ки баландтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Инчунин, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ 83,5 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,9 фоиз иҷро гардидааст, ки қонеъкунанда нест.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз рӯйи арзонии неруи барқ дар қатори даҳгонаи аввали кишварҳои дунё қарор дорад.

Бо мақсади пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар низоми энергетикии мамлакат, ба роҳ мондани назорати ҷиддии истифодаи неруи барқ ва комилан аз байн бурдани талафоти ғайритехникии он Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти мамлакат таъсис дода шуда, дар қонунгузории кишвар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятии мушаххас муқаррар карда шуд.

Вобаста ба ин, Агентии назорати давлатии энергетикӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи Тоҷик», шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва дигар ширкатҳои соҳа, роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти нави қонунгузориро вобаста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба ҳар як оилаи кишвар ба таври васеъ ва мушаххас фаҳмонанд.

Дар баробари ин, фаъолиятро ҷиҳати самаранок истифода намудани неруи барқ, сарфаи он ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодагардида тақвият диҳанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Соли ҷорӣ буҳронҳои глобалию минтақавӣ шиддат гирифта, таъсири таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулот, баҳсу низоъҳо вобаста ба ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ байни давлатҳо, болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус, нархи маҳсулоти ниёзи аввал, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома меёбанд.

Тибқи арзёбии коршиносон соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ шудааст.

Чунин омилҳо боиси мушкил шудани таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ гардида истодаанд.

Равандҳои мазкур ба кишвари мо низ бетаъсир нестанд ва мо бояд барои пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии онҳо ҳаматарафа омода бошем.

Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем.

Дар ин ҷода сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, ҳусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман ба роҳ мондани кишти такрориро таъмин намоянд.

Инчунин, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ, ҳифзи зироатҳо аз касаливу ҳашароти зараррасон, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар ин самтҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини мамлакат ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем.

Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, аз ҷумла дар ҳар як оила, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд ва риояи ҳатмии қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ ҳар як роҳбар, шахси масъул ва ҳар як шаҳрванд бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд.

Дар ин раванд, ба ташкили фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо бояд эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5,8 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.

Ҳоло боз 8 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Ҳамзамон бо ин, барои рушди бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ 8 барномаи давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дорад, ки татбиқи саривақтии онҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини соҳа мебошад.

Дар чор моҳи аввали соли 2025 дар кишвар ба маблағи 6 миллиарду 94 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд мебошад.

Вале нишондиҳандаи мазкур бо дарназардошти ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ ва имкониятҳои кишвар ҳанӯз кофӣ нест.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди таъмин гардидани рушди соҳа на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода кардаанд, ки ин боиси коҳишёбии истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ гардидааст.

Аз ҷумла истеҳсоли гӯшт ва тухми паранда дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар коҳиш ёфтааст.

Баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ аз истифодаи самараноки захираҳои замину об вобастагӣ дорад.

Қариб 60 фоизи заминҳои корами обӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, аз фаъолият бозмондани онҳо хеле ташвишовар мебошад.

Ҳоло дар кишвар 56 пойгоҳи обкашӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 18, Суғд 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 пойгоҳ фаъолият надорад, ки дар натиҷа беш аз 12 ҳазор гектар замини кишоварзӣ бе об мондааст.

Чунин вазъият аз роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидани чораҳои фавриро тақозо менамояд.

Сохторҳои зикршуда вазифадор карда мешаванд, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати мамлакат ҳисоботи мушаххас манзур намоянд.

Аз ҷониби дигар дар ноҳияҳои Дарвоз, Лахш, Ишкошим, Роштқалъа, Ҷайҳун, Қубодиён, Деваштич ва Шаҳристон амалисозии нақшаи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2022 – 2027 таъмин нагардидааст.

Бинобар ин, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои сари вақт амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ ва пешгирии ҳолатҳои шӯршавӣ, эрозия, зиёд шудани заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани онҳо, инчунин, аз худ кардани заминҳои нав ва бо усули обёрии қатрагӣ зиёд намудани масоҳати заминҳои кишт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Фаромӯш набояд кард, ки замин манбаи истеҳсоли маҳсулот, фаровонӣ, арзон шудани нархи маводи ғизоӣ, инчунин, ҷойи кор барои мардум мебошад.

Ҳарчанд ки ба ҳолати 12-уми май дар кишвар дар майдони 415 ҳазор гектар ё 94 фоизи дурнамо кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст, вале иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 73 фоиз ва сабзавот 91 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла кишти картошка дар вилояти Хатлон – ноҳияҳои Ховалинг 25 фоиз, Муъминобод 40, Шамсиддини Шоҳин 42, Балҷувон 66 ва Шаҳритус 90 фоизи дурнаморо ташкил додааст.

Кишти картошка дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 47 ва Истаравшан 82 фоизи нақшаи дурнаморо дар бар мегирад.

Чунин ҳолат дар аксари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба назар мерасад.

Иҷрои дурнамои кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод 41 фоиз, Варзоб 50, Ҳисор 63, Турсунзода ва Шаҳринав 74-фоизӣ, Рӯдакӣ 78 ва Ваҳдат 91 фоизро ташкил додааст.

Инчунин, тибқи маълумоти фаврӣ дар масоҳати 181 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки 97 фоизи дурнамои пешбинигардида мебошад.

Дар ин давра қафомонии кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Зафаробод, Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва дар шаҳри Ваҳдат ба назар мерасад, ки такроршавии камбудии соли сипаригардида дар самти таъмини дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта аз эҳтимол дур нест.

Ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дар ин ҷода иҷрои супоришҳои аз ҷониби Роҳбари давлат додашуда доир ба рушди соҳаи пахтакорӣ ва коркарди минбаъдаи пахта то маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд қатъӣ таъмин карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, хусусан, пахта, картошка ва ғалладонагиву лӯбиёгиҳо, кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо чораҳои зарурӣ андешида, рушди муназзами истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши содироти маҳсулотро таъмин намоянд.

Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироатҳо, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва гирифтани 2 – 3 ҳосил тадбирҳои муассир андешида, масъалаи таъмин намудани хоҷагиҳоро бо тухмии аълосифати картошкаву сабзавот ва дигар намуди зироатҳо, инчунин, нуриҳои маъданӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ карда, кишти такрорӣ бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монда шавад.

Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии омор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки баҳисобгирии дурусти нишондиҳандаҳои соҳа ва эътимоднокии маълумоти омориро таъмин намоянд.

Пайдоиш ва паҳншавии ҳашароти зараррасон яке аз мушкилоти солҳои охир дар соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад.

Соли ҷорӣ ин ҳолат бештар дар заминҳои чарогоҳи ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Вахш ба қайд гирифта шудааст.

Чораҳое, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Вазорати кишоварзӣ барои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ҳашарот андешида мешаванд, кифоя ва самаранок нестанд.

Дар баробари ин, заминистифодабарандагон ба масъалаи пешгирӣ кардани пайдоиши ҳашароти зараррасон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд.

Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ, Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои тақвияти фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, инчунин, ҷалби бештари хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истифодабарандагони чарогоҳҳо дар самти мубориза бо ҳашароти зараррасон ҳамаҷониба чораҷӯйӣ намоянд.

Инчунин, зарур аст, ки дар ин самт бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шавад.

Ҳарчанд дар кишвар барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ шароити мусоид мавҷуд аст, вале истеҳсол ва содироти асал ҳоло ҳам ба имкониятҳои мавҷуда мутобиқ нест.

Дар соли 2024-ум 4,8 ҳазор тонна асал истеҳсол гардида, нисбат ба соли қаблӣ танҳо 4 фоиз зиёд шудааст ва содироти он ҳамагӣ 2,3 тоннаро ташкил додааст.

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 285 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳамагӣ 5,6 фоиз зиёд мебошад.

Хотиррасон месозам, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 20-уми июни соли 2023 вобаста ба зиёд намудани оилаи занбӯри асал ва содироти асал ба масъулини соҳа супоришҳои дахлдор дода шуда буд, ки иҷрои онҳо андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.

Ҳарчанд ки дар кишвар бо мақсади дастгирии соҳаи пиллапарварӣ як қатор имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудаанд, аммо истеҳсоли пилла сол ба сол коҳиш ёфта, дар соли 2024 ҳамагӣ 362 тоннаро ташкил додааст, ки ба 50 фоизи нишондиҳандаи соли 2014 (735 тонна) баробар мебошад.

Дар баробари ин, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои         2020 – 2024 аз ҷониби вазорату идораҳои масъул ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъмин нагардидаанд.

