Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2025-06-21 21:17:33

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - САМАРАИ ТАЛОШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, он рӯз аз рӯз, гул - гул мешукуфад ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша дилчасп ва форам ба гӯш мерасад.

Вожаи сулҳ ин якдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ мебошад. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, поктиннатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад. Маҳс ваҳдат аст, ки дар қалбҳои тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан таърихӣ ва азизу гироми чун ҷон муқаддас мебошад.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯьтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард зиндагии мардумро фароҳам сохт, ки онро ҳар як фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд».

Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ ин пеш аз ҳама сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва саъйю талошҳои ин шахси бедордил ва бо меҳнати софдилона, созандаю бунёдкоронаи мардуми баору ватандӯсти диёр мебошад. Ҳар як тоҷики ватанпарвар ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳудӯсту бунёдкор буд. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳони бори дигар исбот намуд, ки халқи тоқикро дар масири таърих ҳамчун миллати кӯҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш ва дорои хиради азалӣ эҳтирому эътироф менамоянд.

Он ҷанги бародаркуш, ки боиси қатлу ғорати мардуми бегуноҳ буду оташи доманадораш деҳьа ба деҳа ва хонаҳои мардумро ба коми худ фурӯ мебурд. Мардум қад - қади соҳили дарёи Панҷ бо зарурати убури сарҳад ҷони худу оила ва кӯдаконашро наҷот медоданд. Мардуми гурезаи тоҷик ба Афғонистон гузашта дар мавзеи Мазори Шариф қарор гирифта буданд. Президенти кишвар Пешвои хирадманд ҳамаи гурезагонро ба ватан баргардонид, зерро баъди он ҳама гирудорҳои замони ҷанг Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти давлату миллат кӯшиш намуда, бо паёми орифонааш «Ман ба хонаи шумо сулҳ меофарам» гурезаҳои дар кишварҳои хориҷа сарсону саргардон бударо ба ватан баргардонид.

Ба имзо расидани созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботи оромии воқеиро таъмин намуд, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард. Сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассум намуд. Ваҳдат бошад беҳтарин неъмат, орзуву ормони мардум, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумӯъи давлат ва ҳастии инсон дар ҳар як давру замон мебошад.

Дар Тоҷикистони соҳьибистиқлол бо шарофати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи нек ба бор овард, ниҳоят тоҷикон ба мувоффиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Хушбахтона пас аз имзои созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул - гул шукуфт.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Призиденти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷам омад. Мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишони хурсандӣ, ваҳдату сулҳ, тинҷию оромӣ падидор аст.

Умри неки ҷовидон аз Ваҳдат аст,

Шодии пиру ҷавон аз Ваҳдат аст.

Меҳани ободу зебои маро,

Ифтихори шаъну шон аз Ваҳдат аст.

Манзура Раҳматуллозода, директори Литсейи касбии агросаноатии шаҳри Конибодом

2025-06-21 21:16:48

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ТОЛИБИ ОСОИШТАГИИ МИЛЛАТ

Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост,

Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост.

Ин вожаро ба лаб бо коми шуста гир,

Бар қиблаи умед ваҳдат салоти мост.

Оре, ҳақ ба ҷониби алома Муҳаммад Иқбол аст. Ваҳдат ҳаёт, Ваҳдат мамот, Ваҳдат муттаҳидӣ, Ваҳдат фазои сулҳу субот ва осоиштагии миллати сарбаланди тоҷик аст. Ҳамасола дар қатори дигар санаҳои муҳими таърихӣ санаи 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сар то сари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҳамчун як ҷашни муҳими сиёсӣ таҷлил карда мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки соли равон ба ин санаи муқаддас 28 сол пур мешавад. Тули ин солҳо саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ба даст овардани муваффақият ва музаффариятҳои беназир рангин гашта, барои наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз хоҳад шуд.

Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, файзу баракат ва нишоту хурсандӣ фаровонист. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул - гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва ваҳдату сулҳ падидор аст.

Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ҳамчун як санади муҳими тақдирсоз сароғози бозёфти ин сарвати бебаҳои миллати тоҷик гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани ватани азизамон Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем.

Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии худи мардуми ватандӯст ва саъю талошҳои Роҳбари давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои файзбор расонид. Ваҳдати миллӣ барои миилати тоҷик дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки тоҷикон таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошанд.

Ваҳдат агар набошад, сар нест, дасту по нест!

Дар торҳо наво нест, дар зиндагӣ бақо нест!

Ваҳдат агар набошад, не созу не фари туст!

Не хонаву дари туст, ҳатто на пайкари туст!

Чун муҳтавои калимаи Ваҳдат иттиҳоду ҳамбастагист, зикр менамоем, ки ин сарвати нотакрор ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст. Баъди пароканда гардидани ҳокимияти шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардониданд. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки дар чунин вазъияти басо душвор моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ бо боварӣ ва садоқати самимӣ ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, изҳор карда буд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамому донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».

Натиҷаи истифода аз таҷриба ва дониши устувори хеш Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу субот дар ҳар як оилаи тоҷик имрӯзҳо аз ҳар хонае садои хандаи тифлон, табассуми модарон, шукргузории пирони хирад, дуои неки падарон ва шодиву сурурури ҷавонон ба гӯш мерасад. Боз чун кабутарони хушиқбол бол мекушоем ба сӯи фазои сулҳҷӯӣ ва ваҳдатқаринӣ. Шукргузор аз онем, ки мо соҳибдавлат, соҳибмиллат, соҳибқудрат, соҳибмаърифат ва соҳибтамаддунем. Чун нигоҳе ба кишварҳои ҷангзада менамоем, муҳаббатамон ба Ватан даҳчанд афзуда, ба қадри талошу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар роҳи пойдории суботу ваҳдати абадӣ бештар хоҳем расид, зеро имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар як шароитҳои муосири таълимгоҳҳо ба таълим фаро гирифта мешаванд, берун аз марзи кишвар дар муассисаҳои олии бонуфуз таҳсил менамоянд ва дар мусобиқаҳои варзишии гуногун фаъолона иштирок намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ҷавлон медиҳанд.

Имрӯзҳо вақти он расидааст, ки таърихи давлатдории хешро амиқтар омӯзем, роҳҳои мунаварреро дар роҳи устувории ваҳдати абадӣ кушоем ва номи давлату миллати тоҷикро дар саҳифаи китоби беҳтарини давлатҳои ҷаҳон бо саҳифаҳои заррин сабт намоем. Ифтихор намоем, ки мо тоҷикем, нангу номуси тоҷикона дорем, Пешво дорем, Пешвое, ки ҳар як нуқтаи сабки зиндагии миллати тоҷикро дурандешона омӯхта, барои пешрафти зиндагии осоиштаи миллат ва нуфузу эътибори давлат қадамҳои устувор мегузоранд. Чун Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо пешниҳодкунандаи чандин ташаббусҳои созанда дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, дар баробари миллати тоҷик ҷомеаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Президенти мардумӣ ва ташаббускору беназир эҳтирому эътироф менамоянд. Дар иртибот ба ин нуқтаҳо дарҷ менамоем:

Пурнур шаҳчароғи, ай раҳнамои миллат,

Раҳҷӯи бахти халқӣ, ай раҳкушои миллат,

Достони сулҳу ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,

Аз хишти ҷисму ҷонат, карди бинои миллат.

Ҳамчун як зан, модар ва аҳли зиёии бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам зикр намоям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор рӯз то рӯз ва сол то сол мустаҳкам гашта истодааст, зеро дар тахти роҳбарӣ фарзанди бузурги ин сарзамин бо иродаи устувор ва ҳадафҳои созанда нишаста, такягоҳи ин миллату ин давлат аст. Ин биноеро, ки Пешвои миллат аз хишти ҷону ҷисмаш сохта, достони сулҳу ваҳдатро бо хуни қалбаш навиштааст, ҳифз менамоям ва дар таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, пойдории ваҳдати ҳамешагӣ ва Истиқлоли давлатӣ саҳми боризи хешро хоҳам гузошт. Мо - тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем.

Файзуллоева Дилрабо, муовини директор оид ба тарбияи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

2025-06-21 21:15:36

ВАҲДАТ - НИШОНАИ ОЗОДӢ

Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Имрӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ як рӯзи бузург буда, он на танҳо барои ба хотир овардани воқеаҳои муҳими таърихии ҷумҳурӣ, балки таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони кишварамонро ба аҳамияти ваҳдату иттиҳод равона кардан пешбинӣ менамояд. Танҳо дар дӯстӣ ва хамфикрӣ метавон тамоми мусибатҳоро паси cap карда, ба ояндаи дурахшон пеш рафт.

Қувваи миллати мо маҳз дар ягонагӣ аст. Аз ин рӯ, мо бояд тамоми кӯшишҳоро барои ҳифз доштан ва таҳким бахшидани меърос ба харҷ диҳем. Ин қарзи муқаддас ва масъулияти пуршарафи ҳар яки мардуми мост. Бо шарофати субботу оромӣ дар ҷомеа, дастгирии ҳамдигар ва меҳнати созанда мо тамоми мушкилотро паси сар карда ба ҳадафҳои худ мерасем.

