Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Хабарҳо

2024-10-07 18:55:42

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

7 ОКТЯБР ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ БА ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ САФАР КАРДАНД.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

2024-10-06 08:37:32

СОЛИ ТАҲСИЛИ 2024-2025 "СОЛИ МУТОЛИАИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ЭЪЛОН ГАРДИД

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли таҳсили 2024-2025 “Соли мутолиаи асарҳои Пешвои миллат" эълон карда шавад.

Дар ин давра ҳамаи омӯзгорону кормандон ва хонандагону донишҷӯёнро зарур аст, ки асарҳои Пешвои миллатро мутолиа намоянд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ

 

2024-10-05 21:02:36

ОМӮЗГОР - МАШЪАЛАФРӮЗИ ҶОМЕА

Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Муаллим, роҳнамо, ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Муаллим - ақл, шараф, виҷдон ва олами ботинии инсонҳоро ҷон бахшида, тарбия менамояд. Дар дунё ду офтоб аст, яке офтоби табиӣ, ки бо нури ҳаётбахши хеш табиатро ҷон мебахшаду дигаре муаллим. Муаллим офтобест, ки бо нури рӯҳпарвари худ даҳрро яксар рӯшан мекунад. Вақте калимаи устодро ба забон меорам, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мешавад. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро муррабӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем. Зеро гуфтаанд: Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаётиаш кору фаъолиятеро ба кас омӯзад. Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд. Оре, омӯзгор дар ҳама давру замон барои ҳар як шахс манбаи дониш, ақлу заковат ба ҳисоб маравад. Омӯзгор барои мо қуллаи нурест, ки тамоми самтҳои пешравии касбу кори олам аз он маншаъ мегиранд. Дар ҳақиқат ҳам, омӯзгор касби пуршараф, шахси боэътимоди ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро агар инсоният бо ақлу дониш ва бо заҳматҳои шабонарӯзии худ табиатро дигаргун созад, аммо омӯзгори ботаҷриба, дурандеш, масъулиятнок бо донишу маҳорати волои хеш метавонад табиати ҳар як шахсро дар ин ё он ҷодаи ҳаёт ташаккул диҳад. Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳиоктябр ҳамчун Рӯзи омӯзгор дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд. Барои омӯзгорон дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешбурди фаъолияти пурсамари таълимӣ – илҳому нерӯи тоза мебахшад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим - омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадам замон гарданд”.

Хулоса омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Омӯзгор шахси нерумандест, ки инсонро аз хурдиаш тарбия ва баъд ба омӯхтани илму адаб раҳсипор намуда, ӯро то ба зинаҳои баланд расиданаш ҳамроҳӣ менамояд. Омӯзгор шахси барумандест, ки ба мисли падару модар мунису ғамхор ва дурандешест, ки дар замири кас олами маъниро меомӯзонад.

Хаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар яки инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст.

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Холиқназар Азимов - муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷи техникии шаҳри Душанбе

2024-10-05 21:00:40

ҶАМЪБАСТИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ХОНАНДАГОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии мусибиқаи футболи хурд, ки барои дарёфти Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе аз 27 сентябр то 4 октябр идома ёфт баргузор гардид.

Дар рафти ҷамъбастии мусобиқаи мазкур, Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита, Баҳрулло Давлатзода, Алишер Ализода, муовинони Раиси Кумита, директорони коллеҷҳо ва Литсейҳои касбии техникии шаҳри Душанбе, хонандагону донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар даври финалии мусобиқа дастаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо дастаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ба майдон омада бозингарони ҳарду тим аз худ мароҳати баландӣ варзишӣ нишон доданд.

Дар натиҷа дастаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ бо ҳисоби 8:5 ғолибиятро ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳоиЛитсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм гардидаанд.

Раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ, зимни сухани ҷамъбастии устодону кормандонро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҳният гуфта, иброз дошатанд, ки мақсади асосии ташкили чунин мусобиқаҳо ин мустаҳкам намудани риштаи дӯстии байни хонандагону донишҷӯён мебошад.

Қайд гардид, ки мусобиқаи мазкур бори дуюм бо сарпарастии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, мақсади он ташвиқу тарғиби футбол дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муайян кардани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол ва интихоби варзишгарони беҳтарин барои дастаи яккачини Кумита аст.

Дар мусобиқа ба дастаи футболбозони Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, ки ҷойи аввалро ишғол кард, Ҷоми Кумита ва туҳфаҳои таъсисдодаи тадорукот супорида шуда, ба дастаҳои футболбозони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе, ки ҷойи дуюм ва сеюмро ба даст оварданд, медал ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

2024-10-05 18:52:29

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бо иштироки директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техники чорабинии илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

ДАР ЧОРАБИНИИ МАЗКУР ФАРҲОД РАҲИМӢ, РАИСИ КУМИТА, ДАВЛАТЗОДА БАҲРУЛЛО, АЛИЗОДА АЛИШЕР, МУОВИНОНИ РАИСИ КУМИТА, ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН, ДОРАНДАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ АСКАР ҲАКИМ, НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДОРАНДАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ АБДУЛҲАМИД САМАД ИШТИРОК ВА ДОИР БА ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АНДЕШАРОНӢ НАМУДАНД.