Солҳои охир талаботи аҳолии мамлакат ба либосҳои миллӣ ва матоъҳои дар кишвар истеҳсолшуда торафт зиёд шуда истодааст ва ин раванд саноатчиёну кишоварзони мамлакатро водор мекунад, ки ба зиёд намудани истеҳсоли ашёи хом ва коркарди пурраи он дар дохили мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Ҳамчунин, дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба матоъ ва ресмони абрешими табиӣ, алалхусус, матои аз нахи табиӣ истеҳсолшуда торафт афзуда истодааст.

Дар ин замина, рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, ба яке аз сарчашмаҳои хуби даромади оилавӣ табдил ёбад.

Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои соҳа механизми ҳавасмандгардонии истеҳсоли пилла ва ба роҳ мондани тавлидоти молу маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашударо таҳия ва ҷорӣ намоянд.

Фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, зотпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва растанипарварӣ дигар масъалаи ташвишовар мебошад, ки ба соҳаи кишоварзӣ таъсири бевосита дорад.

Санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки хоҷагиҳои мазкур дар асл ба парвариш ва истеҳсоли тухмӣ ё нигоҳубини чорвои зотӣ машғул нестанд.

Аз 128 хоҷагии тухмипарварӣ 14 хоҷагӣ тамоман фаъолият намекунад ва як қисми хоҷагиҳо фаъолияти ғайримақсаднок доранд.

Хоҷагиҳои зикршуда бо муассисаҳои илмӣ ва олимони соҳа ҳамкорӣ надоранд ва дорои қитъаҳои тухмипарварии ибтидоӣ ва парваришгоҳҳо нестанд, инчунин, заминаи моддиву техникии онҳо коста гардида, заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро ба дигар заминистифодабарандагон ба иҷора додаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар таъминоти хоҷагиҳо бо тухмии репродуксионии картошка ҳамагӣ 57 фоиз ва чигит 73 фоизро ташкил медиҳад ва гувоҳи дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидани иҷрои Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ мебошад.

Соли 2024 ба кишвар беш аз 51 ҳазор тонна танҳо чигит ва картошкаи тухмӣ ба маблағи умумии 111 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Илова бар ин, аз 80 хоҷагии зотпарварӣ 19 хоҷагӣ ба парвариши чорвои зотӣ машғул нест ва хоҷагиҳои мазкур талаботи аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии кишварро бо чорвои хушзот барои такрористеҳсолкунӣ пурра қонеъ карда наметавонанд.

Тавре аз санҷишҳо бармеояд, дар фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ва ниҳолпарварӣ камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла тақсимоти ғайриқонунии заминҳо барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, фурӯши биноҳо ва иншооти хоҷагиҳо, фурӯши чорвои зотӣ, азхудкунии маблағҳо ва пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғ ба назар мерасанд.

Ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро пурра бартараф карда, иҷрои нақшаву барномаҳои пешбинишударо таъмин созанд.

Зарур аст, ки фаъолияти дурусту самараноки хоҷагиҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва растанипарвариро ҳатман таъмин карда, вобастагии хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат аз тухмӣ, ниҳол, чорво ва парандаи хушзоти воридотӣ коҳиш дода шавад.

Сохтору мақомоти зикршуда вазифадор карда мешаванд, ки аз натиҷаи иҷрои супориши мазкур ба Ҳукумати мамлакат гузориш пешниҳод намоянд.

Дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 аз кишвар 46 ҳазор тонна меваю сабзавот ба маблағи 163 миллион сомонӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм 15 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин, содироти пиёз 2,6 ҳазор тонна ё 36 фоиз кам гардидааст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки вилояти Хатлон иқтидори бузурги содироти меваю сабзавот, бахусус, меваю сабзавоти барвақтиро дорад, аммо истифодаи пурраи ин имкониятҳо ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст.

Зарур аст, ки корҳо оид ба бунёди ду маркази агрологистикии дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷалолиддини Балхӣ банақшагирифташуда барои васеъ намудани иқтидори содиротӣ бояд тақвият дода шаванд.

Ҳамчунин, Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бо таъсис додани ситоди корӣ фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳукумати мамлакат дар шароити кунунӣ ба сиёсати иҷтимоӣ афзалият дода, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф сол ба сол афзуда, аз 260 миллион сомонии соли 2005 то 10,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.

Яъне дар 20 соли охир маблағгузории соҳа 42 баробар зиёд гардидааст.

Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.

Ҳоло дар кишвар боз 11 лоиҳаи дигар ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Бо вуҷуди он ки дар доираи тадбирҳои амалигардида вазъи муассисаҳои таълимии кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар сатҳи паст қарор доштани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб нагардидани соҳибкорону сармоягузорон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ҷой доранд.

Бинобар ин, дар Паёми Роҳбари давлат ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода шуд, ки дар давоми панҷ соли оянда дар ҳар маҳаллаи зиёда аз 100 оила дошта ҳатман як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.

Тибқи нақша соли 2025 бояд 168 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода, то муҳлати муқарраршуда бунёди боз зиёда аз 800 чунин иншоот барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ таъмин карда шавад.

Инчунин, тибқи супориши дар Паёми Роҳбари давлат гузошташуда дар панҷ соли оянда дар кишвар бояд беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Тибқи нақша соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд 32 муассисаи томактабӣ, вилоятҳои Суғд 40, Хатлон 59 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 37 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Ҳоло дар кишвар сохтмони ҳамагӣ 78 чунин муассиса идома дорад, ки ба нишондиҳандаи пешбинишудаи соли ҷорӣ мутобиқ нест.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвар масъалаҳои дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои 254 муассисаи таълимӣ ва таъмирталаб будани бинои 351 муассиса, дар се баст фаъолият намудани 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мондааст.

Ҳоло дар вилояти Хатлон бинои 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ, вилояти Суғд 55, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 63 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Чунин ҳолат бояд боиси ташвиши ҷиддии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошад.

Мавҷудияти чунин мушкилот дар ҳолест, ки мо ду маротиба – ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30 ва 35-солагии истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дастур дода будем, ки дар навбати аввал ба бунёду таъмир ва барқарорсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.

Дар кишвар норасоии шумораи омӯзгорон 3848 нафарро ташкил медиҳад, ки метавонад пурра аз ҳисоби ҳатмкунандагони равияи омӯзгории муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2025 ҳалли худро ёбад.

Соли 2025 дар назар аст, ки беш аз 13 ҳазор нафар донишҷӯён равияи омӯзгории муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм намоянд.

Аз ин рӯ, роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои супоришҳоеро, ки аз Паёми Роҳбари давлат бармеоянд, сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намоянд.

Инчунин, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда, инчунин, барои бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Бо мақсади таъмини рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маорифи кишвар 1 консепсия, 3 стратегия ва 8 барнома қабул гардида, мавриди иҷро қарор доранд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки вазъи иҷрои барномаҳои қабулгардида дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.

Аз ҷумла вазъи иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 нишон медиҳад, ки аз маҷмуи озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннии харидоришуда ҳамагӣ 45,5 фоизи аёният ва таҷҳизот дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст, ки дар муқоиса бо маблағҳои зиёди дар ин самт харҷгардида нигаронкунанда мебошад.

Вазъи иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027 низ ташвишовар мебошад.

Тибқи талаботи барномаи мазкур дар солҳои 2022 – 2024 бояд 124 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ сохта мешуд.

Аммо дар ин давра 68 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 56 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ сохта шудааст, ки 40,6 фоизи иҷрои барномаи мазкурро ташкил медиҳад.

Иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025 низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташвишовар буда, иҷрои ҳадафҳое, ки бояд аз ҷониби онҳо амалӣ мегардид, ҳамагӣ 37 фоизро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ камбудиҳоро дар самти амалисозии барномаҳои соҳавӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф карда, ҷиҳати маблағгузории саривақтӣ ва таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳо чораҷӯйӣ намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар соҳаи тандурустӣ гарчанде ки сол то сол маблағгузории соҳа афзуда истодааст, аммо масъалаҳои ҳалталаб то ҳол ҷой доранд.

Дар миқёси кишвар 103 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таъмирталаб буда, аз он 35 муассиса ба вилояти Хатлон, 27 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 26 ба вилояти Суғд ва 15 муассиса ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Чунин ҳолат андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар хусуси ба талаботи муосир ҷавобгӯ будани муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва таъмиру тармими иншооти тандурустӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда, камбудиҳои соҳаро то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бартараф намоянд.

Воҳидҳои кории холии табибон дар аввали соли 2025-ум 1752 ҷойро ташкил медиҳанд, ки ташвишовар мебошад.

Шумораи бештари воҳидҳои холии табибон ба вилояти Хатлон 598 ҷой, вилояти Суғд 445 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 342 ҷой рост меояд.