Бо шарофати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишварамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маросимҳо ва ҷашнҳои ҷамъиятӣ, ки гуногунии қавмӣ ва ваҳдати кишварро таъкид мекунанд, зинда мегардад. Одамон аз минтақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа барои иштирок дар чорабиниҳои анъанавӣ ва фарщанги намоишгоҳҳое, ки санъат, ҳунар ва таомҳои Тоҷикистонро намоиш медиҳанд, ҷамъ меоянд. Ин рӯзест, ки ифтихори миллӣ эҳсос мешавад ва рӯҳияи ваҳдат ҳукмфармост.

Ин ҷанбаи таълимӣ барои тарбияи ҳисси ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба гуногунрангӣ дар байни насли ҷавон муҳим аст. Он ёдраскунандаи устувории халқи тоҷик дар рафъи мушкилот ва талош барои ояндаи муштараки сулҳу шукуфоӣ мебошад. Ин рӯз арзишҳои таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни тамоми табақаҳои ҷомеаро, новобаста аз фарқиятҳои этникӣ, тақвият медиҳад.

Маҳз бо кӯшишхои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Шуҳрат ЁҚУБӢ, директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд

 

2025-06-21 21:14:48

НАҚШИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар таърихи башарият халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо дастовардҳо ва музаффариятҳои бузургу арзишманди худ ва бо шахсиятҳои маъруфи худ машҳур гаштаанд. Миллати тоҷик бо дастоварди азими худ сулҳу осоиш ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ки аҳамияти бузурги байналмилалӣ дорад ва ҳамчунин бо сарвари хирадманду сулҳофару миллатсолори худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дунё машҳур гаштааст.

Дар воқеъ, миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша дар қалби худ орзуи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро мепарварид ва борҳо ҷаҳд менамуд, ки ба ваҳдату ягонагӣ ноил шаванд. Дар масири таърих низ, ҳамчун миллати ватанхоҳу соҳибтамаддун доимо ҷонибдори сулҳу оромӣ будааст.

Ин дастоварди бузургу арзишманд ба миллати тоҷик танҳо пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид. Мавриди зикри хос аст, ки дар охирҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз барҳамхурии он гурӯҳҳои сиёсие, ки манфиати худ ва бегонагонро аз манфиати миллату давлат афзалтар медонистанд, дар ҷумҳурӣ вазъияти буҳрониро ба амал оварданд.

Амнияти сиёсии кишвар низ ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ гашт. Фазои истиқлолияте, ки 9 – сентябри соли 1991 ба даст оварда шуда буд, ҳар лаҳза халалдор карда мешуд. Душманони дохиливу хориҷии миллату давлати тоҷик бо ҳар роҳу восита мамлакатро ба бесуботӣ оварда расониданд. Таърих шоҳид аст, ки ноамниҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ашхоси мансабталаб ба миён оварданд, ки он нооромиҳову нобасомониҳо ба ҷанги бемаънии бародаркуш оварда расонид.

Ваҳдат ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ маънидод карда шуда, он чун ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар, таҳамулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона фаҳмида мешавад. Бояд қайд намуд, ки ваҳдат қобилияти низомсозӣ ва давлатсозӣ дошта, имконият медиҳад, ки равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа дар заминаи арзишҳои ваҳдат ва дустӣ ишкишоф ёбанд.

Дар ин замина, метавон, гуфт ки Ваҳдати миллӣ барои мо сарчашмаи рушд ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ, густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва тамоми дастоварду ормонҳои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, якпорчагии сарзамани аҷдодӣ ва эҳёи давлати миллӣ, ҳамчун намунаи рафтори олии ватанхоҳона шаҳодат аз бузургии мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ медиҳад.

Аҳамият, мубрамият ва зарурияти воқеии ваҳдати миллиро таҷрибаи давлатдории тоҷикон исбот менамояд. Яъне роҳу воситаҳои ба даст овардан ва арзиши олии ин муқадасотро мо аз таҷрибаи давлатдории худ метавон тасдиқ кард, ки чӣ гуна ин арзиш ба даст оварда шуда ва чӣ аҳмия дорад барои мо. Вобаста ба ин дар адабиётҳои илмӣ, хусусан дар ҷилди 4 китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” муаллиф, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ. қайд намуданд, ки дар роҳи шаклгирии Ваҳдати миллӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, тақвияти мавқеи сарвари сиёсӣ ва ҳамгироии ҷоемаи нақши босазо дорад. Яъне, мавқеи муаалиф нисбат ба заминаи ваҳдати миллӣ дар он аст, ки Ваҳдат дар заминаи хушку холӣ барои мо ба даст наомадааст, балки дар асоси заминаи сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, мавқеи сарвари сиёсӣ ва ҳамгироии ҷомеа барои миллати тоҷик мушарраф гардидааст.

Дар қисмати заминаи сиёсии ва мавқеи сарварии сиёсӣ ҳаминро қайд менамоем, ки воқеан миллатро аз вартаи нестшавӣ ва давлатро аз нобутшавӣ раҳо додан ва барқарор намудани сулҳу амният ва Ваҳдати миллӣ самараи ҷасорат, заҳмату талошҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат мебошад. Яъне Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як шуҷоатмандии бузург такя ба мардуми Тоҷикистон намуда, сулҳу субот ва амнияти миллатро таъмин намуданд. Чи тавре Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон созам, ки дар ин раванди мушкилу тақдирсоз, яъне таъмин намудани сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда танҳо ба мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад”. Маҳз бо шарофати хиради азалӣ ва андешаи стратегӣ, иродаи қавӣ ва фарҳангӣ баланди сиёсии худ Пешвои миллат тавонистанд дар як муддати аз нигоҳи таърих кӯтоҳ заминаҳои асосии давлати миллиро барпо намуда, ҷиҳати барқарор кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.

Таърих гувоҳ аст, ки яке аз саҳифаҳои бениҳоят душвору хатарнок барои сарвари давлатамон ва сарнавиштсозу тақдирсоз барои мардуми тоҷик, ин аввалин гуфтушунидҳо 17-19 майи соли 1995 буд, ки дар ин сол якумин музокироти сатҳи олии дар шаҳри Кобул байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик баргузор гардид. Манбаъҳои таърихӣ, хусусан дар ҷилди 1 китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” тасдиқ гардидааст, ки пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат ба хабаргузори “Интерфакс” дар бораи ҳадафҳои вохӯриашон чунин иброз карда буданд: “Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари мухолифин ман, пеш аз ҳама, мавзуъҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷироне, ки ҳануз дар хоки Афғонистон ҳастанд ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дарбар ҳоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо мухолифин мебошад, ки ин мусолиҳа бояд аз ҳарду тараф бечунучаро иҷро шавад”. Дар баробари ин Пешвои муаазами миллат барои таъмини саривақтии Ваҳдати миллӣ як қатор музокиротҳо дар хориҷи кишвар ба роҳбари гуруҳи мухолифини тоҷик гузаронд. Аз ҷумла музокирот байни Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари гуруҳи мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон, Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 2 маротиба, Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ва шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ва ғ.

Воқеан, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар таърихи 27 июни соли 1997 ва эълон намудани ин рӯзи таърихӣ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, миллати тоҷик дубора сарҷамъ шуд.

Лозим ба ёдоваист, ки мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби ҷасорат, шуҷоатмандӣ, давлатсозӣ ва миллатсозӣ буда, Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун арзиши олии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад дастовард ва маҳсули бунёдии он мебошад. Вобаста ба бузургӣ ва аҳмаияти таърихии мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат доктори илмҳои сиёсӣ профессор Ятимов С.С. дар китоби “Илм ва амният”-и худ қайд менамоянд, ки “Миллате, ки қудрати маънавиаш ба шинохт, пешниҳод, пуштибонӣ, эътироф ва сидқан пайравӣ намудан аз Пешвои худро дорад, дар рӯ ба рӯйи таҳдидҳои муосир шикастанопазир аст”.

Мо, ҷавонон бояд дарк намоем, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун муқадасот, арзиши олӣ ва меҳвари давлатсозии мо буда, онро ҳамчун сарчашма ва пойдеворӣ рушди тамоми соҳаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ дониста, барои эҳтиром, ҳимоя ва ҳифзи он ҳама вақт кӯшиш намоем.

Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ замоне, ки миллати тоҷик ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда буд оғоз гардида, то минбари СММ Тоҷикистонро ҳамчун ба кишвари сулҳофар, ташабускор дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, барои мардуми тоҷик имрӯз яке фазои суботу созандагиро ба вуҷуд овард.

Шаҳром Ҷалилов, директори Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар

2025-06-21 21:13:55

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи тайнамудаи миллати тоҷик тақдирсоз ва пурғановат мебошад. Имрӯз саросари марзу буми Тоҷикистонро ҳамдиливу ваҳдат фарогир аст. Якдигарфаҳмӣ реша медавонад, ғурури миллӣ торафт болотару қавитар мешавад, номусномаи хеле қадимаи ин миллати бостонро ҳамарӯза сатрҳои нав ба нави заррин пурратар месозанд. Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд кардааст.