Нахуст, чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки боиси хушнуди ва сарфарозист, ки имсол мо - мардуми шарифи Тоҷикистон 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бо дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил менамоем.

Мояи ифтихори ҳар яки мо аст, ки бори нахуст соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон - Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон забони тоҷикӣ садо дод ва мардуми ҷаҳон бо ин забони латифу нафис ва гуворо паёми Сарвари моро шуниданд. Хушбахтона, то ба имрӯз аз ин минбар қариб ҳамасола ин забон садо медиҳад ва Роҳбари давлати тоҷикон аз ин минбари баланд ба мардуми сайёра паём мефиристанд, доир ба ҳалли мушкилоти умдаи инсоният ва роҳҳои ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд, ташаббусҳоро барои наҷоти аҳли башар эълом медоранд ва доир ба пешгирӣ аз буҳронҳои маънавию ахлоқӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва экологӣ пешниҳод медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Таъкид гардид, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимояту ҷонибдориҳои Президенти ҷумҳурӣ забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушаххасу муқаррар намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009), «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки дар робита бо забони давлатӣ дар шароити истиқлоли миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, зимни баромади худ қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул ёфта, ба гиромидошти рукнҳои асосии давлатдорӣ ва арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар фарози таърих забони тоҷикӣ новобаста аз ҳодисаҳои рӯзгор ҳамеша муаррифгари миллати тоҷик буд. Ҳарчанд баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон тӯли ҳазор сол бедавлат монда буданд, вале забони ноби тоҷикӣ дар ин ҳама сол нагузошт, ки номи тоҷик аз саҳифаҳои таърих несту нобуд гардад. Ҳатто дар солҳои ҳукмронии Ғазнавиёну Шайбониён ва Темуриён забони тоҷикӣ мақоми шоистаро касб намуда буд. Минбаъд, баъди арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон фарзандони фарзонаи миллат забони адабии тоҷикро инкишоф доданд. Нависандагону шоирон ва олимони муосири тоҷик чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор ва даҳҳои дигар бо осори мондагори хеш чароғи забони модариро фурӯзон нигоҳ доштанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки забони нобу шевои тоҷикӣ мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад, ки омӯхтану пос доштани он аз соҳибзабонон ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию ватандӯстиро тақозо мекунад. Ба ибораи дигар, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ оғоз мешавад.

 

2024-10-05 18:30:51

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ, БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҳамватанони азиз!

Сокинони муҳтарами пойтахт!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари арзишҳои маънавӣ ва оинаи ибратбахши рӯзгори мо - тоҷикон аст, самимона табрик мегӯям.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи истифодаи забони нобу шоиронаи тоҷикӣ ба таври куллӣ вусъат гирифта, он дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.

Забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.

Мавриди зикри хос аст, ки далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ дар осори зиёди илмиии донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ исботи худро ёфтааст.

Давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат ва гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.

Аз ин рӯ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ - ин эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни кулли башар ва омили муҳимми таҳкими ҳамгироиву ҳамкорӣ миёни халқҳои гуногун мебошад.

Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба кулли мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки минбаъд низ ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти Тоҷикистони азиз тамоми саъю талоши худро барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва рушду инкишофи забони давлатӣ равона менамояд.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони гиромӣ!

 

2024-10-05 18:29:16

ФАЪОЛИЯТИ 9 МОҲАИ КУМИТА НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

5 октябри соли 2024 дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе фаъолияти 9 моҳаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Давлатзода Баҳрулло ва Ализода Алишер, директорони коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ, нмаояндагони муассисаи таълимии калонсолон натиҷагирӣ карда шуд.

ДАР ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ РАИСИ КУМИТА АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ ҲИСОБОТИ НУҲМОҲАРО БА ҲОЗИРИН РАСОНДА, ИБРОЗ ДОШТ, КИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИРО ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ КИШВАР МАҲСУБ ДОНИСТА, МУНТАЗАМ БАРОИ РУШДУ НУМУИ ОН ТАДБИРҲО МЕАНДЕШАД.

АЙНИ ЗАМОН, ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 65 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ ФАЪОЛИЯТ МЕНАМОЯД, КИ ДАР ОНҲО АЗ РӮЙИ 14 САМТ (ИҚТИСОДИЁТ, ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯ, НАҚЛИЁТ, ТЕХНИКАИ РАДИОЭЛЕКТРОНӢ, ЭНЕРГЕТИКА, САНОАТИ КИМИЁӢ, САНОАТИ САБУК, САНОАТИ КӮҲӢ, МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН, КИШОВАРЗӢ, МЕТАЛЛУРГИЯ, ТЕЛЕКОММУНИКАТСИЯ, САЙЁҲӢ ВА МЕҲМОНДОРӢ, ХИЗМАТИ МАИШӢ ВА ХӮРОКИ УМУМӢ) ВА 135 ИХТИСОС КАДРҲОИ КОРГАРӢ ОМОДА КАРДА МЕШАВАНД.