Соли ҷорӣ дар назар аст, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро 2900 нафар бо ихтисоси табиб хатм менамоянд ва аз ин ҳисоб масъалаи норасоии табибонро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пурра ҳал кардан мумкин аст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро таъмин намуда, барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани норасоии табибон дар муассисаҳои тандурустӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ба ҳолати 1-уми майи соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар мамлакат аз 29 ҳазор иншооти банақшагирифташуда беш аз 20 ҳазору 200 иншоот бунёд гардидааст, ки 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти он, ки то ҷашн каме зиёдтар аз як сол вақт мондааст, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои нақшаи чорабиниҳо қонеъкунанда нест.

Аз ҷумла иҷрои нақша дар вилояти Хатлон – шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва Ёвон ҳамагӣ 50-фоизӣ, Шамсиддини Шоҳин 54, Ҷайҳун 55, Панҷ 57, Балҷувон 60, Норак 61 ва Шаҳритус 63 фоиз ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – ноҳияҳои Мурғоб 59 фоиз, Дарвоз 64, Ванҷ 66, Ишкошим 67 ва Роштқалъа 69 фоиз таъмин шудааст.

Иҷрои нақша дар вилояти Суғд – шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 51 фоиз, Истиқлол 61, Гулистон ва Шаҳристон 66-фоизӣ, Панҷакент 67 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳисор 49 фоиз, Варзоб 50, Лахш 52, Роғун ва Ваҳдат 54-фоизӣ, Сангвор 55, Рӯдакӣ 57, Шаҳринав 62 ва Турсунзода 63 фоизро ташкил медиҳад.

Чунин ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳо қонеъкунанда набуда, аз роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони сохторҳои марказии ба шаҳру ноҳияҳо вобасташуда масъулияти баланд ва тақвияти ҷиддии корҳоро талаб менамояд.

Хотирнишон месозам, ки маблағҳои зикршуда пурра аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии ноҳия мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар дар самти амалисозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешравиҳои назаррас дида мешаванд.

Аз ҷумла дар ноҳияи Данғара иҷрои нақша бо дарназардошти 460 иншооти иловагӣ таъмин гардида, дар доираи он 27 мактаб, 3 кӯдакистон, 2 беморхона, 4 маркази саломатӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 3 таваллудхона, 18 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 29 маркази хизматрасонӣ, 3 боғи фарҳангу фароғат ва 11 пул сохта, ба истифода дода шуда, 77 километр роҳҳо мумфарш ва 133 километр сангфарш карда шудаанд.

Ҳоло боз 60 иншооти дигар бунёд гардида истодааст, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Маблағи то имрӯз барои ободиҳо сарфшуда 2,3 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки 628 миллион сомонии он барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ хароҷот гардидааст.

Хотирнишон месозам, ки маблағҳои зикршуда пурра аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии ноҳия мебошанд.

Мувофиқи маълумот соли ҷорӣ 80 нафар сокинони ноҳияи Данғара барои адои маросими ҳаҷ номнавис шудаанд.

Аз ин шумора 40 нафари онҳо аз рафтан ба ҳаҷ даст кашида, маблағҳои ба ин мақсад пасандозкардаи худро ба корҳои хайри ободонии ноҳия сарф кардаанд, ки чунин иқдоми онҳо, бешубҳа, қобили таҳсин ва дастгирӣ мебошад.

Танҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корез бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша 5 мактаб барои 4800 хонанда, кӯдакистон, муассисаҳои тандурустӣ ва 7 корхонаи истеҳсолӣ сохта шудааст.

Вобаста ба ин, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва вазорату идораҳое, ки масъули иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, супориш дода мешавад, ки таҷрибаи ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корезро омӯзанд ва барои иҷрои саривақтиву босифати нақшаҳои пешбинигардида истифода намоянд.

Дар ин раванд, ба риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Муҳтарам роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ободиҳое, ки дирӯз дар ноҳияи Данғара ва деҳаҳои он дидед, таҷрибаи хуби ба корҳои созандагиву ободонӣ сафарбар намудани соҳибкорон ва аҳолӣ мебошад.

Дар робита ба амалисозии корҳои неку созандаи мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат бори дигар ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли сокинони Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамдиёрони азиз!

Чуноне ки шумо мушоҳида мекунед, амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон мусоидат карда, дар ояндаи наздик онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мегардад.

Вале хотирнишон менамоям, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди бонангу номус вобаста мебошад.

Дар ин раванд, ҳамаи мо вазифадорем, ки мардумро барои таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он роҳнамоӣ кунем.

Илова бар ин, ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем.

Суннатҳои неки миллӣ ва хусусан сарфаю сариштакориро риоя намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем.

Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки барои таъмин кардани ояндаи ободи давлат ва миллат мо бояд кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир – ихтироъкору навоварон, муҳандисон ва дигар кадрҳои соҳаҳои техникиву технологиро тарбия карда, ба камол расонем.

Мо бояд барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон – Тоҷикистон имрӯз нисбат ба дирӯз ва фардо нисбат ба имрӯз бештар заҳмат кашем ва дар хотир дошта бошем, ки сарзамини аҷдодии мо танҳо дар сурати сафарбар сохтани тамоми имконияту неруи ҳар як фарди ҷомеа ободу пешрафта ва давлатамон неруманду қавӣ мегардад.

Вобаста ба ин, бори дигар ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони сохторҳои марказӣ дар маҳалҳо    таъкид менамоям, ки тамоми мардумро то ҷашни 35-солагӣ ба тозаву озодагӣ ва обод кардани ҳар як хонаву кошона, кӯчаву хиёбон ва майдону гулгашт то дурдасттарин деҳоти кишвар сафарбар намоянд.

Итминон дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон минбаъд низ бо ҳисси баланди хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Ҳамчунин, падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва фаъолон бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасоз диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Мо вазифадорем, ки ба онҳо барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароит муҳайё созем, моҳият ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, то фарзандони мо фирефтаи афкори таассубомезу тундрави динӣ нагардида, ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат ва огоҳу донишманд ба камол расида, дар оянда ба Ватан, давлат ва миллати худ содиқона хизмат кунанд.

Дар интиҳо ба кулли мардуми ватандӯсти кишвар, сокинони меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.

Саломат бошед!

2025-05-19 15:08:58

Гузоштани санги асос ба марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Сипар Групп дар ноҳияи Данғара 16.05.2025

https://president.tj/event/news/50815

16 май дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сипар Групп санги асос гузоштанд.

Корхонаи мазкур ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нигаронида шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдони корхонаи саноатӣ 40 гектарро ташкил намуда, ба фаъолият оғоз намудани он имкон фароҳам меорад, то қисмате аз эҳтиёҷоти кишвар ба техникаву лавозимоти ҳарбӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бароварда шавад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки 120 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва роҳбарияти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва намудҳои маҳсулот, ба талаботи замон мутобиқ сохтани сифати онҳо ва ҳамзамон ба роҳ мондани омӯзишу омодасозии мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

2025-05-19 15:07:29

Боздид аз ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам дар ноҳияи Данғара 16.05.2025

https://www.president.tj/event/news/50819

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам шинос шуданд.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам иттилоъ дода шуд, ки он соли 2009 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 70 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи агротехника дар майдони 25 гектар гелос, 4 гектар шафтолу, 2 гектар зардолу ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро, ки ба минтақа мутобиқ аст, парвариш менамоянд.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариш ва нигоҳубини боғҳо таҷрибаи ғанӣ андухта, то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо байни қаторҳои онҳоро самаранок истифода мебаранд. Дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ, ҳамзамон ба миқдори зиёд дар сардхона низ маҳсулот захира мекунанд.

Дар боғи гелоси хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам асосан навъҳои барвақтии Бурлат ва Кордия парвариш мегардад, ки ба иқлими минтақа тобовар буда, барои содирот низ мувофиқ мебошанд. Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон бисёрсоҳа буда, хоҷагидорон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон дар майдони 800 гектар гандум, 15 гектар зағер, 180 гектар ҷав, 190 гектар пахта, 52 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 34 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳама нашъунамои хуб доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғҳои хоҷагӣ ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом, шафтолу ва олуи сиёҳ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон дар масоҳати беш аз 480 гектар боғҳо бунёд ёфтааст, ки аз он 180 гектар себ, 75 гектар бодом, 100 гектар олу, 12 гектар чормағз, 6 гектар ангур, 6 гектар нок ва 3 гектарро боғи гелос ташкил медиҳад. Дар ин хоҷагӣ масоҳати боғҳои интенсивӣ низ тадриҷан зиёд карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии Сомонҷонро намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии хоҷагии ҷангали ноҳия дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ ва меваи тару тоза, хушкмеваҳо, ғалладона ва неъматҳои дигари табиӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар хоҷагии Сомонҷон зимни шиносоӣ бо рафти парвариши сабзавоту полезӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашъунамои пиёзи барвақтӣ, ки қариб расидааст ва пиёзи кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулон барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва агробизнеси муосир дастуру тавсияҳои судбахш доданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳосили интизорӣ аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 500 сентнер аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин мавзеъ 35 гектар замини лалмии бекор ба таври қатрагӣ шодоб ва ба гардиши кишоварзии обӣ дароварда шудааст.