Воқеан роҳе, ки сиёсатмадорон тай менамоянд, роҳи осон нест. Бисёре аз коршиносон дар ҳайратанд, ки ин марди соҳибмаърифат, ки Сарварии мамлакатро бар зимма дорад, дар як муддати кутоҳ нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи байналмилалӣ боло бардошта, миллатро ба сӯйи саодат роҳнамоӣ кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуда буданд, ки танҳо бо роҳи сулҳу субот, дӯстиву рафоқат ва якдигарфаҳмиву якдилӣ халқро аз вартаи ҳалокат раҳо намудан мумкин аст. Бинобар ин, дар рӯзи нахустини Роҳбари давлат интихоб шуданашон Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи миллати тоҷик рӯ оварда, чунин изҳор доштанд: «Мо як Ватан, як Модар дорем. Бародарвор дасти ҳам гирему машғули меҳнати осоиштаи созанда шавем. Танҳо дар сурате, ки мо муттаҳид бошем, Тоҷикистонро аз хавфи нестшавӣ ва порашавӣ наҷот медиҳем, онро ба давлати воқеан мутараққӣ ва соҳибистиқлол табдил медиҳем».

Маҳз ҳамин суханон ба дилу дидаи мардум ҷой шуд, ки минбаъда сармашқи кори халқи меҳнатдӯсти Тоҷикистон гардид.

Дар иҷлосияи ғайринавбатии ХVI- уми Шурои Олӣ номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Дар он лаҳза ягон каси дигар хоҳиши Роҳбари давлат шуданро надошт. Инак, хизмати шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ин абармарди миллат бо ба даст гирифтани идораи кишвар таҳдиди нобудии онро пешгирӣ, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор намуданд, махсусан, мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароитҳо муҳайё сохтанд, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузоштанд, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардониданд, устувории бунёди ҷомеаи навро гузоштанд, ислоҳоти Конститутсияи навро таҳия намуданд, манбаи ҳуқуқиву сиёсиро барои имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон гузоштанд, ба истиқрори сулҳ ноил шуданд, ки он таҷрибаи беназир ва падидае барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Пешвои миллат ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузоштанд, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолиро беҳтар карданд, таҳдиди гуруснагиро бартараф намуданд ва эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардоштанд.

Таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби ҳақиқии ҳаётӣ ва дарси ибрати давлатдорӣ барои сиёсатмадорон ва роҳбарони сиёсӣ, барои насли имрӯз ва фардои Тоҷикистон мебошад.

Хидиров Улуғбек, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

2025-06-21 21:13:03

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Дар таърихи ҳар як миллат рӯзҳое ҳастанд, ки сарнавишти давлатдориву ҳастии ӯро муайян мекунанд. Барои халқи тоҷик чунин рӯз 27 июни соли 1997 гардид — санае, ки дар он созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ба ҷанги бародаркуши дохилӣ хотима дода шуд. Ин рӯз ҳамчун рамзи бахшоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози марҳалаи нави бунёдкориву рушд дар таърихи Тоҷикистон сабт гардидааст ва ҳамасола ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.

Ваҳдати миллӣ маънои ягонагии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳамаи гурӯҳҳо ва табақаҳои ҷомеаро дорад, ки дар заминаи арзишҳои муштарак ва манфиатҳои умумимиллӣ ба даст омада, ҳадафи асосии он таъмини сулҳу субот ва рушди устувори давлат аст. Дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ на танҳо як пояи муҳими давлатдорӣ, балки худ шакли зиндаву пойдори шуури ватандорӣ ва худшиносии миллӣ гардид.

Пас аз як муддати тӯлонии низоъ ва парокандагӣ, расидан ба сулҳ ва эъмори ваҳдати миллӣ осон набуд. Ин амали бузург заҳмати беандоза, хирадмандӣ ва ҷасорати сиёсӣ металабид, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Бидуни шак, шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва муттаҳидкунандаи миллат дар таърихи муосири тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Маҳз бо роҳбарии оқилонаи ӯ музокироти сулҳ бо мухолифин оғоз ёфта, бо роҳи дипломатӣ ва гуфтугӯҳои бисёрҷониба, ҷонибҳо ба созиш расиданд.

Ин раванд танҳо ба имзои санадҳо маҳдуд нашуд. Пешвои миллат бо иродаи устувор ва сиёсати башардӯстона шахсан ба манотиқи ҷангзада сафар карда, мардумро ба ваҳдат, дӯстӣ, бародарӣ ва эҳтироми якдигар даъват менамуд. Ин амали ӯ бовари мардумро барқарор намуда, заминаҳои мустаҳками ваҳдати воқеиро гузошт.

Пас аз ба даст омадани сулҳу ваҳдат, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ марҳалаи бунёдкорӣ ворид гардид. Бо кӯшиши пайвастаи Ҳукумати кишвар ва дастгирии мардуми бедордил, имрӯз Тоҷикистони азиз ба як кишвари устувору рушдкунанда табдил ёфтааст. Сохтмони иншооти азим, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоъ, маорифу тандурустӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва ғ. ҳама натиҷаи ҳамин ваҳдат аст.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари ташаббускори дипломатияи об ва сулҳу субот шинохта мешавад. Ин ҳама ба шарофати фазои орому муттаҳидонае аст, ки ваҳдати миллӣ фароҳам овардааст.

Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ танҳо вазифаи давлат нест. Ин масъулияти муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст, бахусус ҷавонон аст. Ҷавонони имрӯз бояд донанд, ки озодиву ободӣ ва амну суботи имрӯз бо чӣ қимате ба даст омадааст ва вазифадоранд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азиз дар остонаи марҳалаҳои нави рушду тараққиёт қарор дорад, беш аз ҳар вақти дигар ба ваҳдату ягонагӣ ниёз дорад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу субот ва муҳити муттаҳид метавон ба ҳадафҳои бузург — Тоҷикистон кишваре пешрафта, обод ва бофарҳанг — ноил гардид.

Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва сарвати арзишмандест, ки набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш шавад. Ҳар як шахс, новобаста аз мансабу мақом ва мансубияти иҷтимоӣ, бояд дар роҳи ҳифзу тақвияти он саҳми арзандаи худро гузорад. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободтар, музаффар ва шукуфон бинем.

ОДИЛЗОДА Исмоил Ёқубҷон,

директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар

2025-06-19 16:00:19

СУЛҲУ ВАҲДАТ- ХУШБАХТИИ МИЛЛАТ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастаги моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Ҳамасола рӯзи 27 июнро дар кишвари мо ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд, ки ин ифодагари тинҷию оромӣ, якдигарфаҳмию якдилӣ, меҳанпарастию ватандорӣ аст.

Вале Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистони азизи мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар назар ба гузашта намоем халқи тоҷик чӣ даврони мушкилу пурдардро паси сар намудааст. Воқеъаҳои мудҳиши, рӯзҳои пурдаҳшати солҳои 90-уми асри гузашта дар дили пиру ҷавон тарсу ваҳм, рӯзгори пурғам ва ягон умеде ба оянда нагузошта буд. Зеро Тоҷикистони биҳиштосо дар замири худ аз дасти бадхоҳону зархаридони хориҷӣ пора-пора мегашт. Мардумаш овора, шаҳру деҳот валангор, занону кӯдакон ятиму бесарпаноҳ монда буданд.

Гарчанде баҳри ин ноҳаққию бесарусомониҳо,ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бисёр аз фарзандони шуҷоъ ва баномуси Ватан мубориза мебурданд, аммо мардуми азияткашидаю раҳгумзада ба касеву чизе бовар карда наметавонистанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу, ташвишоваре, ки метавонист миллату Ватанро аз байн барад, марди шуҷое ба сари қудрат омад ва ба халқу миллат ваъда доданд, ки: “Ман ба шумо сулҳ меорам”.

Хушбахтона мардуми банангу орӣ Тоҷикистон тавонистанд, ки бо талошу хидматҳои беандозаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро дар сарзамини мо пойдор кунанд. Яъне пас аз чандин марҳалаҳои душвори музокирот 27-июни соли 1997 ба имзои «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» миллати парешон сарҷамъ, мамлакат обод шуд ва офтоби сулҳу дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, субҳи умеду орзуҳо, шодиву сурур дар ватани мо танинандоз гардид.

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

27-июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рузи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Кунун мардумро мебоист ба сарвари худ эътимод кунанд ва баҳри хушбахтию ободии ватан кӯшанд. Вале бародарро бо бародар оштӣ додан, ашки кӯдакони ятимро ба табассум табдил додан, ба дили модарон шӯълаи умед бахшидан, хонаҳои вайронаю сӯхтаро ба макони зебо табдил додан осон набуд. Маҳз меҳру муҳаббати падарона, суханҳову назарҳои ба ояндаи нек ва инчунин корҳои бунёдкоронаи Ҷаноби Олӣ мардумро зери ливои сулҳу дӯстӣ муттаҳид намуд.

Пас мо бояд ба қадри ин дастоварди бузург, неъмати бебаҳо, сулҳу оромӣ расем. Чун ягон дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот намерасад. Инчунин ҳама пирӯзиҳо аз иттиҳоду ваҳдат аст.