·         Дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 525 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, ки аз ин шумора 46 нафар ятими кулл, 689 нафар нимятим ва 211 нафар маъюб буданд.

·         Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ташкил ва тибқи талаботи қонунгузорӣ доир намудани аттестатсияи давлатии хатмкунандагон маҳсуб меёбад.

·         Аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар соли таҳсили 2023-2024 тибқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

·         Бо фармоишҳои директорони литсейҳои касбии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳазору 276 нафар хонанда ба аттестатсияи давлатии хатм роҳ ёфта, 8 ҳазору 73 нафар аз рӯйи 53 ихтисос хатм намуданд, ки 2 ҳазору 674 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Бештари хонандагон аз рӯйи ихтисосҳои “Дӯзанда” (1295 нафар), “Системаи компютерӣ ва Интернет технология” (886 нафар), “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таљҳизотҳои барқӣ” (878 нафар), “Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил” (877 нафар), “Ҳисобдор бо донистани компютер” (753нафар), “Тракторчӣ - мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ” (602 нафар), “Кафшергари газию барқӣ” (505 нафар) ва “Кафшергари барқӣ” (487 нафар) литсейҳои касбии техникиро дар соли 2024 хатм намудаанд.

Аз шумораи хатмкардагон 2235 нафар (28,0%) бо ҷойи кор таъмин шуда, 2018 нафар (25,0%) барои идомаи таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд. Дар асоси маълумоти аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешниҳодшуда, 1471 нафар (18,0%) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва 2349 (29,0 %) бо љойи кор таъмин нашудаанд.

Ҳамзамон,7 ҳазору 388 нафар хонанда, аз ҷумла 1 ҳазору 448 нафар духтар ба бахши дуюм гузаштанд.

Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дорои 96 бинои таълимӣ мебошанд.

Бо мақсади омодагӣ ба соли нави таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ ва бо дастгирии шарикони рушд корҳои таъмирию азнавсозӣ ба роҳ монда шуд.

Синфхонаҳо, устохонаҳои таълимӣ, намои биноҳои таълимию хобгоҳ, толорҳои варзишию маљлисгоҳ аз таъмири асосию ҷорӣ бароварда шуданд.

Дар ин давра қабул ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ љамъбаст гардид. Ба ҳолати 27 сентябри соли 2024 ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 94 нафар хонанда қабул карда шудааст, ки 98,0 дарсади нақшаи қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро дар соли таҳсили 2024 -2025 ташкил медиҳад. Теъдоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3637 нафар, ё 15,0 дар сад зиёд мебошад. Аз теъдоди 16094 нафар қабулшудагон 12982 нафар дар заминаи синфи 9 ва 3111 нафар дар заминаи синфи 11 мебошанд.

Ҳадафу мароми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони Ватани азизамон равона гардидааст. Аз ин рӯ, барои ташкили ҷойҳои кории нав дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон мунтазам тадбирҳо андешида мешавад. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2023) чунин баён гардидааст: «Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯйӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълимии касбу ҳунар ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешем». Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 майи соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, оғоз намуд.

Фарҳод Раҳимӣ, зимни ироаи ҳисобот илова кард, ки дар ин зинаи таҳсилот аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 ихтисос зиёд карда шавад.

Ҳамзамон, илова гардид, ки дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ) ва 4 филиал фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯйи 10 самт, (омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иҳтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ) 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90096 хонанда ва донишҷӯй (67641 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 6 ҳазору 85 нафар омӯзгор (2765 зан) дарс медиҳанд, ки аз онҳо 18 нафар (3 нафар зан) доктори илм ва 175 нафар (48 нафар зан) номзади илм мебошанд.

Иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи миёнамуҳлати омода кардани мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027» зери назорати Кумита қарор дошта, аз натиҷаи амалишавии барномаҳои мазкур соле як маротиба ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад.

Баъди шунидани ҳисобот аз ҷониби Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод гардид, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни насли ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли таҳсили 2024-2025 “Соли хониши асарҳои Пешвои миллат эълон карда шавад”.

Таъкид гардид, ки дар ин давра ҳамаи омӯзгорону кормандон ва хонандагону донишҷӯёнро зарур аст, ки асарҳои Пешвои миллатро мутолиа намоянд.

Дар музокира, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳрии Турсунзода, ва директори литсейи касбии маъюбони шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти муассисаҳои худ маълумот дода, ҳисоботи Раиси Кумитаро қаноатбахш эълон доштанд.

Дар охир ба як қатор кормандони коллеҷу литсейҳои касбии техникӣ барои фаъолияти самаракнок ва таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи “омӯзгорон” бо Итихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Ҳайати кормандони Кумита, директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ бо эҳсоси ифтихори ватандорӣ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу ҳаноатмандӣ намуда, бо ҳиси баландӣ ватандӯстӣ баён доштанд, ки бо дарки масъулияти дучанд фаъолиятро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

 

2024-10-05 14:48:58

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Устодон, шогирдон ва соҳибзабонони арҷманд.

Имсол мо - мардуми шарифи Тоҷикистон 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бо дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил менамоем.