2025-05-17 07:51:47

ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини точикон ва муаррифгари асили миллати точик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.

Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.

Махсусан, Пешвои миллат ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”. Ҷавононро ҳамчун қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллат эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҷавонон хеле саҳми бузург гузошта истодаанд, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созанд.

Мо, ҷавонон, бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши мо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоед.

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи мо, ҷавонон бошанд ва афкору андешаи тозаи мо ба роҳ ёфтани ақоиду амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.

Ҳамин тариқ, мо, ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошем.

Улуғбек ХИДИРОВ,

сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагони

Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

 

2025-05-17 07:50:41

ҶАВОНОН - НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶОМЕА

Ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин рӯз, ки ба нерӯи созанда, имкониятҳои бузург ва нақши муҳимми ҷавонон дар рушди кишвар бахшида шудааст, боз як имкониятест барои бознигарии нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва ҳавасмандгардонии онҳо ба корҳои созанда.

Имрӯз ҷавонон дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон мавқеи намоён доранд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки сиёсати давлатии ҷавонон, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, ба эҳёи нерӯи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон равона шудааст.

Тайи солҳои охир садҳо барномаҳо, стратегияҳо ва лоиҳаҳо амалӣ шудаанд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кор ва ташаббускорӣ мебошад. Таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм дар байни ҷавонон, қабули Барномаи давлатии дастгирии ҷавонон, ташкили муассисаи таҳсилоти касбӣ ва таҳкими малакаҳо ва дигар марказҳои дастгирии ҷавонон далели равшани таваҷҷуҳи хоса ба ин табақаи калидии ҷомеа мебошад.

Ҷавонони тоҷик дар риштаҳои гуногуни илм, варзиш, фарҳанг, технология, соҳибкорӣ ва ихтироъгарӣ пайваста муваффақият ба даст меоранд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар созмонҳои ҷамъиятӣ, ташаббусҳои ихтиёрӣ, ҳифзи муҳити зист ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ гувоҳи он аст, ки онҳо дар роҳи созандагӣ ва худшиносӣ устуворанд.

Ҳамзамон, дар назди ҳар як ҷавон масъулияти бузург қарор дорад — ҳифзи истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, рушду ободии кишвар ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ. Зеро насли ҷавон на танҳо оянда, балки имрӯзи Тоҷикистон аст.

Ба ифтихори ин рӯзи фархунда, зарур аст, ки ҳар ҷавон ба худ савол диҳад: “Ман чӣ саҳме дар рушди ҷомеа мегузорам?” Зеро Ватанро на дигарон, балки мо, ҷавонон, бояд обод кунем — бо дониш, маърифат, меҳнат, ихтироъ ва садоқат.

Бигузор, Рӯзи ҷавонон барои ҳар як ҷавони бонангу номуси тоҷик рӯзи ваҳдат, худогоҳӣ ва оғози як марҳилаи нави афкор ва фаъолияти ватандӯстона бошад!

Нурулло САИДЗОДА,мутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025-05-17 07:39:29

БА ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ “ИСТИФОДАБАРАНДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ” СЕРТИФИКАТ ТАҚДИМ ГАРДИД

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, Штефан Зиверт, Роҳбари лоиҳаи кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки иштирокчии курси омӯзишии “Истифодабарандаи зеҳни сунъӣ (AI)” буданд, маросими тақдими Сертификат доир гардид.

Академик Фарҳод Раҳимӣ чорабиниро оғоз намуда, иброз дошт, ки имрӯз зеҳни сунъӣ дар раванди таълим торафт нақши муҳимтар бозида, имкон медиҳад барномаҳои омӯзишии фардӣ эҷод карда шавад, ки ба ниёзҳои инфиродӣ ва сатҳи дониши ҳар як истифодабаранда мутобиқ бошад.

“Зеҳни сунъӣ як соҳаи муштараки илму технолия буда, ба таҳияву истифодаи барнома ва системаҳои мушаххас равон шудааст, ки қобилияти фикр кардан, омӯзиш, ҳал кардани масъалаҳо ва қабули қарорҳоро дорад. Он як технология ё самти илми муосир аст, ки роҳҳои омӯзиши компютер, технологияи роботӣ ё системаи таҳлилиро барои тафаккури оқилона мисли инсон меомӯзад.

Зикр шуд, ки курси кӯтоҳмуддати “Истифодабарандаи зеҳни сунъӣ (AI)” аз ҷониби Кумита миёни омӯзгорони фанни информатикаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, давомнокии он 12 соат буд.

Дарсҳо давоми 3 рӯз дар Кумита доир шуда, дар ин муддат мутахассисони соҳа ба омӯзгорон асосҳои зеҳни сунъиро омӯзонанд.

Дар фарҷом ба иштирокдорон сертификат тақдим гардида, таъкид шуд, ки онҳо дар оянда ин фанро ба хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимиашон меомӯзонанд.

 

2025-05-16 11:30:43

ОИЛА - МУҲИМТАРИН ИНСТИТУТИ ИҶТИМОӢ

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Оила яке аз зинаҳои муҳим ва асосии ҳастии инсон аст. Он чи ки кӯдак дар хурдсолӣ дар оила меомӯзад, дар тӯли ҳаёти минбаъдааш дар хотирааш нақш мебандад. Маҳз дар оила асосҳои шахсияти кӯдак гузошта мешаванд ва то рафтан ба мактаб ӯ аллакай ҳамчун шахс ташаккул меёбад. Раванди иҷтимоишавии шахс дар тӯли ҳаёт идома меёбад, аммо дар марҳилаҳои гуногуни синнусолӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Нуқтаи ибтидоии хоси иҷтимоишавии ахлоқӣ азхудкунии меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ, муошират ва ҳамкории оила бо мактаб, мамнуъият ва талаботҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ аз ҷониби инсон аз хурдӣ мебошад.

Аз ин рӯ, оиларо ба таври комил муҳимтарин институти иҷтимоишавии инсон ҳисобидан мумкин аст. Оила муҳимтарин институти иҷтимоишавии шахс ва тарбияи тарзи ҳаёти солим мебошад. Маҳз дар оила таҷрибаи аввалини муошират бо ҷомеа ба даст оварда мешавад. Дар муддате оила ягона макони ба даст овардани чунин таҷриба аст. Оиларо ҳамчун намуна ва шакли омӯзишии асосии ҳаётии шахс баррасӣ кардан мумкин аст.

Иҷтимоишавӣ - ин раванди ташаккули "Ман"-и иҷтимоӣ аст. Он тамоми шаклҳои шиносоии фардро бо фарҳанг, таълим ва тарбия фаро мегирад, ки тавассути онҳо фард табиати иҷтимоӣ пайдо мекунад. Дар луғати психологӣ чунин таъриф омадааст: «Иҷтимоишавӣ - ин раванди эволютсионӣ буда, ба натиҷаи азхудкунӣ ва эҳёи таҷрибаи иҷтимоӣ аз ҷониби субъект нигаронида шудааст, ки худи субъект дар омилҳои коммуникатсия, дар фаъолияти инфиродӣ амалӣ мекунад».

Оила манбаи саломатии равонӣ низ мебошад. Калонсолон худашон на ҳамеша мефаҳманд, ки чӣ гуна хислатҳои шахсии онҳо моли фарзандонашон мегардад, чӣ гуна онҳо мувофиқи хусусиятҳои синну сол тафсир карда мешаванд, барои кӯдак, наврас, ҷавон чӣ аҳамият доранд. Ин ба он вобаста аст, ки кӯдак маълумоти асосиро дар бораи ҷаҳони атроф ва дар бораи худ аз оила меомӯзад.

Илова бар ин, волидайн имконияти беҳамто доранд, ки ба кӯдак бинобар вобастагии ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва иҷтимоии ӯ ба онҳо таъсир расонанд. Оила ҳамчун институти иҷтимоишавӣ хусусияти хоси худро дорад, ки аз як тараф, онро ҳамчун унсури сохтории ҷомеа ва аз тарафи дигар, ҳамчун гурӯҳи хурд баррасӣ кардан мумкин аст.

Мувофиқан, оила ҳамчун институти иҷтимоишавӣ, ки вазифаи худро нисбат ба шахс иҷро мекунад, аз як тараф, ноқили таъсироти макроиҷтимоӣ, аз ҷумла таъсири фарҳанг ва аз тарафи дигар, муҳити ҳамкории микроиҷтимоӣ мебошад, ки бо хусусиятҳои худ тавсиф мешавад.