Имрӯзҳо мо ҳамчун шаҳрванди асили ватандӯст бояд барои мустаҳкам нигоҳ доштани сулҳу оромии ватанамон сарҷамъ бошем, ба ҳар гуна ищвогарону душманони ватан имкон надиҳем, ки ин оромии моро халалдор созанд!

Ва ҷавонони имрузаро дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда барои ҳифзи амнияти кишвар ба хизмати ҳарбӣ, хизмат ба Модар-Ватан ҷалб намоем, то ки падарону модарон, хоҳарону додарони мо осудахотир бошанду шабҳо ором бихобанд!

Нуров Фурӯзон, сармутахассиси маркази бақайдгирӣ, машваратӣ ва тестии Коллеҷи Политехникии ноҳияи Зафаробод

2025-06-19 15:57:18

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - САНГИ АСОС, ТАҲКУРСӢ Ё ЗЕРБИНОИ ДАВЛАТ

Ваҳдати миллӣ бо бартараф кардани тафовутҳо дар забон, фарҳанг, эътиқоду мавқеияти иҷтимоӣ аҳолиро ба ҳам мепайвандад ва ба рушди ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Агар аз ин мафҳумҳо бештар бароем, Ваҳдати миллӣ купрукест, ки гузашта, ҳозира ва ояндаро мепайвандад ва эстафетаи анъанаҳо, таҷрибаҳо ва орзуву ормонҳоро ба наслҳои нав мерасонад.

Маҳз дар шароити Тоҷикистон, ки давлате хеле ҷавон аст ва соҳибистиқлолии худро пас аз даҳсолаҳои ҳукмронии давлати Шӯравӣ ба даст овардааст, аҳаммияти ваҳдати миллӣ хосатан муҳим ба назар мерасад.

Дар солҳои душвори ташаккулёбӣ, вақте ки кишвар бо озмоишҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳою мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешуд, танҳо хоҳишу ормони ваҳдат ба риштаи наҷотбахш табдил ёфт ва бо талошҳои беҳамтои Роҳбари давлат халқи тоҷик тавонист бар зидди ин монеаҳо устувор истад ва минбаъд роҳи эҳёи миллӣ ва муттаҳидиро ҷустуҷӯ намояд, ки дар натиҷа тавонист ба ваҳдати устувор ноил гардад.

Аз он замон, мардуми кишвар бо эҳсоси масъулияти зиёд ва ниятҳои нек кӯшиш намуд, ки ба бунёди ҷомеаи ободу ҳуқуқбунёд, субот ва рушди устувор дар роҳи ташаккулёбӣ идома диҳад, то наслҳои оянда дар фазои осоишта ва шукуфо зиндагӣ бечунучароғи ягонагии мавҷудияти давлат мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки таҳдидҳо ба амният, ноустувории геополитикӣ ва афзоиши терроризму экстремизм хоси он аст, муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз хурд то бузург худро як ҷузъи ҷудонашавандаи ин миллат эҳсос кунад. Танҳо дар ин ҳолат давлат метавонад ба ҳама гуна кӯшишҳои нооромкунӣ, ҳимояи марзҳо ва мустақилияти худ муқовимат кунад. Вақте ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз сокинони деҳот то шаҳрҳо бо ҳисси умумии ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан муттаҳид мешаванд, ин ба таҳкими суботи сиёсӣ, ҳамоҳангии иҷтимоӣ ва амнияти миллӣ мусоидат мекунад.ягонагии халқ дар ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ нақши ҳалкунанда дорад. Бе ваҳдати дохилӣ бунёди асосҳои устувори иқтисод номумкин аст. Ҷомеае, ки муттаҳид асту ҳадафҳои умумиро дарк мекунад, қодир аст барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ қувваро тавлид кунад. Ин ба рушди инфрасохтор, аз қабили сохтани роҳҳо, пулҳо, нерӯгоҳҳо, беҳтар кардани системаи маориф ва тандурустӣ мусоидат мекунад, ки дар мисоли кишварамон ҳувайдост. Ҳамзамон, ҳамаи ин боиси таъсиси ҷойҳои нав, баландшавии сатҳи зиндагӣ, кам шудани камбизоатӣ ва беҳбуди некӯаҳволии ҳар як шаҳрванд мегардад.

Ваҳдати миллӣ омили асосии ҳифз ва афзун намудани мероси бойи фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Руҳияи миллат бар асоси суннатҳо, арзишҳо ва фарҳанги ҳазорсола, бар асоси забон, ки ба унвони бахше аз ҳувияти мардум аст, такя дорад. Маҳз забони тоҷикӣ буд, ки арзишҳои маънавӣ ва маданияти беназири мо дар тӯли қарнҳо аз мардум ҳимоят мекарданд ва имкон намедоданд, ки аз саҳифаи таърих нопадид гардем. Ва имрӯз ин мерос асоси маънавияти моро ҳамчун якпорчагии беназир нигоҳ медорад. Бинобар ин эҳё ва рушди маънавият, фарҳанг, суннатҳо ва ҳифз намудани забон яке аз муҳимтарин вазоифи давлат аст. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистони имрӯза кишварест, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо ҳамчун шиор, дар муносибатҳои байналмилалӣ Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори сулҳ ва ҳамсоядории нек муаррифӣ кардааст, ки ин ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд, таҳкими оромӣ ва суботи минтақавӣ, инчунин ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувор равона карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари эътимодбахш эътироф гардидаст.

Баротов А.Б, асистенти кафедраи тибби оилавӣ Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ

2025-06-19 15:43:54

ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардид, ки имрӯз сулҳу ваҳдати сартосарӣ таъмин гардида, кишвари азизи мо қадам ба қадам ба пайроҳаи рушду инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ устуворона ҳаракат намояд. Ояндаи Тоҷикистони азиз бар пояи бовариву эътимоди аҳолӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷамъ омадан дар атрофи идеяи миллии тоҷикиву сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат дурахшон аст.

Барои насли имрӯз шинохти арзиш ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири таърихӣ мубрамияти хоса дошта, моро мебояд сараввал худ ба қадри ин неъмат ва комёбии таърихӣ, ки бузургтарин дастоварди таърихӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, бирасем, баъдан онро ба насли ҷавону навраси имрӯзу ояндагон бифаҳмонем.

Мо имрӯз бояд аз таърихии гузаштагони худ сабақ бардорем, зеро:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!

Гарчанде қисме аз аҳолии имрӯзаи кишвар худ шоҳиди воқеаҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буданд ва ба қадри ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмат ва дастоварди муҳиму беназири таърихӣ ва омили муассиртарин барои рушду инкишофи миллату давлат мерасанд, вале насли наврасу ҷавон аз он сабаб, ки он ҳама душвориро надидаанд, шояд аҳамияти сулҳу ваҳдатро нодида мегиранд. Барои мисол, шахсе, ки соли баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таваллуд шудааст, ҳоло синни 27-28 солагиро дорад ва ҳеҷ хотироте аз ҷанги шаҳрвандӣ надорад ва аз ин хотир шояд аҳамияту арзиши сулҳу ваҳдатро ба таври ҷиддӣ ва то ба охир дарк накунад. Имрӯз зиёда аз 70 % аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ё даврони ҷанги шаҳрвандиро умуман надидаанд, ё ин ки хеле хурдсол буданд ва воқеияти ҷангу аҳамияти сулҳро дуруст дарк намекарданд. Шояд даҳ сол пас ғайр аз мӯйсафедон касе хотироти худро аз даврони ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва зарурияту аҳамияти сулҳу ваҳдат бевосита аз забони худ қисса карда натавонад. Шояд бо гузашти чанд даҳсолаи дигар касе аз даврони таърихии ҷанг ва сулҳи тоҷикон дар қайди ҳаёт намонад, ки барои насли ҷавону наврас оид ба он қисса бикунанду ҳушдор бидиҳад. Аз ин хотир, барои тоҷикон низ ҷашне аз қабили “пурим” зарур аст, то ки ҳофизаи таърихӣ дар шакли комил аз насл ба насл бирасад ва зиракии сиёсии насли наврасу ҷавононро барои имрӯзу оянда таъмин намояд. Агар соддатар баён кунем, пас мебояд дар рӯзҳои ҷашнгирӣ аз Ваҳдати миллӣ ба ин масъала, яъне интиқоли ҳофизаи таърихӣ, диққат бидиҳем ва бузургсолон аз дидаву шунидаҳои худ ба хурдсолон қисса бикунанд, то ки онҳо низ дар оянда ба ояндагон ин донишҳоро ба мерос гузоранд ва ба ҳамин минвол нақшу ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ аз тарафи омма дуруст шинохта шуда, ҳимоя ва таҳкими пояҳои он ба рисолати асосии ҳар фарди бедордили кишвар табдил ёбад.