Ин нукта, ки забони миллӣ яке аз муҳимтарин намодҳои ҳастии миллат ва бунёдитарин унсури миллатсоз маҳсуб мешавад, ҷойи шубҳа надорад. Аз ин рӯ, ҳар кадом давлати миллӣ ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ дар навбати аввал забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳаматарафа қарор медиҳад.

Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол забони тоҷикӣ аст ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст. Дар робита ба ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ҳамқадами замон гардидани он пайваста тадбирҳои судманд андешида, ин тадбирҳоро зина ба зина дар амал татбиқ менамоянд.

Мояи ифтихори ҳар яки мо аст, ки бори нахуст соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон - Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон забони тоҷикӣ садо дод ва мардуми ҷаҳон бо ин забони латифу нафис ва гуворо паёми Сарвари моро шуниданд. Хушбахтона, то ба имрӯз аз ин минбар қариб ҳамасола ин забон садо медиҳад ва Роҳбари давлати тоҷикон аз ин минбари баланд ба мардуми сайёра паём мефиристанд, доир ба ҳалли мушкилоти умдаи инсоният ва роҳҳои ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд, ташаббусҳоро барои наҷоти аҳли башар эълом медоранд ва доир ба пешгирӣ аз буҳронҳои маънавию ахлоқӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва экологӣ пешниҳод медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Ҳамватанони азиз!

Мусаллам аст, ки забон воситаи муҳимтарини ифодаи фикр ва робитаи байни инсонҳо буда, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ аз бомдоди зуҳури башар муносибатҳои иҷтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани равшантар, қудрат ва тавонмандии забон нишонаи иқтидори як миллат аст.

Саҳифаҳои таърихи миллӣ нишони он ҳастанд, ки забон ҳамчун унсури ҳувиятию сиёсӣ дар сохтмони андешаи миллӣ ва бунёди давлатдории бумӣ нақши калидӣ доштааст.

·         Дар марҳилаи кунунии таърихӣ, ки миллати тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат барои эҳёи арзишҳои милливу таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми ҷумҳурӣ ҳамвора саъю талош меварзад, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ амри бисёр муҳим ва воқеӣ аст, зеро дар ҷумҳурии мо танҳо ҳамин забон метавонад барои ҳамоҳангиву иттиҳоди миллат ҳамчун омили таъсиргузор маҳз бо ҳамин ном, яъне забони тоҷикӣ хизмати бештаре кунад.

·         Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимояту ҷонибдориҳои Президенти ҷумҳурӣ забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушаххасу муқаррар намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009), «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки дар робита бо забони давлатӣ дар шароити истиқлоли миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд.

Аз тарафи дигар, забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари ҷумҳурӣ таъмин месозад. Аз ин ҷост, ки забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, дар таҳкиму суботи давлати миллӣ нақши асосӣ дорад.

Барҳақ, Пешвои миллат «забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат» эълом карда, аз соҳибзабонон даъват ба амал меоваранд, ки барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он ҳамеша талош варзида, ин унсури ҳувиятсозиро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ намоянд ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.

Дар такя ба ин таъкиди Сарвари давлат ҳамаи шумо соҳибзабонони арҷмандро ба муносибати таҷлили ин санаи фархунда шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки бигзор забони тоҷикӣ ҳамеша пойдор, устувор бошад.

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - забони тоҷикӣ муборак бод!

2024-10-05 08:45:59

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям.

Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа мебошад.

Яъне имрӯз забони давлатӣ, ки дар умқи таърих реша дорад, зери ҳимояи бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафт ва истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё мебошанд.

Дар ин замина, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат давра ба давра ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030» қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки ба татбиқи саривақтии муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидаанд.

Вале ин нуктаро низ ёдовар бояд шуд, ки забони давлатӣ ба ғамхориву пуштибонии доимӣ на танҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, балки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони мамлакат ниёз дорад, зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он рамзи устувориву пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии мо дар замони пурошӯби имрӯза мебошад.

Миллати шарафманду бостонии тоҷик илму фарҳанг, таъриху адабиёт ва ҳаёти маънавии худ, яъне расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои рангоранги хешро бо ҳамин забони пурғановат офарида, аз насл ба насл ба мерос гузоштааст.

Мо, хушбахтона, забони адабии ширину шевое дорем, ки аз рӯзгори Сомониён то ба имрӯз асолати худро нигоҳ доштааст.

Ба ибораи дигар, осори дар замони давлатдории ин сулолаи миллӣ эҷодшударо хонандаи имрӯза баъди беш аз ҳазор сол ба осонӣ мефаҳмад.

Дар посдории забони миллӣ ва пойдориву бақои он адибони асрҳои миёна – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик – саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд.

Хусусан, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Адиб Собири Тирмизӣ, Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлонои Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Соиб, Сайидо, Бедил, Шоҳин ва садҳо нафари дигар барои ғановату мондагории забони ширини тоҷикӣ нақши барҷаста бозидаанд.

Мутафаккирону олимони сатҳи ҷаҳонӣ борҳо эътироф кардаанд, ки дар таъриху тамаддуни башарӣ тоҷикон ҳамчун мардумони ориёитабор яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарияшон, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Беҳуда нест, ки Гёте – шоири маъруфи олмонӣ Ҳофизи Шерозиро «малик – уш – шуарои ҳамаи дунё» хитоб кардааст.