Ба ақидаи Н. В. Губин, иҷтимоишавӣ "Раванди азхудкунии арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ, таҷриба ва донишҳои иҷтимоӣ аз ҷониби инсон аст, ки ба шарофати он узви комилҳуқуқи ҷомеа мегардад". Ин роҳ аз мавҷудияти биологӣ ба ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.

Оила як гурӯҳи хурди иҷтимоӣ мебошад, ки дорои созмони таърихан муайян буда, аъзоёни он бо муносибатҳои издивоҷ ё хешутаборӣ, умумияти рӯзгор ва масъулияти мутақобилаи ахлоқӣ алоқаманданд ва зарурати иҷтимоии он аз эҳтиёҷоти ҷомеа ба таҷдиди ҷисмонӣ ва маънавии аҳолӣ вобаста аст. Ҷомеа ва ҳаёти иҷтимоии он маҷмӯи муносибатҳои оилавӣ мебошанд. Т. В. Андреева меҳисобад, ки "оила ва кӯдак инъикоси оинаи якдигаранд. Дар натиҷа, маҳз дар оила сифатҳое ташаккул меёбанд, ки дар ҷои дигар ташаккул ёфта наметавонанд".

Оила ҳамчун аввалин ҷамъияти одамон баромад мекунад, ки дар он иҷтимоишавии кӯдакон ба амал меояд. Раванди иҷтимоишавии кӯдак бо оила ба охир намерасад.

Дар оянда ба он дигар институтҳои иҷтимоӣ низ таъсир мерасонанд. Аммо маҳз оила асосҳои ташаккули иҷтимоии кӯдакро мегузорад. Пеш аз ҳама, дар оила вазъияти иҷтимоии рушди кӯдак ташкил карда мешавад.

Дар баробари вазифаҳои анъанавӣ, ки бо таваллуд ва тарбияи кӯдак, ҳалли мушкилоти рӯзмарра алоқаманданд, оила бояд "паноҳгоҳӣ" боэътимоди психологӣ бошад, ки ба инсон дар шароити душвор ва зудтағйирёбандаи зиндагии муосир кӯмак мекунад. Имрӯз дар баъзе давлатҳои Ғарб, зери ниқоби озодӣ ва марҳамат, оилаҳоеро дастгирӣ мекунанд, ки дар онҳо хушунат вуҷуд дорад, ин аз буҳрони маънавии оила ва ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Дар чунин давлатҳо оила аз вазифаи иҷтимоикунонӣ дур мешавад ва инчунин маънои "оила"-ро гум мекунад. Вазъияти давлат аз вазъияти оила вобаста аст.

Оилаи муосир аз оилаҳои пешин на танҳо бо вазифаи иқтисодӣ, балки бо тағйироти куллии вазифаҳои эҳсосӣ-равонӣ фарқ мекунад. Муносибати волидон ва фарзандон дар даҳсолаҳои охир тағйир ёфта, бештар эҳсосӣ-равонӣ мешавад, зеро фарзандон барои шумораи бештари одамон яке аз арзишҳои асосии зиндагӣ мегарданд. Ин вазъият ҳаёти оилавиро осон намекунад, балки мушкилтар месозад. Яке аз омилҳои таъсиррасон ба бунёди оилаи солим синну соли мардон ва занонест, ки издивоҷ мекунанд. Дар ҷомеаи Осиёи марказӣ тамоюли афзоиши шаҳрвандоне, ки бар ин назаранд, ки мардон бояд дар синни баркамолтар - 26-27 солагӣ ва инчунин 28 сола ва аз он боло издивоҷ кунанд, мушоҳида мешавад. Шумораи онҳое, ки синни барвақти оиладоршавии мардонро интихоб мекунанд - 21-23 сола ва 24-25 сола (мутаносибан 55% ва 45,4%) кам шуда истодааст.

Зиёда аз нисфи сокинони шаҳр ва деҳот синни беҳтарини издивоҷ барои занонро 21-23 сола меҳисобанд (мутаносибан 54,3% ва 53,5%). Дар байни сокинони деҳот нисбат ба шаҳрҳо, онҳое, ки бовар доранд, ки духтар бояд дар синни 24-25 солагӣ шавҳар кунад, бештаранд. Дар шуури ҷамъиятии шаҳрвандон ақидае бартарӣ дорад, ки ҷавонон бояд пеш аз қабули қарори муҳим ва масъулиятнок дар ҳаёти худ дар бораи издивоҷ ва бунёди оила, якдигарро хубтар шиносанд.

Аксари таҳлилгарон ба ин назаранд, ки (аз 50,3% то 55%) ҷавонписар ва духтар пеш аз қабули қарори бунёди оила аз шаш моҳ то як сол бо ҳам вохӯранд.

Эҳтироми волидон ва калонсолон нишонаи муҳими фарҳанг, ахлоқ ва одоб аст. Натиҷаҳои таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти мутлақи одамон (99,8%) бар ин назаранд, ки баракати волидон шарти зарурии издивоҷ аст. Таҳлили маълумот нишон дод, ки шаҳрвандон, новобаста аз синну сол, эътиқод, вазъи молиявӣ ва миллат, волидони худро эҳтиром мекунанд ва ҳангоми бунёди оила ба андешаи онҳо гӯш медиҳанд.

Оила омили муҳимтарини ҷомеашиносӣ буда, дар он асосҳои ахлоқ, меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ гузошта шуда, олами ботинӣ ва хислатҳои инфиродии шахс ошкор мегарданд, фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодии инсонро ҳавасманд месозад ва маҳз ба зиммаи он нақши ҳалкунанда ва асосӣ дар раванди такрори стеҳсоли ҷомеа вогузор аст. Маҳз дар оила тасаввуроти кӯдак дар бораи некӣ ва бадӣ, дар бораи поквиҷдонӣ, дар бораи эҳтиром ба арзишҳои моддӣ ва маънавӣ ташаккул меёбад.

Дар оила ӯ бо наздиконаш эҳсосоти муҳаббат, дӯстӣ, қарз, масъулият ва адолатро аз сар мегузаронад. Тарбияи оилавӣ аз рӯи табиати худ ба эҳсосот асос ёфтааст. Тарбияи оилавӣ аз рӯи хусусияти худ нисбат ба ҳама гуна тарбияи дигар эҳсосотитар аст, зеро "ноқили" он муҳаббати волидайн нисбат ба фарзандон аст, ки эҳсосоти ҷавобии фарзандонро нисбат ба волидайн ба вуҷуд меорад.

НУРУЛЛОЁН САРВИНОЗ АҲМАДУЛЛО, муовини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз

2025-05-16 11:28:35

НАҚШИ ОИЛА ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Оила ин сарчашмаи муҳаббат, боварӣ, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагӣ мебошад, ки маҳз бар ин мафҳумҳо ҷомеаи мутараққӣ рушд ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон ғайриимкон мебошад. Тавре, ки ба мо маълум аст дар даврони Шуравӣ мафҳуми оила ҳамчун ячейкаи аввали ҷомеа муаян шуда воҳиди ҳисобгирӣ дар омори давлатӣ ба ҳисоб мерафт.

Бояд қайд намоем, ки то инҷониб таърифҳои бисёри оила ҷой дорад, ки онҳо аз шароитҳои конкретии таърихӣ этникӣ ва иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва инчунин вазифаҳои татқиқотӣ вобаста буда, ячейкаи мустаъқили ҷомеъа ба дигар институтҳои иҷтимоӣ алоқаманд мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба роҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо таъкид намуданд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд, ки ин барои солимии ойла, баланд бардоштани сатҳи дониши кӯдакон дар рушди давлатдории миллӣ мебошад.

Ҳамзамон 22.12.2022 қайд намуданд, ки бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблаѓҳо чораҷӯӣ намояд, ки ин бо пуррагӣ амалӣ гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки хоҷагии хонагӣ-ячейкаи иҷтимоӣ-иқтисодиест, ки одамонро пайдоиши муносибат ҳангоми ташкил ва зиндагии муштарак мутаҳид месозад. Фарқияти принсипиалии мафҳуми хоҷагиҳои хонагӣ аз мафҳуми оила аз он иборат мебошад, ки хоҷагии хонагӣ аз руи ҳайати шахсон, ки бо аҳли оила хоҷагии хонагиро пеш мебаранд вале бо аъзоёни оила хешу таборӣ надоранд васеътар мебошанд. Ба чунин шахсон дохил мешаванд: хизаматгорҳо, дояҳо, муаллимони хонагӣ коркунони кироя ва ғайраҳо.

Ҳайати оила бо ёрии тақсимоти оила хоҷагиҳои хонагӣ аз руи аломатҳои демографӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва мувофиқаоварии аз рӯи сину сол, ҳолати никоҳ, ҳолати оилавӣ, миллати аъзоёни хоҷагии хонагӣ, манбаҳои зиндагӣ, шуғл ва ғайра тавсиф карда мешавад.