Масъалаи дигари хеле муҳим ин ташаккули ғояи ягонаи миллӣ мебошад, ки тавонад оммаи мардумро муттаҳид намуда, ба самти ободиву рушд ҳидоят намояд. Муҳаққиқони риштаҳои гуногун аз қабили сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва ҷомеашиносони кишвар ба ин масъала нигоҳи гуногун дошта, ба сифати ғояи ягонаи муттаҳидкунандаи ҷомеа – идеяи миллӣ, пешниҳодҳои гуногунро вобаста ба самти пажӯҳиши илмӣ иброз намудаанд. Гурӯҳи якум таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, гурӯҳи дигар ноилшавӣ ба муқаррароти моддаи якуми Конститутсия, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ва гурӯҳи сеюм ҳатто бунёди НОБ “Роғун”-ро ба сифати идеяи миллӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Ба назари мо, бояд барои имрӯз ва оянда ғояи ягонаи муттаҳидкунанда ва пешбарандаи миллӣ барои тоҷикон ва тоҷикистониён ин таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бошад. Маҳз ғояи таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ имрӯз метавонад ҷомеаро муттаҳид намуда, барои пешрафт роҳнамун созад.

Масъалаи дигар ин нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими худшиносии миллии ҷомеа мебошад. Маҳз бо дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар кишвари мо шароит барои шаклгирии тафаккури миллӣ ва дар ин замина ташаккули худшиносии миллӣ дар замири ҳар як тоҷик ба вуҷуд омад. Танҳо баъди дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик дарк намуд, ки дар давлати миллӣ манфиатҳои миллӣ болотар аз ҳамаи манофеи шахсиву маҳаллӣ мебошад. Агар равшантар баён намоем, танҳо баъди дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ дар замири афроди ҷомеа ҳисси худшиносии миллӣ болотар аз худшиносии маҳалливу минтақавӣ гашт. Тоҷикистони ба “се пораи алоҳида тақсимгардида” ба Тоҷикистони воҳид бадал гашта, шинохти ҳамдигарӣ ва дӯстиву ҳамдилӣ миёни минтақаҳо тақвият ёфт. Ин раванд доимӣ буда, имрӯзҳо низ раванди тақвияти ҳар чи бештари алоқаҳо миёни аҳолӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар охир барои таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ, ки мо ба сифати ғояи миллӣ қабул намудаем, мехостем баъзе пешниҳодҳоро ба ҷойи хулоса иброз намоем:

Якум, ташаккули ҳофизаи таърихӣ ва интиқоли он аз насл ба насл бояд дар мисоли Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири таърихии даврони соҳибистиқлолӣ дар сартосари кишвар амалӣ гардида, насли наврасу ҷавонон аз арзишу аҳамияти он огоҳонида шаванд, ки ин омил метавонад баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат ва дар ин замина таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат намояд.

Дувум, ташкили курсҳои сайёҳии дохилӣ, ки барои шинохти беҳтари ҳамдигар аз ҷониби тамоми аҳолии минтақаҳои гуногун ва ошноиву наздикӣ намудани онҳо мусоидат менамояд.

Сеюм, ба сифати ғояи миллии муттаҳидкунандаи аҳолӣ тарғиб гардидати ғояи таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар тамоми кишвар, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои иттилоотиву фарҳангӣ нақши муҳиму назаррас дорад.

Чорум, омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи илмии дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, дар шакли “Модели сулҳи тоҷикон”.

Панҷум, ташаккули доимӣ ва ҳамаҷонибаи худшиносии миллӣ дар замири афроди ҷомеа дар заминаи Ваҳдати миллӣ, ки метавонад барои ташаккули айнияти миллӣ ва тақвияти иттиҳоду якдилӣ мусоидат намояд.

Мавриди зикр аст, ки дар шароити муосири бархӯрди манфиатҳо ва пурпечутоб шудани фазои сиёсии ҷаҳон масъалаи нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон мабрамияти хоса касб мекунад. Бо сарфи заҳмату талошҳои зиёд ва таҷрибаи сулҳофарӣ Пешвои муаззами миллат ба қишри ҷавони ҷомеа борҳо муроҷиат намуда, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамдилиро таъкид намудаанд. Чунончи, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад. Роҳбари давлат вазифагузорӣ мекунанд, ки ҳар фард ибораҳои “таърихи ташаккул ва рушди миллӣ”, “андешаи миллӣ”, “асолати миллӣ”, “ҳуввияти миллӣ”, “истиқлоли миллӣ”, “ватандориву ватанпарастӣ”, “ифтихори ватандорӣ”, “урфу одат ва анъанаҳои миллӣ”, “тафаккури таърихии миллӣ”, “таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ”, “бунёдкорӣ” ва монанди инҳоро бояд дарк карда, дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ созад. Дар робита ба суханони мазкур метавон гуфт, ки бидуни ваҳдати миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандию ватандорӣ, бидуни арҷгузории арзишҳои умумимиллӣ сулҳу суботи ҷомеа ва устувории давлату миллат имконнопазир мегардад.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини пойдории ҳам давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва ҳам миллати тоҷик гардид. Зеро маҳз сулҳу ваҳдат пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро, ки метавонист ҳам давлат ва ҳам миллатро ба нестӣ барад, гирифта, барои рушду инкишофи минбаъдаи кишвар мусоидат намуд. Агар воқеъбинона баҳо диҳем, пас бояд иқрор шуд, ки Тоҷикистон ба тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз баъди дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ ноил гардид. Аз ин хотир, арҷгузорӣ ба ин сана, аҳамияти муҳими сиёсиву таърихӣ дорад.

Ҳавасхонзода Ислом, корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

2025-06-18 20:07:18

ВАҲДАТИ МИЛЛАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

Ваҳдати миллӣ пурарзиштарин дастоварди таърихи соҳибистиқлолии кишварамон маҳсуб меёбад. Мардуми бо хиради кишварамон Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи иттиҳод, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, ҳамбастагию ҳамдилӣ ва ҳувияту худогоҳӣ ба дараҷаи бузургтарин рукни давлатдорӣ расонида, онро муқаддасу гиромӣ мешуморанд. Халқи сулҳхоҳу сулҳофари Тоҷикистон азамату бузургӣ ва зарурати мавҷудияти Ваҳдати миллиро ба назар гирифта, ба он чун арзиши олӣ эътирофу эҳтиромро қоил ҳастанд. Дарвоқеъ, имрӯз Ваҳдати миллӣ фаротар аз мафҳуму маънои хеш вусъат пайдо кардааст. Яъне, ҳоло Ваҳдати миллӣ на фақат сулҳу суботу оромию ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, балки худшиносиву ҳувиятгароӣ ва қудрату тавоноии миллатро таҷассум мекунад.

Мо набояд имтиҳон ва сабақи таърихие, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта бар сарамон омада буд, фаромӯш созем. Барои бохабар шудан аз арзиши воқеии Ваҳдати миллӣ он рӯзҳои сахту сиёҳро, ки кишвар дар оташи ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ месӯхт ва миллат дар вартаи нестшавӣ қарор дошт, бояд ба ёд биёрем. Ҳанӯз даҳшату ваҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, ки харобӣ, вайрону валангор шудани шаҳру деҳот, марги одамон, ятим мондани кӯдакон, гуреза шудани мардум, фақр, нодорӣ, қаҳтӣ, таназзули иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва дар умум фоҷиаи ҳаёти инсониро дар пай дошт, аз хотираву зеҳни мову шумо зудуда нагардидааст. Ҷанги таҳмилии хонумонсӯз, ки бо таъсири қувваҳои бадхоҳ ва гумроҳии як иддаи хиёнаткору ҳувиятбохта сар зад, рушду ташаккули миллат ва пешрафти соҳаҳои муҳими давлатро солҳо ба қафо партофт. Ана дар ҳамон шароити душвор ва хатарбори ҷанги шаҳрвандӣ аҳаммият ва зарурати мавҷудияти Ваҳдати миллӣ барои халқ орзуву ормони асосӣ маҳсуб меёфт.

Агарчи таъмини Ваҳдати миллӣ дар он вазъият кори бисёр душвор ва ҳатто ғайриимкон ба назар мерасид, вале он ягона роҳи бақои давлат ва умед ба ояндаи нек арзёбӣ мегардид. Ҳарчанд ки ба истиснои чанд гурӯҳи харобкор ва чанд ҳувиятбохтаи пастфитрат аксарияти кулли мардум ҷонибдори сулҳу субот ва таъмини Ваҳдати миллӣ буданд, аммо масиру самт ва тай кардани роҳ барои расидан ба ин ҳадаф бисёр хатарбор шуда буд. Ба ҳам овардани тарафҳои даргир, маълуму маҳв кардани неруҳои пасипардагии бегона ва таъмин намудани Ваҳдати миллӣ дар кишвар амал ва корнамоиву шуҷоати рустамонаро талаб мекард. Бо лутфу инояти Худованд ва талошҳо, ҷонбозиҳо, қаҳрамониву фидокорӣ, мардонагию ҷасорат ва иродаву матонати абармарди замон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуву ормонҳои халқ ҷомаи амал пӯшид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ хотима ёфта, Ваҳдати миллӣ таъмин гардид.

Халқи тоҷик аз умқи таърих то ба имрӯз дар роҳи таъмини саодату хушбахтии инсоният кӯшида, рисолати сулҳофарӣ ва ба ваҳдати саросарӣ овардани тамоми халқу миллатҳои дунёро иҷро карда истодааст. Сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар таълимот ва осори нобиғаҳои илму адаби тоҷик ситоиш шуда, ин арзишҳои нек бо суннату анъана ва фарҳанги волои миллӣ омезиш ёфтаанд. Аз ин рӯ, таҷрибаи расидан ба сулҳ ва сазовор шудан ба неъмати волои Ваҳдати миллиро метавон таҷассуми хиради азалӣ ва шарофати ормонгароии миллат унвон дод.