Борҳо гуфтаам ва бори дигар хотирнишон менамоям, ки таъриху фарҳанги миллати шарафманди тоҷик бо забони модарӣ пайванди узвӣ ва ногусастанӣ дорад.

Яъне миллати куҳанбунёди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро тавассути ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Итминони комил дорам, ки забони модарии мо ин рисолати худро ҳазорсолаҳои дигар низ идома хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои рушду такомул ва инкишофу таҳаввули забони тоҷикӣ шароиту имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард.

Ҳоло забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбарҳои баландтарини дунё, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.

Имрӯз ҷаҳониён миллати моро бо номи тоҷик, яъне ориёӣ давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эътироф ва эҳтиром менамоянд.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки забони модарии ширину шево ва шоиронаи худро ҳифз кунем, барои боз ҳам сайқал додану ғанӣ гардонидани он талош намоем ва саҳм гузорем.

Ҳадаф аз ташаббуси мо дар бобати ба нашр расонидан ва ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа кардани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Аз ҷониби дигар мо мехоҳем, ки калимаву ибораҳои ноби тоҷикӣ ва дар маҷмуъ, асолати забони модарии худро дар марҳалаи муосир ҳифз намоем.

Забони тоҷикӣ, дар замони нави давлатдории миллии мо барои тақвияти муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат рисолати бештар ба зимма дорад.

Дар ин раванд, ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ ва истифодаи васеъ аз имконоти фаровони луғату истилоҳоти он аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои забон дар даврони муосир ба ҳисоб мераванд.

Моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони давлатӣ ва ба пояи забони илми муосир расонидани он дастҷамъона кӯшиш намоем.

Донишмандони моро зарур аст, ки асарҳои илмии худро бештар ба забони давлатӣ таълиф кунанд ва дар рушду пешрафти забони тоҷикӣ саҳми сазовор гузоранд.

Мо бояд забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ба роҳ монем.

Мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандону набераҳоямон ҳанӯз аз муассисаи томактабӣ сар карда, забони тоҷикиро хуб аз худ намоянд, аз фарҳанги миллӣ ва осори маънавии ниёгон огоҳии комил дошта бошанд ва дар баробари азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз китобу китобхонӣ дур нашаванд.

Таъкид менамоям, ки забон аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он рукни меҳварӣ ё шаҳсутуни давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик бо таърихи беш аз шашҳазорсола буд, ҳаст ва мемонад.

Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, барои ҳифзи ин сарвати бузурги миллӣ ва рушду таҳкими минбаъдаи он барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!

Рӯзи забони давлатӣ мубораку фархунда бод!

 

Манбаъ: https://president.tj/event/news/47965?fbclid=IwY2xjawFtlVlleHRuA2FlbQIxMAABHdF_OaYnWcgeAbOrcPsjDmRcx4-YUkczHWKxJjTpGTpYJ9ldmCDrPhAN0Q_aem_piNXKOVLHgSim0EJPa1Egw

 

 

2024-10-05 08:13:45

ЗАБОН - ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва демократӣ ташаккул ёфта, дар он ҳама асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҳувият ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ собитқадамона сиёсати таҳкими давлатдории миллиро пайваста пеш бурда истодаанд. Давлатдории миллӣ дар навбати худ дар асоси забон ва фарҳанги миллӣ, иқтисодиёти миллӣ ва сиёсати миллатмеҳвар, ҳувияти ташаккулёфтаи миллӣ амалӣ мегардад. Дар ин радиф забони миллӣ шоҳсутуни давлатдории миллӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад.

Ҳамасола 5-уми октябр дар Ватани мо Рӯзи забони давлатиро таҷлил менамоянд, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо ба ҳисоб меравад. Забон таҳкурсие аст, ки бинои ахлоқ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллат дар асоси он эъмор мегардад. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ ҷавҳари ҳувият ва тафаккури милли тоҷикон маҳсуб ёфта, танҳо тавассути забон мо метавонем хотираи таърихии мардумро ҳифз намоем ва ҳамбастагиии худро бо мероси ҳазорсолаи маънавии миллати худ эҳсос кунем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ афзалияти стратегӣ доданд ва қайд карда буданд, ки “забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кўшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустақкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кўшишҳое ба харҷ доданд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд”

Бо ибтикори Пешвои миллат, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар эътироф гардид ва давлат ба он сарпаноҳи сиёсӣ дод. Дар ин самт, роҳбарияти Тоҷикистон нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул карданд. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд, ки ин падида натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Арҷгузорӣ ва муносибати Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ намунаи олии ватандорӣ маҳсуб ёфта, боиси пайравии ҳар як соҳибватан гаштааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо муносибати эҳтиромонаи худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст. Дар ҳақиқат, бузургтарин вазифаи ҳар тоҷики худшиносу ватанпарвар, ки бо фарҳангу забони худ арҷ мегузорад, поку мусаффо нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба мерос гузоштани ин сарвати миллӣ мебошад.