Хонавода - ин маҷмӯи шахсоне мебошанд, ки дар як хонаи истиқоматӣ чӣ алоқаманд ва чӣ муносибати хешовандӣ надошта истиқомат мекунанд ва буҷети умумӣ доранд. Хонавода метавонад аз як нафар иборат бошад.

Танзими оила - ин аз тарафи зану шавхар (фард) қабул намудани қарори оид ба теъдоди оила, хусусан оид ба теъдоди атфол, ба фаъолияте, ки барои амали кардани чунин қарорҳо мусоидат мекунад. Аз тарафи Қонунгузории Ҷумҳури бошад «Дар ҳолатҳое, ки муносибатхои байни аъзои оила бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи граждани, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи мохияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқии оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи граждани, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу ухдадориҳои аъзои оила, бо назардошти асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи граждани (қиёси ҳуқуқ), инчунин принсипи башардӯсти, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд.

Танзими оила натанҳо барои таваллуд шудани адади дилхоҳи фарзандон дар оила ва ҳифзи онҳо, балки барои муайян намудани вақти таваллуди фарзанд вобаста аз синну соли волидайн ва шароити иҷтимоӣ - иқтисодӣ, танзим сохтани фосилаи байни таваллудшавии фарзандон ва роҳ надодан ба ҳомиладории ғайридилхоҳ, аҳамият дорад.

Танзими оила барои кам шудани фавти кӯдакон, таҳкими саломатии модару фарзанд, камшавии безуриётии дубора мусоидат мекунад. Самаранокии танзими оила аз огоҳии одамон дар бораи усулҳои назорати таваллуди қудакон, дастрас ва қобили қабул будани ин усулҳо барои навъҳои гуногуни оила, вобастаст.

Умуман, дар баъзе давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ зери унвони банақшагирии оила барномаҳои танзими оила, ки баъзан онҳо барномаҳои «Назорати тавлид» ном доранд, фаҳмида мешаванд, яъне маҷмӯи иқдомоте, ки барои ташвиқи маҳдудкунии таваллуд дар оилаҳо равона карда шудаанд.

Тиллоева Ситора, директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуповаи шаҳри Душанбе

2025-05-16 11:27:03

ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЗАНОНУ ДУХТАРОН МЕАФЗОЯД

15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа нерӯ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини корхона барои дар амал татбиқ намудани тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръат ва ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистон, баҳои баланд доданд.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо кормандони ин корхона бо хатмкардаи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Куканова Саида Мирзоалиевна, ки тӯли 3 сол дар ин корхона кору фаъолият менамояд аз наздик сӯҳбат намуда, маслиҳатҳои судманд доданд.

Ёдовар мешавем, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» тӯли 3 сол мешавад, ки шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, корхонаи мазкур ҳамасола ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони Коллеҷ саҳми бориз гузошта истодааст.

2025-05-16 11:19:07

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ НИҲОДҲОИ АМНИЯТӢ ВА ХАДАМОТИ МАХСУСИ КИШВАРҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

16 май дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат дар оғози сухан иштирокдорони ҷаласаро хайрамақдам гуфта, ба саъю кӯшиши муштарак ва фаъолияти ҳамоҳанги сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баҳои баланд доданд.

Зимнан, Пешвои миллат бо зикри вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ тамоюли афзоиши фишори таҳдиду хатарҳои ҷаҳониро ба низоми минтақавии амният ба таври махсус таъкид карданд.

Аз ҷумла, афзоиши минбаъдаи таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шиддатнокии марбут ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамчун хавфҳои асосии амниятӣ номбар карда шуданд.

Ҳамчунин, иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ ду стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро таҳия ва қабул кардааст.

Дар фарҷоми сухан Сарвари давлат алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи муборизаи босамар бар зидди терроризму ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории амалӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» таъкид намуданд.

2025-05-15 17:35:14

ОИЛА - ТАКЯГОҲИ АСОСИИ ҶОМЕА ВА КАФИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ

Ҳамасола 15 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин санаи муҳими иҷтимоӣ бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти оила, эҳтиром ба арзишҳои суннатии миллӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои оиладорӣ, тарбияи фарзандон ва таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа пазируфта шудааст.

Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Оила ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими ҷомеа ва аввалин муҳити тарбиядиҳандаи инсон дар пойдории давлат ва рушди миллат нақши бузург дорад».

Оила, дар фарҳанги миллати куҳанбунёди мо, на танҳо як воҳиди иҷтимоист, балки мактаби инсонсоз, пояи ахлоқ, маркази муҳаббат ва таҷассуми меҳру садоқат ба ҳисоб меравад. Дар он наслҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба арзишҳои анъанавӣ ва умумибашарӣ тарбия меёбанд.

Имрӯз, дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоиву фарҳангӣ бо суръати бесобиқа ҷараён доранд, ҳифзи арзишҳои оилавии миллӣ ва таҳкими пояҳои ахлоқиву маънавии он муҳимтарин вазифаи ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, таъсири омилҳои беруна, шомилшавии ҷавонон ба фарҳангҳои бегона, коста шудани эҳсоси масъулият ва сардшавии муносибатҳои оилавӣ дар баъзе ҳолатҳо боиси мураккаб гардидани вазъи равонии ҷавонон ва косташавии устувории хонадони онҳо мегардад.

Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба масъалаҳои иҷтимоии оила, хусусан дастгирии оилаҳои ҷавон, тарбияи маърифатии волидон ва таъмини заминаҳои иқтисодии устувории хонавода таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Қабул ва амалисозии қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, худ шаҳодати он аст, ки оила дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.

Бо ифтихори баланди ватандорӣ изҳор медорам, ки ҳар яки мо бояд дар роҳи устувор нигоҳ доштани оила, тақвияти меҳру муҳаббат миёни ҳамсарону фарзандон, эҳтиром ба калонсолон, дастгирии модарону хоҳарон ва тарбияи фарзандони боодобу ватандӯст талош намоем.

Изатулло РАҲМОНЗОДА,

директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор

2025-05-15 17:32:39

“ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ”

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назира Ҳайдарова, мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Кӯлоб Марям Саймуминзода ва мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро муовини директор оид ба корҳои таълим Ҳусейнов З. А. ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро барои ташрифашон ба чорабинии мазкур хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдориву устувории истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд.

“Ташкил намудани оила, ки он ба сифати муҳимтарин ва хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Таъсири рафтор бештар аз таъсири гуфтор аст. Ин маъно ифодагари он аст, ки инсон бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештарро дар оила ва ҷомеа мегузорад. Ҳамин василаи муносибат метавонад, ки дар сиришти инсони дигар хулқу атвори созандаву накӯро парвариш диҳад”, - гуфт номбурда.

Дар идома меҳмонон ба сухан баромада, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳозиринро ба Рӯзи байналмилалии оила табрик намуданд.

Онҳо зимни суханронии худ иброз доштанд, ки дар кишвари мо дар асоси сабти никоҳ, ки дар идораҳои давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта мешавад, ҷавонон бо хоҳиши тарафайн оила бунёд мекунанд. Хушбахтии оила маҳз аз ҳамин паймони дуҷониба сарчашма мегирад. Солимии рӯҳиву ҷисмии аъзоёни оила солимии ҷомеаи моро муайян менамояд. Оилаҳои як қавм масъуду бахтиёр набошанд, он қавмро масъуду бахтиёр гуфтан хатост.

Дар идомаи ҳамоиш сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот Ҳамроева С. бо маърӯза дар мавзӯи «Оила-ниҳоди муқаддас» ва муаллими калони кафедраи педагогика ва психология Султонова М. дар мавзӯи «Оила пойдевори давлатдорист» баромад намуданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни муассиса пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гашт.

2025-05-15 17:29:35

ҲИФЗИ ЭКОЛОГӢ - МУҲАРРИКИ РУШД

Пайванди инсон бо табиат масъалаи нозук ва муҳим дар сохтмони ҷомеаи инсонӣ аст, аммо бархӯрди норавои инсон ба табиат, имрӯз инсониятро ба мушкилот ва муаммои сарбастае оварда, ки ҷуброни он гарон аст. Дар сиёсати давлатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият дар радифи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, рушд додани иқтисодиёту иҷтимоиёт ба масъалаи экология (ҳифзи муҳити зист) аҳамияти хоса дода, барои таъмини амнияти санитарию экологии шаҳру деҳоти кишвар ғамхориҳои доимӣ зоҳир мегардад.

Соли равон мардуми азизи Тоҷикистон 33-юмин солгарди рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зистро дар арафаи ҷашнвораҳои бузурги таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Соли 1972 санаи 5-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист эълон гардидааст.