Қобили зикри махсус аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи мо аз ҷониби тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва доираҳои коршиносӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун нодиртарин таҷрибаи сулҳ дар амалия барои ҳалли муноқишаҳои дохилии кишварҳои алоҳида истифода бурда мешавад.

Дар шароити имрӯза қадру манзалати Ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он талош варзад. Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: “Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад”. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ дастоварди муқаддас аст ва мову шумо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки зуҳуроте ё нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад. Тазодҳои замони муосир, тазоҳури ғояҳои хатарбор, ҳуҷуми фарҳангиву идеологӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва даҳҳо хатарҳое, ки туфони ҷаҳонишавӣ бо худ меорад, моро водор ва вазифадор месозанд, ки ғояи муқаддаси Ваҳдати миллиро дар муқобили амвоҷи ин тӯфон барои саодати миллат ва бақои давлат чатр созем ва Ваҳдатро ғояи меҳварии хеш интихоб намоем.

Рисолати аввалини мо ин аст, ки барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки хоҳу нохоҳ ба асолати фарҳангӣ ва давлатдории миллӣ таъсир расонидан мехоҳад, тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф дода, арзишҳои миллии худро аз тахрибкориву тундравӣ ҳифз намоем. Зеро ин роҳи пурсамари таҳкиму тақвияти Ваҳдати миллӣ ва таъмини фазои созгори сулҳу суботи сиёсӣ ба шумор меравад. Бо иҷрои ин рисолат бовар ва яқини комил аз ҷовидонагӣ ва абадияти Ваҳдати миллӣ барои миллат ҳосил мегардад.

Агар мо хоҳем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори хешро тақвият диҳем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу мутамаддин шиносанд, пас мебояд иттиҳоду Ваҳдати миллиро гиромӣ донем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст.

Имрӯз нақши ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистонро дар дастовардҳои Истиқлол, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва сарзамини аҷдодӣ дидан мумкин аст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолияш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад

Давлати мо ба хотири тарбияи кадрҳои замони нав аз байни наврасону ҷавонон рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ ва риёзиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон кардааст, чунки ояндаву ободии Тоҷикистон аз рушди илмҳои зикргардида вобаста буда, пешрафти кишвар ба зиммаи кадрҳои замони нав ва мутахассисони ҳирфаӣ мебошад.

Тобонбӣ ШАФИЕВА, мудири кафедраи забон ва адабиёти руси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе

2025-06-18 20:06:04

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - БАҚОИ МИЛЛАТ

Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, таҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Барои мо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-уми соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати кӯҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳҳои заррин навишта шудааст. Дар ин рӯзи мубораку саид паз аз талошу қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳким меёбад. Пешвои муаззами миллат доимо таъкид менамояд, ки “ мо бояд кӯшиш намоем, ки амалҳои солеҳ, аз ҷумла бо инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, саховатпешагӣ ва ҳимматбаландӣ умр ба сар барем, кӯмаки худро аз дигарон дареғ надорем, аз дилозорӣ парҳез кунем, накӯкориро шиори зиндагӣ қарор дода, якҷоя барои рӯзгори босаодат талош намоем ва суннатҳои неки фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои писандидаи халқамонро бо сифатҳои боз ҳам баланди инсонӣ ба ояндагон ба мерос гузорем”. Ваҳдати миллии мо ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор равона гардидааст ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мушкилоту хатарҳои муосир амнияту оромию осоиштагии ватани азизамонро парешон намояд. Мо итминони комил дорем, ки пирӯзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик бо талошҳои Роҳбари сулҳофарину мардумсолору адолатпешаи мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеъонаи он дар арсаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб абадӣ ва ҷовидона мебошад.

Вахдати миллӣ хамчун омили муттаҳидсозанда ба тамоми мардуми Точикистон шароит фарохам овард, ки бо истифодаи арзишхои аз ҷониби чомеаи чахонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шахрванди гузошта шавад ва барои андаке бошад хам бехтар гардидани сатхи зиндагии мардум, ободи ва ояндаи давлати сохибистиклоламон заминаи мусоид мухайё гардад.

Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар мархалахои гуногуни зиндаги бинобар сабабхо ва омилхои айни ва зехни унсурхои таъминкунандаи вахдат халалдор шуда, боиси парокандаги ва хатто нобудшавии кавмхо, миллатхо ва давлатхо шудаанд.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.

Аз тарафи дигар, дарк кард, ки ҳудуду қаламрави зӯру зар маҳдуд аст, зеро миллатеро метавон ба василаи зӯрӣ мутеъ кард, аммо бо зӯрӣ наметавон ихлосу имон, бовариву эътиқод, андешаву ҷаҳонбинӣ ва дигар эҳсосоти ғоявии ӯро дар як муддати кӯтоҳ мусаххару побанди идеологияи худ гардонид.

Барои ҳамин ҳам мағлубият ва шикасти низомӣ ин шикаст ё мағлубияти ниҳоӣ нест, шикасти ниҳоӣ шикасти унсурҳои ғоявӣ, миллӣ ва фарҳангии ҳар як миллат аст, ки баробари аз байн рафтан ва бегона гаштани онҳо миллат тадриҷан аз байн меравад.

Агар чунин намебуд, номи миллати тоҷик дар тӯли қарнҳои гузашта, ки зери низоми идораи сиёсии дигар ақвом қарор дошт, кайҳо ба корзинаи таърихӣ фиристода мешуд. Хушбахтона, миллати тоҷик бо назардошти устувор будан дар ақида, андеша, забон, расму ойин, илму фарҳанг ва дигар арзишҳои ғоявӣ на ин ки аз байн нарафт, балки рушду такомул ёфта, худро ба оламиён ҳамчун як миллати бофарҳангу башардӯст, сулҳпарвару озодихоҳ, некандешу мутамаддин муаррифӣ карда тавонист.

Дар чунин рӯзи барои миллат муқаддас ва тақдирсоз як лаҳза ҳам бошад, биёед рӯ ба таърих биёрем. Салтанати бузурги Сосониён, то замоне ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод, қарнҳо пойдору устувор буд. Замоне ки ваҳдат дар он халалдор шуд, он империяи бузург мувоҷеҳ ба шикаст шуд. Ё мисоли дигар, Давлати Сомониён. То замоне ки фарҳанги ваҳдатсози асосгузори ин давлати бузурги аҷдодии мо Исмоили Сомонӣ ҳукмрон буд, Давлати Сомониён ҳам пойдор буд. Ва таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чӣ дастовардҳои бузурги илмию эҷодӣ муваффақ гаштаанд.

Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст. Бузурге фармудааст:

Пирузӣ аз иттиҳод хезад,

Парокандагӣ аз нифоқ хезад.

Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад!

Рустамова Гулҷамол, асисстенти кафедраи тибби оилавии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

 

2025-06-18 20:04:30

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 18.06.2025 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе 28 - умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ-василаи осоиши миллат” дар фазои тантанавӣ таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродзода, роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф карда шудааст аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ бо як ҳиссиёти самимона сароида шуд.

Директори муассисаи таълимӣ номзади илмҳои техникӣ муҳтарам Рабизода Наҷибулло бо иқтибос аз суханҳои тиллоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста қайд менамоянд: “Дӯст бошед!, Иттифоқ бошед!, Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед!, Шукронаи он кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред”, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Зимни суханрониҳои хеш роҳбари муассиса аҳли толор ва дар шахсияти онҳо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати ин ҷашни фархундаи миллат шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатии бенуқсон, дар кору афкорашон муваффақиятҳои беназир ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдати абадиро таманно намуданд.

Мавсуф қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул - гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродзода, ба сухан баромада бо ифтихору эҳтироми самимӣ аз заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи пойдории сулҳу ваҳдати комил дар кишвар ҳарф зад. Ҷурабек Муродзода, иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандтарин мебошад, зеро барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Ин сулҳу ваҳдат маҳз бо кӯшишу заҳматҳои фидокоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд ва ин неъмати бебаҳоро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ба монанди гавҳараки чашм нигоҳ дорад.

Дар рафти чорабинӣ як қатор кормандони Коллеҷ ҷиҳати қадрдонӣ барои хизматҳои бенуқсон дар таълиму тарбияи насли наврас бо унвони Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кормандону донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангию варзишӣ бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома” – и Коллеҷ қадрдонӣ карда шуданд. Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи “Ваҳдатсаро” – и Коллеҷ бо сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоби тоҷикона хотири иштирокчиёнро болида гардониданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва хотирмон ташкил ва баргузор карда шуд.

2025-06-18 19:58:47

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ

ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад, муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва оғози марҳалаи навин дар рушду такомули давлатдории тоҷикон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро овард».

Таърих гувоҳ аст, ки ризоят дар ҷомеа ва ваҳдати миллӣ кафили истиқлоли ҳар як давлат ва устувории он дар пешорӯи таҳдиду хатарҳо мебошад. Дурустии ин фикрро мисолҳои зиёде аз таърихи давлату миллатҳо, бахусус таърихи пурпечутоби давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик, тасдиқ менамоянд.