Субҳиддин Иззатов – директори Муассисаи хусусии таълимии “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвон

 

2024-10-05 08:10:11

АКСИЯИ ТАҚДИМИ ГУЛҲО БА ОМӮЗГОРОН

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи “омӯзгорон” аксияи гултақдимкунӣ доир гардид.

Дар доираи аксияи мазкур роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ ҳамчун рамзи садоқату муҳаббат ва самимият ба омӯзгорон гулҳо тақдим намуданд. Қайд карда шуд, ки ин гуна иқдом боиси бештар гардидани самимият ва ҳурмату эҳтиром нисбат ба омӯзгор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки ин иқдом дар арафаи идҳо дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Душанбе ба ҳукми анъана даромадааст.

 

2024-10-05 08:07:07

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: АЗ ВОСИТАИ ГУФТУГӮ ТО ЗАБОНИ ИЛМ

 «Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илмии муосир ба вуҷуд оварда шавад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст. Бинобар ин дар таҳким бахшидани сохторҳои идораи давлатӣ ба рушди забони расмӣ ва умумии давлат имрӯз аҳаммияти зиёд дода мешавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон баъд аз қабули қонуни хоси забон дар соли 1989 ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад. Махсусан, баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон барои инкишофи забони тоҷикӣ шароити мусоиде фароҳам гардид ва забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои рушду нумӯъ ва инкишоф имкониятҳои хеле васеъ пайдо кардааст. Пеш аз ҳама, шароити мувофиқи сиёсӣ имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бедуни маҳдудиятҳо мавриди истифода қарор гирад. Масалан, имрӯз забони тоҷикӣ дар сохторҳои ҳарбӣ, бонкдорӣ, ҳисобдорӣ ва илм ба таври васеъ истифода шуда истодааст, ки дар даврони шӯравӣ ғайриқобили тасаввур буд.

Яке аз масъалаҳои бисёр муҳим барои рушди бештар пайдо кардан ва пойдор мондани забон – ин тамоми рисолаҳои илмиро ба забони тоҷикӣ навиштан аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро дарк намуда, борҳо дар суханрониҳои хеш ба ин масъала ишораҳо карда, таъкид намудаанд, ки коргузории тамоми бахшҳои илм бояд ба забони тоҷикӣ бошад.

Рисолаҳои илмӣ пеш ба забони русӣ дифоъ мешуданд. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикӣ дифоъ кардани рисолаҳои илмӣ оғоз гардид. Акнун замоне расидааст, ки роҳҳои ҳалли ба забони тоҷикӣ навиштан ва дифоъ намудани асарҳои илмӣ дар ҳамаи соҳаҳо (бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, меъморӣ) пайдо гардад.

Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Президенти кишвар таъкид шудааст. Вале бо вуҷуди муҳайё шудани чунин шароити мусоиди сиёсӣ ва густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ, махсусан дар соҳаи вожагонӣ ва илм имрӯз дар матбуот ва ҳамоишҳои илмӣ харобии забони тоҷикӣ, бо лаҳҷа махлут шудани забони адабӣ, яъне оммиёна шудани он ва риоя нашудани меъёрҳои забонӣ мушоҳида мешавад.

Барои ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ бояд тамоми ҷанбаҳои истифодаи он дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар назар гирифта шавад. Барои он бояд забони тоҷикӣ дар ин соҳаҳо бо як низоми муайяни барномарезишуда истифода шавад. Яъне, принсипҳои асосии истилоҳсозии забони тоҷикӣ бояд мавриди бозбиниву таҷдид қарор гирад. Ин принсипҳо бояд дар асоси таҷрибаҳои андӯхтаи забони тоҷикӣ дар солҳои охир, таҷрибаи хамзабонони мо ва дастовардҳои охири илми забоншиносӣ таҳия шаванд.

Ин таъкиди Сарвари давлат бояд шиори кулли олимони кишвар бошад: “Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ фақат дар сурате њамчун забони илму фарҳанг мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад”.

 

САРМУТАХАССИСИ РАЁСАТИ МОЛИЯ, БАНАҚШАГИРӢ ВА МУҲОСИБОТ, КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИБРОИМОВ ШЕРХОН АЛИХОНОВИЧ

2024-10-05 08:05:00

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд.

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд. Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи имрўза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сегодня Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали встретился с заместителем Председателя Правительства Российской Федерации Маратом Хуснуллиным. В ходе беседы стороны обсудили текущую ситуацию и перспективы многосторонних отношений между Таджикистаном и Россией.

 

 

2024-10-05 08:02:18

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ОИД БА ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИЮ ТИҶОРАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар кори он таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ нахуст дар доираи маҳдуд оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки таҳти Раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид, таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарони давлатҳо ва дар ҳамин замина истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои таҳкими робитаҳои дуҷониба равона карда шуд.

Таъкид гардид, ки соли 2023 тибқи маълумот, ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,7 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 2,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар 8 моҳи соли 2024 ҳаҷми савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия беш аз 1,2 миллиард долларро дар бар гирифт, ки суръати афзоиши он 14 фоизро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаҳои зиёди муштарак ва афзуншавии гардиши бор байни ҳарду давлат мисоли равшани рушди робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. Дар сурати истифодаи пурраи имконияти мавҷуда метавон робитаҳоро боз ҳам таҳким бахшид.