Табиат барои одам муҳити ҳаётӣ ва манбаи зиндагӣ аст. Одам, чун як намуди мавҷудоти биологӣ, муҳтоҷи ҳавои тоза, оби ширин, набототу ҳайвонот ва ҳарорати муътадил аст. Дар табиат ҷараёни гардиши модда ва энергия мунтазам идома дорад. Табиат ба мисли китоби нохонда мебошад.

Мо то ҳол пешакӣ намедонем, ки табиат ба мо чӣ ҳодисаҳо тайёр карда истодааст. Одам дар ҳаёту фаъолияташ ҳамчун як навъи мавҷудоти биологӣ мисли дигар мавҷудот ба муҳити зист таъсир мерасонад. Вале ин таъсир назар ба таъсироти дигаре, ки ҷомеа ба воситаи меҳнат мерасонад, хеле кам аст. Таъсири ҷомеа ба табиат ногузир аст ва он дар натиҷаи инкишофи ҷомеа, зиёдшавии миқдор ва массаи моддаҳои мавриди истифодаи рӯзгор ба амал меояд. Таъсире, ки ҳоло одам ба табиат мерасонад, ниҳоят зиёд аст ва он метавонад мувозинати умумии табиатро халалдор созад.

Дар замонҳои пеш одамизод гумон мекард, ки захириҳаои табиӣ беохир аст ва дар натиҷаи фаъолияти нодурусти худ ба табиат зарари ҷиддӣ расонд. Минбаъд ӯ маҷбур шуд, ки барои истифодаи оқилона ва ҳифзи табиат кӯшиш намояд.

Ҳифзи табиат маҷмӯи низоми исботгаштаи илмӣ буда, барои истифодаи оқилона, аз нав барқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, инчунин барои ҳифзи минбаъдаи муҳити зист аз ифлосу харобшавӣ равона шудааст. Ҳамаи ин барои наслҳои оянда зарур мебошад. Мақсади асосии ҳифзи табиат ташкили шароити мӯътадил барои ҳаёти одамон, имрӯз ва фардои инкишофи истеҳсолот, илм ва фарҳанги тамоми ҷаҳониён мебошад.

Захираҳои табиӣ ва гуногунии онҳо макони ҷойгиршавӣ, шароит ва равандҳои табиӣ, ки инсон дар ҷараёни корҳои илмию маърифатӣ ва хоҷагиаш истифода мебарад, захираҳои табиӣ ном гирифтаанд. Ҳаво, об, хок, канданиҳои фоиданок, нури офтоб, иқлим, олами наботот ва ҳайвонот аз ҷумлаи захираҳои табиианд.

Захираҳои табиӣ ба ду қисм ҷудо мешаванд: тамомшаванда ва тамомнашаванда. Захираҳои тамомшаванда дар навбати худ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: барқароршаванда ва барқарорнашаванда. Захираҳои табии барқароршаванда хок, олами набототу ҳайвонот, инчунин намакҳои маъданӣ, ошӣ ва техникӣ мебошанд, ки дар кӯлҳо ва таҳшинҳои (лагуна) баҳрӣ мавҷуданд. Ин захираҳо метавонанд дар шароити мӯътадил ва зиёд набудани меъёри истифодабарӣ аз нав барқарор шаванд.

Барқароршавии захираҳо бо суръати гуногун мегузарад; барои ҳайвонҳо якчанд сол, барои ҷангалҳо аз 60 то 85 сол, барои хоке, ки ҳосилхезиашро гум кардааст, чандин ҳазор сол лозим меояд. Бартарии ҳадди истифодабарӣ бар суръати пайдошавӣ, ё истеҳсолшавӣ ифодагари нишондиҳандаи харобӣ, ё аз байн рафтани захираҳо мебошад.

Ба гурӯҳи захираҳои табиии барқарорнашаванда захираҳое мансубанд, ки аз нав пайдо намешаванд, ё бо суръате барқарор мешаванд, ки назар ба истифодаашон садҳо маротиба суст аст. Нефт, газ, ангиштсанг, хокҳои металлӣ ва дигар канданиҳои фоиданок аз ҳамин қабиланд. Захираҳои онҳо маҳдуд буда, ҳифзашон бо роҳи истифодаи оқилона имкон дорад. Захираҳои тамомнашаванда аз сарватҳои обӣ, иқлимӣ ва кайҳонӣ иборатанд.

Захираҳои умумии об дар табиат тамомнашаванда аст ва асоси онҳоро обҳои шӯри уқёнусҳои дунё, ки кам истифода мешаванд, ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳо (ноҳияҳо) обҳои баҳрҳою уқёнусҳо бо нефт, боқимондаҳои саноату хоҷагиҳо, моддаҳои химиявии заҳрдор, ки шароити сабзиши рустаниҳою ҳайвонҳои баҳриро халалдор мекунанд, ифлос карда мешаванд. Оби ширин чун манбаи асосии ҳаётии одам захираи нотамом мебошад. Мушкилоти захира ва нигоҳдории обҳои ширин дар натиҷаи хушкшавии дарёву кӯлҳо, афзудани истифодаи заминҳои корам, рушди номутаносиби соҳаҳои саноат, нақлиёт ва ифлосшавӣ аз партовҳои саноатию маишӣ дучанд мегардад.

Зарур аст, ки истифодаи оқилонаи обро на фақат ба роҳ монем балки онро бояд ҳатмӣ ва ҷиддӣ ҳифз намоем. Захираҳои иқлимӣ, ҳавои атмосферӣ (фазоӣ ) ва қувваи шамол низ тамомнашаванда, лекин бо инкишофи саноат ва нақлиёт ҳаво бо дуду чанг ва газҳои гуногуни гулхонаӣ олуда мешавад. Дар шаҳрҳои калон ва марказҳои саноатӣ олудашавии ҳаво (фазо) барои саломатии инсонро хеле зараровар аст. Тоза нигоҳ доштани фазо яке аз вазифаҳои асосии ҳифзи табиат мебошад. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва ҳифзи табиат дар замони муосир аз усулҳои гуногуни илмию технологӣ истифода мебаранд. Усули якум муайян месозад, ки ҳамаи ҳодисаҳо ва омилҳои табиӣ барои одам аҳамияти калон дорад.

Дар ин маврид нисбат ба ҳар кадоми онҳо роҳҳои хосеро интихоб карда, талаботи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва барқароркунии табиатро ташкил кардан лозим аст. Масалан, ҷангал пеш аз ҳама манбаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва кимиёвӣ мебошад, лекин вай ҳамчунин хусусияти захираву танзимкунии об, ҳифзи хок ва ҳосил кардани ҳавои тозаро дорад.

Бар замми ин, ҷангал ҷойи зисти ҳайвоноту паррандагони гуногун ва истироҳати одамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат аҳамияти саноатии ҷангал дар ҷойи дуюм меистад. Мисоли дигар дарёҳо мебошанд, ки натанҳо барои ҳаракати нақлиёти обӣ, ё чархаи неругоҳҳои барқи обӣ, чун тавлидкунандаи неруи барқ хизмат мекунанд, ҳамчунон ба баҳрҳо моддаҳои гуногуни биологиро, ки барои мавҷудоти зиндаи обӣ заруранд, медиҳанд. Бинобар он, дарёҳоро танҳо барои як соҳа истифода намебаранд. Онҳоро барои соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, тандурустӣ, саёҳат ва ғайра истифода мекунанд. Аз ин рӯ, тоза нигоҳдории об вазифаи ҷонии ҳар як фарди сайёра мебошад.

Усули дуюми истифодаи захираҳои табиӣ ин шароити муҳити зисти аҳолии таҳҷойиро ба эътибор гирифтан лозим аст. Ҳоло дар табиат минтақаҳое мавҷуданд, ки аҳолиашон аз обҳои тоза танқисӣ мекашанд. Дар ҷойҳое, ки майдони ҷангалҳо зиёданду аз худ карда нашудаанд, истифодаи онҳоро иҷозат медиҳанд, вале дар минтақаҳои камҷангал онҳоро мувофиқи мақсад бо назардошти ҷараёни азнав-барқароркунӣ ва ҳифзи онҳо истифода кардан мумкин аст.

Қоидаи минтақавӣ (регионалӣ) ҳамчунин барои олами ҳайвонот низ мавҷуд аст. Масалан, як намуди ҳайвони шикорӣ дар як минтақа бинобар кам буданаш бояд ҷиддан ҳифз карда мешавад. Дар минтақаи дигар бошад, аз сабаби зиёд будани шумора баръакс, барои шикор иҷозат дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло намудҳои гуногуни нақлиёт зиёд шудааст ва дар натиҷаи нодуруст истифодабарии сӯзишвории гуногунтаркиб ба атмосфера газҳои заҳрнок хориҷ мегардад, ки ба организми инсон таъсири манфӣ расонида, ба ҳар гуна бемориҳо дучор мегардонад. Бояд, ки ҳолати ихроҷи чунин газҳои хатарнок назорат карда шавад. Барои он асбобҳои ченкунии махсус ва танзимкунандаро истифода бурдан лозим аст. Дар замони шӯравӣ амалиёти санҷишию назоратӣ аз тарафи мутахассиси бахши экология ва кормандони БДА гузаронида мешавад.