Бар асари дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ, ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, боиси ҳалокати зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрванд ва гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар сокини ҷумҳурӣ гардид.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият бозмонда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбон, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ вайрону валангор ва иқтисодиёт фалаҷ гардида, хавфи аз даст рафтани истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат ба вуҷуд омад.

Дар ин шароити ниҳоят душвори таърихӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он шаҳрвандон бо боварию эътимод ва умед ба ояндаи дурахшони мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифаи басо муҳиму пурмасъул интихоб намуданд.

Роҳбари ҷавони давлат ваҳдати миллиро ҳамчун заминаи ба даст овардани сулҳу осоиш ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа арзёбӣ ва кӯшишҳои худро дар навбати аввал ба ҳамин мақсад равона намуданд.

Ҳанӯз 19 марти соли 1997 зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат Сарвари давлат зарурати ба вуҷуд овардани фазои сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоиеро, ки барои тавлиду густариши як мафкураи муттаҳидсозанда – ваҳдати миллӣ мусоидат намояд, таъкид намуданд.

Моҳият ва ҳадафҳои ин мафҳумро шарҳ дода, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки: «Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад. Яъне, мо метавонем доир ба ҳалли ин ё он мушкилоти дохилӣ, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ғайра назари мухталиф дошта бошем, вале дар мавриде, ки масъалаҳои вобаста ба бақою ҳастии миллат ва давлат ба вуҷуд меоянд, ҳама қишрҳои ҷомеа, неруҳои сиёсӣ, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, умуман тамоми мардум бояд яктану муттаҳид бошанд».

Дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва хотима додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Роҳбари давлат музокирот бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ҳалли масъалаҳои гурезагон ва ба даст овардани эътимоду боварии мардумро ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа муайян намуданд. Дар ин раванд ҳафт маротиба мулоқоти бевосита бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар раванди музокирот нақши асосӣ доштанд.

Бо ин саъю кӯшишҳо ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омада, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд.

Ин дастовард аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардида, айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни олам мавриди омӯзиш ва истифода қарор дорад.

Барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардондани гурезаҳо, аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгашта ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоршуда, халъи силоҳ, пароканда намудани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи силсилаиқдомоти камназир дар ин ҷода мебошанд, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат анҷом шуданд.

Дар он солҳои мудҳиш дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, чунин вазъият оромии сокинони мамлакат ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор менамуд. Дар робита ба ин, ҷиҳати халъи силоҳ тадбирҳои муассир андешида шуда, зиёда аз 45 ҳазор силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, ки метавонистанд барои солҳо идома ёфтани нооромиҳо сабаб гарданд, мусодира гардид.

Таъмини воқеии ваҳдати миллӣ аз роҳбарияти давлат, қабл аз ҳама, ташаккули кишвари воҳид, риояи тавозун дар иштироки намояндагони маҳалҳо дар идоракунии давлатӣ, таъмини рушди баробари иқтисодии минтақаҳо ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардумро тақозо менамуд.

Бинобар ин, шуруъ аз ҳамон солҳои душвор, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард, нақбу пулҳо ва дигар инфрасохтор байни минтақаҳо оғоз гардида, дар ин раванд Тоҷикистон ба як кишвари аз лиҳози ҷуғрофӣ воҳид табдил дода шуд.

Ба андозаи таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мақомоти миллии қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаҳои мустақили ҳокимият такмил дода шуда, принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият дар амал таъмин гардид.

Дар ин раванд, ҷиҳати таъмини намояндагии баробари минтақаҳо дар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ палатаи болоии парлумони кишвар – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз миқдори баробари намояндагони ҳар минтақа ташаккул дода шуд.

Бар асоси қонунгузории кишвар манфиатҳои миллӣ, хусусиятҳои марҳалаи кунунии рушд, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, анъана ва расму оинҳои мардумӣ бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ гузошта шуда, заминаи ҳуқуқӣ барои рушди давлатдории миллӣ ташаккул ёфт.

Амалан дар ҷойи холӣ Артиши миллӣ ташкил ва бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ таъмин шуда, Қувваҳои Мусаллаҳ ба сипари боэътимоди Ватан дар пешорӯи таҳдидҳо ба истиқлолият ва тамомияти арзии он табдил ёфтаанд.

Дар кишвар ислоҳоти фарогири иқтисодӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили низоми миллии буҷету андоз ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд.

Дар ин раванд, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ интихоб ва пайгирӣ гардиданд.

Зимни татбиқи ин ҳадафҳо суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, аз рӯи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳои ҷаҳон дар даҳгонаи аввал, кишварҳои фазои пасошуравӣ бошад, дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайгирӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокӣ, ҳифзи саломатӣ ва беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои зиёд андешида шуданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ, тарбияи наслҳои имрӯза дар руҳияи эҳтиром ва ифтихор аз мероси бузурги илмию фарҳангии миллат ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор карда шуданд.

Бо назардошти аҳамияти ғояҳои инсонпарваронаи чеҳраҳои барҷастаи илму адаби миллати тоҷик Имом Абуҳанифа, Ҷалолиддини Балхӣ, Имом Ғазолӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав ва Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ташаббускори симпозиуму семинарҳои зиёди байналмилалӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти онҳо баромад намуд.

Ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада, мусиқиҳои қадимаи Шашмақом ва Фалак аз нав эҳё гардида, ҷиҳати пешрафт ва бузургдошти забони тоҷикӣ иқдомоти зиёд амалӣ карда шуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои пайваста оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ амнияту субот дар ҷомеа таъмин гардида, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон табдил ёфт.

Гувоҳи дигари таъмини амнияту субот афзоиши ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар буда, дар ҳоле ки соли 2000-ум шумораи сайёҳони хориҷӣ камтар аз 100 ҳазор нафарро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 1 миллиону 285 ҳазор нафар расидааст.

Тоҷикистон бо пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои кушод» ва пешниҳоди ташаббусҳои муҳим оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти сайёра мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, ба сифати кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор шинохта шудааст.

Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти сайёра ва мубориза бо таҳдидҳои навини ҷаҳони муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм низ саҳми беназир доранд.

Тайи солҳои охир бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе ду конфронси сатҳи баланд доир ба ин мавзуъ баргузор гардида, ин ҳамоишҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун платформаи нави байналмилалии муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳти унвони «Раванди Душанбе» эътироф гардид.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар байни роҳбарони кишварҳои дуру наздик аз эҳтироми хосса бархӯрдор мебошанд. Чунончи, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар нишасти аввалини сарони давлатҳои «Чин – Осиёи Марказӣ» ба Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, чунин баён намуд: «Шумо, Ҷаноби Президент дар байни мо – сарони давлатҳо шахси аз ҳама бонуфуз ва бунёдгузори Созмони ҳамкории Шанхай мебошед. Шумо сиёсатмадори хирадманд, кордон ва дурбин ҳастед, фикру мулоҳизаҳои Шумо барои мо фавқулода муҳим аст».

Дар маҷмуъ, ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо дастоварди таърихӣ, балки мояи ифтихор, рамзи бақои давлат ва шарти рушди устувори ҷомеа мебошад. Таҷрибаи талхи солҳои навадум собит сохт, ки миллат танҳо замоне метавонад дар арсаи таърих поянда монад, ки дар асоси ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба манфиати умум барномарезӣ ва амал намояд.

Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст, ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватанпарвар ва масъули ҷомеа мебошад.

Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки ба тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва гиромидошти ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадаанд, шуруъ аз боғча то мактабу муассисаҳои таълимӣ, саъю кӯшиш намоем.

Бовар дорем, ки хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ гардида, корномаи дурахшони ин абармарди таърих роҳи моро ба сӯи оянда боз ҳам равшантар хоҳад намуд.

Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА,

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти адлия

2025-06-16 17:14:36

СУЛҲУ ВАҲДАТ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ СОҲИБДИЛАМ

Хушо, Раҳмони ваҳдатофаринам,

Ба халқу миллати тоҷик, қаринам…

Гулафшонӣ насиби кишварам бод,

Хазонатро Ватан, асло набинам!

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ, мавқеъ ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. 27 – уми июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шуравӣ Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаассифона, мо – тоҷикон, ки дар ин давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал наметавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омаданд, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардида, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширини бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Шоири ваҳдатсаро Сафар Амирхон дар шеъри «Шукри Ваҳдат» моро огаҳ месозад, ки ҳамаи хушбахтиҳои рӯзгор, комёбиҳои мо ва рӯзгори босаодати мардум бо шарофати Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ба даст омадаву поянда мемонад:

Шукри бахту сулҳу истиқлолу давлат мекунем,

Шукри фардои саодатбори миллат мекунем.

Бо талошу ҷонфишонӣ сулҳ шуд моро насиб,

Мо ба сулҳи пойдевори хеш савлат мекунем.

Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаи миллат устуворӣ бахшида, такягоҳ аст. Мо ҳамеша бояд кӯшиш намоем, ки ин неъмати бебаҳо доиман пойдору бардавом дар Ватани мо боқӣ монад ва ба ақидаи Сомеъ Одиназода, онро ба ояндагону фарзандон низ талқин намоем:

Сарбаландӣ боядат, хоҳӣ, ки бошӣ муътабар,

Ҷуръае аз ҷоми ваҳдат нӯш кун, ҷони падар.

АШУРОВА Моҳира, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

2025-06-16 17:13:08

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ - ВОСИТАИ ҲИФЗИ ТАБИАТ

Рушду нумӯи маърифати экологӣ дар худ ислоҳоти мафкура, бунёди тартиби нави муносибати пурарзиш, даст кашидан аз муносибати ҳарисона нисбат ба табиат, муайян карда тавонистани талаботҳои инсоният вобаста ба имкониятҳои табиатро инъикос менамояд.

Имрӯзҳо дар тамоми дунё ба ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд.

Замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз онҳо "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" мебошад.

Ҳадафи барнома ин ташаккули ҷаҳонбинии нав аз тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Айни замон дониш ва маҳорат бояд бо амал мустаҳкам карда шаванд, ки ин ба ташаккулёбии малака ва таҷрибаи шахсӣ оварда мерасонад. Танҳо таълим додани фанни экология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кофӣ нест. Барои фарқи моҳияти маърифати экологии шаҳрвандони мамлакат на танҳо раванди таълим, балки экологикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон зарур аст, ки ин моҳияти маърифати экологии шаҳрвандонро ифода мекунад.

Бояд қайд кард, ки дар баланд бардоштани маърифти экологии ҷавонон дар мактабҳои миёна ва олӣ омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, география, биология, химия, физика, тиб, нуҷум ва мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода аҳамияти хело калон дорад. Бояд омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ ба хонандагон мавзӯъро тавре фаҳмонанд, ки ҳисси табиатдӯстии онҳо такмил ёбад ва ҳар як хонанда дарк намояд, ки ҳалли масъалаҳои экологӣ бе муҳофизати табиат ва эҳтиёткорона истифода бурдани сарватҳои он номумкин аст. Зеро масъалаҳои экологӣ на фақат дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми ҷаҳон дар мадди авваланд.

Тарбияи экологӣ якчанд вазифаро талаб менамояд: пеш аз ҳама шахсро бояд чунон тарбия намуд, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атрофаш масъулият ҳис кунад. Тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад, аз синни томактабӣ шурӯъ шуда, дар мактабу берун аз он давом кунад.

Барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологии ҷавонон, барои ноил шудан ба рушди устувор дар системаи маърифати экологии ҷаҳонӣ аз таҷриба, усул ва шаклҳои гуногун истифода мекунанд, ки дар ин самт ба фаъолияти амалӣ ва таҳқиқотӣ такя намудан зарур ва ба манфиати умум хоҳад буд. Шакл ва усулҳои маърифат инҳоянд: мактаби экологӣ, театри экологӣ, бозию ҷашнҳои экологӣ, лагери экологӣ, туризми экологӣ, коргоҳи эҷодӣ, ҷамъияти илмии муҳассилин, маҳфилҳои экологӣ, мубоҳисаҳо, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, осорхонаи экологӣ, иқдому намоишҳо ва ғайраҳо.

Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки инсон муҳити зистро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад, сарватҳои онро афзун гардонад. Худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад ва муҳити зисти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндаи миллатро дар назар дорад.

Робияхон БАХТИЁРЗОДА, омӯзгори фанни биологияи Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд

2025-06-14 19:58:42

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

Бо дарназардошти он, ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва маънавӣ, муттаҳидии табақаҳои гуногуни ҷомеаро дар атрофи ҳадафҳои ягонаи миллӣ — таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи ҷомеа дар назар дорад.

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории милли тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад , зеро барои амалигардидани ормонҳои халқамон , ки бо қалби пур аз умед интизори суҳу оромӣ ва дустиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеи гузошт.

Баҳри расидан ба ваҳдати миллӣ, ҳар давлат ва ҷомеа ба раҳбари хирадманд ва дорои иродаи қавӣ ниёз дорад. Дар таҷрибаи сиёсати дохилии Тоҷикистон нақши Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, беназир ва сарнавиштсоз аст. Ӯ дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ раҳнамоии миллатро ба ӯҳда гирифта, тавонист кишварро аз вартаи ҷанг наҷот бахшад ва заминаи ваҳдати миллӣ ва давлатдории устуворро гузорад.

Талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва иродаи матини ӯ дар музокирот бо мухолифин, ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил ба он овард, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расад. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо поёни ҷанги шаҳрвандиро эълон кард, балки оғози марҳилаи нави ҳаёти осоишта ва бунёдкориро барои Тоҷикистон таъмин намуд.

Имрӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) ҳамчун яке аз санаҳои муқаддаси тақвими миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад ва мардум бо ифтихор аз раҳнамои сулҳ ва ваҳдати худ ёд мекунанд.

Пас аз истиқрори сулҳ, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус ба рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва забони давлатӣ зоҳир намуд. Таъсиси ниҳодҳои иҷтимоӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ваҳдат, пуштибонии рушди минтақавӣ ва сиёсати «дарҳои боз» – ҳама аз сиёсати ваҳдатофарини ӯ маншаъ мегиранд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандона дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи Тоҷикистонро устувор кард ва муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳонро таҳким бахшид, ки ин низ ба оромии дохилӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат намуд.

Хулоса саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон беназир ва таърихӣ аст. Ӯ на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима дод, балки ба кишвар неруи нав бахшид ва барои наслҳои оянда заминаи зиндагии осоиштаву ободро муҳайё сохт. Имрӯз, вақте Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушд мекунад, ин ҳама натиҷаи заҳматҳои Пешвои миллат ва якпорчагии мардуми ватандӯст мебошад.

Саидҷамол Зайдулоев, корманди Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз

2025-06-14 19:57:43

ТАҚВИЯТИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

Санаи 14 июн дар МДТ "Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз" бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонии низоми таҳсилоти касбӣ, таҳкими мубориза бо коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқшиносии кормандону омӯзгорон, бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар сардори шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати Кумита Фозил Бобозода, Ҷамолиддин Назарзода, муовини сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита,

Бобоҷон Маҳмадализода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорати Кумита Қадриддин Ҳаитов ва роҳбарону коргузорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Кӯлоб-и вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории ин семинар табодули таҷриба ва вусъат бахшидан ба татбиқи механизмҳои муосири идоракунии муассисаҳо дар заминаи санадҳои стратегӣ ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Намояндагони Кумита бо маърӯзаҳои худ роҷеъ ба мавзуъҳои муҳими рӯз - тартиби қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, гузариш ба ҳукумати электронӣ, гардиши ҳуҷҷатгузории рақамӣ, стратегияи муқовимат бо коррупсия, терроризму экстремизм ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Паёми Пешвои миллат баромад намуда, дар мавриди вазифаҳои муассисаҳо дар ин самт тавзеҳоти муфассал пешниҳод карданд.

Дар ҷараёни семинар байни иштирокчиён ва намояндагони Кумита мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои муфид оид ба беҳтарсозии корбарӣ дар самти ҳуқуқ, идоракунии ҳуҷҷатҳо ва тарбияи ҳуқуқии кормандону донишҷӯён манзур гардид.

2025-06-13 15:45:09

Ваҳдати миллӣ — пояи суботи ҷомеа

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муқаддас ва бунёдии ҳар як миллату давлат мебошад. Миллате, ки ваҳдату якдилиро асос қарор додааст, метавонад дар роҳи тараққиёт, истиқлолият ва шукуфоии зиндагӣ қадамҳои устувор гузорад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи пуршебуфароз ва мардуми пордагӯйи дорои фарҳанги бой аст, ваҳдати миллӣ ба унвони кохи умеди нав ва сарчашмаи суботи давлатдорӣ арзи вуҷуд кард.

Тоҷикистони азизи мо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҳамватан ҷони худро аз даст доданд, ҳазорон кӯдак ятим ва ҳазорон модар ғамдида гардид. Сарзамини ободу зебои мо ба саҳнаи хоку хун мубаддал гашта буд. Аммо маҳз ба шарофати иродаи қавии фарзандони асили миллат ва раҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот ба Ватан баргашт ва роҳи ваҳдат боз шуд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 марҳалаи наве дар таърихи Тоҷикистони муосир гардид. Он на танҳо ба ҷанги дохилӣ нуқта гузошт, балки заминаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овард. Аз он рӯз то имрӯз, Ваҳдати миллӣ рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.

Имрӯз мо дар як кишваре зиндагӣ мекунем, ки дар он тамоми миллату халқиятҳо, новобаста ба забон, мазҳаб ва миллат, зери як парчам, бо як ормон ва бо як умед ба фардои дурахшон дар канори ҳам қарор доранд. Ин ҳама маҳз натиҷаи ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ мебошад.

Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат ва бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Онро бояд ҳамчун гаҳвораи умед, ҳамчун чароғи роҳнамо ва ҳамчун қалби тапандаи миллат ҳифз кунем. Чунки миллате, ки ваҳдат дорад, оянда дорад.

Ҷаҳонгири АБДУЛВОҲИД,

омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