Бо назардошти ҳамин ҷонибҳо таъмини иҷрои супоришҳо ва мувофиқаҳои байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бадастомадаро муҳим ва ҳатмӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҷаласа иқтисоду сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркардкунандаи ашёи хом, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ беҳтарин самту соҳаҳои таҳкимбахшандаи ҳамкорӣ дониста шуданд.

Рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳамчунин дар ин рӯз барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва саноат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар охири кори ҷаласа санади нави дахлдор ба имзо расонида шуд.

2024-10-05 07:59:29

Мулоқоти Пешвои миллат бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, молияву бонкдорӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самтҳо муайянгардида баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои кооператсияи саноатӣ ва таъсиси паркҳои индустриалӣ ба нафъи ду кишвар маънидод шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша сурат гирифт.

 

2024-10-05 07:57:45

ЗАБОН - ШАҲСУТУНИ МИЛЛАТ

БОИСИ ИФТИХОР ВА САРФАРОЗИИ БУЗУРГ АСТ, КИ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАРИ АЗИЗАМОН ҲАМАСОЛА 5 - УМИ ОКТЯБР ҲАМЧУН РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД.

Забони тоҷикӣ давоми солҳо ягона ва муҳимтарин муаррифгари миллати тоҷик ва силоҳи муътамаде дар роҳи ҳифзи арзишҳои фарҳангии ин миллат ба шумор мерафт. Ҳеҷ як гардиши сиёсӣ ва ё низову ҷанг ва зулму истирдоди аҷнабиён натавонист, миллати моро аз забонаш дуру забонро аз миллати мо бигирад. Маҳз ифтихор аз ватандорӣ буд, ки забони тоҷикӣ то имрӯз бо ҳама шаҳомату бузургӣ ва фасоҳату балоғати имлоиву грамматикии худ боқӣ мондааст. Мо бояд дар пойдории забон ва беолоши нигоҳ доштани он тамоми саъю кӯшиши худро равона созем. Лоиқ Шералӣ, шоири зиндаёд хуб таъкид кардааст:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили Ваҳдату сарҷамъии ҳар яки мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.Бо забони тоҷикӣ , ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад , таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.”

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мобарои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад. Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.

Ҳар яки мо хуб дарк менамоем, ки забон нишондиҳандаи асосӣ ва гувоҳи ҳастии ҳар як миллат мебошад. Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих азон нишоне боқӣ намемонад.Чунки ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, расму ойин, суннату анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқу маънавиёти миллӣ дар забони зиндаи он инъикос ва таҷассум меёбад ва аз насл ба насл дода мешавад.

Воқеан, ҳамин забони ширину шевои тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати моро бо неруи ҳаётбахши худ зинда нигоҳ доштааст, сарҷамъу муттаҳид кардааст ва ба даврони босаодати имрӯза расонидааст.

Шукри неъмати истиқлол, забони тоҷикӣ дар гаҳвораи худ боз аз сари нав, чун ҳазор сол пеш, забони расмӣ шуд ва мақоми пешина ва деринаи худро касб кард. Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ, ки мақоми баланди забони давлатиро соҳиб шудаву ҳавзаҳои истифодааш густариш пайдо намудааст ва бар ҳайси забони сиёсат, иқтисод, илм, қонунгузорӣ, фарҳанг корбурд мешавад, ба нерумандии бештар ниёз дорад. Ва ин давра, беш аз ҳар даврони дигар, азму иродаи созанда ва дастгириву пуштибонии самимонаи ҳамаи соҳибзабононро тақозо мекунад, ки рушду такомули ин забони асилро бо назардошти талаботи замони нав марҳила ба марҳила таъмин намояд, ба тавоноиаш биафзоянд, онро аз ҳар гуна газандҳо ҳифзу ҳиросат намоянд ва аз вожаҳои бегона поку беолоиш нигоҳ доранд.

Эҳтиром гузоштан ба забони миллӣ омӯхтану аз бар кардани он аст. Инсон, вақте ба чизе дил мебандад, шефта мегардад, ки онро донад ва бо мафҳуму моҳияти он ошно бошад. Омӯхтан ва ба малакаи гуфтори ҳамешагӣ табдил додани забони адабии тоҷикӣ на фақат аҳамияти фарҳангӣ, балки аҳамияи сиёсӣ дорад.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки забони давлатиамонро ҳамчун ёдгори нодири аҷдоди тамаддунсози ориёии худ ва мисли гавҳари гаронбаҳотарини ҳаётамон ҳифзу эҳтиёт кунем ва онро ба наслҳои ояндаи миллати ориёинажоди тоҷик дар шакли боз ҳам суфтаву равон ва сайқалёфта ба мерос гузорем.

Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода - Директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб

 

2024-10-04 11:40:22

ЗАБОН. МУҲИМТАРИН РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Забони тоҷикӣ шиносномаи давлату миллат буда, нишона аз ҳастӣ, ифтихори миллӣ ва волоияти аркони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳамасола дар кишвари мо ҳафтаи аввали моҳи октябр, яъне 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад.

Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кӯшишҳое ба харҷ доданд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд».

Бо ибтикори Пешвои миллат, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар эътироф гардид ва давлат ба он сарпаноҳи сиёсӣ дод. Дар ин самт, роҳбарияти Тоҷикистон нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд, ки ин падида натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат аст.

Мусаллам аст, ки самтҳои гуногуни ҷомеа ва хоҷагии халқро бе забони тоҷикӣ наметавон тасаввур намуд. Ин муқаддасоти олӣ дар ҳама соҳа рагу пайванд васеъ намуда, мавқеи умумимиллию давлатиро барои рушду камолоти минбаъда устувор намуд. Аз ин лиҳоз, он ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад. Ҳамин аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он чораҳои муассир андешида, фаъолиятро дар ин самт боз ҳам вусъат мебахшад.

Яке аз самтҳои барои рушди ҷомеа муҳим ва ивазнашаванда соҳаи илм ба ҳисоб меравад ва забони илм эътироф шудани забони тоҷикиро низ дар ҳудуди мамлакат дастоварди муҳими даврони истиқлолияти давлатӣ ҳисобида таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктори илмро метавон нақшаи амал дар ин самт унвон намуд. Таълифи асарҳои илмӣ дар ҳамаи бахшу соҳаҳо, бахусус дар илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои сайқал хӯрдани забони модарӣ, ҳамқадами замон рушд кардан ва ба пояи забони илми муосир расидани он беш аз пеш мусоидат менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки бо таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо зиёда аз 50 Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди донишгоҳу донишкадаҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият менамоянд, ки унвонҷӯён, аспиратон ва докторонтон метавонад озодона рисолаҳои номзадии худро бо забони тоҷикӣ дифоъ намоянд.

·         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ санаи 4 октябри соли 2019 қайд намуда буданд, ки «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад». Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

·         Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳамзамон барои пажӯҳишҳои илмӣ дар ояндаи кишвар асару мақолаҳои Пешвои миллат аҳаммияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асарҳои ӯ, ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2006, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» инъикоси худро ёфтаанд. Китоби дигари арзишманди Пешвои миллат, ки бевосита ба масъалаи забони давлатӣ тааллуқ дорад, ин китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дуюм 2018, ҷилди дуюм 2020) маҳсуб мешавад. Ин китоб дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.

Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ мақоми забони илмро соҳиб шуда, дар доираи меъёрҳои он рисола ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, корҳои илмии муҳаққиқон бо риояи қоидаҳои имло ва сабку баёни илмӣ омода ва интишор мешаванд. Дар таҳқиқотҳои илмӣ забонҳои дигар низ истифода мегарданд. Фароҳам овардани чунин заминаи ҳуқуқӣ барои рушди забони илм ва истифодаи истилоҳоти илмӣ бо забони давлатӣ мусоидат мекунад.

Дар ин баробар нашри китоби “Қуръони маҷид” бо забони тоҷикӣ, асари аълома Бобоҷон Ғаффуров “Тоҷикон” ва тақдими он ба ҳар як оила дар ҳудуди мамлакат, баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, Шоҳномахониву, Рӯдакихонӣ ва дигар иқдомҳою тадбирҳое, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, барои воқеан ҳамчун забони илм пазируфта шудани забони тоҷикӣ дар мамлакат мусоидати хуб менамоянд.

Дар робита ба ин низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар кишвар барои ҳифзи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоид ба вуҷуд меоранд.

Яке аз санадаҳои муҳимтарин, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Тазаккур бояд дод, ки Қонуни мазкур истифодаи забонҳои дигарро маҳдуд намекунад. Масалан, дар Моддаи 8. Забони таҳсил омадааст, ки: Муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд. Ё худ Моддаи 4-уми ҳамин қонун: Забонҳои дигар, нишон медиҳад, ки: Забони пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони хориҷӣ пазироӣ, бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони пазируфтаи тарафҳо сурат мегирад.

Тадбирҳои мазкур дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва рушди забони давлатӣ ҳамчун забони илми тоҷик, инчунин эҳтиром ба забонҳои дигари хориҷӣ нақши муҳим мебозанд.

Дар фарҷоми матлаб зикр кардан ба маврид аст, ки мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон кушиш ба харҷ дода, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он талош намоем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем. Корҳои илмӣ-таҳқиқотиро тақвият бахшида, таълифи мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои таълимиро ба забони давлатӣ зиёд намоем ва барои густариши забони давлатӣ саъю талош намоем.

Рабизода Наҷибулло-директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

 

2024-10-04 11:38:03

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲАЙАТИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ намунаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд арзёбӣ гардид.

Барои тобовар намудани иқтисодиёти кишвар ба таҳдиду хатарҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табодули андеша сурат гирифт.

Таъмини рушди устувор, хусусан, ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, экология, инкишофи сайёҳӣ, инчунин ташаккули иқтисоди сабз ва идомаи рақамикунонӣ зарур дониста шуд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва шиддат гирифтани пайомадҳои онҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва фишори омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ роҳандозии ислоҳоти муттасил зарур шуморида шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугуйи судманд сурат гирифт.