Тибқи таъиноти стандарткунонӣ ва лоиҳаи сохти иморатҳои истеҳсолии ба саломатии инсон хатарнок, танҳо пас аз хулосаи мутахассиси соҳаи ҳифзи экология иҷозат дода мешуд. Сохтмони корхонаҳои истеҳсоли маводи кимёвӣ, тарканда ва сергарду чанг аз нуқтаи охирони макони зисти аҳолӣ ба самти вазиши шамол, дар масофаи на кам аз 150 метр дур сохта мешуд.

Ҳоло мувофиқи қоидаи минтақавии ҳифзи экологӣ, муносибат ба истифодаи захираҳои табиӣ аз сатҳи ҷойгиршавӣ ва пайдошавии онҳо вобастагӣ дорад. Усули сеюми истифодаи захираҳои табиӣ он аст, ки ҳифзи як намуди захираҳои табиӣ маънои ҳифзи дигар манбаҳои табииро дорад. Аз ҷумла, ҳифзи обанбор аз ифлосӣ, маънои ҳифзи моҳиҳо ва организмҳои дигари обиро дорад.

Ба воситаи ҷангал на фақат ҳаво тоза нигоҳ дошта мешавад, балки хок низ аз фарсоиш муҳофизат карда мешавад. Ҳифзи паррандаҳои ҳашоротхӯр ва макони мӯрчаҳо, инчунин ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонҳо ба ин усул дохил мешавад. Дар табиат муносибати мутақобилаи байни ҳамдигарӣ ҷой доранд, ки ҳифзи як намуд бар зарари намуди дигар аст. Масалан, ҳифзи оҳу дар як минтақа ба он оварда мерасонад, ки шумора он зиёд мегардад, вале аз суми боқуввати онҳо дар мавзеъҳои ҳифзшаванда (боғҳои миллӣ, мамнӯъгоҳҳо) намудҳои гуногуни гулу гиёҳҳои нодир нобуд мешаванд.

Бояд ҳангоми ҳифзи як намуд ҳолату имконияти дигар намудҳо ба инобат гирифта шавад. Пас, ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат барои чӣ зарур аст? Бе ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат инкишофи ҷомеа номумкин аст. Оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ гарави асосии рушд аст. Қоида ва қонунҳои ҳифзи табиат аз тарафи одамон дар он вақт иҷро мешаванд, ки пояи қонунӣ дошта бошангд.

Дар айни замон барои таъмини фаъолият дар бахши муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ як қатор кодекс ва қонунхо таҳия ва қабул шудаанд. Пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”, ки соли 1993 таҳия ва қабул шудааст. Қонуни мазкур қонуни асосии соҳа буда, дар асоси он дигар қонунҳое, ки меъёрҳо ва бахшҳои гуногуни соҳаро муайян менамояд, таҳия ва қабул шудаанд.

Бо мурури замон ва зарурати воқеӣ ба ин қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки таҷассумгари замони истиқлолият мебошад. Ба ин қонун солҳои 1994, 1996, 1997, 2002, 2004 ва 2007 тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онро боз ҳам мукамммал намуданд. Соли 2011 қонуни асосии соҳа дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” таҳия ва қабул гардид, ки бо қонунгузории байналмиллалӣ мутобиқ ва мувофиқ мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Товикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ кафолатҳои ҳуқуқӣ инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ пешгирии таъсири зараровари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

Дар асоси ин қонун дар Тоҷикистон 40 қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат қабул карда шудааст, ки дар бораи муҳимтарини онҳо маълумот медиҳем. Соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера” таҳия ва қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуни мазкур танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа муҳайё сохтани муҳити табиии мусоид барои зиндагии инсон, олами наботот ва ҳайвонот, ҳифз ва тозаву беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, муқаррар намудани назорати давлатӣ ба истифодаи ҳавои шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ, дигар маҳалҳои аҳолинишин, манбаъҳои олудашавии ҳавои атмосфера, инчунин таҳкими қонуният дар соҳаи ин муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯзаю оянда мебошад.

Ба қонун солҳои 1996, 1997,2007, 2010 тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми майи соли 2006 “Нақшаи миллии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист” –ро тасдиқ кард, ки он меъёрҳои асосии муносибати аҳли ҷомеаро муҳити зист муайян менамояд.

Хулоса, омӯзиши экологияи муосир нишон дод, ки одам чун як ҷузъи таркибии табиат нафақат онро ҳаматарафа истифода мебарад, балки вазифадор низ ҳаст, ки қонуниятҳои табиатро меомӯзад ва онро оқилона идора кунад.

Аз омӯзиши экология ба мо маълум шуд, ки қонунҳои экологӣ инсонро барои ба куллӣ тағйир додани муносибаташ нисбат ба табиат водор месозад. Табиат сирру асрори зиёде дорад, ки омӯхтани ҳаматарафаи онҳо ба мо бо осонӣ муяссар намегардад. Қонунҳои экологӣ аз мо талаб мекунанд, ки муносибати худамонро нисбат ба табиат ба куллӣ тағйир диҳем. Маҳз табиат инсониятро дар ҳолати мувозинат нигоҳ медорад.

Мо як қисми таркибии табиат ҳастем ва пурра ба он вобастагӣ дорем. Маҳз барои ҳамин омили асосии инкишофи инсоният на аз ҳукмронӣ ва поймол кардани он, балки аз муносибати оқилонаю бегаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органикӣ ва ғайриорганикӣ дар рӯи замин иборат мебошад. Инсоният дар айни замон вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худашро на бар зарари биосфера, балки барои бартараф кардани тамоми зарару зиёнҳо равона кунад. Фаромӯш набояд кард, ки биосфера то пайдоиши одам вуҷуд дошт ва бе он низ боқӣ хоҳад монд, вале одамон ( ҷомеа ) бе биосфера ҳаёт ба сар бурда наметавонанд.

А. Зарифӣ., М. Усмонов, омӯзгорони Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

2025-05-15 17:25:44

ОИЛА - МАКОНИ МАЪРИФАТ, МЕҲР ВА САДОҚАТ

«Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Оила ин аввлмабдаи тарбияи ҳар як инсон, сарчашмаи омӯзиши ақлу хирад, мактаби инсонпарвариву ватандӯстӣ, макони меҳру муҳаббат ва асоси саодати мардуми ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамбастагӣ ба мавқеи оила бояд гуфт, ки ҳамасола 15-май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳҳид эълон гардидааст. Дар пайвастагӣ ба ин қарори болозикр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила мавқеи арзишнок дошта, баҳри устуворӣ ва ҳифзу нигоҳдошти он чораҳои зарурӣ андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва кодекси алоҳида амал мекунад.

Ҳифзу ҳимояи оила ҳамчун асоси солимии ҷомеа аҳамияти бештар пайдо карда, давра ба давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, барои танзими кори оила, ҳифзи арзишҳои он, баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо ва дигар унсурҳои мусбати оилаҳо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 №682, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 28 феврали соли 2013 №478, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълим ва тарбияи кӯдак" аз 20 июни соли 2024 №2049 амал мекунанд.

Ёдовар шудан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ пурра барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти оилаҳо равона гардидааст. Ин қонун ба он мусоидат мекунад, ки оилаҳо ба исрофкорию зиёдаравӣ даст назада, маблағҳои худро сарфи корҳои манфиатдор намоянд.

Масъалаи дигари асосӣ дар ин ҷода дар кишвар ин пешгирии пошхӯрии оилаҳост. Маврид ба зикр аст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шуда истодаанд. Барои амалисозии ин ҳадаф ва профилактикию ташвиқотӣ роҳбарони ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзиш, Вазорати адлия (раёсату бахшҳои САҲШ), мақомоти суд ва прокуратура ва дигар институтҳои иҷтимоӣ, ба монанди донишгоҳу донишкада ва коллеҷу муассисаҳои таълимӣ муваззафанд.

Хуллас, метавон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ниҳоди хеле муҳим ва муқаддаси ҷомеа буда, хушбахтӣ, дӯстӣ, меҳру муҳаббат ба ватану модар аз он ба фарзандон омӯзанда мешавад. Солим ва маърифатнок будани оила пеш аз ҳама аз волидон вобаста аст, то фарзандони хушахлоқу ватандӯсту инсонпарварро барои ҷомеа тарбия созанд.

ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,н.и.п.,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб